ЭҲТИЁТИ ДАНДОН
Эраҷ шириниро дӯст медорад.
Хусусан, яхмосро. Чормағзу бодомро бо дандон мешиканад. «Дандонҳои ман, – мегӯяд, – аз оҳан сахттаранд». Обро ҳам бо яхпора менӯшад. Аммо дандоншӯйӣ ҳеҷ гоҳ ба ёдаш намерасад.
Дишаб як дандонаш дард кард.
Ба гумонаш ҳамаи дандонҳояш дард мекунанд. То саҳар нахобида гирист. Модар ҳама корро кард, аммо суде набахшид.
Чун субҳ дамид, модар гуфт:
– Бархез, либосатро пӯш. Ба назди табиб меравем. Наравӣ, боз сахттар дард мекунад. Эраҷ хеста, либос пӯшид. Ҳар ду ба дармонгоҳ рафтанд.
Чанд лаҳза пас Эраҷ хандиду гуфт:
– Модарҷон, дандонам дигар дард намекунад.
– Ин аз тарс, – гуфт модар. – Натарс, бачаҷон. Шердил бош. Одамон дар навбат истода буданд. Модару писар навбат гирифтанд.
– Дард кард? – пурсид Эраҷ.
– Не, – ҷавоб дод духтарак.
Дили Эраҷ қувват гирифт. Аз назди табиб як духтарак баромад. Вай ду бари рӯяшро дошта буд.
Табиб аз дами дар ба Эраҷ нигарист ва меҳрубонона пурсид:
– Номат чист, писарҷон?
– Эраҷ, – гуфт писарак.
– Биё, гузашта, шин.
Табиб дандонҳои Эраҷро аз назар гузаронида гуфт:
– Писарҷон, ту дандонҳоятро эҳтиёт намекардаӣ-ку. Дандонҳоят мегӯянд, ки мо бодому чормағз шикастаем. Яхмосу яхоб ҳам хӯрдаем.
Табиб ба милки дандони Эраҷ сӯзандору гузаронд. Дандон карахт шуд. Сипас онро тоза карда, марҳам молид.
– Модарҷон,
– гуфт Эраҷ, – духтурхола дандонҳоямро табобат карданд. – Аз ин баъд дандонҳоямро эҳтиёт мекунам.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё