Кадом қувваи ҳаётбахш ҷисми моро ба ҳаракат медарорад?
Қувваи ҳаётбахшеро, ки барои ҳаёт зарур аст, мо аз истеъмоли ғизо мегирем.
Ҷисми мо ин энергияро захира карда, онро ба неру табдил медиҳад ва барои нафаскашӣ, гардиши хун ва ҳаракат истифода мебарад.
Вақте ки мо нафас мегирем, шушамон аз ҳаво оксигенро қабул мекунад ва заррачаҳои хуни рагҳо аз он баҳравар мегарданд. Хун ғайр аз оксиген дигар маҳлулҳои ғизоиро низ мебарад, ки дар натиҷаи ҳазми хӯрок ҳосил мешавад. Ҳам оксиген ва ҳам маводди ғизоӣ ба воситаи гардиши хун ба тамоми узвҳои бадан тақсим мешаванд.
Гардиши хунро дар организм дил ба воситаи рагҳои хунгузар таъмин мекунад.
Дар мушакҳои бадан оксиген барои «сӯзондан»-и маводди ғизоӣ ва аз онҳо ҳосил кардани энергия зарур аст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё