Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешСуол

Ҳангоми сӯхтани чӯб гармию равшанӣ аз куҷо ҳосил мешавад?

Маълум аст, ки ҳангоми сӯхтани чӯб гармӣ ва рӯшноӣ ҳосил мешавад.

Дарахт ин энергияро аз офтоб мегирад. Дар натиҷаи раванде, ки фотосинтез ном дорад, дарахтон ду чиз:

глюкоза ва селлюлоза ҳосил мекунанд. Дарахт асосан, аз селлюлоза иборат аст. Воқеан, энергияи офтоб дар танаи дарахтон ба шакли селлюлоза ва бофтаҳои дигар захира мешавад.

Вақте ки чӯб месӯзад, ҳамон энергияи дар селлюлоза ҷамъшуда хориҷ мешавад ва гармиву рӯшноӣ медиҳад.

0

Ҷавобҳо (1)

АХ
Ахбор29 рӯз пеш

Селлюлоза — моддаест, ки қисми асосии девори ҳуҷайраҳои растаниро ташкил медиҳад. Он дар чӯб, пахта, коғаз, сабзавот ва меваҳо зиёд мавҷуд аст. Ҷисми инсон селлюлозаро пурра ҳазм карда наметавонад, аммо он ҳамчун нахи ғизоӣ барои кори хуби рӯдаҳо муҳим аст. Ба забони сода: селлюлоза моддаест, ки ба растаниҳо устуворӣ медиҳад ва барои ҳазми инсон ҳам фоида дорад.

0