Зеҳн

ИСТИФОДАИ ГИДРОПОНИКА ҲАМЧУН МАНБАИ ХЎРОКИ СЕРСАФЕДАЮ ВИТАМИНДОР

ФЕ
Фермер16 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Барои таъмин кардани амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, таъминоти талаботи аҳолӣ ба сафедаҳои пурбаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ соҳаи моҳипарварӣ мақоми хосаеро ишғол менамояд.Мушоҳида карда истодаем, ки илми хўронидан сол то сол хело пеш рафта, доир ба омўхтани таъсири моддаҳои гуногуни ғизонок, аминокислотаҳои ивазнашаванда, макро- ва микроэлементҳо, витаминҳо, ферментҳо ва дигар омилҳо ба мубодилаи моддаҳо дар организми моҳӣ, самаранок истифодабарии хўрокҳо ва ҳосил намудани маҳсулот миқдори зиёди маводҳои санҷишӣ ба даст оварда шуда истодааст.

Хўронидан яке аз омили асосӣ буда, ки маҳсулнокӣ, наслнокӣ, сифати маҳсулоти моҳӣ, сиҳатии онҳо ва самаранокии соҳа аз он вобастагии калон дорад. Ҳарчанд намудҳои беҳтарин ва сермаҳсултарин моҳиеро истифода барем, агар хўронидани онҳо мувофиқи талабот набошад, маҳсулнокию наслнокиашон кам мешавад. Ба ғайр аз ин, ҳангоми таъмин накардани талаботи моҳӣ бо хўрокиҳо ва моддаҳои лозимӣ онҳо ба касалиҳои гуногун гирифтор мешаванд, ки ба иқтисодиёти хоҷагиҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати бештарро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ медиҳад, ки саҳми худро дар афзоиши маҳсулоти моҳигӣ мегузоранд. Бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон талабот ба маводҳои ғизоӣ меафзояд. Мувофиқи меъёри қабулгардида, миқдори истеъмоли гўшти моҳӣ, ба сари ҳар як аҳолӣ дар 1 сол 9 кг - ро бояд ташкил диҳад, ҳамзамон ҳоло ин нишондод дар ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дошта, диққати олимон ва мутахассисони соҳаро барои дарёфти ҳалли ин масъала ҷалб менамояд. Яке аз роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли гўшти моҳӣ дар ҷумҳурӣ, ин беҳтар намудани шароити хўронидан ва сифати хўрокӣ мебошад, аз он ҷумла гидропоника, кимоҳӣ зуд ба воя расад ва сифати гўшти он мувофиқи стандарти ҷаҳонӣ бошад.

Гидропоника ин парвариши растаниҳо бе истифодаи хок мебошад. Гидропоника ин хўрокие мебошад, ки 8-маротиба аз ордиалафҳо, 5- маротиба аз хўроки омехта, 7- маротиба аз кунҷора нархашпаст аст. Ин намуди хўрок аз макро- ва микроэлементҳо, витаминҳо ва сафеда бой буда, хўроки бисёр хуб ва натиҷаовар барои моҳиҳоигармидўст мебошад, чунки гидропоника дар организми онҳо ба осонӣ ҳазмшуда,аз ҷиҳати экологӣ тозава аз нуқтаи назари иқтисодӣ фоидабахш мебошад. Парвариши гидропоника аз шароити иқлими минтақа вобастагӣ дорад.

Парвариши гидропоникаро метавонем дар дохил ва берун дар ҳамафаслисол ба роҳмонем.

Ғаллаи сабзида (гидропоника) дорои таркибест, ки аз тарафи табиат дар давоми инкишофи дуру дароз баробар карда шудааст, ғаллаи сабзшуда дар ғизои чорво метавонад мубодилаи моддаҳо, норасоии витамину минералҳоро таъмин намояд, масунияти баданро баланд бардошта барои тоза кардани бофтаҳо аз ндотоксинҳои ҷамъшуда мусоидат менамояд.

Гидропоникаро ҳамчун хўроки барои ҳама намуди чорвои кишоварзии сермаҳсул аз ҷумла чорвои калони шоҳдор, буз, гўсфанд, асп, харгўш, паранда ва моҳӣ истифода мебаранд.

Аз таҷрибаҳои гузаронидашуда чунин маълум мешавад, ки шиддати кори ферментҳо дар нашъунамо ва нешзании ғалладонаҳо аз 3 то 7 шабонарўз, (вобаста ба навъи дон) гидропоника тайёр мешавад. Дар дони сабзидаи гидропоника миқдори ферментҳо назар ба ғаладонаи ношукуфта 43 маротиба зиёдтар мешавад.

Муайян карда шудааст, ки баъди 24 соат дони барои гидропоника хобонидашуда ба варамидан оғоз мекунад, дар натиҷа раванди тақсимшавии крахмал ба қанди оддӣ оғоз меёбад, баъдтар сафедаҳои нигоҳдорӣ ба пайвастагиҳои ками молекулярӣ (пептидҳо ва аминокислотаҳо) тақсим мешаванд. Дар 3 рўзагӣ равғанҳо ба вуҷуд овардани кислотаҳои равғанӣ оғоз мекунанд.

Ин пайвастагиҳо ба узвҳои ҳозимаи чорво барои сохтани бофтаҳои нав истифодашаванда оддӣ ва дастрас мешаванд ва дар навбати худ кори меъдаю рудаҳои чорворо хеле осон мекунад, миқдори энергияро барои ҳазмкунии хўрок кам менамояд. Гидропоника миқдори зиёди кислотаи фолиевӣ (витаминиВ9) дорад, ки барои вазнгирии моҳиҳо нақши муҳим мебозад. Дар таркиби химиявии он зиёда аз (28,93%) сафеда, (96,73%) равған чунин моддаҳои фаъоли биологӣ (каротин ва хлорофил) нисбат ба дони хушки он зиёд аст. Аз ин лиҳоз гузаронидани тадқиқот оид ба истифодаи гидропоника барои хўроки моҳиҳои гармидўст зарур мебошад.

Парвариши моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир асосан дар хоҷагиҳои хусусӣ ва хурди деҳқонӣ оғоз гашта, шумораи кўлҳо дар айни замон зиёд шуда истодааст. Тавсияю дастурҳо оид ба парвариш ва хўронидани мохиҳои гармидўст дар шароити Тоҷикистон таҳия ва коркард карда нашудааст, аз ҷумла истифодаи хўроки серсафедаю витаминдори гидропоника.

Бори аввал корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба омўзиши истифодабарии гидропоника дар хўронидани моҳиҳои гармидўст ва самаранокии парвариши онҳо дар шароити Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар ҳақиқат гидропоника хўроки серғизо буда, моддаҳои таркиби химиявии он на танҳо барои моҳиҳои растанихўр, балки дар тамоми ҳайвоноти кишоварзӣ фоидабахш мебошад. Ин нави хўрок ширадор буда, дар организми моҳиҳо то 90-93% ҳазм мешавад.

Гидрапоникаро хўрокаи парҳезии чорвои кишоварзи гуфта ном барем ҳам хато намекунем чун, ки дар таркиби он миқдори зиёди витаминҳо, ферментҳова аз сафеда бой мебошад. Таркиби химиявии гидропоника аз ғаладонаи ҷав тайёр шуда дар ҷадвал нишон дода шудааст.

Аз таҳлили муқоисавии маълумотҳои ҷадвал бармеояд, ки баъди омода намудани гидропоника сафедаи дони ҷав-48,3% зиёд мегардад. Нишододҳо аз он далолат медиҳанд, ки баъд аз тайёр кардани ин хўрок дар таркиби он миқдори аминокистлотаҳои лизин-51,2, метионин-39% ва синк 107,7% зиёд аст. Маълумотҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳолати тайёр намудани гидропоника аз ғалладонагӣ (дони ҷав) дар таркиби он миқдори витаминҳо аз 87,9 то 371,7% бештар мешавад. Чун мушоҳида гардид, миқдори каротин дар таркиби гидропоника нисбат ба таркиби дони хушк 273% зиёд мебошад. Аз натиҷаи маълумотҳо хулоса намудан мумкин аст, ки тайёр намудани гидропоника аз ғалладонагӣ, аз ҷумла дони ҷав барои истеҳсоли хўроки хушсифат дар соҳаи чорводорӣ имконият медиҳад. Гуфтан ба мавридаст, ки истифода бурдани гидропоника ҳамчун хўроки иловагӣ дар хўронидани моҳиҳои гармидўст самаранок мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2