КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст. Дар китоб мавқеъи таснифотӣ, номҳои лотинӣ ва тоҷикӣ, мақоми ҳифз, хусусиятҳои биологӣ ва экологӣ, тадбирҳои ҳифз, харитаи паҳншавӣ ва аксҳои ҳар як намуди растанӣ ва ҳайвонот оварда шудааст.
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати давлатӣ буда, барои кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳҳои олӣ ва оммаи васеъи хонандагону дўстдорони табиат тавсия карда мешавад.
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо тавассути лоиҳаи FLERMONECA (Идоракунии ҷангалҳо ва гуногуншаклии биологӣ, аз он ҷумла мониторинги ҳолати муҳити зист), ки аз тарафи Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH (Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ) амалӣ мегардад, чоп шудааст. Мазмуни нашри мазкур масъулияти муаллифон мебошад ва наметавонад андешаи расмии Иттиҳодияи Аврупоро инъикос намояд.
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон тақсим карда мешавад.
Сарсухан
Дар даҳсолаҳои охир вобаста ба босуръат афзудани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист ва экосистемаҳои табиӣ проблемаи аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи наботот ва ҳайвонот аҳамияти хоса пайдо кардааст.
Гуногунии биологии Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотҳои навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кўҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рўзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некўаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё