ЧАРО БАБРИ БАРФӢ МЕГӮЯНД?
Бабри барфӣ ё паланги барфӣ ба оилаи гурбашаклҳо дохил шуда, номи илмиаш «пантера» мебошад. Ин ҷонвари кӯҳии ваҳширо дар Тоҷикистон баъзеҳо шерпаланг ё озодапаланг ҳам мегӯянд.
Ин ҳайвон бисёр чолоку зирак буда, дар баландтарин кӯҳҳо танҳо гаштугузор мекунад, вай ҳеч гоҳ ба одам ҳуҷум намекунад.
Дар Тоҷикистон бабри барфӣ дар қаторкӯҳҳои минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шохдара, Аличур, Зарафшон, Ҳисор ва Вахш зиндагӣ мекунад.
Ҷисми бабри барфӣ он қадар калон нест. Бадани он 112 – 140 см дарозӣ дошта, вазнаш аз 40 то 100 кг-ро ташкил медиҳад. Сабаби бабри барфӣ ном гирифтанаш дар он аст, ки хунукиҳо ва барфу яхро дӯст медорад ва дар фасли зимистон дар баландиҳо зиндагӣ мекунад.
Бабри барфӣ ҳайвони даранда буда, асосан ҳайвонҳои калони кӯҳӣ, аз қабили архар ва морхӯр шикор мекунад.
Вай сайди худро бо чолокӣ таъқиб карда медорад. Агар ҳайвони калон ёфт нашавад, бабри барфӣ, инчунин ҳайвонҳои хурдтар, аз ҷумла мушҳо, харгӯшҳо ва парандагонро низ шикор мекунад.
Бабри барфӣ ҳайвони хеле нодир аст. Шумо медонистед, ки бабри барфиро танҳо дар 12 кишвари ҷаҳон дидан мумкин аст. Дар кишвари мо, Тоҷикистон, тақрибан 300 бабри барфӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, ин ҳайвон махсус муҳофизат карда мешавад. Номи бабри барфӣ ба Китоби Сурхи Тоҷикистон, ки дар он ҳайвонҳо ва набототи камёб навишта мешаванд, дохил карда шудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё