Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон

ГУРГИ ПАНГ
ВА БУЗИЧАИ ДОНО

Рӯзе аз рӯзҳои фасли баҳор буд. Подабоне подаро ба чаро мебурд. Як бузичаву як баррачаи шӯху гапнодаро аз пода ҷудо шуда, чарида - чарида бехабар аз хатар ба алафзор омаданд.

  • Ана алафу мана алаф! - хитоб кард бузича.

  • Акнун шикамсерӣ алаф мехӯрем, - илова намуд баррача.

Онҳо саросемавор ба алафзор даромаданд. Ҳамин вақт овозеро шунида сар боло карда диданд, ки гурге лангон - лангон меояду ғамгинона месарояд:

Ман бекасу бе ҳамдамам,
Охир шуд мӯлу камам.
Аз гушнагӣ дар ғуссаам,
Во ишкамам, во ишкамам.

На гову не гӯсолае,
На як бузу бузғолае
Ҳам рӯдаҳо дар нолае,
Во ишкамам, во ишкамам.

Кош баррае пайдо шавад,
Дар ишками ман ҷо шавад,
Ишкам мисоли О шавад,
Во ишкамам, во ишкамам.

Бузичаву баррача гургро дида сахт тарсиданд. Баррача, ки беш-тар тарсида буд, ларзон - ларзон ба бузича гуфт:

  • Зуд бош, мегурезем!

  • Гург моро дидагист, - гуфт бузича, - беҳтараш нагурехта гургро фириб диҳем.

аз 23
навбатӣ