Зеҳн

МАҚСАД ВА ВАЗИФАИ ФАННИ ГЕОГРАФИЯИ ХОК БО АСОСҲОИ ХОКШИНОСӢ

БА
Барномасоз14 сентябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Мақсади омӯзиши фанни географияи хок бо асосҳои хокшиносӣ аз он иборат мебошад, ки донишҷӯёнро бо асосҳои назариявӣ ва амалӣ донишҳои илми географияи хок ва хокшиносӣ мусаллаҳ намояд.

Донишҷӯён бо омилҳои пайдошавии хок ҳамчун натиҷаи бо ҳам алоқамандии ҳамаи компонентаҳои муҳити географӣ шинос шуда инчунин бо қонуниятҳои паҳншавии типҳои гуногуни хок вобаста ба тағйирёбии шароити географӣ ва алоқамандии мураккаби объектҳои табии географӣ маълумот пайдо мекунанад.

Чуноне, ки мо медонем дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагона, литсей, гимназияҳо фанхои гуногуни табиатшиносӣ ба монанди география, ботаника, зоология, биология ки оид ба ин ё он органҳои алоҳидаи табиӣ маълумот медиҳанд, таълим дода мешавад. Ҳаминро гуфтан лозим аст,ки асоси алоқамандкунандаи қабатҳои географӣ ва органҳои алоҳидаи табиат ба қабатҳои хокӣ вобаста мебошад. Оид ба хок, ки он ҳамчун органи алоҳидаи табиат ба ҳисоб рафта, дар гардиши калони геологӣ ва гардиши хурди биологӣ иштирок менамояд ва равандҳои гуногуне, ки дар биосфера ба вуҷуд меояд, ба ин қабат вобаста мебошад, диққати алоҳида дода нашудааст. Мақсад аз он иборат аст, ки дар ин раҳнамои таълимӣ каме ҳам бошад, оид ба хок, географияи паҳншавии он, хосияти дар ҳолати мобайнӣ ҷойгиршавии он дар байни организмҳои зинда ва ғайризиндаи табиат маълумот дода, системаи бисёрфазавӣ ва роли онро дар раванди ҳаётгузаронии организмҳои зинда ва ҷамъияти инсонӣ кушода диҳем ва дар оянда барои омӯзиши фанҳои географияи табиӣ ва иқтисодӣ ин фан раҳнамо бошад.

2. Барои ба мақсади худ расидан ба ҳалли чунин вазифаҳо аҳамият дода шудааст. Муайян намудани фаҳмишҳои умумӣ оид ба «хок» ва мавқеи он дар байни фанҳои дақиқи географӣ, биологӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ. Хосияти физикавӣ, химиявӣ ва биологии хок ва роли он дар ҳалли муаммоҳои актуалии замони ҳозира ба монанди озуқаворӣ, экологӣ, энергетикӣ ва ҳамчунин захираҳои табиӣ.

3. Системаи қисматҳои муҳити географӣ ҳамчун омилҳои хокҳосилшавӣ. Ҷинсҳои кӯҳӣ ва қабатҳои биотикии таъсири он ба равиши ҷараёни хокҳосилшавӣ.

Классификатсияи хок ва қонуниятҳои умумии географии паҳншавии он дар қисми болоии сатҳи замин. Хосиятҳои уфуқӣ ва амудии паҳншавии қабатҳои хокӣ дар минтақаҳои географӣ.

Донишҷӯён аз фанни географияи хок бо асосҳои хокшиносӣ баробари гирифтани маълумот оид ба пайдоиш ва паҳншавии қабатҳои хокӣ дар минтақаҳои географӣ оид ба хосияти биологӣ-экологии он, усулҳои омӯзиши он, муҳофизат ва истифодабарии он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ба хусус хоҷагиҳои кишоварзӣ хулоса бароварда, онро дар амал тадбиқ карда тавонанд.

Аз аввалҳои асри ХХ тадқиқотҳои илмӣ барои бавуҷудоии соҳаҳои гуногуни фанҳои бо ҳам алоқаманди сабаб гардиданд. Ба ин мисол мешавад, номгӯҳои раванди тадқиқоти соҳаҳои география, биогеография,биогеохимия ва ғайраҳо. Бисёр тадқиқотчиён чунин меҳисобанд,ки илми ботаника бояд фақат растаниро, минералогия фақат минералҳоро. Намефаҳмиданд, ки агар ин фанҳо дар алоҳидагӣ омӯхта шавад, бо ҳам алоқамандии байниҳамдигарии минералҳо ва растаниҳо омӯхта намешавад. Дар табиат ҳамаи узвҳои он дар алоқамандии байниҳамдигарӣ мебошанд,ки ин бо ҳам алоқамандӣ ва таъсири байниҳамдигари сабаби ҳаракати материя гардидааст.

Дар нимаи дувуми асри Х1Х дар натиҷаи чуқур омӯхтани соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ шохаи илми хокшиносӣ ба вуҷуд меояд,ки дар системаи фанҳои табиатшиносӣ ҷои муайянеро ишғол мекунад.

Мумкин чунин нофаҳмиҳо ба миён ояд,ки илми хокшиносӣ фақат дар охири асри Х1Х ба вуҷуд омад. Одамон ҳанӯз 7000 сол пеш оид ба қабатҳои хокӣ маълумот дошта буданд.

Саволе ба миён меояд,ки хок чист? Мо доимо дар қисми болоии хок ҳаракат менамоем, ҳаёт ба он вобаста аст, доимо бо он муносибат мекунем. Лекин ҷавоби муайян ёфтан хеле мушкил мебошад. Вобаста ба маълумотҳои китобӣ зери маънои хок қисми болоии қабати заминро мефаҳманд,ки ҳаҷми муайяни решаи растаниҳоро доро мебошад. Дар ҷараёни тадқиқотҳои геологӣ муайян карда шуд,ки ҷинсҳои кӯҳие, ки дар қисми болоии замин ҷойгир шудаанд, ба таври муайян шакли худро дигар карданд. Дар ҷои хаҷми муайяни ҷинсҳои кӯҳӣ қабати майдадонаи бодлесидаи бодхӯрдашуда ба вуҷуд омадаанд. Ин маҳсулоти ҷамъшудаи бардхӯрдашударо геологҳо ҳам хок меноманд.

Ҳамин тавр, дар мобайнҳои асри Х1Х новобаста аз ҳамдигар маълумотҳои агрономӣ ва геологӣ оид ба хок ба вуҷуд меояд. Ҳаҷми қабатҳои хокӣ мувофиқи маълумотҳои агрономӣ аз 50 см зиёд набуданд, аз рӯи маълулотҳои геологӣ якчанд садҳо метрро ташкил мекарданд. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки дар табиат якчанд хел хокҳо мавҷуд мебошанд: яке аз гурӯҳҳои хок ин хоки агрономӣ,дигаре хоки геологӣ ва севумин ин хок барои сохтмон ва ғайраҳо. Албатта ин нодуруст мебошад. Хок дар табиат ба таври объективӣ новобаста аз шуури инсон вуҷуд дорад ва аз ҷиҳати пайдоиши худ хеле мураккаб мебошад. Барои он ки тадқиқотчиён ба хосиятҳои алоҳидаи он машғул мешаванд, дар натиҷаи он ба хосиятҳои аз ҳам фарқкунандаи он таърифҳои гуногун додаанд.

Бо мурури замон дар қисми болои сайёраи мо се гурӯҳи пайдоиши омилҳои табиатро аз ҳам фарқ менамуданд, ки ба ин омилҳои минералӣ, растанигӣ ва ҳайвонотӣ дохил мешуданд, ҳар як гурӯҳ объекти омӯзиши соҳаҳои алоҳидаи тадқиқотҳои илмӣ буд. Гурӯҳи пайдоиши минералогӣ доштаро фанҳои гуногуни геологӣ – минералогӣ ба монанди минералогия петрография, гурӯҳи организмҳои растанигиро ботаника ва ҳайвонотро зоология меомӯзанд. Хок ба минерал, ҳайвонот ва растаниҳо ҳамроҳ карда намешавад. Аз дигар тараф растаниҳо, ҳайвонот ва минералҳо ин узви алоҳидаи табиат мебошанд. Яъне хок ҳам узви алоҳидаи табиат мебошад, узви монанди растаниҳо, ҳайвонот ва минералҳо,лекин мураккабии фаҳмиши хок дар он мебошад, ки ин узви табиат аз қисмҳои зиёди бо ҳам алоқаманд иборат мебошад,ки дар зери таъсири равандҳои байниҳамдигарии омилҳои табиӣ вуҷуд дошта метавонанд.

Асосгузори илми ҳозираи хокшиносӣ В.В.Докучаев хокро ҳамчун узви мустақили табиат меҳисобад. Чунин меҳисобад, ки хок маҳсули якҷояи амалиёти а) грунт, б) иқлим, в) организмҳои растанигӣ ва ҳайвонот, г) сину соли ин ё он маҳал ва д) релеф меҳбошад. Бо ин таърифи худ ӯ гиреҳи пайдоиши хокро ҳамчун як узви табиат кушода медиҳад.

Хокшиносӣ – ин илм дар бораи хок буда, оиди сохт, таркиб, имстифодабарӣ ва аз ҷиҳати географӣ паҳншавии он, қонуниятҳои ба вуҷудоӣ, тараққиёт, амалиёт ва роли он дар табиат, роҳ ва методи мелиоратсия, муҳофизат ва сарфакорона истифодабарии онро дар амалиёти хоҷагии инсон сухан меомӯзад.

Илми хокшиносиро узви алоҳидаи таърихӣ-географии табиат дар охири асри Х1Х олими бузурги рус табиатшинос Василий Васильевич Докучаев ба миён овардааст ва дар оянда аз тарафи шогирдони ӯ давом дода шудааст. Ин соҳа ҳамчун шохаи Географияи хок бо асосҳои хокшиносӣ 15 нави фанҳои табиатшиносию география дар аввали асри ХХ ба вуҷуд омадааст. То охири асри Х1Х маълумот дар бораи хок инсониятро қонеъ мегардонд,лекин дар аввали асри Х1Х муаммоҳои гуруснагӣ, камзаминӣ, эрозияҳои харобиовар, хушкӣ, паст шудани ҳосилнокӣ, аз қитъаи хурд гирифтани ҳосили бисёр ва ҳалли дигар вазифаҳо барои ба вуҷуд овардани фанни илми нави хокшиносӣ сабаб шуд.

Олими рус Докучаев В.В. асоси хокшиносиро ба вуҷуд овардааст. Ё нахуст хокро ҳамчун узви алоҳидаи табиат меҳисобид, ки сифатан аз дигар узвҳои табиат фарқ мекунад.

Дуввум, хок ҳамчун пайдоиш ва ҳодисаи таърихӣ омӯхта мешавад, ки синни худ ва таърихи бавуҷудоии худро дорад. Сеюм, ин алоқамандии функсионалии байни хок ва дигар узвҳои табиат-ҳодиса ва воқеаҳо мебошад.

Олимони дигар Костичев А.А. ва Вильямс В.Р. ба хок ҳамчун узви табиӣ,ки характери ҳосилнокӣ ва биологӣ доранд, диққат додаанд. Нишондодҳои методӣ омӯзиши В.В. Докучаев, П.А. Костычев ва В.Р Вильямс ҳамдигарро пур мекунанд ва фанни хокшиносӣ–генетикиро бой мекунанд.

Дар замони ҳозира ба хокшиносӣ чунин таъриф додан мумкин аст. Хок ин хосияти ҳосилнокидоштаи кушоди бисёрфазавӣ, системаи таркибии мураккаби бисёрсоҳавӣ, бисёрқисматдошта ва дар қабати болоии бодхӯрдашудаи ҷинсҳои кӯҳӣ ҷойгир шуда, он маҳсули комплекси ҷинсҳои кӯҳӣ, организмҳо, иқлим, релеф ва давомнокии вақт ҳисобида мешавад.

Ҳолати асоси хок бо он муайян карда мешавад,ки якум дар таркиби он ҳам маҳсулоти минералӣ ва ҳам органикӣ ва алоқамандии органикӣ ва органӣ-минералӣ – гумуси хок дида мешавад. Ба ғайр аз он қисми ҷудонашавандаи хок ин фазаҳои зиндаи он-организмҳои зинда, системаи решавии растаниҳо, организмҳои ҳаҷми гуногундоштаи дар хок зиндагикунанда то протозоӣ ва микроорганизмҳои калонҳаҷм дида мешавад. Бинобар он ҳам нисбат ба дигар органҳои табиат хок системаи бисёрфазавӣ буда, ба он қисмҳои сахт, моеъ, газмонанд ва фазаҳои зинда дохил мешаванд.

Хок вобаста ба пайдоишаш аз якчанд қабатҳо иборат мебошад. Қабати поёни хок мушкил ҳалшаванда буда, вай бо кадом мақсадҳои гуногун истифода бурда мешавад, аз ҷиҳати таърихӣ-табиатшиносӣ ҳамчун муҳити зисти растаниҳо, ҳамчун қабати муҳандисӣ-техникӣ, мелиоратсионӣ гуногуни таъриф дода мешавад. Дар замони ҳозира дар хокшиносӣ дар таркиби хок қабатҳои О,А,В ва ё (Т.Е.G) ва қабати поёнӣ С. Д. Р. ба қабати зери хок вобаста ба усули Докучаев ва Коссович мебошад.

Сарҳади болоии хок- ин қисми болоии байни хок ва атмосфера, яъне қисми болои хушкии замин ё байни хок ва гидросфера барои хокҳои зери об мебошад Хок дар байни сарҳадҳои алоқамандӣ қабатҳои сайёравӣ – литосфера, атмосфера, гидросфера ба вуҷуд омада, дар натиҷаи алоқамандии онҳо ташаккул меёбад ва гиосфераи алоҳида-педосфера ё пӯшиши хокии заминро ташкил медиҳад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2