Зеҳн

Дин, бешубҳа, лутфи Худованд барои башарият аст. Пас чаро дар дин ғуломдорӣ раво дониста мешавад?

ЗЕ
Зеҳн23 октябри 2026 · 17 дақиқа хондан

Ин суол чанд паҳлӯ дорад: паҳлӯҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ. Пеш аз ҳама бояд сабабҳои қадимию навро, ки дар мо ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба ғуломдорӣ бедор мекунад, ёдрас шавем.

Сабаби аввал нуқтаи назари материализми таърихӣ ба таъриху дунё аст, яъне андеша дар мавриди корфармову коргар, сарватманду қашшоқ ва золиму мазлум... Тасаввурот дар бораи рушди ҷомеа каме истисмор дида, бо мафҳумоти «табиат» ва «ирсият», «ғуломӣ» ва «асорат» ва баъдан «меҳнат»-у «музди ноҳақ» алоқаманд дониста шуд. Ин андешаҳо ба ҳадде густариш ёфтанд, ки бе назардошти назари мухолиф ва бе дудилагӣ аз ҷониби одамон пазируфта шуданд. Андешае, ки ҳадди ақал мебоист бо назардошти назари мухолиф баррасӣ гардад, яктарафа шарҳ дода шуд ва яктарафа қабул гардид.

Дувум, муомилаи ваҳшиёна ва золимонае, ки дар замони қадим, бахусус дар Риму Миср ба ғуломон раво дида мешуд, нафрати моро меорад. Ба ин хотир, пас аз садсолаҳо бошад ҳам мо тасвири ғуломонеро, ки ба Аҳромҳо санг мекашонанд, мисли дарзаи хошок саропо дар гил олуда мешаванд, барои дилхушии ҳукмдорони золим бо шер меҷанганд, бо тавқи асирӣ дида, аз ғуломӣ ва ғуломдорӣ нафрат мекунем.

Ва ниҳоят муомилаи беинсофона ва ғайриинсонӣ бо асирон, ки дар гузаштаи наздик ва имрӯзҳо ба чашм мерасад, насли боинсофи моро низ нороҳат сохта, ба эътироз водор кардааст.

Бо ҳамин сабабҳо насли мо ба ғуломдорӣ нафрат пайдо кард ва дар муқобили сохторҳое ҷой гирифт, ки аз ғуломдорӣ ҳимоят мекунанд. Он ҳақ дошт, ки дар муқобили ин андеша қарор гирифта, аксуламал нишон диҳад, аммо дар мавриди ҳамлаву интиқод ба ислом беадолатӣ кард. Зеро зуҳури ғуломдорӣ аз нигоҳи маншаъ ба ислом иртибот надорад ва мавҷудияти он ҳам бо ислом идома намеёбад. Ғуломдорӣ дар гузаштаву имрӯз ба давлату миллатҳои дигар такя карда, мавҷудияташро идома додааст. Аз ин рӯ мехоҳам омилҳоеро ёдрас шавам, ки пайдоиши онро ба бор овардаанд.

Ғуломдорӣ зодаи ҷанг аст ва дар он ҷое арзи ҳастӣ мекунад, ки ба он шароит фароҳам оварда мешавад. Масалан, Рими қадим, ки ба шаҳодати таърихнигорони римӣ ҳаёти фараҳбахшро мақсади худ қарор дода буд, макони кайфу сафо ба ҳисоб мерафт. Римиҳо зеботарин либосҳоро мепӯшиданд, дастурхони пур аз нозу неъмат доштанд, аммо майлу рағбати ғайрибашарии онҳо барои ҳаёти инсонӣ номуносиб буд. Барои бардавом нигоҳ доштани ин хурсандиву дабдабанокӣ ва исрофкориву сафоҳат ба сарвати нотамому ғанимати доимӣ ва ба асирону ғуломон эҳтиёҷ пайдо гардид. Аз ин рӯ римиён пайваста меҷангиданд ва кишварҳоро мустамликаи худ қарор дода, бо ин роҳ мехостанд ҳукмронии худро дар рӯйи замин устувор кунанд. Вақте мусулмонон Мисрро фатҳ карданд, он ҷо чунин муҳитро бо тамоми расвоиҳояш мушоҳида карда буданд. Бозорҳое, ки дар онҳо ғуломон мисли ашё харидаву фурӯхта мешуданд, занону мардон беҳайсиятона, бо завлонаи ғуломӣ баста шуда, дар бозорҳо нимбараҳна ба маърази тамошои муштариён гузошта мешуданд, шабона дар даҳлезҳои кӯчаку таҳхонаҳои намноки пур аз ҳашарот хобонида мешуданд ва баъзан умуман ҷой барои истироҳат пайдо накарда, панҷоҳ-сад кас дар як макони танг болои ҳам мехобиданд. Ҳамаи ин манзараҳое буданд, ки мусулмонон дар умрашон надида буданд ва аз ин хеле мутаассир шуданд. Онҳо ба ҳар куҷое мерафтанд, аз рӯйи меъёрҳои исломӣ ин захмҳоро табобат мекарданд. Ғарб бошад ин мероси нопоки Рими Қадим ва Мисрро бе ислоҳу такмил қабул карда буд. Минбаъд ғулом барои хоҷаи ғарбии худ хизмат карда, барои завқи онҳо меҷангид, ба хотири вақтхушии онҳо мекушт ва кушта мешуд, мисли он ки гладиаторҳо ҷангида, римиёнро хушҳол мекарданд.

Ислом дар оғоз ғуломдориро ҳамчун як ҳодиса пазируфта, муайян кард, ки ғуломон матое барои хариду фурӯш ва дилхушӣ нестанд, зеро онҳо пеш аз ҳама инсонанд: «... баъзеи шумо аз ҷинси баъзе аст (канизакон низ фарзанди Одаманд) ...» (Сураи Нисо, 4/25). Ҳамчунин ислом дар ин маврид ҳукмҳои шаръиро муқаррар намуда, пеши роҳи ҳама гуна инҳирофро гирифт: «Ҳар касе ғуломашро мекушад, мо ӯро мекушем, ҳар касе ғуломро ба ҳабс меандозад ва ё ғизо намедиҳад, мо ӯро ба ҳабс меандозем ва беғизо мегузорем, ҳар касе ғуломро ахта мекунад, мо ӯро ахта мекунем»6. «Шумо фарзандони Одам ҳастед. Одам аз хок халқ шудааст»7. «Бидонед, ки ҳеҷ як араб бар ғайриараб ва ҳеҷ як ғайриараб бар араб;** ҳеҷ як сафедпӯст бар сиёҳпӯст ва ҳеҷ як сиёҳпӯст бар сафедпӯст бартарӣ надорад. Бартарӣ танҳо дар тақводорист»8. Яъне ҳамаи бартариву афзалият аз рӯйи мувофиқати рафтору амалҳои инсон бо фармудаҳои

6  Абӯдовуд, Дият, 7; Ҳоким, Мустадрак, 4/408.

7  Абӯдовуд, Одоб, 120.

8  Муслим, Имора, 36; Тирмизӣ, Ҷумъа, 80.

Худованд мутаносиб дониста шуд. Дар чунин муҳити осудаи ислом чандин касони шӯрбахте, ки дар гузашта асир буданд, сазовори эҳтироми ашрофону пешвоён гардиданд. Вақте Ҳазрати Умар (р) «Билол хоҷаи мо аст ва ӯро хоҷаи мо Абӯбакр озод кардааст»9 мегуфт, ба ин маъно эҳтироми худро изҳор намуда буд. Аз нигоҳи ислом ғуломон ҳамчун ҷузъи бародарии оламшумул шинохта мешаванд: «Хизматгорон ва ғуломони шумо бародарони шумоянд. Ҳар чӣ худ мехӯред, бародарони худро низ аз он хӯронед, ҳар чӣ худ мепӯшед, бародаронатонро аз он пӯшонед. Ба онҳо коре, ки аз дасташон намеояд, нафармоед. Агар кори мушкиле мефармоед, дар иҷрои он дастёрашон бошед»10. «Ҳеҷ яке аз шумо нагӯяд: Ин ғуломи ман аст, ин канизи ман аст. Шумо бигӯед, ки ин духтари ман аст, ин фарзанди ман ва ё бародари ман аст»11. Аз ин ҷост, ки Ҳазрати Умар (р) вақте ба Байт-ул-муқаддас барои қабули калидҳои дарвозаи шаҳр мерафт, аз Мадина то он ҷо ҳамроҳи ғуломаш маркабро ба навбат савор шуда буданд. Ҳазрати Усмон (р) дар аҳди хилофаташ ба хотири гӯшмол додани ғуломаш аз ғулом хоҳиш карда буд, ки дар ҳузури мардум ӯро гӯшмол диҳад. Абӯзар (р) як қисми либосҳояшро ба ғуломаш дода, боқимондаро худаш мепӯшид12.

9  Ибн-ул-асир, Усд-ул-ғоба, 1/209.

10  Муслим, Аймон, 29.

11  Муслим, Алфоз, 3.

12 Абу Авона, Муснад, 4/72; Байҳақӣ, Сунон, 8/7.

Ин ҳама далели он буд, ки ғулом ҳам инсон аст, инсоне, ки аз дигар инсонҳо ягон фарқ надорад. Ҳамин тавр як марҳилаи нави муносибати солим миёни қишрҳои ҷомеа роҳандозӣ гардид. Хотиррас мешавам, ки барои мардуме, ки бо эҳсосоти бикр дар як мавзеи дур ва матруки дунё умр ба сар мебурданд, ин як инқилоби бузурге маҳсуб мешуд. Зеро гоҳе ки дар давлатҳои дигар иззати нафси ғуломон беэътибор дониста мешуд, гоҳе ки набардҳои ваҳшиёна дар майдони ҷанг, қамчинкорӣ ва истеҳзои ҳайсияти инсонии ғуломон дар ҷойи кор ҳамчун меъёр қабул гардида буд, ислом муносибати инсондӯстонаро нисбат ба онҳо тақдим кард.

Ин тарзи муомила ба ғуломон низ таъсири алоҳида гузошта буд. Ғулом, ки акнун мисли дигарон инсон будани худро эҳсос карда буд, дар паҳлӯи хӯҷаинаш ҷой гирифта, агарчи озод карда мешуд, хоҳиши аз хоҷа ҷудо шуданро надошт. Ин ҳолат дар оғоз бо Зайд ибни Ҳориса (р), баъдан бо дигарон низ рух дода буд. Пайғамбари мо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Зайдро озод карда, иҷозат дод, ки ҳамроҳи падараш равад, вале ӯ дар хидмати соҳибаш монданро авло донист. Баъдан як қатор ғуломон низ ҳамин гуна рафтор карда буданд.

Чунки бо онҳо тавре муомила карда мешуд, ки худро як узви оилаи хӯҷаинҳояшон меҳисобиданд. Соҳибони онҳо низ инро дониста, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ҳуқуқи ғуломонро хуб риоят кунанд. Ба таври дигар муносибат карданашон ҳам номумкин буд, зеро ҳарчанде имрӯз молики ғулом буданд, маълум набуд, ки пагоҳ кӣ молики кӣ мешавад. Ҳамчунин аҳкоми динӣ дар ин мавзӯъ хеле мушаххас ва устувор муқаррар гардида буд: «Ҳар касе ғуломашро мекушад, мо ӯро мекушем, ҳар касе ғуломро ба ҳабс меандозад ва ё ғизо намедиҳад, мо ӯро ба ҳабс меандозем ва беғизо мегузорем». Аз рӯйи чунин муқаррарот хӯҷаин ботадбиру эҳтиёткор ва ғулом осудаву дар амон буд. Ҳамаи ин зуҳуроти бемислу монанд таърихи инсониро ба ҳайрат андохта, марҳилаи аввали тағйироти ба бор овардаи исломро ташкил карда буд.

Марҳилаи дувум ба озодӣ баромадани ғуломон аст. Инсони озодро ба ғуломӣ гирифтан аз гуноҳони кабира дониста мешавад ва даромаде, ки аз ин ҳисоб ба даст меояд, бешубҳа, ҳаром аст. Ҳама чизе, ки озодии инсонро маҳдуд мекунад, аз ҷониби ислом маҳкум гардида, ҳар чизе, ки барои озодии инсон мусоидат мекунад, пос дошта мешавад. Ними ғуломро озод кардан (ин ҳолат гоҳе рух медод, ки ғулом якчанд хӯҷаин дошта бошад) — ними вуҷуди худро аз оташи ҷаҳаннам наҷот додан ва ғуломро батамом озод кардан — худро пурра аз азоби абадӣ наҷот додан дониста шуда буд. Ислом парчами озодии ғуломонро барафрохт. Ислом иҷрои ин корро ҳамчун вазифа ва ӯҳдадорӣ ташвиқ мекард ва дар миёни хӯҷаину ғулом созишномаҳое тартиб дода мешуд, ки роҳ ба сӯйи озодиро нишон медоданд.

Маълум аст, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Ҳазрати Абӯбакр (р) дар харидории ғуломон сарвати хеле зиёд сарф мекарданд, то ки онҳоро ба озодӣ бароранд.

Ин фаъолият, ки дар оғоз бо молу сарватҳои шахсӣ ба роҳ монда шуда буд, баъдан ба яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ табдил ёфт. Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) асиронро дар муқобили хатту савод омӯхтан ба даҳ нафар озод мекард, агарчи он рӯзҳо худ аз ҷиҳати молӣ танқисӣ мекашид. Дар замони хилофати Умар ибни Абдулазиз13 як қисми закоти мол махсус барои харидории ғуломон масраф мешуд ва ҳамин тавр асирони зиёде аз ҳисоби хазинаи давлат ба озодӣ мебаромаданд. Ба ғайр аз ин баъзе хатоҳо дар умури динӣ, сарпечӣ дар баъзе ӯҳдадориҳо ва иртикоби чанде аз гуноҳҳо инсонҳоро барои озод кардани ғулом водор мекарданд.

13 Умар ибни Абдулазиз — яке аз халифаҳои уммавӣ, ки ҳамчун амири одили мӯъминон шинохта мешавад.

Қасам шикастан, гуноҳи «зиҳор»14, ҷинояти одамкушӣ аз ҷумлаи гуноҳҳое мебошанд, ки дар баробари содир шудани онҳо озод кардани ғуломе лозим дониста мешуд. «Ва ҳар ки муъминеро ба хато бикушад, пас, бар ӯст, озод кардани бардаи муъмин ва расонидани хунбаҳо ба касони мақтул» (Сураи Нисо, 4/92).

Аз он ки як ҷиноят ҳам ба оилаи нафари кушташуда ва ҳам ба ҷамъият зарар мерасонад, хунбаҳо барои хонадони мақтул товони хун ба ҳисоб рафта, озод шудани ғулом нафари озодеро ба ҷамъият меовард. Ба ин хотир дар пайи кушта шудани касе, ба озодӣ баровардани каси дигар бо эҳёи фарди алоҳида баробар дониста мешуд.

Ба ҷуз ин дар ислом ғуломон ба сурати «мукотаба» ва «тадбир» ҳам озод карда мешуданд. Мукотаба созиши хаттие буд миёни хоҷа ва ғулом, ки мувофиқи он ғулом бо пардохти як миқдор молу маблағ ба озодӣ мебаромад. Қуръони Карим дар ин мавзӯъ ба таври рӯшан муайян кардааст, ки баъди қабули таклифи ғулом аз ҷониби хоҷа, танҳо пардохти арзиш боқӣ мемонад, ки ғулом ба озодӣ расад. Тадбир бошад ваъдаи хоҷа ба ғулом буд, ки дар сурати вафоти хоҷа ё иҷрои ягон шарти муҳим озодии ғулом амалӣ мешуд.

14 Зиҳор — ташбеҳ намудани мард ҳамсарашро ба яке аз маҳрамҳои худ, ки бо мақсади озор додани зан ва қатъи муносибатҳои заношавҳарӣ бо ӯ сурат мегирад.

Ҳамчунин бо мақсади савобгирӣ ба озодӣ баровардани ғулом хеле роиҷ буд. Дар рӯзу моҳҳои муборак хоҷагони ғуломдор ба хотири ҷалби лутфу марҳамати илоҳӣ садҳо бардагонро ба озодӣ мебароварданд.

Шояд баъзеҳо даъво кунанд, ки: «Бо вуҷуди озод кардан ва ба роҳ мондани муносибати инсонӣ бо ғуломҳо, ҳатто агар ҳамаи онҳо дар як вақт ба озодӣ бароварда шаванд, боз ҳам дида мешавад, ки ислом ғуломдориро қабул доштааст, зеро китобҳои фиқҳ дар ин мавзӯъ аҳком содир кардаанд. Ислом, ки пеши роҳи чандин расму одати қадимии бадро гирифта буд, чаро пеши роҳи ғуломдориро нагирифт? Оё ин ба обрӯи ислом рахна ворид намесозад?»

Пеш аз ҳама гуфтан зарур аст, ки ғуломдориро ислом эҷод накарда буд ва аз он ҳимояту пуштибонӣ ҳам намекард. Ғуломдорӣ зодаи ҷангҳои миёни давлатҳо ва миллатҳо аст. То даме ки ҷанги миёни давлатҳо идома мекунад (зимнан агар табиати инсонӣ тағйир наёбад, ин ҷангҳо то қиёмат идома хоҳанд кард), ҳеҷ як миллат наметавонад дар танҳоӣ садди роҳи ғуломдорӣ шавад.

Акнун фарз кардем, ки мо бо давлате ҷангида, чандин асир гирифтем ва онҳо аз мо асир гирифтанд.

Бо ин асирон ба таври гуногун муносибат кардан мумкин аст:

а) мисли баъзе роҳбарони золим ҳамаи онҳоро ба қатл расондан;

б) онҳоро ба лагери асирони ҳарбӣ бурда, бо озуқа таъмин кардан;

в) ба асирон имкон додан, ки ба ватанашон баргарданд;

г) онҳоро ҳамчун ғанимат ба муъминон тақсим кардан;

Ҳоло ҳамаи вазъиятро бо тафсил баррасӣ мекунем:

Аввалан, оё инсофу виҷдон мегузорад, ки мо ҳамаи онҳоро бераҳмона ба қатл расонем? Агарчи аз миён асрҳо гузаштааст, доғи сиёҳи нобуд сохтани Карфаген ва сокинони он ҷо бар дӯши римиён боқӣ мемонад. Муомилаи ваҳшиёнаи Буҳт-ун-наср, ҷабру зулми фиръавнҳо аз хотираи инсонҳо зудуда нахоҳад шуд. Дур наравем, қурбониҳои бешумори режими тоталитариро дар Иттиҳоди Шӯравӣ, миллионҳо одамонеро, ки аз дасти фашистон ба ҳалокат расиданд, хотиррас шудан кофист. Оё нафаре пайдо мешавад, ки ба ҳамаи инҳо хушбин бошад?

Дувум, ваҳшати лагерҳои асирони ҳарбӣ ҳам аз инҳо монданӣ надорад. Расвотарин лагерҳо барои асирон дар асри ХХ таъсис ёфтаанд. Америкоиҳо аз шароити лагерҳои асирони ҳарбӣ дар Ҷопон шикоят доранд. Агар онҳо зулмеро, ки нисбат ба асирони озарбойҷонӣ ва босниягӣ раво дида шуд, медиданд, муносибати ҷопониҳо дар назари онҳо даҳшатбор наменамуд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Аврупо ва Осиё ба макони бадтарин лагерҳои асирони ҳарбӣ табдил ёфта буд. Маълум гардид, ки татбиқи ин роҳу усул ба ҷуз ваҳшонияту хунхорӣ чизе намеорад.

Сеюм,** усули баргардонидани асирон ба ватанашон боиси дастгирист. Аниқтараш, озод кардани асирони ҳарбӣ метавонад бо созиши миёни давлатҳо сурат гирад, ки аз ин усул зиёд истифода кардаанд. Таҷрибаи мубодилаи асирон имрӯз ҳам ба кор меравад ва ин метавонад сафи бандиёни низомиро коҳиш дода, мушкили онҳоро осон кунад.

Чаҳорум, як роҳи дигар боқӣ мемонад: тақсими асирони ҳарбӣ миёни иштирокчиёни ҷанг. Ислом ҳамин роҳи асорати муваққатиро авло донистааст. Зеро дар ин роҳ на қатли ом вуҷуд дорад, на шароити ваҳшиёнаи лагерҳои ҳарбӣ. Ҳамчунин на зулму беинсофӣ, на беаҳамиятие, ки рақибро ҷасорат диҳад. Шояд ин усул ба табиати инсонӣ наздиктар аст.

Дар хонадони муъмин асир имкони омӯзиши исломи ҳақиқиро пайдо мекунад ва мусулмононро аз наздик мешиносад. Муомилаи хуш ва рафтори инсонии муъминон қалби ӯро фатҳ мекунад, ҳамчуноне ки ҳазорҳо бор рух додааст. Инҳо баъдан ба озодӣ баромада, соҳиби он ҳуқуқҳое мешаванд, ки дигар мусулмонон соҳиб ҳастанд. Бо чунин роҳу усул ҳазорҳо инсон тарбият дида, ба авҷи камол расидаанд. Аз Шайхи Нофеъ, устоди Имом Молик сар карда, то ба Товус ибни Қайсон ва Масрук барин шахсиятҳои баркамол, ки мо онҳоро «маволӣ» ном мебарем, бо ин роҳ тарбият ёфтаанд.

Дар ислом чунин усулҳо муваққатан ба кор бурда мешаванд. Зеро озодӣ ҳамчун шарти асосии ислом, роҳҳои гуногуни аз асорат озод шудан, ташвиқи пайвастаи дин дар ин мавзӯъ аз он шаҳодат медиҳад, ки ислом ғуломдориро ба вуҷуд наовардааст. Аммо то вақте ки ҳамаи давлатҳо дар мавриди қатъи ғуломдорӣ созиш накунанд, ин раванд дар шаклҳои мухталиф намудор хоҳад шуд. Муқаррароти исломӣ дар ин мавзӯъ танҳо дар доираи пайравони ислом ба кор бурда мешавад. Ба ҳар сурат ислом шарту аҳкоми худро муайян намудааст. Онҳое, ки кӯшиш доранд дар тамоми ҷаҳон сулҳро барқарор кунанд, ӯҳдадоранд, ки заминаи татбиқи ин аҳкомро дар олам фароҳам оранд. Роҳи нишондодаи ислом роҳи хайру адолат аст, муносиботи ғайриинсонӣ ва ваҳшоният ба ислом бегона мебошад. Ҳар коре, ки нотамом монда буд, ба дӯши ояндагон вогузор шудааст.

Яке аз сабабҳои то ҳол амалӣ нашудани ин гуфтаҳо дар он аст, ки бештари афроди ҷомеаи мо ба таври комил аз арзишҳои исломӣ огоҳӣ надоранд. Дин ӯҳдадор нест, ки ҳар пайрави худро ба мартабаи малоик расонад. Ҳар касе дар иҷрои қоидаҳои он ҷаҳд мекунад, метавонад ба мартабаҳои баланд расад, аммо онҳое, ки таҳти идораи нафси худ қарор мегиранд, маънавиёташон коста мегардад. Чунин инсонҳо хоҳиши устувор будани ғуломдориро доранд ва тарафдории он сохторҳоро мекунанд, ки ҳимоятгари ин раванд ҳастанд.

Масъалаи дигаре боқӣ мемонад: дар ҳоле ки роҳҳои озод кардани ғуломон зиёд буд, чаро аксари муъминон муддати тӯлонӣ ғуломону асиронро дар тобеияти худ нигоҳ доштанд? Зоҳиран дар ин ҳол миёни воқеият ва он чӣ гуфта шуд ихтилоф ба вуҷуд меояд.

Воқеан дар як давраи муайяни таърихӣ муъминон сохтори ғуломдориро ба кор бурданд. Онҳоро ба ин кор ду омили муҳим водор мекард: яке ба хоҷа вобастагӣ дорад, дигар ба ғулом. Тавре ки зикр карда шуд, барои риояи асосҳои ислом инсон бояд соҳибирода, комил ва озод бошад. Ба ин хотир фарди норасида ва ноқис наметавонад кори инсони комилро бенуқс ба анҷом расонад. Мебоист то ба камол расидани ҳамин гуна афрод дар муҳити ахлоқи Муҳаммадӣ онҳо муваққатан аз озодӣ маҳрум монанд. Ба ин хотир, кӯшиши бадном кардани ислом аз рӯйи аъмоли ду-се худсари нафспараст ноҳақӣ ва беинсофӣ аст.

Омили дигар бо ғуломон алоқамандӣ дорад. Дар ин хусус ҳам муносибати ислом воқеӣ ва ба табиати инсонӣ мувофиқ аст. Мусулмонони нахустин саъй мекарданд, ки ғуломонро ба инсон буданашон бовар кунонанд, тарси онҳоро аз озодӣ дур созанд, шартҳои оиладориро омӯзанд ва онҳоро ба зиндагӣ дилгарм созанд.

Урфу одатҳо табиати дувуми инсон ба шумор меравад. Раҳоии инсон аз ин одатҳо монанди ром кардани ҳайвони ваҳшӣ душвор аст. Ғуломӣ низ ҳамчунон аст. Он табиати инсонро тағйир медиҳад. Ислоҳи ин вазъ вақти зиёд талаб мекунад. Муъминон ҳамин омилро ба назар гирифта буданд. Ҳар муъмин ба ғуломаш, ки ӯро бародар дониста, ба канори худ мегирифт, тарзи ҳаёти мустақилона, хонадорӣ, идораи аҳли оила ва дигар масъалаҳоро як-як меомӯхт ва ғуломро он вақте озод мекард, ки озодӣ ба манфиати ғулом бошад.

Агар он инсонҳое, ки қобилияту истеъдодашон дар тӯли солҳои ғуломӣ кунд шуда, одамияти худро аз даст дода буданд, якбора бе омӯзиши тарзи ҳаёти мустақилона ба миёни ҷомеа роҳ меёфтанд, онҳо мисли моҳии аз аквариюм баромада ё парандаи аз қафас раҳошуда дар издиҳоми ҷомеа роҳгум мезаданд ва кӯшиш мекарданд, ки ба ҳолати пешина баргарданд. Чунин озодӣ барои ғулом манфиате намеорад. Яке аз президентҳои Амрико Авраам Линколн гуфта буд, ки ғуломонро якбора ба озодӣ баровардан дастаҷамъона ба назди хоҷагони худ баргаштани онҳоро натиҷа медиҳад. Дигаргуна шуданаш ҳам аз доираи имкон берун аст. Инсоне, ки ними умр ё тамоми умри худро дар асорат гузарондааст, ба фармонбардорӣ одат мекунад. Ӯ метавонад коргари хуб бошад, аммо дар панҷоҳсолагӣ ҳам мисли кӯдак рафтор мекунад, зеро ӯро ҳамеша идора кардаанд. Ӯро лозим аст, ки ҳаёти воқеӣ ва қонунҳои зиндагиро омӯзад. Ин на танҳо дар ғуломон, балки дар давлату миллатҳое низ дида мешавад, ки тайи чандин даҳсолаҳо мустамликаи давлатҳои дигар буданд ва аз тарафи онҳо истисмор мешуданд. Воқеан агар онҳо ҳисси истиқлолхоҳӣ надошта бошанд, аз тобеияти давлату миллатҳои бегона раҳо нахоҳанд шуд. Ман ба ин назарам, ки бедор кардани ҳисси истиқлолхоҳӣ дар вуҷуди ин миллатҳо мушкилтар аз он аст, ки ғуломонро ба инсон буданашон муътақид созӣ.

Ҳамин тавр ислом корро аз иззати нафс пайдо кардани ғулом оғоз карда, рӯҳи инҳирофдидаи ӯро ба эътидол овардааст ва шавқи озодиро дар дили ӯ бедор кардааст. Пас аз ин ғуломон ба озодӣ бароварда шуданд. Тарбият кардан ва ба озодӣ баровардани Зайд ибни Ҳориса, бо духтари соҳибнасаб оиладор кардан ва ба ҳайси фармондеҳи лашкари ислом, ки ашрофзодагон шомили он буданд, таъин намудани ӯ иқдомоте буданд, ки ба сӯйи ҳадафи муайяне мебурданд.

Билоли Ҳабашӣ, ки дар гузашта ғулом буд, дар сафи шахсиятҳои шарафманд ҷой гирифт. Салим ғуломи Ҳузайфа ба маснаде расид, ки мусулмонони зиёде ба ҳоли ӯ ҳавас мебурданд. Салмони Форсӣ (р) аз аҳли байти Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шинохта шуд. Магар инҳо далели он нестанд, ки ғуломон дар ислом ва хонадони мусулмонон чӣ арзише доштаанд? Дар ин маврид мисолҳои зиёде овардан мумкин аст.

Ҳамчун хулоса, гуфтан мумкин аст, ки пайдоиши ғуломдорӣ ба ислом иртиботе надорад. Баръакс, ислом саъй кардааст, ки раванди мазкурро муътадил созад ва мунтазам онро аз байн барад. Агар ҷангҳо ва мушкилоти асирон намебуд ва агар таънаи баъзе пастфитратон намешуд, касе бунёди муаллои исломро бо ғуломдорӣ мазаммат намекард. Ислом кӯшидааст, ки аҳкомро дар мавриди сохтори ғуломдорӣ нарм кунад ва тадриҷан ба мавҷудияти он хотима гузорад.

Тавассути талошҳои ислом алайҳи ғуломдории шахсони алоҳида ин шакли ғуломдорӣ комилан аз байн рафт. Бо умеди хотима ёфтани ғуломдории баъзе давлатҳову миллатҳо суханро ин ҷо ба поён мерасонам.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2