ШУТУР Ё ШУТУРМУРҒ?
Мо дар бораи мурғе гап мезанем, ки ба шутурбача бисёр монанд аст. Гардани дарозу камоншаклаш ӯро ба шутурбачаи ҳақиқӣ монанд кардааст. Барои ҳамин ҳам вайро шутурмурғ меноманд.
Вай дар миёни парандаҳо аз ҳама калон аст. Қади баъзе шутурмурғҳо аз қади одамон ҳам баландтар мешавад.
Баландии қади шутур аз рӯйи замин то болои сараш тахминан аз 2 метр зиёд аст. Шутур ва шутурмурғҳо пойҳои дарозу ғафс ва боқувват доранд. Ҳар ду дар дашту биёбон зиндагӣ мекунанд. Мижгонҳои дарозу ба ҳам монанд доранд. Сохти чашмонашонро дида, гумон мекунед, ки аз як оила бошанд.
Аммо шутур чор пой дорад. Шутурмурғ ду пойи дароз дорад.
Пойи дароз ба шутурмурғ барои чӣ лозим аст? Барои дар як соат 70 километр давидан пойҳои дароз ва пурқувват лозим аст. Ҳар қадами шутурмурғ сеюним-чор метр аст. Шумо даҳ қадам зада, баъд ба як қадами шутурмурғ расида метавонед.
Шутур бача таваллуд мекунад. Шутурмурғ тухм мегузорад. Шутур пар надорад, шутурмурғ пар дорад. Шутур нӯл надорад, шутурмурғ дорад. Шутурмурғ аз бисёр ҷиҳат ба мурғ монанд аст.
Мисли мурғ тухм мегузорад ва чӯҷа мебарорад. Ҳам чӯҷаи мурғ ва ҳам чӯҷаи шутурмурғ вақти аз тухм баромадан роҳ мегарданд. Мустақилона ғизо мехӯранд.
Шутурмурғ аз чанд ҷиҳат ба шутур ва аз чанд ҷиҳати дигар ба мурғ монанд аст. Гӯё ҳам шутур асту ҳам мурғ. Барои ҳамин ба он шутурмурғ ном гузоштаанд.
Шутурмурғҳо ҳам рустанӣ мехӯранду ҳам ҳашарот. Онҳо алафҳои гуногун ва тухму меваи рустаниҳоро истеъмол мекунанд.
Аз ҳашарот малах, гамбӯсак, кирмҳоро мехӯранд. Калтакалосу муш ҳам хӯроки онҳост. Барои осон шудани ҳазми хӯрок сангчаҳои майдаро низ фурӯ мебаранд. Сангчаҳо дар сангдони шутурмурғ барои майда кардани хӯрок ёрӣ мерасонанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё