Энергияи ҳастаӣ чист?
Энергияи ҳастаӣ ё атомӣ энергияи дохилии Замин мебошад, ки дар тамоми қитъаҳои он мавҷуд аст ва Замин онҳоро аз замони пайдоиши худ захира кардааст.
Дар чандин ҷисмҳо энергияи мазкур хеле кам ва ё истифодаашон душвор аст.
Ин дар ҳолест, ки аз ҷисмҳои дигар, масалан, уран чунин энергия ба осонӣ ҳосил карда мешавад. Уран ба қатори канданиҳои фоиданок дохил мешавад. Он аз атомҳои ниҳоят неруманд иборат мебошад, ки ҳастаи онҳо дар натиҷаи таъсир расондан пора-пора мешавад. Ин ҷудошавӣ таҷзияи ҳастаӣ номида мешавад.
Раванди таҷзияи ҳастаӣ миқдори зиёди энергияро ба вуҷуд меорад, ки дар камераҳо ва ё реакторҳои ҳастаӣ дида мешаванд. Энергияи дар натиҷаи ин ҳодиса бавуҷудомада барои ҳосил намудани бухори об истифода мешавад. Бухори об бошад, барои ба ҳаракат даровардани турбинаҳову генераторҳое, ки неруи барқ ҳосил мекунанд, истифода мегардад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё