Зеҳн

АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ - ФИРӮЗАҶОН ХОБИДААСТ

БА
Барномасоз18 сентябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Бачаҳои азиз!

Абдусалом Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ аз адибони маъруфу маҳбуби мардуми мост. Ӯ 14 марти соли 1911 дар маҳаллаи Боғи майдони шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи ҳунарманд зода шудааст. Дар шаҳри Самарқанд хонда, дар шаҳри Душанбе кору эҷод кардааст. Асарҳои зиёди манзуму мансур ва драмавӣ навиштааст, ки писанди хонандагону суханшиносон гардидаанд.

Адиби маҳбуби мо аз рӯйи меҳр чанд шеър барои шумо ҳам офаридааст, ки асарҳои машҳуртарини ӯ ба шумор мераванд. Ин шеърҳо дар адабиёти мо аз нигоҳи шеърият, самимият, равонӣ, мувофиқати шаклу мазмун ва хушоҳангиву хушояндӣ ҳамто надоранд.

Аз ин ҷост, ки шумо онҳоро бо рағбати тамом мехонед, азёд медонед ва бисёр дӯст медоред. На танҳо шумо, балки падару модар ва бибиву бобоятон ҳам ҳамин шеърҳоро хонда калон шудаанд ва ба синну соли падариву модарӣ ва бибигиву бобоӣ расидаанд. Онҳо ҳоло ҳам ин шеърҳоро ҳамчун порае аз даврони кӯдакиҳои худ дӯст медоранд, ҳамроҳи шумо, фарзандону наберагон, бо муҳаббат мехонанд ва аз хондану шуниданаш мисли кӯдакон ҳузуру ҳаловат мебаранд.

Хушбахт аст шоире, ки чунин шеър мегӯяд ва хушбахтанд бачаҳое, ки чунин шоир ва чунин шеърҳои хубу хонданӣ доранд!

Бояд гуфт, ки ин шеърҳо дар шакли китобҳои гуногун бо номҳои «Ҳадя ба хурдтаракон», «Бунафша», «Корвони аҷоиб», «Баррача» ва «Ҳадя ба муҳтар» бояд гуфт.

Инҳо борҳо ба табъ расидаанд. Ба китобҳои дарсиву таълимӣ даромадаанд. Аз китобу дафтар ба дилу хотирҳо кӯчидаанд. Одатан, китобҳо кӯҳна мешаванд, аммо шеърҳои нағз асло кӯҳнашавӣ надоранд.

Онҳо ҳамеша нав, тару тоза, шӯху шанг ва гӯшнавозу ҷонпарвар мемонанд. Аз китоб ба китоб, аз даҳон ба даҳон, аз дил ба дил мегузаранд, умри ҷовидона мебинанд. Мисолаш ҳамин шеърҳои равонбахши Абдусалом Деҳотӣ мебошанд.

14 марти соли 2011, ба рӯзи мавлуди шарифи адиби маҳбуби мо – Абдусалом Деҳотӣ 100 сол пур шуд. Ба шодмонии ин санаи муҳим китоби нави шеърҳои шоири зиндаёдро манзури шумо дошта дар назди рӯҳи бузургаш сари таъзим фуруд меорем.

Мураттиб

ЭЙ БУЛБУЛАКОНИ БОҒИ ДОНИШ

Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Мактаб ҳама ҷо канор бикшод,
Он гуна, ки модаре ба фарзанд,
То ин ки шумо зи хотири шод
Чун ҷон ба танаш шавед пайванд.
Чашми падаронаи муаллим
Дар роҳи шумо ҳамеша чор аст,
То бахшадатон самар зи таълим,
Ӯ худ чу дарахти мевадор аст.
Кӯшед, ки дар самои олам
Монандаи офтоб бошед,
То бар сари наслҳои одам
Аз фазлу камол нур пошед!
Дарвозаи илму ҷаҳду кӯшиш
Бар рӯйи шумо кушодатар бод!
Аз табъи шумо зуҳури дониш
Бар рӯйи Ватан зиёдатар бод!

КИТОБ МЕХОНЕМ

Мешавем ошно,
Салом, китоб!
Маслиҳатчии мо ту дар ҳар боб.
Дар ҷаҳон бошад он чӣ илму ҳунар,
Ҳамаашро гирифтаӣ дар бар.
Мо туро субҳу шом мехонем,
То ки ҳар илму ҳар ҳунар донем.
Баъд аз ин, мисли ҷӯраи ҷонӣ,
Ҳеҷ аз мо ҷудо намемонӣ!

МОДАРИ МЕҲРУБОНИ МАН

(Тарона)

Ҳар саҳарӣ чу офтоб,
Аз ҳама пештар зи хоб
Чашм кушода сӯи ман,
Мекунад инчунин хитоб:
«Рӯз шудаст, Азизҷон,
Хез, зи мактабат намон!»
Бо дили шоди пурумед
Мекунадам ба раҳ равон.
Модари меҳрубони ман!
Роҳати ҷисму ҷони ман!
Тоза либос дар барам,
Дилкашу гарм бистарам.
Соф мисоли оина
Беғаму ғусса хотирам.
Меҳру навозишат чӣ хуш!
Хандаю хоҳишат чӣ хуш!
Гар ки ягон хато кунам,
Ранҷишу коҳишат чӣ хуш!
Модари меҳрубони ман!
Роҳати ҷисму ҷони ман!
Мисли ҷавони пешрав –
Насли нави ҷаҳони нав,
Аз дили пок ман ба ту
Қавли вафо диҳам, шунав:
Ҳар нафаси ҳаёти ман
Дур мабод аз илму фан!
То ки шавӣ ту сарбаланд,
То ки шавад ризо Ватан.
Модари меҳрубони ман!
Роҳати ҷисму ҷони ман!

ФИРӮЗАҶОН ХОБИДААСТ

Мошони шӯхи беқарор,

Бас ҷастухезу дор-дор!

Акнун ту ҳам ором шав,

«Мав-мав» нагӯ бисёр, рав:

Фирӯзаҷон хобидааст!

Хайбар, саги ҳушёри ман,

Ин хел баланд аккас назан!

Рав, давр зан атрофро,

Ғавғо накун дар пеши мо:

Фирӯзаҷон хобидааст!

Ту ҳам, шамоли сахту зӯр,

Рав бар биёбонҳои дур!

Аз ҷои беодам гузар,

Ғуррас назан дар пушти дар:

Фирӯзаҷон хобидааст!

ТАБРИКИ СОЛИ НАВ

Дар мулки ҷоноҷони мо,

Шаҳру деҳу майдони мо,

Имрӯз дар ҳар хонадон

Бобои Барфӣ – меҳмон.

Вай чеҳрахандон, сап-сафед,

Чун рамзи иқболу умед.

Пир асту аммо дилҷавон,

Хушчақчақу ширинзабон.

Бобо ба ҳар хона равад,

Он хона хуррам мешавад.

Аз Соли Нав – соли зафар,

Ӯ мерасонад хушхабар:

– Авлоди хушбахти Ватан,

Гулҳои хандони чаман,

Ин дам муборак Соли Нав!

Бахти наву иқболи нав!

Ин арча ҳам монанди мо –

Сарсабзу хуррам доимо.

Имрӯз бор овардааст,

Себу анор овардааст.

Аз байни шоху баргҳо,

Милтасзанон тобад ба мо,

Равшан чароғакҳои он,

Монандаи Ҳафдодарон.

Эй баччаҳо – духтар, писар,

Гирем дасти ҳамдигар.

Хонему раққосӣ кунем,

Чун барраҳо бозӣ кунем.

Бобо ҳам аз шодии худ,

Ҳамроҳамон хонад суруд:

– Авлоди хушбахти Ватан,

Гулҳои хандони ҷаман,

Бодо муборак Соли Нав!

Бахти наву иқболи нав!

БАҲОР

Ханда кард офтобу шуъла бирехт,

Абр гӯё ки қаҳр карду гурехт.

Об шуд барфи водию саҳро,

Мебарояд буғ аз замин ба ҳаво.

Мевазад, мерасад шамолаки нарм,

Аз ниҳолон гирифта бӯсаи гарм.

Ҳур-ҳури форами шамоли баҳор,

Кард аз хоб хокро бедор.

Сӯи боғоту киштзор нигар,

Зиндагишон гирифт ранги дигар:

Ҳар чӣ ором буд, ба ҷӯш омад,

Ҳар чӣ хомӯш, дар хурӯш омад.

Ҳама дар киштукор мекӯшад,

Ҳама ҷо деги кор меҷӯшад!

БУНАФША

Миёни сабзаву себарга, дар лаби ҷӯбор,

Баромадааст бунафша ба пешвози баҳор.

Бунафш рангашу баргаш – нафис, поя – маҳин,

Сараш хам аст ба монанди одами шармин.

Биё, равему тамошо кунем, пичӣ чинем,

Кашем бӯйи хушаш, ранги дилкашаш бинем!

ТРАКТОР ОМАД

Шамоли навбаҳор омад,

Ба саҳро вақти кор омад.

Ана, омад трактор ҳам,

Тракторчӣ-амак – хуррам,

Суруди шӯх мехонад,

Замини кишт меронад.

Трактор роҳати ҷон аст,

Ба вай ҳар кор осон аст.

Амакҷони тракторчӣ,

Маро ҳамроҳ гирӣ-чӣ?

Даме дар пеши рул шинам,

Ту гардонию ман бинам.

Шавам ман дастёри ту,

Диҳам ёрӣ ба кори ту.

БАРРАЧАИ МАН

О, баррачеки масти ман,

Биё давон дукур-дукур.

Ҷаву алаф ба дасти ман,

Биёву хӯр кумур-кумур.

Наойӣ, медиҳам ба гов,

Ки мехӯрад фашар-фушур.

Агар ба об ташнаӣ,

Ба ҷӯй дав тапар-тупур.

Шикамчаат, ки сер шуд,

Ба рақс о гусур-гусур.

Ба кишту гул даҳан занӣ,

Бузак барин шатар-шутур,

Шунида мон, ки мезанам

Ба химчаҳо тасар-тусур!

МУРҒАКИ ШИЛШИЛАПО

Мурғаки шилшилапо,

Эҳ, ту чӣ хел хушнамо!

Тохта куҷо меравӣ,

Чӯҷаякот – аз қафо?

«Чӣ-чӣ»-кунон медаванд,

Гушна магар чӯҷаҳо?

Арзану курмак диҳам,

Биё, биё пеши мо!

Ту-ту, ту-ту, биҳ, биҳ, биҳ!

Ту-ту, ту-ту, биҳ, биҳ, биҳ!

Чӯҷаҳои хурдакак,

Хурдаку тезгардакак,

Куртаҳотон сап-сафед,

Нӯлчаҳотон зардакак.

Почаҳотон топ-тоза,

Белою бегардакак.

Дона хӯреду шавед

Фарбеҳу бедардакак.

Ту-ту, ту-ту, биҳ, биҳ, биҳ!

Ту-ту, ту-ту, биҳ, биҳ, биҳ!

ҲАСАНИ ХӮРҶИНКИСА

Ҳасан дорад ду киса, мисли хӯрҷин,

Дар он ду палла хӯрҷин ҳаст ҳар чиз:

Калиду меху симу тахтача низ

Буҷул, ғалтак, калоба, чарм, резин…

Вале як чизи даркорӣ дар он нест,

Касе донад агар, гӯяд, ки он чист?

Ҷавоб:

Ба фикри ман, дар он хӯрҷини пурбор

(На хӯрҷин, балки ду дӯлоб анбор),

Миёни ранг бар ранг он ҳама «мол»

Ҳасан бо худ надорад дастрӯмол.

Бинобар ин, агар вайро бубинӣ –

Ҳамеша остинаш пеши бинӣ…

КОРВОНИ АҶОИБ

Савол

Меравад корвон қатор-қатор,

Хурд-хурд асту беадад бисёр.

Мекашад, ҳар куҷо ки хоҳад, роҳ,

Дар замин, дар дарахт, дар таги чоҳ.

Мекашад роҳ бар сари кӯҳсор,

Меравад рост бар дару девор.

Субҳ то шом мекашонад бор,

Шаб ки шуд, мекунад ба хона қарор.

Чист ин корвон, ки нест дар он

На шутур, на аробаву на вагон?

Чист ин корвони ҳарҷогард,

Ки ба роҳаш на чанг ҳасту на гард?

Ҷавоб

Ҳаст ин корвони мӯрчаҳо,

Ки ба ҷаққонианд дар равуо.

Ба ҷуз инҳо дар олами ҳашарот

Чист боинтизом дар ҳаракот?

Ҷасади хурду ин қадар ғайрат

Ҳамаро кардааст дар ҳайрат.

Борашон чист?

Ҳар чӣ: ғаллаву дон,

Резаи қанду гӯшт, резаи нон.

Аз баҳор аст то ба вақти хазон

Кори ҳар мӯрча – кашон-кашон.

Дар зимистон ба хона ҷой шаванд,

То баҳори дигар ба хоб раванд.

ЧИСТОНҲО

Аҷаб як шиша, ки дорад ду ранг об,

Надорад вай ба гармию хунук тоб:

Бубандад ях зи сармои зимистон,

Ҳам аз гармии оташҳои сӯзон. (Тухми мурғ)

* * *

Миёни «а» ва «р» се ҳарфи дигар

Бимонӣ, мехӯрӣ ду мевари тар. (Ангур ва анҷир)

* * *

Ҳаст як паҳлавони ғулғуланок,

Оҳанинҷисму оҳанинпӯшок.

Асп нею ба тохтан чаққон,

Ҳам шутур нею лек боркашон.

Гов нею замин меронад,

Чист номаш?

Канӣ, кӣ медонад? (Трактор)

* * *

Аспе дорам беозор,

Хушсурату хушрафтор.

Монда намешавад ҳеҷ,

Доим ба гаштан тайёр.

Хӯрокаш обу бензин,

Поҳош бошанд аз резин. (Автомобил)

* * *

Худаш беҷону аммо номи ду хел ҷонвар дорад,

Касе ки ёбад онро, дар даҳон таъми шакар дорад. (Харбуза)

ТЕЗГӮЯКҲО

Содиқ шодӣ кард,

Соҳиб шӯхӣ.

Шаст сада шинондем,

Сӣ шафтолу.

Шохи сада серсоя.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2