СИФАТИ ГЎШТИ БЕДОНАҲОИ ЗОТҲОИ ГУНОГУН ДАР ШАРОИТИ ХОҶАГИИ ҶШК «ШАЙХИ ХОЛМАХМАД»-И НОҲИЯИ РЎДАКӢ
Аз натиҷаи таҷрибаҳои гузаронидашуда оид ба омўзиши сифати гўшт ва таркиби химиявии гўшти бедонаҳои зотҳои гуногун дар шароити иқлими гарм ва хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки тарзи нигоҳдории бедонаҳо ба сифати маҳсулнокии гўшти ягон таъсири ҷиддӣ нарасондааст.
Натиҷаи таҳлили химиявии мушакҳо дар умум ба талаботҳои биологӣ ҷавобгўй мебошад.
Баҳодиҳии органолептикии гўшт ва пиёбаи он аз мушакҳои сари сина ва пойҳо муайян намуданд, ки дар синни 9-10 ҳафтаинагӣ гўшти бедонаҳо сифати беҳтар дорад.
Дар натиҷаи ҷудо кунии анатомии қисмҳои танаи бедонаҳо дар синни 6-ҳафтаинагӣ муайян карда шуд, ки вазни зиндаи мокиёнҳо аз хурўсҳо зиёд буд. Дар байни зоти бедонаҳо вазни аз ҳама калон дар мокиёнҳои зоти фараон муайян карда шудааст, ки ба 259 г баробар буд. Дар ин синну сол онҳо нисбати зоти франсузӣ-9 г , зоти эстонӣ-18 г(Р>0,99), зоти сафеди англисӣ-79 г (Р>0,999), зоти сиёҳи англисӣ-68 г (Р>0,999), ранга-81 г (Р>0,999), мармарӣ -94 г (Р>0,999), хокистарранги ҷопонӣ-95 г (Р>0,999) бартарӣ доштанд. Вазни аз ҳама пастро мокиёнҳои зоти хокистарии ҷопонӣ доштанд, ки ба 164 г баробар буд. Дар байни гурўҳҳо хурўсҳо низ аз рўйи вазни зиндаашон фарқ мекарданд. Дар байни хурўсҳо аз ҳама вазни калон дар зоти фараон (212 г) ва аз ҳама паст дар зоти мармарӣ (140,0 г) ба қайд гирифта шудааст.
Вазни гўшти аз пару бол ва қисмҳои даруни тозакардашуда низ дар гурўҳҳо, ҳам байни мокиёнҳо ва ҳам байни хурўсҳо фарқ мекард. Вазни аз ҳама вазнин дар мокиёнҳои зоти фараон (191,1г), зоти франсузӣ (183,5 г) ва эстонӣ (174,0 г) ба қайд гирифта шудааст. Онҳо аз рўйи ин нишондод нисбати зоти хокистарранги ҷопонӣ (108,7 г) 82,4г (Р>0,999), 74,8 г (Р>0,999) ва 65,3 г (Р>0,999) бартарӣ доштанд.
Вазни аз ҳама паст дар бедонаҳои ҷинси модаи зоти хокистарии ҷопонӣ-108,7 ва зоти мармарӣ-112,8 г муайян карда шудааст. Зотҳои дигар аз зоти ранга 121,4 г то зоти сиёҳи англисӣ 137,9 г мавқеи мобайниро ишғол менамуданд. Дар байни хурўсҳо низ ин зотҳо фарқ мекарданд, аз онҳо вазни 157,7г, 155,8 ва 151,4 г вазн гирифта шудааст.
Дар байни хурўсҳо низ вазни аз ҳама пастро зоти мармарӣ (100,8 г) хокистарранги ҷопонӣ (105,2 г) ишғол намуданд. Онҳо нисбати зотҳои дар боло овардашуда 54,9 ва 50,5г (Р>0,999); 55,0 ва 50,6 г (Р>0,999) ва 50,6 ва 46,2 г (Р>0,999) бартарӣ доштанд.
Умуман, дар байни зотҳо вазни аслии тозакардашуда дар синни 6-ҳафтаинагӣ дар мокиёнҳо 108,7- 190,1г, дар хурўсҳо 105,2-157,7 г, вазни мушакҳои сари сина- 25,2-30,8 %, дар хурўсҳо 25,828,6 % , мушакҳои рон 8,1-9,6 % дар мокиёнҳо ва 8,7-10,6 дар хурўсҳо ва зону дар ин синну сол ба 6,3-6,8 ва 6,3-7,2 % баробар буд.
Натиҷаи сифати гўшти бедонаҳои зотҳои гуногун дар ҷадвали 1 оварда шудааст.
Миқдори аз ҳама зиёди равғани дарунӣ дар гўшти бадани зотҳои фараон ва эстонӣ, ҳам дар мокиёнҳо ва ҳам дар хурўсҳо муайян карда шудааст, ки дар синни 6-ҳафтаинагӣ ба 3,0 – 3,6 % и 2,8 – 2,9 % мутаносибан баробар буд.
Аз ин ҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар шароити Тоҷикистон парвариши бедонаҳои зотҳои гуногун, имконият медиҳад, ки вазни зиндаи онҳо зиёд карда шуда сифати гўшт беҳтар карда шавад.
Байни зотҳои истифодашуда фарқияти назаррас мушоҳида карда нашудааст. Дар як вақт тамоми нишондодҳои гўштӣ дар зотҳои фараон, франсузӣ ва эстонӣ беҳтар буд.
Омўзиши таркиби химиявии гўшти бедонаҳои зотҳои гуногун муайян намуд, ки дар гўшти зотҳои франсузӣ, эстонӣ ва фараон миқдори об 2% кам буда, миқдори модаи хушк тахминан ҳамин қадар нисбати зотҳои дигар зиёд аст. Дар як вақт, фарқияти ҷиддӣ байни сафеда, хокистар ва равған байни зотҳои таҳқиқотӣ мушоҳида карда нашудааст. Консентратсияи баланди равған дар бофтаҳои мушакии бедонаҳои зоти фараон – 0,76 % муайян карда шудааст.
Таҳлили натиҷаҳои баҳодиҳии органолептикии гўшт ва пиёбаи зотҳои гуногун нишон дод, ки ҳамаи онҳо лаззати хуб ва сифати баланд доштанд. Аз рўйи ин нишондод байни зотҳо фарқияти калон мушоҳида карда нашудааст. Дар як вақт, дар бисёр ҳолатҳо аз рўйи баъзе нишондодҳои гўшт ва пиёба гўшти бедонаҳои фараон ва франсузӣ нисбати дигар зотҳо беҳтар буданд.
Бори дигар ин аз он шаҳодат медиҳад, ки зотҳои номбаршуда дар таркиби гўшташон қабати равған бештар аст ва ин лаззатнокии гўштро таъмин менамояд, аз тарафи дигар ин зотҳо ба зотҳои гўштӣ тааллуқ доранд ва онҳоро бештар барои истеҳсоли гўшт парвариш менамоянд.
Дар гўшти танаи бедонаҳои зотҳои фараон миқдори об (70,9 %), франсузӣ (70,4 %) ва эстонӣ (70,1 %) муайян карда шудааст. Дар зотҳои дигар ин нишондод аз 72,3 %-зоти сиёҳи англисӣ то 72,9 % зоти хокистарии ҷопонӣ ба қайд гирифта шудааст. Гўшти бедонаҳо аз рўйи миқдори сафеда низ фарқ мекунанд. Ин нишондод дар зоти фараон аз 20,2 % то 22,8 % дар зоти эстонӣ фарқ мекунад. Миқдори аз ҳама ками равған дар зоти хокистарии ҷопонӣ -3,8 % ва аз ҳама баланд дар бедонаҳои зоти фараон 7,1 % дида мешавад. Миқдори хокистар низ дар гурўҳҳо як хел нест, аз 1,0%зотҳои эстонӣ, сиёҳи англисӣ то 1,9 % сафеди англисӣ фарқ мекунад.
Арзиши баланди гўшт аз ғизонокии қисмҳои алоҳидаи он вобастагӣ дорад. Дар гўшти зотҳои омўхташуда ғизонокии аз ҳама баланд ккал (кДж) дар зотҳои фараон -187(785), зоти франсузӣ 176 (739), эстонӣ- 152 (638) муайян карда шудааст. Дар зотҳои ранга, мармарӣ, сиёҳи англисӣ ва хокистарии ҷопонӣ ин нишондод ба 110 (462), 117(491), 120 (504) ва 120(502) баробар буд.
Аз рўйи ин нишондод зоти фараон нисбати ин зотҳо- 77 (323), (Р>0,999), 70 (294), (Р>0,999), 67(281), (Р>0,999) ва 67 (283), (Р>0,999); - зоти франсузӣ 66 (323), (Р>0,999), 59 (248), (Р>0,999), 56 (235), (Р>0,999) ва зоти эстонӣ 42 (136), (Р>0,999), 35 (147), (Р>0,999), 32 (134), (Р>0,999) ва 32 (136) бартарӣ доштанд.
Зотҳои фараон ва франсузӣ нисбати дигар зотҳо аз рўйи лаззати гўшти обҷўши қисми сари сина ва пойҳо, тозагӣ ва мулоимии гўшт, инчунин тозагӣ ва софии пиёба бартарӣ доштанд. Аз рўйи лаззат ва тозагию софии пиёба зотҳои фараон ва франсузӣ нисбати дигар зотҳо 0,2-0,5 хол ва ё 4,0 % беҳтар буданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё