Ҳар касеро баҳри кореву савдое офариданд.
Ақрабаки соат қарибии ҳаштро нишон медиҳад. Ҳама шитоб доранд, ҳар кас кӯшиш дорад ба нақлиёти ҷамъиятӣ пештар нишинад ва ба ҷои кори худ ҳозир шавад то аз маъмурияти худ сарзаниш нашунавад.
Аз саҳарии барвақт одамон мисли моку раву ой доранд. Касе ба сӯйи коргоҳ мешитобад, касе ба сӯйи донишгоҳ, касе бо кори худ ба самти дигар шитоб дорад. Қатори одамон бо як низоми хоса, дар ду қатор саф кашидаанд, мисли қаторе, ки мӯрчагон ҳангоми дарёфт намудани чизе саф меороянд. Яке бо дигаре аз хусуси ким-кадом чизе сӯҳбат мекунад, дигаре гоҳо бо чеҳраи ҷиддӣ ва гоҳо бо чеҳраи кушод ба қоғазҳои дар дасташ буда назар меафканад, чизеро бо қалам ислоҳ мекунад. Саввуми интизори нақлиёт аст.
Аҷаб дунёе, аҷаб сару савдое. Ҳар касе дарде дорад ва ҳар касеро барои чизе офаридаанд. Якеро духтур, дигареро ронанда, сеюмиро устои барқ, чорумиро барномасоз, панҷумиро муҳандиси сохтмон. Ҳар яке аз хусуси касби худ андеша дорад.
Ронанда мудом чашмони худ дар роҳ воситаи нақлиётро гоҳо дар чароғаки раҳнамо истодаву гоҳо дар истгоҳҳо таваққуф намуда меронад, одамонро ба манзилашон бурда мерасонад. Аз ҷойи коргоҳашон меоварад ва ё баръакс ба коргоҳашон бурда мемонад.
Духтур дар андешаи бемори худ аст. Дар хусуси қасами худ дар назди Гипократи бузург ёд мекунад, ба бемор, ки бо чашми умед назар меафканад, дасти мадад дароз мекунад, бемории ӯро шифо мебахшад, дар пайрави Абӯали Сино содиқ мемонад. Якеро мушоҳида мекунад, дигареро ташхис мегузорад. Ба яке доруву дармон мефармояд, ба дигаре бо лаҳни зебо сӯҳбат мекунад, якеро таскин мебахшад, дигареро ҷарроҳӣ мекунад. Қалби якеро гӯш медиҳад, дигареро ором мекунад.
Муҳандиси сохтмон бошад аз маҳсули дастранҷи худ ифтихор мекунад. Бо як чеҳраи хандон ба он биноҳои наву баландошьёна ва замонавӣ, ки маҳсули тахаюли ӯст, назар меафканад, тарҳи нави биноҳоро мекашад. Биноҳои сохтааш яке беҳтар аз дигаре, зеботару барҳаво аз дигаре. Ҳар як бинои сохтаи ӯ ба ҳусни шаҳр ҳусни дигареро замъ мекунад. Онро зебову обод мегардонад. Ҳусну латофат мебахшад. Нақбҳо меканад, дили кӯҳи Анзобу Шаҳристон, Чормағзаку Шар-Шарро мешикофад, роҳҳо буньёд менамояд, одамонро ба ҳам мепайвандад. Бо мақсади нурафшон намудани хонадони хар як миллати тоҷик НБО-и «Роғун»-ро бунёд мекунад, хатти баландшиддати Хатлон — Лолазор, Хуҷанд — Айниву Хуҷанд — Аштро мекашад.
Устои барқ шитоб дорад, шитоб дорад ба нерӯгоҳҳои бузурги обиву барқӣ. Нерӯгоҳҳои бузурги обиву барқӣ мисли Роғуну Сангтӯда. Шитоб дорад то корҳои васлгариро ба анҷом расонад, хонаи моро пурнур гардонад, қувваи барқ истеҳсол намояд, кӯчаҳоро чароғон намояд. Ҳангоми хомӯш шудани барқ ҳоҷати мардумро барорад, асбобҳои барқии онҳоро таъмир намояд, ба хонадони онҳо хатти барқро ворид намояд ва онро ба таври дахлдор пайваст намояд.
Барномасоз бошад барномаҳои гуногунеро барои саноат месозад, истеҳсолотро автоматӣ мекунонад, қувваи кориро сарфа мекунад, технологияи навро вориди истеҳсолот мегардонад, технологияи нави компютериро меофарад. Кори деҳқонро сабук мегардонад, бофандаро аз заҳмати канда шудани ришта раҳояш мебахшад.
Аҷаб дунёе. Ҳар касеро баҳри кореву савдое офариданд. Ҳар касеро баҳри чизе офариданд, ҳар касе машғули чизест, ҳар касе машғули корест, ҳар касе машғули фаъолиятест, ҳар касе баҳри чизест…
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё