Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешСуол

Оё аз энергияи офтоб неруи барқ ҳосил намудан мумкин аст?

Манбаи тамоми навъҳои энергия офтоб аст. Албатта, ғайр аз рӯшноӣ ва гармӣ мо аз офтоб бевосита неруи дигар гирифта наметавонем.

Олимони зиёде орзу мекарданд, ки энергияи офтобро бевосита истифода бурда, аз он неруи барқ истеҳсол кунанд.

Солҳо онҳо кӯшиш менамуданд, то неругоҳи барқии офтобӣ созанд. Ҳарчанд, яке аз чунин лоиҳаҳо бомуваффақият анҷом ёфт, аммо неругоҳи барқии офтобӣ хеле харҷи гарон дорад ва илова бар ин чандон неруи зиёд ҳосил намекунад. Чунин технология дар моҳвораҳои сунъӣ ва минтақаҳое, ки дар он ҷо шабака – симтаноби ноқилӣ гузарондан имкон надорад, истифода мешавад. Инчунин онро барои таҷриба дар боми хонаҳо ва автомобилҳо низ гузошта истифода мебаранд. Неругоҳҳои офтобиро – неругоҳҳои фотогалваникӣ меноманд. Системаи мазкур аз лавҳаҳое иборат аст, ки аз нурҳои офтоб энергия қабул карда, онро ба неруи барқ табдил медиҳад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.