Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан
  • Чӣ хел фиреб диҳем? - пурсид баррача.
  • Гург, ки наздик омад, ман ба пешвозаш мебарояму гап мезанам, ту хомӯш ист, - гуфт бузича.
    Гурги ланг бузичаву баррачаро дида, худашро далеру бебоқ гирифту ин сурудро хонд:

Агарчӣ ҳастам гурги ланг,
Чакҳону чолокам ба ҷанг,
Бо як задан нобуд кунам,
Наздам агар ояд паланг.

Монанди оҳу медавам,
Ҳар ҷо, ки хоҳам меравам!

Аз ман гурезад аспу хар,
Рӯбоҳи зарди ҳилагар,
Бо як ҷажидан меқапам,
Ҳамтои шер нестам магар?!

Монанди оҳу медавам,
Ҳар ҷо, ки хоҳам меравам.

Бузичаву баррача давида ба назди гург омаданд.

  • Ассалом, гурги диловар! - гуфт бузича.
  • Ассалом, эй шоҳи кӯҳу беша! - гуфт баррача, ки бештар тарсида буд.
    Гурги гурусна бадхашмона ҷавоби салом надод, баръакс лабонашро лесиду маккорона пурсид:
  • Фарбеҳакони ман, аз куҷо омадеду ба куҷо меравед?
  • Ба назди ту равона будем, - гуфт бузича ва илова кард:
  • Оҷаамон фармуданд, ки туро кофта ёфта саломатиашонро расонему ҳолпурсӣ кунем.
  • Оҷаҳоятон қадрдонанд. Замоне буд ман онҳоро аз панҷаи шеру бабру палангу хирс раҳо карда будам, - гуфт мағрурона гурги ланг.
    Бузича дид, ки гурги ланг гуруснагиашро фаромӯш карда худро таъриф мекунад, гуфт:
пешина
аз 23
навбатӣ