Ҳангоми истифодаи неруи барқ кадом тадбирҳои эҳтиётиро бояд риоя кард?
Вақте ки дастатон ба сими лучи ҷараёни барқ мерасад, гӯё ба баданатон зарбаи сахти электрикӣ ворид мегардад. Агар шиддатнокии он баланд бошад, вай метавонад одамро бикушад ё ба таври ҷиддӣ ӯро сӯзонад.
Агар шиддат пасттар бошад, он чун рагкашии сабук ҳис карда мешавад. Зарур аст, ки аснои бо асбобҳои барқӣ кор кардан ба таври ҷиддӣ қоидаҳои муносибат бо онҳоро риоя намуд. Бо дасти тар асбобҳои барқиро гирифтану доштан мумкин нест, зеро об аз худ ҷараёни барқро бештар мегузаронад.
Ҳеч гоҳ сутуни чароғҳои кӯчагӣ ва симчӯбҳои телефонро парма накунед, ҳамчунин ба минтақае, ки навиштаҷоти «Хавфнок» ва ё «Шиддатнокии баланд» овехта шуда бошад, наздик наравед.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё