Зеҳн

МУКАММАЛ ГАРДОНИДАНИ БОЗОРҲОИ ОЗУҚАВОРӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

ФЕ
Фермер17 сентябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Барои дар амал ҳал кардани масъалаи таъмини озуқаворӣ, тараққӣ додани бозори озуқаворие, ки ба талабот ҷавобгў бошад хеле муҳим аст. Яке аз омилҳои асосии рушди бозори истеъмолӣ баланд бардоштани қобилияти харидории аҳолӣ ба ҳисоб мервад. Дар солҳои ислоҳоти аграрӣ бозори озуқаворӣ дар мамлакат то дараҷае танзимнашаванда буд, ҳамгироии истеҳсолоти кишоварзӣ бо саноати коркард, хизматрасонии саноатӣ ба кишоварзӣ ва савдо дар алоҳидагӣ амал менамуд. Бозори истеъмолӣ умуман танзим карда намешуд. Ҷанбаҳои саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, расонидани маҳсулотҳои он ба ба истеъмолкунандагон ва умуман системаи таъмини хўрокворӣ дар ҳолати буҳрони амиқи иқтисодӣ ҷой дошт.

Талаботи аҳолиро танҳо бо роҳҳои ҳалли пай дар пай ташкил намудани истеҳсолот, захира, бурда расонидан, коркарди саноатӣ ва фурўши маҳсулоти тайёр ҳал намудан мумкин аст.

Дар давраи ислоҳот ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ чунин равандҳо пеши назар мерасиданд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ новобаста аз шакли моликияташон бозорҳои гуногуни фурўшро интихоб мекарданд. Қисме аз аҳолӣ акнун талаботҳои худро на аз бозорҳои муташаккили хўрокворӣ, балки аз бозорҳои нисбатан арзони номуташаккил таъмин менамуданд.

Дар солҳои ислоҳот алоқаҳои иқтисодии байни истеҳсолкунанда ва бозор номутаносибӣ ба вуҷуд омад, системаи илман асоснок нашудаи ташкилӣ, молиявӣ, қарзӣ ва савдои хориҷӣ ба камшавии истеҳсоли маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ оварда расонид.

Дар шароити пастшавии умумии истеҳсолот дар соҳаҳои хоҷагии халқ дар маҷмўъ, беш аз ҳама соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард зарари калон дида буданд. Чунин омилҳои манфӣ, аз қабили ниҳоят баланд шудани фарқияти байни нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасон, ки дар солҳои 1992-2009 рух дод (нархҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ то 3 маротиба, хизматрасониҳо барои деҳот 7,6 маротиба зиёд шуда буданд) боиси пастшавии сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ гардиданд.

Монополияи корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасон, соҳаи савдо, пардохт накардани арзиши маҳсулот аз ҷониби истеъмолгарон, камшавии маблағгузории давлатӣ, беасос баланд бардоштани арзиши қарзҳо, зиёд намудани воридоти маҳсулот аз хориҷи кишвар ба пастшавиисамаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ оварда расонид.

Кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар навбати худ ба он оварда расонид, ки солҳои 2004 зиёда аз 91% ва соли 2008 зиёда аз 28 фоизи хоҷагиҳои кишоварзӣ новобаста аз шакли моликияташон зарари иқтисодӣ диданд.

Маҳз нархи пасти маҳсулотҳои кишоварзӣ ва нархи баланди маҳсулотҳои саноатии дар кишоварзӣ истифодашаванда, аз байн рафтани дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони махсулотҳои кишоварзӣ соҳаро ба ҳолати ногувор оварда расонид.

Кишоварзӣ ба либераликунонии савдои хориҷӣ тамоман омода набуд, зеро якбора аз системаи муташаккили мавҷуда ба савдои озод гузаштан боиси вайрон шудани муносибатҳои тиҷоратӣ гардид.

Зарур буд, ки ҳангоми таҳияи консепсияи бозори молҳои истеъмолӣ аз методҳои гуногуни он истифода бурда, ба равнақи бозор, самаранок истифодабарии захираҳо ноил гашт.

Таъмини бехатарии озуқаворӣ осон ба даст намеояд.

Аз нуқтаи назари Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии озуқаворӣ ва ғизо ҳамон вақт таъмин ҳисобида мешаванд, ки агар дар бозор озуқавории мувофиқ (аз нуқтаи назари миқдор, сифат, бехатар будан, аз ҷиҳати иҷтимоию фарҳангӣ маъқул), мавҷуд ва дастрас бошад ва ҳамаи шахсон ҳама вақт барои таъмини ҳаёти фаъол ва солим чунин озуқавориро қаноатмандона истеъмол ва ҳазм кунанд».

Аз ин ҷо, шарти асосии таъмини бехатарии озуқаворӣ устувории доимо мавҷуд ва дастрас будани ғизо, истеъмол ва ҳазм кардани хўрокворӣ мебошад. Агар озуқаворӣ мунтазам дастрас набошад, аҳолӣ аз норасоии доимӣ ё муваққатии он азият мекашанд.

Бехатарии озуқаворӣ мавҷуд будан, дастрас будан, яъне қобилияти харидорӣ доштан ва таъмин истемоли доимӣ тибқи меъёрҳои физиологиро дар назар дорад.

Дар айни замон барои бозорҳои озуқавории ҷумҳурӣ хусусиятҳои зерин хос аст:

- сатҳи пасти таъмини меъёрҳои физиологӣ дар истемоли ғизо;

- иҷро нагаштани ўҳдадориҳои иштирокчиёни бозор;

- амали назарраси рақобати нокомил;

- рушди ғайриқаноатбахши зерсохторҳои бозор;

- хароҷоти зиёд ҳангоми ҳамлу нақли молҳо тавассути нақлиёт;

- дараҷаи баланди монополиякунонии бозор;

- номукаммал будани низомҳои молиявӣ ва муносибатҳои қарзӣ ва ғ.

Ҳамаи ин хусусиятҳои бозорҳои маҳсулоти истеъмолӣ сабаби асосии пайдо шудани муаммоҳо дар муносибатҳои иқтисодӣ шудаанд, ки механизмҳои бозорӣ онҳоро ҳал карда наметавонанд.

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкилотҳои миёнарав нобаробар ҷойгир гаштаанд. Ҳиссаи миёнаравони ташкилотҳои савдои яклухт дар ҳаҷми умумии савдо қариб ба 25 фоиз баробар аст.

Бояд қайд намуд, ки «сатҳи иловапулии ташкилотҳои таъмину фурўши савдои яклухт ба болои арзиши мол ба ҳисоби миёна 23 фоиз, аз он ҷумла моликони хусусӣ 31 фоиз, ташкилотҳои давлатӣ ва омехта 21-23 фоизро ташкил медиҳад ва тамоюли афзоиш дорад.

Ташкилотҳои савдои яклухт дорои амборхонаҳое мебошад, ки масоҳати то 2000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Вале аз 40 то 60 фоиз масоҳати амборҳо холианд. Миқдори озоди амборхонаҳо асосан барои иҷора пешниҳод мешаванд. Қисме аз онҳо инчунин дар шароитҳои кооператсия истифода бурда мешаванд ва ё ба корхонаҳои саноатӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ фурўхта мешаванд. Маҳз холӣ мондани амборҳо боиси афзун шудани хароҷотҳои иловагӣ мегарданд.

Барои такмил додани бозорҳои маҳсулоти истеъмолӣ мавқеъи муҳимро сатҳи таъмини иттилоот мебозад. Дар байни ниҳодҳое, ки барои ҷамъ ва паҳн намудани иттилоот махсус гардонида шудаанд, ягон сохтори дорои иттиллооти муътамад ва пурра вуҷуд надорад, ки истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаро бо иттилоотӣ саҳеҳ таъмин намоянд. Ин ҳолат молистеҳсолкунандагонро дар ҳолати ногувор гузошта, таъмини бозорро бо мол мушкил месозад.

Дигар омили ба бозори истемолӣ таъсиррасонада, номукаммал будани саноати борҷомасозӣ ва бастабандӣ дар иқтисодиёти кишвар ба шумор мервад, зеро талафоти маҳсулот ҳангоми ҷамъоварӣ, боркашонӣ ва захира намудандар баъзе маҳсулотҳо то 20 фоизро ташкил медиҳад.

Хароҷот барои борҷомасозӣ ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дар як сол ба 12-14%-и арзиши аслӣ баробар мебошад.

Қисми ками маҳсулотҳои кишоварзӣ бастабандӣ карда мешаванд. Таносуби маҳсулоте, ки дар борҷома ва намуди бастабандӣ кардашуда фурўхта мешавад, аз 30 фоиз зиёд нест. Дар ин маврид сеяки борҷомаҳо ва бастабандҳо аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ки боиси баланд шудани арзиши аслии он мегардад.

Камбудии ҷиддии бозори таъмини озуқаворӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари ҷаҳонишавии иқтисодиёт дар таъмини бозорҳо ҷараёни пуршиддати дезинтегратсия рафта истодааст. Дар мамлакатҳое, ки бозори иқтисодашон рушд кардааст, раванди интегратсияи бизнеси анборӣ бо ширкатҳои логистикӣ бузург ва марказҳои молтақсимкунандаи озуқа дар амал суст татбиқ шуда истодааст. Ин имконият намедиҳад, ки ҷараёни ҳаракати борҳо ва молҳо афзуда, сарфи ками меҳнат ва захираҳо таъмин карда шаванд. Бинобар ин, барои ташкили низоми самарабахши савдо зарур аст, ки технологияи терминали боркашонии молҳо беҳтар карда шуда, хароҷоти зиёдатии нақлиёт, муҳлати боркашонӣ, талафот ҳангоми нигоҳдорӣ ва боркашонӣ кам карда шавад. Барои рушди муносибатҳои савдо, ки ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгў бошад, ҳанўз низоми аниқи асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъсис дода нашудааст. Санадҳои ҷудогонаи меъёрии вуҷуддошта фаъолияти пурсамари бозорҳои молиро таъмин намекунанд. Ғайр аз ин меъёрҳои мавҷуда мухолифи якдигаранд. Зарурати таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки тавонад ин муносибатҳоро ба низом дарорад ва мухолифати мантиқии онҳоро аз байн баранд расидааст.169 Аз ин ҷо, бо сабаби нисбатан паст будани рушди инфрасохтори бозор сатҳи хароҷотҳои трансактсионӣ баланд гашта, ба баланд шудани самаранокии фаъолияти бозорҳо монеа мешаванд. Зарурати ба низом даровардани фаъолияти миёнаравон, амборхонаҳо, хизматрасониҳои нақлиёт, таъмини иттилоот, реклама ба миён омадааст.

Зерсохтори бозорҳои озуқаворӣ бояд муносибати байни истеҳсолкунандаҳо ва истеъмолкунандаҳо, талабот ва пешниҳодро таъмин намояд. Аз самаранокии ин механизм, самаранокии фаъолияти бозорҳо ва ҳамаи иқтисодиёт вобаста аст. Таъсиси зерсохторҳои мукаммали бозорҳои озуқаворӣ ҳамоҳангии фаъолияти субектҳои мухталифи иқтисодиётро дар самтҳои минтақавӣ, ва соҳавӣ тақозо мекунад. Бинобар ин рушди зерсохторҳои бозорро дар асоси таҳияи барномаҳои муайян ба амал баровардан мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Бо мақсади муайян намудан ва татбиқи самтҳои асосии рушди зерсохторҳои бозорҳои озуқаворӣ, ки ба беҳтаршавии ҳаракати молу маҳсулот ва баланд бардоштани фаъолияти сармоягузорӣ, соҳибкорӣ дар ин бахш мусоидат менамояд, таҳия ва қабули «Барномаи рушди зерсохторҳои бозорҳои озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарур аст.

Ҳадафи асосии барнома иборат аз:

- ташаккули бозори озуқаворӣ ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти пурсамари зерсохторҳои бозор, ки алоқамандии байни унсурҳои сохтории бозори озуқавориро таъмин менамояд;

- ба озодона ҳаракат кардани молҳо мусоидат менамояд, - ба раванди бефосилаи такрористеҳсолкунии озуқаворӣ таъсири мусбӣ мерасонад;

- бе монеа ба истеъмолоти ниҳоӣ мусоидат менамояд.

Барои комёб шудан ба ҳадафҳои нишондодшуда масъалаҳои зеринро ҳал кардан зурур аст:

- ташаккул додани шабакаи ташкилотҳои миёнарав, хизматрасонии - анборҳо, ки савдои яклухти самаранокро таъмин менамояд;

- хурдкунии ҳаҷми борбасти маҳсулот, ҳифзу нигоҳдорӣ ва ҳаракати мол бо масрафоти камтарин;

- баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулот ва ба меъёрҳои (стандартҳои) байналмилалӣ ҷавобгў;

- таъсис додани сохторҳое, ки гиргардиши молро меафзоянд, талаботи бозорро бо воситаҳои пулӣ ва қарзӣ таъмин менамояд;

- такмили асосҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти бозорҳои озуқаворӣ ва зерсохторҳои бозор;

- таъсис додани сохтор доир ба таъмини бозор бо иттилооти саривақтӣ ва саҳеҳ;

- таъмини шаклҳои муосири идоракунии зерсохторҳои бозорӣ;

- таъмин намудани рушди илмӣ- методии зерсохторҳои бозор;

- ташкили тайёр ва аз нав тайёр намудани кадрҳо.

Зерсохтори бозорҳои озуқаворӣ ҳамчун низоме мебошад, ки дар худ маҷмааи алоқамандии зернизомҳои зеринро инъикос менамояд.

Ин самтҳои рушди зерсохторҳои бозорҳои озуқаворӣ, рушди ташкилотҳои яклухту миёнарав ва хизматрасонии анборҳоро, ки ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгў, ташаккулёбии сохторҳои таъминоти иттиллоотии бозорҳои озуқаворӣ, рушди саноати борҷомаву бастабандӣ, рушди хизматрасонии нақлиёт, тарҳрезӣ ва таҳияи барномаҳои таъминоти қарзию молиявӣ, ташкилӣ ва меъёрии кору фаъолияти бозорҳои озуқавориро дар бар мегирад.

Бо истифода аз ин самтҳо метавон бозори истеъмолиро такмил дод ва самаранокии фаъолияти онро таъмин кард.

Таҳқиқоти мукаммал гардонидани бозорҳои озуқаворӣ, чун омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ имконият дод, ки чунин хулосабандӣ намоем.

1. Дар солҳои аввали ислоҳоти аграрӣ бозори озуқаворӣ низоми танзимкунанда вуҷуд надошт ва ин боиси босуръат паст шудани сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ гардад.

2. Дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ чунин равандҳо пеши назар мерасиданд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ талаботҳои худро на аз бозорҳои муташаккили хўрокворӣ, балки аз бозорҳои нисбатан арзони номуташаккил таъмин менамуданд.

3. Диспаритети нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва соҳаҳои хизматрасон тамоюли бемайлон болоравӣ дошт. Нархҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ то 3 маротиба, хизматрасониҳо барои деҳот 7,6 маротиба зиёд шуда буданд. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ новобаста аз шакли моликияташон зарари иқтисодӣ диданд.

4. Шарти асосии таъмини бехатарии озуқаворӣ мавҷуд будан, дастрас будан, яъне қобилияти харидорӣ доштан ва таъмин истемоли доимӣ тибқи меъёрҳои физиологиро дар назар дорад, ки нишондиҳандаҳои Тоҷикистон онҳоро таъмин намекунад.

5. . Дар айни замон барои бозорҳои озуқавории ҷумҳурӣ монополишуда ба ҳисоб меравад, зеро байни гурўҳҳои алоҳида тақсим шудаанд. Маҳсулотҳои кишоварзӣ ба бандубасти саноатӣ ниёз доранд. Бинобар сатҳи пасти бандубаст хароҷотҳои трансаксионӣ тамоюлӣ афзоиш доранд.

6. Вақти ба танзим даровардани бозорҳои маводҳои ғизоӣ расидааст, зеро сатҳи баланди монополия дастрасии маҳсулотҳоро барои аҳолӣ мушкил гардонидааст ва ин метавонад боиси сар задани норизогии мардум гардад. Ба назари муаллиф зарурати таҳия ва қабули «Барномаи рушди зерсохторҳои бозорҳои озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» расидааст, ки ҳадафи асосии он ташаккули бозори озуқаворӣ ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти пурсамари зерсохторҳои бозор, ки алоқамандии байни унсурҳои сохтории бозори озуқаворӣ мебошад.

7. Унвонҷў зерсохтори бозорҳои озуқаворӣ ҳамчун низоме донистааст, ки дар худ маҷмааи алоқамандии зернизомҳои алоҳидаро таҷассум мекунад. Таъсиси зернизомҳо метавонанд ба рушди бозори истеъмолӣ таъсири бевосита расонида, самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин намояд.

8. Таъмини самтҳои рушди зерсохторҳои бозорҳои озуқаворӣ, метавонад бозори истеъмолиро такмил дод ва самаранокии фаъолияти онро таъмин кард.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2