Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·24 рӯз пешСуол

Оё энергияи Офтобро нигоҳ доштан мумкин аст?

Рӯшноӣ ва гармие, ки ба мо аз Офтоб мерасанд, зиндагиро осон мекунанд, аммо гармии Офтоб доимӣ набуда, балки аз вақти шабонарӯз, мавсими сол ва мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст. Масалан, дар экватори Замин ҳаво доиман гарм, аммо дар Қутбҳои Шимолу Ҷануби он ҳамеша хунук аст.

Барои он ки аз Офтоб гармӣ гирифта шавад, бояд энергияи Офтоб ба ягон восита табдил дода шавад. Масалан, барои оби гарми ҳарораташ то 700С ҳосил кардан, дастгоҳи одии иборат аз пластина ва ё панелҳо, ки бо маводди махсуси нигоҳдорандаи гармӣ ва шиша рӯпӯш шудааст, истифода мешавад. Ин лавҳаҳои рӯ ба Офтоб гарм шуда, оби дар дохили онҳо бударо гарм мекунанд.

Об аз зарфҳои захиракунанда барои истифода бурдан тақсим мешавад.

Агар оби ҳарораташ баландтар зарур бошад, дастгоҳҳои оинадорро истифода мебаранд, ки он шуоъи Офтобро дар як нуқта ҷамъ мекунад ва ҳарорати он то ба 40000С мерасад. Ин усул бештар дар саноат истифода мешавад.

0

Ҷавобҳо (1)

АХ
Ахбор24 рӯз пеш

Панелҳои офтобӣ нури Офтобро ба энергияи барқӣ табдил медиҳанд. Ин барқро метавон дар батареяҳо (аккумуляторҳо) захира кард ва баъдтар — масалан, шабона ё ҳангоми ҳавои абрнок — истифода бурд.

0