Зеҳн

ҚОИДАҲОИ РОҲРАВИ ВА ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР КӮЧА, НАҚЛИЁТ ВА БОЗОР

ВА
Валиев Султон16 сентябри 2024 · 9 дақиқа хондан

Расму оин ва фарҳанги миллй моро ҳидоят мекунанд, ки дар ҳар ҷо, хоҳ дар хона, хоҳ дар мактаб, хоҳ дар кӯча, хоҳ дар бозор, хоҳ дар сафар ҳамеша чун инсони комил аз рӯйи одаму одамгарй, одоби муошират рафтору амал намоем.

Мирзо Бедил ба ин маънй фармудааст:

Камол он аст, ки аз худ бошй огоҳ,

Чи дар хилват, чи дар саҳро, чи дар роҳ.

Аз ин рӯ, хонандагон дар кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои шаҳру деҳа тибқи суннатҳои милли бояд чунин рафтор кунанд, ки ба атрофиён хушнудиву хурсанди биёрад. Онҳо бо хурдсолон бо меҳрубони, бо занону духтарон, калонсолону пирон бо ҳурмату эҳтиром, бо маъюбон бо шафқат муошират кунанд. Дар кӯчаву роҳҳо аввалан қоидаҳои пиёдагардиро риоя кардан ҳатмист. Аз назди чароғаки роҳнамо ё пайроҳаи махсус эҳтиёт шуда, роҳи калонро бояд гузашт. Зеро бисёр фоҷиаҳо маҳз аз сабаби вайрон кардани қоидаҳои пиёдагарди дар кӯчаву роҳҳо рух медиҳанд.

Доир ба рафтор дар кӯча ва одоби роҳ рафтан қоидаҳои хеле муфиде маъмуланд, ки донистан ва риоя кардани онҳо барои ҳар як хонанда ва шаҳрванд ҳатми мебошад.

Аз ҷумла: дар кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои шаҳру деҳот бо овози паст гуфтугӯ ва суҳбат бояд кард, то ки оромии шаҳрвандон халалдор нагардад;

  1. баланд хандидан, мағал кардан норавост,
  2. агар касе суроғаеро пурсад, бо лутф ҷавоб бояд дод,
  3. суханҳои фаҳш ва таҳқиромезро набояд истифода кард,

ҳангоми гашту гузор бо ҳамсинфон ва ёру дӯстон пеши роҳи пиёдагардонро набояд банд кард; Дар кӯча давидан (ба истиснои машқу давидани варзишӣ), бо шитоби беандоза бузург роҳ паймудан, китф ба пиёдагардон задан, онҳоро озор додан аз рӯйи одоб нест.

  1. зани кӯдакдор, пиразан ва марди калонсол ё маъюбе ихтиёри нишастан кунанд, ҷавони дар курсӣ нишаста ба онҳо бояд ҷой диҳад;
  2. ба мӯйсафедон, иштирокчиёни ҷангу собиқадорон, пиразанон, маъюбон, занҳои кӯдакдор бояд мадад кард;
  3. бо пирон ва мӯйсафедон ҳамроҳ бошед, аз ақиби онҳо бояд рафт;
  4. агар касе салом кунад, ҷавоб гуфта бояд гузашт ва барои пурсиш, гуфтугӯ ва дилҷӯйӣ дар миёни роҳ таваққуф набояд кард;
  5. агар ба ёрони дучоромада сухан кардан лозим шавад, аз миёни роҳ ба як тараф, дар канораи он истода, гуфтугӯ бояд кард;
  6. агар ҳамроҳи ёрон бошед ва дар роҳ ба касе дучор оед, ҳарчанд гуфтугӯ бо ӯ зарур бошад ҳам, таваққуф накунед ва ёронро мунтазир насозед;
  7. аз миёни роҳ санг ё чизеро, ки ба роҳравии одамон халал мерасонад, дур бояд кард;
  8. дар миёни ду нафар, ки бо ҳам суҳбат мекунанд, набояд даромад, хусусан, ба миёни духтарон.

Инсон аз ҳама ҷиҳат бояд зебо бошад. Ӯро ҳам сурат ва ҳам сират, ҳам гуфтору ҳам рафтор, роҳ рафтан, ҳар як ҳаракату сукунаташ бояд тибқи талаботи ахлоқ ва зебоӣ бошад.

Одатан писарон ё мардон устуворона ва нисбатан қадами калон мегузоранд. Духтарон ва занҳо бошанд, қадамҳоро майдатар мемонанд ва хиромон роҳ мегарданд. Дар ахлоқи миллиамон бисёр қоидаҳои роҳгардӣ таъйин шудаанд, ки аз ҷумла инҳоянд:

  1. қоматро рост карда қадам бояд монд;
  2. то зарурат набошад, ба роҳ набояд баромад;
  3. пойлуч набояд роҳ рафт;
  4. пойафзорро дар кӯча бо ҷӯроб пӯшида, ҳамеша тоза бояд нигоҳ дошт;
  5. на мутакаббирона, балки хоксорона бояд роҳ рафт;
  6. ҳангоми роҳ рафтан, то зарурат набошад, набояд сухан кард;
  7. қадамҳоро аз ҳад зиёд калон набояд гузошт;
  8. ба ҷойҳои ифлос набояд қадам монд;
  9. ба пеш, рост нигариста, бояд роҳ гашт;
  10. ба болои бом ва тирезаи хонаҳо набояд назар кард;
  11. ба даруни хонае, ки дараш кушода аст, набояд нигоҳ кард;
  12. оби даҳон набояд андохт;
  13. роҳро ба касе набояд танг кард;
  14. ҳангоми вохӯрӣ дар кӯча ба фарзандони мардум сухан кардан ва онҳоро бӯсидан ё даст расонидан матлуб нест;
  15. ба ҷое, ки кор надоред, набояд рафт;
  16. суруд, ё сухани дигареро бо овоз набояд хонд;
  17. бо эҳтиёт бояд қадам гузошт, то ҷонвари хурде ҳам зери по ҳалок нагардад;
  18. дар дари хонае, ки кор надоред, набояд истод;
  19. дар пушти хона ва ҳавлиҳо футбол бозӣ кардан ё машғул шудан ба навъҳои дигари варзишу бозиҳо, ки ба истиқоматкунандагони онҳо халал мерасонад, аз рӯйи одоб нест;
  20. агар сагча ё ҷонваре аз роҳи калон майли гузаштан кунад, назорат ва мададгорӣ бояд кард, то ки зери мошин намонад;
  21. агар касе суроғаеро пурсад, ба лутфу нармӣ бояд ҷавоб дод;
  22. агар бачагон, пирон, занони кӯдакдор, мусофирон аз роҳи калон гузаштанӣ шаванд, ба онҳо бояд ёрӣ расонд.

Мо аз рӯйи зарурат аз нақлиёт – автобус, троллейбус, микроавтобус, таксӣ, самолёт, поезд истифода мебарем. Бо ронандагон, мусофирон, одамҳои гуногун вомехӯрем, бо онҳо муносибату муомила менамоем. Дар нақлиёт кадом қоидаҳоро бояд риоя кард? Аввалан, дар нақлиёт бодиққат бояд буд. Ҳангоми саворшавӣ ба нақлиёт навбатро риоя карда, ба занҳои ҳомиладор, кӯдакдор, иштирокчиёни ҷангу собиқадорон, пиразанон, муйсафедон, маъюбон мададгорӣ бояд кард, то ки аввал онҳо даромада нишинанд. Дар дохили нақлиёт ҷавонон бояд ба калонсолон, мӯйсафедон, занҳо, маъюбон ҷой диҳанд. Агар зане бо кӯдакаш ё касе дар дасташ бор ба мошин савор шуданӣ бошад, ба онҳо дасти ёрӣ бояд дароз кард.

Дар дохили мошин мағал кардан, баланд сухан намудан, хандидан ё шиносу хешовандро дида баланд гуфтугӯ кардан, норавост. Агар зарурате ба миён ояд, бо овози паст пурсупос ва гуфтугузор кардан мумкин аст. Гуфтугӯ бо телефон низ номатлуб аст. Дар хотир бояд дошт, ки дар нақлиёт мусофирон ба ҳам наздик ва зич қарор мегиранд. Дар чунин вазъият услубу одоб, ақлу фаросат ва маданияти шахс базудӣ аён мешавад.

Дар бозор, мағозаҳо, нуқтаву марказҳои хариду фурӯш одамони бисёр ҷамъ мешаванд. Аз ин рӯ, дар чунин ҷойҳо низ риояи одоби муошират ниҳоят муҳим мебошад. Дар ахлоқи миллиамон баробари бисёр қоидаҳо вобаста ба мавридҳои гуногун шартҳои одоби ба бозор рафтан, оинҳои хариду фурӯш низ тавсиф шудаанд, ки аз ҷумла инҳо мебошанд:

  1. аввалан, китф ба касе набояд зад;
  2. дувум, аз паси одамон набояд нигарист;
  3. севум, оби даҳон набояд андохт;
  4. чаҳорум, аз дур касеро набояд бо овози баланд ҷеғ зад;
  5. панҷум, дар дари дуконе, ки коре надоред, набояд истод;
  6. шашум, нархи чизеро, ки намехаред, набояд пурсид;
  7. ҳафтум, дар миёни савдои ду кас набояд мудохила кард, ба истиснои далолати хайр.

Дар бозор ҳангоми харидуфурӯш қоидаҳои одоби муоширатро низ бояд донист. Харидору фурӯшанда чӣ гуна бояд рафтор кунанд. Дар ин бобат низ дар ахлоқи миллӣ ва суннатӣ оинҳои хеле муфид таъйин шудаанд. Чунончи, фурӯшанда қоидаҳои зеринро бояд риоя кунад:

  1. бо харидор бояд бо лутфу нармӣ сухан гӯяд;
  2. он чизеро, ки мефурӯшад, аз ҳад зиёд таъриф накунад;
  3. чизҳои бесифатро нафурӯшад, агар бифурӯшад, айби онро бигӯяд;
  4. дар тарозу ва андоза кардани матоъ норасоӣ содир накунад;
  5. агар чизи харидаро боз гардонанд ва дар он талафе набошад, бозгирад;
  6. агар шахси муътабаре чизеро ба нася талабад, онро фурӯшад;
  7. молро аз нархи муқаррарии худаш қимат нафурӯшад.

Доир ба одоби харидор низ якчанд шартҳо таъйин шудаанд, ки аз ҷумла инҳо мебошанд:

  1. аввалан, пули қалбакӣ надиҳад;
  2. нархи молро паст назанад;
  3. сухани сахт нагӯяд;
  4. чизи харидаашро боз нагардонад;
  5. харидаашро ба борхалтаи тоза андозад;
  6. чизи гирифтаашро намоён не, балки пӯшида барад.

Ҳар як одам дар ҷамъомадҳо, тӯю маъракаҳо, маҷлисҳо иштирок мекунад. Одоби рафтор ва нишастухез дар чунин ҷойҳо чӣ гуна бояд бошад? Дар ин бобат низ дар оинҳои миллиамон ва ахлоқи ҷавонмардӣ қоидаҳои махсус муайян шудаанд. Аз ҷумлаи онҳо қоидаҳои зерин мебошанд:

  1. аввалан, ба ҷое, ки ишора мекунанд, дар ҳамон ҷо бояд нишаст;
  2. дувум, ба болову поён, ба қафо, ба чапу рост набояд нигарист;
  3. севум, агар шахси зебо ё нуқси ҷисмонӣ дошта дар маҷлис нишаста бошад, ба вай бисёр набояд нигарист;
  4. на мутакаббирона, балки хоксорона бояд нишаст;
  5. аз ҷойи худ бисёр нишасту бархост кардан норавост;
  6. барои аз ҳама боло нишастан набояд кӯшиш кард;
  7. ҷойро ба ҳамнишин набояд танг кард;
  8. агар ғанаб ё сулфа ояд, оҳиста бо иҷозати садри маҷлис бояд берун рафт;
  9. агар саволе бошад, беҳтараш ба тариқи хаттӣ ба раёсати маҷлис ирсол бояд кард;
  10. телефони ҳамроҳро ҳатман хомӯш бояд кард;
  11. ба садр ё раёсати маҷлис луқма партофтан ё сухани маърӯзачиро буридан нашояд;
  12. бо ҳамшафати худ набояд сухан гуфт, оромиро ҳатман риоя кард;
  13. хамёза набояд кашид, вале дар ҳоли тасодуфан хамёза омадан, даҳонро бо даст бояд панаҳ кард;
  14. дар ҳолати атса задан, даҳонро бо рӯймолча бояд пӯшид;
  15. сарварон, меҳмонон чун вориди маҷлисгоҳ шаванд, аз ҷой бояд бархост;
  16. баъди хатми маҷлис раёсат ва меҳмононро аз ҷой бархоста, бояд гусел кард ва ғайра.

Ҳамин тариқ, хонандагон дар ҳар ҷое, ки ҳузур доранд, хоҳ дар мактаб, хоҳ берун бояд чунон рафтор кунанд, ки атрофиён ба онҳо бо ҳавас назар андозанд, орзу кунанд, ки фарзандони онҳо низ чунин боадаб бошанд. Аз одобу муоширати писандидаашон хурсанд шуда, дар ҳаққи волидону устодонашон раҳмат гӯянд. Ин барои падару модарон ва муаллимон аз ҳама мукофоти баланд аст. Ҳар як меҳмони кишвар бояд сират ва сурати зебо, одобу ахлоқи писандидаи хонандагони кишвари азизамонро дида, ба ҳайрат ояд. Бигузор эътироф кунанд, ки тоҷикон барҳақ миллати асил, зебо, соҳиби фарҳанг, ҷавонмард буда, одамияти воло доранд ва меҳмоннавозу инсондӯст мебошанд.

Маводди иловаги

  1. Аз пандҳои Имоми Аъзам

Ба роҳе, ки меравӣ, ин тарафу он тараф нигоҳ макун. Ҳамеша заминро нигоҳ кун.

Ҷуз бо виқор ва сангинӣ роҳ марав ва дар корҳо аҷул мабош.

  1. Бебаҳра аз тоҷи заррин

Рӯзе ҳодисаеро дар микроавтобус мушоҳида кардам. Марди синнаш наздик ба ҳафтод расида ба микроавтобус савор шуд. Дар он мусофирон нисбатан кам буданд. Мард дар назди ҷавони тахмин понздаҳ ё шонздаҳсолае нишаст. Вай ба мӯйсафед эътиборе надод.

Ҷавонписар дар миёни ду курсӣ пойҳоро васеъ монда, менишаст. Дар гӯшаш гӯшмонаки аудиоплейер. Мард аз вай хоҳиш кард, ки дар курсӣ дуруст нишинад, як курсиро ишғол кунад. Вале вай сухани мардро нашунид. Мард бори дигар ба ӯ гап зада ишора кард, ки гӯшкунакро аз гӯшаш бигирад.

Мӯйсафед ба ӯ насиҳат кард. – Писарам, Шумо дар нақлиёт ҳастед. Ҳар як фард дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вазифадор аст, ки нисбат ба атрофиён бепарво набошад. Аз рӯйи расми миллиамон амал кунад. Ба калонсолон, пиразанон бояд ҷой диҳад, нисбат ба хурду калон муомилаи хуб кунад. Рӯзе шумо ҳам пир мешавед, ниёзманди дастгирии дигарон мегардед. Вале ҷавон насиҳатро гӯш накарда, бо ситеза ба дигар курсӣ нишаст.

Ҷавонписар, ки сару либос ва сурати зебо дошт, баъди чунин рафтори ношоиста, ба чашми ҳамаи мусофирон бенуру зишт ва манфур мерасид. Аз қиёфаи мӯйсафед бошад, аён буд, ки вай афсӯс мехӯрд, ки ин ҷавон тарбия надидааст, аз ҳама чизи қимат аз ахлоқи писандида, одоб, ки тоҷи заррин аст, бебаҳра мондааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба