Неруи барқ дар куҷо ҳосил карда мешавад?
Неруи барқро дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол мекунанд. Ҳоло якчанд намуди неругоҳҳои барқӣ мавҷуд аст, ки муҳимтарини онҳо дар ҷаҳон неругоҳҳои ҳароратӣ, атомӣ ва обӣ мебошанд.
Дар неругоҳҳои ҳароратӣ ба воситаи сӯзондани ангишт ва нафт неруи барқ ҳосил мекунанд. Дар дегҳои бузург ба воситаи сӯзишвориҳои номбурда обро меҷӯшонанд ва буғи аз он ҳосилшуда чархҳо – турбинаҳоро ба ҳаракат медарорад ва турбинаҳо генераторҳоро ба кор медароранд. Генератор чарх зада, неруи барқ ҳосил мекунад.
Дар неругоҳҳои обӣ об аз сарбанд, ки дар дарёҳо сохта мешавад, ба турбинаҳо мерезад ва онҳоро ба гардиш медарорад. Турбина чарх зада, генераторҳоро ба кор медарорад ва дар натиҷа неруи барқ ҳосил мешавад.
Дар неругоҳҳои атомӣ маъдани кӯҳие, ки дар таркибаш уран дорад, истифода мешавад. Пас аз коркарди маъдан вай неруи атомӣ ҳосил мекунад ва дегҳои бузурги пуробро меҷӯшонад.
Буғи ҳосилшуда турбинаҳоро чарх занонда, неруи барқ ҳосил мекунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё