Зеҳн

Панду андарзҳои Фирдавсӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт, Тани кӯҳро хок молад ба мушт.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест.

Чу некӣ кунад кас, ту подош кун ва агар бад кунад, низ пархош кун.

Ба ранҷ андар аст, ай хирадманд, ганҷ, Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.

Ҷавонмардию ростӣ пеша кун, Ҳама некӯӣ андар андеша кун.

Бибахшу бихур, то тавонӣ дирам, Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам.

Ба ҳар кор дар пеша кун ростӣ, Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.

Макун дӯстӣ бо дурӯғозмой, Ҳамон низ бо марди нопокрой.

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас, Дигар ҳар чи бошад, намонад ба кас.

Сухан гуфтани нағзу кирдори нек, Бимонад чунон, то ҷаҳон аст рек*.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек, Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостгор, Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.

Ҳунармандро шоду наздик дор, Ҷаҳон бар бадандеш торик дор,

Чу дӣрафту фардо наёмад ба пеш, Мадеҳ хира барбод авқоти хеш.

Хирадмандию пешбинӣ кунӣ, Тавоноию покдинӣ кунӣ.

Мар онро, ки дониш бувад, тӯша бурд, Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.

Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред, Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.

Бимонад дуто ҷовидон як гуҳар, Хунармандию донишу додгар.

*Рек - некбахт, нек, *Дӣ - дирӯз, рӯзи гузашта, *Авқот - ҷамъи вақт, вақтҳо,

Набошад касе дар ҷаҳон пойдор, Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.

Ба нопокзода мадоред умед, Ки зангӣ нагардад ба шустан сапед.

Зи бадасл чашми беҳӣ доштан, Бувад хок дар дида анбоштан.

Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон, Кунад ошкоро бар-ӯ бар ниҳон.

Гар ӯ бифканад фарру номи падар, Ту бегона хонаш, махонаш писар.

Ту чандон, ки бошӣ, сухангӯй бош, Хирадманд бошу ҷаҳонҷӯй бош.

Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ, Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.

Хирад мояи ҷовидонӣ бувад, Хирад пояи зиндагонӣ бувад.

Мабошед густох бо ин ҷаҳон, Ки ӯ тирагӣ дорад андар ниҳон.

Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ, Ба мардум намонад ба ҷуз мардумӣ.

Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ, Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.

ва агар бигзарӣ сӯи ангиштгар, Аз-ӯ ҷуз сиёҳӣ набинӣ асар.

Хирадманд бошу беозор бош, Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Ниёгони мо номдорон буданд, Ба даҳр андарун тоҷдорон буданд.

Набардоштанд аз касе саркашӣ, Ба тезиву тундиву бедонишӣ.

Маёзор мӯре, ки донакаш аст, Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст.

Чу паймони озодагон бишканӣ, Нишони бузургӣ ба хок афганӣ.

Надонӣ, ки мардони паймоншикан Сутуда набошанд дар анҷуман.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем, Бу кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад пойдор, Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2