Зеҳн

Дар ҳадис омадааст, ки як соат тафаккур ба яксола намози нафл баробар аст. Роҳу усули тафаккур чӣ гуна аст?

ЗЕ
Зеҳн23 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Гумон мекунам, ки ҳангоми пурсидани суол ҷавобашро ҳам додаанд. Ҳукми ба яксола ибодати нофила баробар будани як соат тафаккур дар ҳадиси заифе тазаккур ёфтааст, аммо гузашта аз ин дар Қуръони Карим оятҳои зиёде ҳастанд, ки ин масъаларо таъйид мекунанд: «Ба дурустӣ ки дар офариниши осмонҳову замин ва омадурафти шабу рӯз нишонаҳоест барои соҳибхирадон» (Сураи Оли Имрон, 3/190). Дар ҳақиқат ҳамоҳангии тулӯъ ва ғуруби офтобу моҳ, низоми ҳайратовари коинот барои онҳое, ки андеша мекунанд, дарси ибрат аст. Ояти карима аҳамияти тафаккур карданро нишон медиҳад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Вой бар ҳоли касе, ки ин оятро мехонаду андеша намекунад». Умму Салама (р.а.) ривоят мекунад, ки вақте ин оят нозил шуд, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гиристанд ва ҳар гоҳе ки онро мехонданд, мегиристанд. Чунин оятҳо роҳнамое ҳастанд, ки касро ба олами тафаккур мебаранд ва ин дар ислом хеле муҳим аст.

Вале қабл аз ҳама донистан зарур аст, ки тафаккур чист. Аввалан, тафаккур бояд ба ягон дониши ибтидоӣ такя намояд. Тафаккури омиёна ва ҷоҳилона ҳеҷ натиҷае надорад. Чунин тафаккури бепоя бо гузашти замон инсонро дилгир мекунад ва ӯ дигар барои андеша кардан азм намекунад. Инсон аввалан мавзӯеро, ки дар бораи он андеша мекунад, хуб донистанаш даркор аст. Заминаи тафаккури мантиқиро маълумот ва тасаввуроти пурра ташкил медиҳад. Вақте ки инсон дар мавриди моҳу ситорагон, гардиши ҷисмҳои осмонӣ, таъсири онҳо ба инсон ва фаъолияти ақлу организми инсон як андоза маълумот дошта бошад, он гоҳ андешаронии ӯро дар ин мавзӯъ тафаккур номидан мумкин аст. Аммо онҳое, ки ба ҳаракати офтобу моҳ нигариста, эҳсоси худро аз рӯи илҳом ба забон меоранд, аслан мутафаккир не, балки хаёлпарастанд. Ҳамчунин баъзе шоирон ва андешамандони натуралистро, ки дар ботлоқи табиат фурӯ рафтаанд, намешавад мутафаккир унвон кард. Махсусан, дар миёни шоирону нависандагони муосир мутафаккирон хеле кам ва ангуштшуморанд. Онҳоро ҳам ба хотири ҷаҳонбинии динияшон ба нестӣ маҳкум намуда, мардумро аз шинохти онҳо маҳрум кардаанд.

Дар замони мо як гурӯҳи кӯчаки одамон мавзӯи ашё ва ҳастиро пайгирӣ намуданд, аммо ба дарки моҳият ва ҳақиқати он нарасиданд. Воқеан бо шунидани шеърҳои шоирони табиатдӯсти замон инсон муҳити биҳиштро эҳсос мекунад. Онҳо ҷараёни оби дарё, садои мавзуни борон, ларзиши барги дарахтон ва хониши парандагонро чунон тасвир намудаанд, ки инсон гумон мекунад, ба биҳишт роҳ ёфтааст. Аммо онҳо, ки ҳамеша аз қонунияти сабаб ва натиҷа бегона зистаанд, гузашта барояшон хушоянд нест ва аз дарки ҳодисоти оянда оҷизанд. Онҳо тамоми умр дар саҳнаи пуртантанаи олами шаҳодат қарор доранд ва мисли оне, ки заврақро бо як бел меронанд, ҳамеша дар атрофи худ давр мезананд. Нигоҳи онҳо доир ба ҳаёт маҳдуд аст ва он чи ки онҳо «тафаккур» меноманд, аслан дарди ноумедие мебошад, ки аз зулмоти маҳдудият маншаъ мегирад. Табиист, ки чунин тафаккур ҳеҷ фоидае надорад.

Барои тафаккур кардан пеш аз ҳама маълумот, тасаввурот дар мавриди ҳолати ашё, диди наву мутобиқ ба табиати ашё ва воситаҳои ҷадид лозим аст, то ки бо такя ба инҳо инсон андешаронӣ намуда, ҳақиқатро ҷустуҷӯ кунад. Инсоне, ки ин гуна андешаи муттасил дорад, метавонад ҳукмҳои нав ба нав барорад ва дар асоси донишҳои қаблӣ ва аҳкоми нав рушд кунад. Ҳамин тавр ӯ ба натиҷаҳои тоза расида, соҳиби андешаи амиқи мутафаккирона мешавад. Баъдан андешаи якбуъда ва дубуъдаи ӯ ба тафаккури себуъда ё бисёрбуъда табдил меёбад ва инсон бо мурури замон ба савияи мутафаккири «зулҷиноҳайн» ва мартабаи инсони комил мерасад.

Ҳамин тавр хониш, мутолиаи китоби коинот, пазируфтани ҳақоиқи илоҳӣ ва қонунҳои табиат ва ба мавҷудот аз нигоҳи Қуръон назар кардан, ки тафсири муқаддаси ҳастӣ мебошад, метавонад асоси андешаро ташкил намояд. Дар акси ҳолат муайян намудани мавқеи ситораи қутбӣ, раванди тулӯъ ва ғуруби Офтобу Зӯҳра ва Миррих, ки аз нигоҳи хушку беҳадаф иборат аст, тафаккур нест ва бо чунин тарзи андешаронӣ ба ҷое расидан мушкил аст. Ҳамчунин маълум нест, ки иҷрои ин амал савоб дорад ё не.

Чаро як соати тафаккур ба ибодати яксола баробар аст? Чунки бо шарофати як соат тафаккури устувор дар инсон асосҳои имон инкишоф меёбанд, ботини ӯро нури маърифат фаро мегирад, қалби инсон бо ишқи илоҳӣ бедор мешавад ва ба завқи рӯҳонӣ мерасад.

Тавассути ин гуна тафаккур ҳар инсон метавонад масофаеро, ки бидуни андеша ҳазор моҳ тӯл мекашад, дар як лаҳза тай кунад ва натиҷаҳои бузурге ба даст оварад. Аммо он нафаре, ки аз рӯи ақлу шуур ба Худованд мутаваҷҷеҳ намешавад, агар ҳазор сол ҳам ибодат кунад, инкишоф намеёбад. Аз ин рӯ амалҳои ӯ ба як соат тафаккур баробар буда наметавонад. Вале ин маънои онро надорад, ки ибодатҳои ӯ беҳудаанд. Асло чунин нест. Ҳар рукӯъ, ҳар саҷда ва ҳар қиёму ҷалсаи бандагон назди Худо арзиш дорад. «Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад» (Сураи Зилзол, 99/7—8). Яъне ҳар кас мувофиқи аъмоли худ чизе ба даст меорад. Ба ин хотир муҳим он аст, ки ибодат ба ҷо оварда шавад ва вазифаи убудият иҷро гардад. Аммо дар чунон шароит он чизе ки бо тафаккур ба даст омаданаш мумкин буд, ҳосил намегардад. Воқеан тарзи тафаккуре, ки зикраш дар боло рафт, метавонад ба ҳазор сол ибодат баробар бошад.

Ҳамчунин пурсида мешавад, ки оё вирду зикри муайяне ҳаст, ки барои тафаккур васила шавад? Кадом вирду зикрҳо андешаи инсонро устувор мекунанд?

Ин ба сатҳи шуурнокии инсон вобаста аст ва бо он иртибот мегирад, ки инсон то куҷо метавонад китоби коинотро мутолиа кунад. Дуову муноҷоти бошуурона баъзан қулфҳои зангзадаву кӯҳнатарини ботини инсонро мекушояд. Аммо дар хусуси он ки чунин дуову зикрҳоро аз куҷо ва чӣ гуна интихоб бояд кард, чизи муайяне гуфта наметавонам. Ҳама чиз ба қобилияту истеъдод ва имону эътиқоди инсон вобаста аст. Аз ин рӯ қалби касе бо хондани «Ҷавшан-ул-кабир», аз каси дигаре бо «Авроди қудсия» ё «Маъсурот» ва аз касе бо дуоҳои Имом Шозалӣ, Шоҳи Гелонӣ, Аҳмад Рифоӣ ва Аҳмад Бадавӣ ба ваҷд омаданаш мумкин аст. Бо хондани дуоҳои ин шахсиятҳои бузург инсон ҳузури онҳоро эҳсос мекунад ва ӯро завқу лаззати маънавӣ фаро мегирад. Эй кош, ҳар кас метавонист ин дуоҳоро хонда, аз онҳо манфиат гирад ва робитаи худро бо Худо қавӣ намояд!..

Паҳлӯи дигари суол ин буд, ки оё оятҳое, ки инсонҳоро ба тафаккур водор мекунанд ва дуоҳое, ки бо овози паст хонда мешаванд, ҷойи тафаккурро мегиранд?

Агар инсон маънии онҳоро нафаҳмад ва маънавиёташ такмил наёбад, ин тафаккур маҳсуб намешавад. Ҳарчанд ин кори савоб аст, тафаккур нест. Тафаккур аз фикр кардан аст. Вақте далелҳои мавҷударо бо далелҳои тоза ба қиёс гузошта, таркиби наве ба вуҷуд меорем, он маҳсули тафаккур мешавад. Агарчи барқарор намудани муносибат байни сабабу натиҷа ва тақвият додани робитаи байни Худованду банда тафаккур номида мешавад ва ҳарчанд ин гуна муносиботи қудсӣ дарси шахсиятҳои бузургро ташкил мекунад, кори савоб аст, аммо тафаккур нест. Тафаккур он гоҳ метавонад бошад, ки фаъолияти қалбу рӯҳ барқарор шавад, мавзӯи тафаккур мавриди таҳқиқ қарор гирад ва муносибати инсон бо Худои худ қавитар гардад.

Худованд тавфиқ диҳад! Дар ин замон ба тафаккур беҳад ниёзмандем. Агар гӯем, ки имрӯз инсонҳо дар ин самт пиёдаанд, хато намекунем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2