ЧОРВОДОРӢ
Чорводорӣ низ ба монанди рустанипарварӣ яке аз соҳаи асосии кишоварзӣ мебошад. Асосан, чорво гуфта, ҳайвонҳои хонагиро дар назар доранд. Калимаи «чорво» шакли дигаршудаи калимаи «чорпо» мебошад, яъне ҳайвоне, ки чор пой дорад. Дар замони мо чорводорӣ ҳамчун як соҳаи иқтисодиёт маънои васеъ дорад. Ба соҳаи чорводорӣ парвариши гов, қутос, асп, буз, гӯсфанд, мурғ, занбӯри асал, кирмаки пила ва ғайра дохил мешавад.
Гов, қутос ва гавазнро чорвои калони шохдор мегӯянд. Аз чорвои калони шохдор шир, равған, гӯшт ва пӯст истеҳсол мекунанд. Говро дар хоҷагиҳои шахсӣ ва деҳқонӣ (фермаҳо) парвариш мекунанд.
Бузу гӯсфандро чорвои хурди шохдор меноманд. Шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои парвариши чорвои майдаи бузу гӯсфанд хеле мувофиқ аст. Бузу гӯсфандро барои истеҳсоли шир, равған, гӯшт, пӯст ва пашм парвариш мекунанд. Дар кишвари мо парвариши ин намуди чорво хеле тараққӣ кардааст.
Асппарварӣ нисбат ба дигар соҳаҳои чорводорӣ камтар инкишоф ёфтааст. Хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида аспро барои корҳои хоҷагӣ ва чорабиниҳои варзишӣ парвариш мекунанд. Дар баъзе кишварҳо асп барои гӯшт ва шир парвариш карда мешавад.
Мурғпарварон дастурхони моро бо маҳсулоти гӯшту тухм таъмин мекунанд. Гӯшт ва тухми мурғ аз витаминҳо бой буда, барои саломатии инсон муҳимманд.
Занбӯрпарварӣ соҳаи даромаднок аст. Аз он асал ва маводи доруворӣ истеҳсол мекунанд. Ба занбӯрпарварӣ шахсони алоҳида ва хоҷагиҳои деҳ қонӣ машғул мешаванд. Занбӯрҳо асалро аз шаҳди гул ҷамъоварӣ мекунанд. Табиати зебо, ҳавои мусоид ва гулу гиёҳҳо, ки манбаи ғизои занбӯр мебошанд, ба сифати асал таъсири хуб мерасонанд.
Кирмакпарварӣ, асосан ба рои ба даст овардани нахи абрешим ба роҳ монда мешавад. Абрешимро ба рои тайёр кардани либосҳои абрешимӣ (атласу шоҳӣ) ва корҳои техникӣ (масалан, сохтани парашут, кураҳои ҳавоӣ ва ресмонҳои мустаҳкам) истифода мебаранд.
Моҳипарварӣ соҳаи рушдка рдаи чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Гӯшт ва тухми моҳӣ барои одам яке аз хӯрокҳои пурғизо аст. Ҳар сол дар ҷаҳон аз баҳру уқёнусҳо ва дарёҳо ҳазорҳо тонна моҳӣ шикор карда мешавад. Парвариши моҳиро дар ҳавзҳои махсуси моҳипарварӣ низ ба роҳ мемонанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё