Зеҳн

Ҳикмат

Суоле, ки бо нияти нек ва дар шакли зебо пурсида мешавад, барои посухдиҳанда сарчашмаи илҳом ба шумор меравад. Пурсида тавонистан маҳорат, ҷавоби қонеъкунанда додан мазият (афзалият) аст.

1 аъзоаз 7 августи 2026
Ҳикмат·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

Иброҳими Адҳам ва шайх Довуд

Ин ҳикоят дар бораи яке аз шайхони қадимии Хуросон аст. Иброҳими Адҳам нақл мекунад: «Рӯзе дар роҳе, ки аз Куфа ба Макка мерафт, бо марде ҳамсафар шудам. Вақте вақти намози шом фаро расид, он мард намози фарзро адо кард. Сипас ду ракъат намози кӯтоҳ гузорид ва зери лаб чизе гуфт. Ногаҳон аз тарафи рости ӯ косае ва кӯзаи обе пайдо шуд. Худаш аз он об нӯшид ва ба ман низ дод. Баъдтар ин воқеаро ба яке аз шайхони бузург, ки соҳиби кароматҳо буд, нақл кардам. Шайх гуфт: — Эй фарзанд, он мард бародари ман Довуд аст! Сипас дар бораи фазилатҳо ва бузургии Довуд он қадар сухан гуфт, ки ҳамаи ҳозирони маҷлис ба гиря даромаданд. Он гоҳ афзуд: — Довуд аз яке аз деҳаҳои Балх аст. Он деҳа ҳақ дорад бар ҳамаи деҳаҳои дигар ифтихор кунад, зеро чунин марди бузурге аз он ҷо бархостааст. Баъд шайх аз ман пурсид: — Довуд ба ту чӣ омӯхт? Гуфтам: — Исми аъзами Худовандро. Пурсид: — Он кадом ном аст? Ҷавоб додам: — Он ном дар дили ман он қадар бузург ва муқаддас аст, ки наметавонам онро ба забон оварам». Маънои ҳикоят Дар ин ҳикояти ирфонӣ се нукта таъкид мешавад: Каромат: Пайдо шудани обу зарфҳо ҳамчун каромати шайх Довуд нақл шудааст. Исми аъзам: Дар анъанаи исломӣ ба номи бузурги Худованд ишора мекунад, ки бо он дуо кардан фазилати махсус дорад. Нигоҳ доштани сирри маънавӣ: Иброҳими Адҳам аз гуфтани он ном худдорӣ мекунад, зеро онро бисёр азизу муқаддас медонад.

0
Ҳикмат·Зеҳн·24 рӯз пешНашрия

Сарвату шуҳрат ва фақру беморӣ

Сарвату шуҳрат нишонаи он нест, ки Худованд касеро бештар дӯст медорад, ва фақру беморӣ ҳам далели он нест, ки инсон ҳатман бадкор аст ё Худованд аз ӯ норозист. Қуръон ҳатто ин андешаро ислоҳ мекунад: инсон гоҳе вақте неъмат мебинад, мегӯяд «Парвардигорам маро гиромӣ дошт», ва вақте ризқаш танг мешавад, мегӯяд «маро хор кард». Сипас мефармояд: «Калло» — чунин нест (Сураи Фаҷр, 15–17). Яъне ҳам неъмат ва ҳам сахтӣ метавонанд имтиҳон бошанд. Касе, ки мол дорад, бо моли худ санҷида мешавад: оё шукр мекунад, ба дигарон ёрӣ медиҳад, ҳалолу ҳаромро риоя мекунад? Касе, ки ба беморӣ, камбизоатӣ ё ғам гирифтор шудааст, бо сабр, умед ва рафтораш дар он ҳолат санҷида мешавад. Бисёр паёмбарон, ки аз маҳбубтарин бандагони Худованд буданд, сахтиҳои бузург диданд. Айюб (а) бемории сахт кашид, Юсуф (а) ба чоҳ ва зиндон афтод, Паёмбар Муҳаммад ﷺ аз даст додани наздикон, озору таъқиб ва гуруснагиро аз сар гузаронд. Пас сахтӣ маънои «Худо туро дӯст намедорад» надорад. Аз тарафи дигар, сарвати зиёд ҳам ҳатман мукофот нест. Баъзан метавонад имтиҳони бисёр вазнин бошад. Қуръон мегӯяд: «Молу фарзандони шумо танҳо озмоишанд.» Сураи Тағобун, ояти 15 Пас беҳтар аст зиндагии одамонро чунин набинем: «ӯ сарватманд аст — пас назди Худо беҳтар аст; ӯ камбағал ё бемор аст — пас гуноҳе кардааст». Мо сабаби ҳамаи мусибатҳои шахсиро намедонем. Меъёри аслии арзиши инсон назди Худованд тақво аст, на сарват, мансаб ё шуҳрат: «Гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост» (Ҳуҷурот, 13).

0
Ҳикмат·Зеҳн·24 рӯз пешНашрия

Чаро

Озмоиши инсон барои он нест, ки Худованд чизеро, ки намедонад, бифаҳмад. Илми Худо комил аст ва Ӯ пешакӣ медонад, ки ҳар инсон чӣ интихоб мекунад. Ҳикмати озмоиш бештар ба худи инсон вобаста аст: то он чизе, ки инсон бо ихтиёри худ интихоб мекунад, дар амал зоҳир шавад ва подош ё ҷазо бар асоси амали воқеии ӯ бошад, на танҳо бар асоси дониши пешакии Худо. Мисоли сода: омӯзгор метавонад аз шогирди худ хуб огоҳ бошад ва бидонад, ки ӯ эҳтимолан аз имтиҳон мегузарад ё ноком мешавад. Аммо ба ҳар ҳол имтиҳон мегирад, то натиҷа бо амали худи шогирд собит гардад. Ҳамин тавр: Худованд медонад, вале инсонро маҷбур намекунад; инсон интихоб мекунад ва барои интихоби худ масъул аст; зиндагии дунё майдони озмоиш аст, то имон, сабр, адолат, некӣ ва дигар амалҳои инсон зоҳир шаванд. Қуръон мефармояд: «Ӯ марг ва зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадоматон некӯкортаред.» (Сураи Мулк, ояти 2) Яъне озмоиш барои зиёд шудани илми Худо нест, балки барои зоҳир шудани интихоби инсон ва барпо шудани адолат аст. Яъне озмоиши дунё барои он нест, ки Худо фаҳмад инсон чӣ мекунад, балки то худи инсон ҳам худро бишиносад: фаҳмад, ки дар интихобҳо, душвориҳо, неъматҳо ва масъулиятҳо чӣ гуна рафтор мекунад. Масалан, инсон шояд фикр кунад: «Ман сабр дорам», аммо сабр вақте маълум мешавад, ки бо мушкилӣ рӯ ба рӯ гардад. Ё мегӯяд: «Ман ростқавлам», вале ростқавлӣ ҳангоми манфиат ва зарар санҷида мешавад. Пас метавон гуфт: дунё майдони озмоиш аст, то инсон бо интихоби худ ҳақиқати ботинии худро дар амал бинад ва бишиносад.

0
Ҳикмат·Зеҳн·24 рӯз пешНашрия

Вақт

Худованд оламро аз рӯйи ниёз наофаридааст, зеро Ӯ ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест. Офариниш ба ирода ва ҳикмати Ӯ вобаста аст. Қуръон мефармояд: «Ман ҷинну инсро танҳо барои он офаридам, ки Маро ибодат кунанд.» (Сураи Зориёт, 56) Яъне яке аз ҳикматҳои офариниши инсон ин аст, ки Худоро бишиносад, Ӯро ибодат кунад ва дар имтиҳони зиндагӣ роҳи худро интихоб намояд. Аммо саволи «чаро Худо оламро пештар наофарид?» каме нозук аст. “Пештар” ва “дертар” ба вақт вобастаанд, дар ҳоле ки худи вақт низ қисми олами офаридашуда аст. Пеш аз офариниши олам, ба маънои одии мо “вақти гузашта” вуҷуд надошт, ки бигӯем Худованд муддате интизор шуд ва баъд оламро офарид. Ба забони сода: Худованд танҳо чизҳои дохили оламро не, балки замонро низ офаридааст. Аз ҳамин сабаб, пурсидани «чаро пештар?» монанди он аст, ки бипурсем: «Аз нуқтаи оғози вақт боз ҳам чанд соат пештар чӣ буд?» — худи “соат” ва “пештар” ҳанӯз вуҷуд надошт. Пас дар ақидаи исломӣ олам дар ҳамон ҳангоме офарида шуд, ки Худованд бо ирода ва ҳикмати худ хост; на аз рӯйи маҷбурият ва на аз сабаби тағйир ёфтани ниёзе дар Ӯ.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Даъвати Ваҳшӣ

Он гуна ки Расули Худо (с) ба ҳидояти амакаш Абӯтолиб иштиёқманд буд ва дар ин замина истодагарӣ мекард, ҳамон андоза ба ҳидояти Ваҳшӣ, ки қотили амаки дӯстдоштааш «Асадуллоҳ» – Ҳазрати Ҳамза буд, майлу рағбат зоҳир менамуд ва барои ҳидояташ исрор меварзид. Инак, асли он ҳодисае, ки осори таърихӣ ҳикоят мекунанд: Паёмбари Худо (с) қотили амакаш Ваҳширо ба роҳи рост даъват намуда, бад-ин мазмун ба ӯ номае фиристод ва ӯро барои қабули дини ҳақ ба назди худ фаро хонд. Аммо Ваҳшӣ дар ҷавоби ин нома ба дасти қосиди Паёмбари Худо (с) номаи дигаре фиристод, ки дар он ояти каримае навишта шуда буд: «Ва ононанд, ки бо Худо маъбуди дигарро намепарастанд ва ҳеҷ нафсеро, ки Худо ҳаром кардааст, намекушанд – магар ба ҳақ; ва зино намекунанд; ва ҳар ки ин корро анҷом диҳад, ба уқубати душвор бармехӯрад: рӯзи қиёмат азоб барои ӯ дучанд карда шавад; ва он ҷо хор шуда, ҷовид монад». Ваҳшӣ ба зери ин оят чунин навишта буд: «Ту маро ба мусулмон шудан даъват мекунӣ, аммо ман тамоми гуноҳҳои дар ин оят зикршударо муртакиб шудаам. Куфр варзидам, зино кардам ва амаки дӯстдоштаатро ба қатл расонидам. Магар инсоне чун ман сазовори омурзиш аст? Магар чунин касе ҳам метавонад мусулмон шавад?» Расули Худо (с) мактуби дигаре фиристода, дар он ояти зайлро навишта буд: «Ба дурустӣ, Худо онро, ки барои Ӯ шарик муқаррар карда шавад, намеомурзад; ва ғайри он ҳар киро хоҳад меомурзад. Ва ҳар ки барои Худо шарик муқаррар кунад, ҳамоно гуноҳи бузургро дурӯғ барбастааст». Ваҳшӣ ин дафъа низ ба Паёмбари Худо (с) нома навишта, баён кард, ки авфу омурзиши мавриди назар қатъӣ нест, балки ба машияти илоҳӣ вогузор шудааст. Дар пайи ин Паёмбари шафқат (с) номаи севумашро фиристод, ки фарогири ин оят буд: «Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ, ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст». Ваҳшӣ пас аз дарёфти номаи севум ниҳоят ба ҳузури Расули Худо (с) омад ва байъат намуд. Ӯ низ минбаъд аз ҷумлаи саҳобагон ба шумор мерафт ва дар пайи зикри номаш «разиаллоҳу анҳ» (Худо аз ӯ розӣ бод!) гуфта мешуд. Вале ӯ қотили Ҳазрати Ҳамза (р) буд. Ҳеҷ касе ва ҳатто худи ӯ наметавонист инро фаромӯш кунад. Ҳарчанд ӯ дар охират бинобар иртикоби ин гуноҳаш ба ҷавобгарӣ кашида намешуд, зеро ҳангоми содир кардани ин ҷиноят мусулмон набуд ва дар баробари қабули ислом тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешуд. Аз ин ҷиҳат толеаш баландӣ мекард, аммо шахсияти ба қатл расондааш ҳам Ҳазрати Ҳамза буд! Он Ҳамзае, ки аз ҳайбаташ шерони биёбон дилкаф мешуданд, ба ҳузури Расули Худо (с) омада, таслимияти худро изҳор ва исломро қабул намуда буд. Ҳамзае, ки ҳамроҳи Расули Худо (с) аз як доя шир хӯрда, ба манзалати бародари ширхӯраи Паёмбар (с) мушарраф гардида буд. То замони ислом овардани ӯ мусулмонон биму ҳарос доштанд. Вақте Ҳамза (р) мусулмон шуд, ғурриши онҳо Нимҷазираи арабро ба валвала андохта буд. Инак, Ваҳшие, ки замоне дар ваҳшоният қарор дошт, Ҳазрати Ҳамзаро ба шаҳодат расонида буд. Ӯ дар Уҳуд найзаи шумашро ба синаи Ҳазрати Ҳамза дарҳам зад. Ҳамзае, ки пас аз мусулмон шудан ба ҷуз Худои хеш ба ҳама чӣ (на!) мегуфт, ба ҳангоми афтодан рӯйи найзае, ки ба ҷисмаш фурӯ рафта буд, бори дигар ба сурати даромад ва дар шакли ба замин афтод. Пас аз чанде Расули Худо (с) пайкари ба қисматҳо ҷудо гардидаи ӯро медид ва бар болои сараш истода, зор-зор мегирист. Шаҳидонро намешустанд, аммо Расули Худо (с) мисле ки ҷасади Ҳазрати Ҳамзаро шуст ва дар ин шустушӯ ба ҷойи об ашки дидагонашро ба кор бурд, ки аз оби кавсар ҳам арзиши бештар доранд. Бале, Расули Худо (с) бар сари ҷасади ӯ ба ин ҳад ашк рехта буд. Ва ҳоло Ваҳшӣ, сабабгори ин ҷиноят дасти хунолудашро ба Расули Худо (с) дароз карда, байъат менамуд. Таблиғ дар фаҳми Расули Худо (с) он қадар маъниву мазмуни амиқ дошт, ки Ӯ ҳамин дасти хунолуди Ваҳширо мефишурд ва бо ислом мушарраф гардиданашро табрик менамуд. Аслан худи Ӯ бо исрор Ваҳширо ба қабули ислом даъват карда буд. Пас аз имон овардани Ваҳшӣ Расули Худо (с) ба гӯши ӯ оҳиста гуфт: «Ба қадри имкон худро ба ман намудор макун! Чун ҳар боре туро мебинам, Ҳамза ба ёдам мерасад ва мумкин аст шафқати лозимиро ба ту зоҳир насозам. Дар ин ҳол ҳам ту зиён мебинӣ ва ҳам ман вазифаи худро ба тарзи шоиста анҷом нахоҳам дод». Ваҳшӣ ҳамчун саҳоба ҳаргиз ба ин дархосту дастури Расули Акрам (с) мухолифат накард. Ӯ ҳамеша аз Паёмбари гиромӣ (с) канора мегирифт ва талош мекард рӯ ба рӯяш набарояд31. Аммо ҳар дақиқа ва ҳар сонияи ҳаёташ дар интизори даъвати дувуми Паёмбари Худо (с) гузашта буд. Ӯ аз пушти сутуне ба Расули Худо (с) менигарист ва саъй мекард, ки як нигоҳи илтифотомези Ӯро дарёфт кунад ва пайваста дар ин андеша буд, ки «Оё фурсате мерасида бошад, ки Расули Худо (с) ба ман бигӯяд: «Акнун метавонӣ худро ба ман зоҳир намоӣ!» Ваҳшӣ, ки дар интизори фаро расидани он рӯзи хуҷаста зиндагӣ мекард, рӯзе бо шунидани хабари талху нохуше такон хӯрд. Паёмбари Худо (с) дунёи фониро тарк карда буд. Ин хабар ҳамчун соиқае ба сараш фуруд омад, зеро дигар умеди фаро хонда шудан намонда буд. Минбаъд Ваҳшӣ ҳаёти худро дар пайи ҷустуҷӯи кафорате барои гуноҳаш сипарӣ мекард. Дар ин миён ҷанги Ямома сар зад ва ӯ фавран ба лашкари Холид ибни Валид пайваста, ба Ямома раҳсипор шуд. Ин фурсате буд, ки Ваҳшӣ бояд аз даст намедод. Ӯ яке аз бузургтарин баҳодурони исломро ба шаҳодат расонда, муртакиби гуноҳ шуда буд. Агарчанде ин гуноҳ авф шуда бошад, виҷдони Ваҳшӣ бар асари он мисли оташи дӯзах аланга мезад. Акнун фурсате фаро расида буд, ки мебоист сарсахттарин душмани ислом – Мусайламаро сарнагун созад. Ваҳшӣ найзаи зангзадаашро, ки замоне аз пайкари Ҳамза (р) берун кашида, нигоҳ медошт, бо худ гирифт ва ба ҷанги Ямома ҳозир шуд. Ин муҳориба чандин рӯз тӯл кашид. Мусайлама ва лашкараш сахту бераҳмона меҷангиданд. Чун нишонаҳои шикасташон зоҳир шуд, Мусайлама як лаҳза хост аз қалъа берун ояду қасди фирор кунад. Дар ин асно саҳобаи посбон ӯро дида, Ваҳширо садо кард: «Бубин, душмани Худо дар ҳоли фирор аст!» Ваҳшӣ бо шунидани ин сухан найзаи зангзадаашро бардошт ва он гуна ки солҳо қабл садру синаи Ҳазрати Ҳамзаро нишон гирифта буд, ин дафъа онро ба синаи Мусайламаи каззоб зад32. Вақте аз болои асп сарозер шудани Мусайламаро дид, сар ба саҷда бурд ва бо дидагони пурашк гӯё ба руҳонияти Расули Акрам (с) хитоб намуда, мегуфт: «Эй Паёмбари Худо (с)! Акнун метавонам биёям?» Барои мо маълум нест, ки Расули Худо (с) ба ӯ чӣ посухе дода буд. Вале эҳтимолан рӯҳонияти Паёмбари Акрам (с) дар Ямома ҳузур дошт ва ин ниёиши мутавозеонаи Ваҳшӣ Ӯро ба риққат оварда буд ва Ӯ ба хотири табрик намудани ин ҷавонмардию диловарӣ Ваҳширо ба канор гирифта, гуфта буд: «Акнун метавонӣ худро намоён созӣ». Мо инро намедонем, зеро ин гуна қазияҳо дар абъоди дигаре сурат мегиранд ва пушидаанд. Аммо ҳадафи мо аз ёдоварии он шарҳи моҳият ва чигунагии таблиғи Расули Худо (с) буд. Воқеан тавре мебинем, Расули Худо (с) барои қотили баҳодури бузурге ҳамчун Ҳамза (р) низ, ки ӯро на кам аз падари хеш дӯст медошт ва барояш мисли бародари аслие гиромӣ буд, раҳмату марҳамат зоҳир менамуд. Паёмбари Худо (с) ба хотири ислом овардани Ваҳшӣ даҳҳо роҳу воситаҳоро озмуда, аз ӯ саҳобае ба миён оварда буд. Агар таблиғ дар сиришту моҳияти Расули Худо (с) ҷой намедошт ва ба ҷузъе аз табиати Ӯ табдил намеёфт, магар имкон дошт, ки Паёмбари Акрам (с) инсонеро ҳамчун Ваҳшӣ бо исрор ба ислом даъват кунад? Албатта, не! Балки дар ин саъю талоши Ӯ ин ҳақиқат нуҳуфтааст, ки таблиғ яке аз сифатҳои аслии паёмбарон аст. Бинобар ин Ӯ наметавонист ба шеваи дигаре рафтор кунад.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Роҳу равиши таблиғи Султони Анбиё (с)

Дар зиндагии Сарвари ҳар ду олам (с) таблиғ асоси ҳастиву фитрати Ӯро ташкил менамуд. Ҳар вақте каси беғаразе пайдо намекард, ки таблиғ кунад, дилаш ба танг меомад ва нотоб мешуд, монанди ҳолати инсоне, ки дар пайи норасоии ҳаво ва ё истеъмол накардани ғизо авзояш беҷо мешавад. Дар ҳамин ҳол Ӯ нисбат ба хӯрдану нӯшидан ҳам бепарво буд ва гоҳе чанд рӯз пайдарҳам рӯза медошт. Баъзан бо қути лоямут рӯз мегузаронид ва гӯё дарду сӯзи таблиғ иштиҳояшро рабуда буд. Он гуна ки фариштагон бо зикру тасбеҳ зиндагӣ мекунанд, Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳам бо таблиғ зиндагӣ мекард. Ҳар боре ки садру синаи поке барои расонидани паёмаш пайдо менамуд, зиндадилу пурнишот мешуд. Абӯтолиб касе буд, ки Расули Акрамро (с) беш аз чиҳил сол ҳимоят намуд. Вақте Паёмбари гиромӣ (с) нубувваташро эълом кард, мушрикони Макка хостанд ба ӯ зиён расонанд, аммо Абӯтолибро дар роҳи худ ҳамчун садди душворгузаре дарёфтанд. Онҳо наметавонистанд, ки Абӯтолибро поймол нокарда, ба Расули Худо (с) даст биёбанд. Абӯтолиб ба хотири Расули Худо (с) дар муқобили тамоми мушкилот сина сипар карда, тоб оварда буд ва бар замми пириву нодорӣ маҷбур шуд бо таҳрими иқтисодии сесолае, ки мушрикон эълон карда буданд, дасту панҷа нарм кунад. Акнун ӯ дар бистари марг қарор дошт ва то поёни умраш нафасҳои башуморе монда буд. Расули Худо (с) сари ҳар фурсате, ки ба наздаш меомад, аз ӯ хоҳиш менамуд, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» бигӯяд, то фурсати шафоати Паёмбари Худоро (с) пайдо кунад. Аммо инсонҳои бадсириште, ки дар он асно ба даври Абӯтолиб гирд омада буданд, монеи ҳидояташ шуданд. Ӯ дар охирин нафасаш гуфт: «Бар дини Абӯтолиб (мемирам)». Аҷаб нест, ки ӯ фурсатро куллан аз даст дода буд. Паёмбари Худо (с) беихтиёр мегирист ва дар ин ҳол гуфт: «Бароят пайваста талаби истиғфор хоҳам кард, магар ин ки манъ карда шавам». Саранҷом нузули яке аз оятҳои Қуръон ба ин дарду ранҷи ҷигарсӯзаш хотима бахшид20. Ӯ дигар наметавонист барои Абӯтолиб ҳатто истиғфор талаб намояд, зеро ин оят чунин дастур медод: «Пайғамбар ва муъминонро раво набувад, ки барои мушрикон, агарчи хешӣ дошта бошанд – баъд аз он, ки ба онҳо ошкор шуд, ки он гурӯҳ бошандагони дӯзаханд – талаби омурзиш кунанд». Майлу хоҳиши Паёмбари Худоро (с) ба ҳидояти Абӯтолиб аз ҳама беҳтар Абӯбакри Сиддиқ медонист. Ӯ пас аз фатҳи Макка падари пиру солхӯрдааш Абӯкуҳофаро ба назди Расули Худо (с) овард, то ки мусулмон шуданашро эълон намояд ва дасти мубораки Расули Худоро (с) гирифта, мусофаҳа кунад. Вақте ин пири нобино имон оварда мусулмон шуд, Ҳазрати Абӯбакр ба гӯшае нишасту гиря кард. Паёмбари Худо (с) сабаби гиряашро пурсид ва он дӯсти қаринаш посух дод: «Эй Расули Худо (с)! Бисёр мехостам, ки падарам ҳидоят биёбад ва акнун Худованд ӯро ҳидоят намуд. Вале ман ҳидояти Абӯтолибро бештар аз ҳидояти падарам мехостам, зеро медидам, ки ту ҳам инро зиёд орзу мекардӣ. Аммо ба ӯ ҳидоят насиб нашуд. Ҳамин вазъият ба ёдам расиду маро ба гиря водор намуд»

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Вогузор кардани натиҷа ба Худо

Паёмбар натиҷа ва пазириши даъватро ба Худованд вогузор намуда, ҳаргиз ба ин мавзӯъ дахолат намекунад. Ӯ медонад, ки вазифааш танҳо аз таблиғ иборат аст ва натиҷаи он комилан ба иродаи Худованд бастагӣ дорад. Бо назардошти ин се мавзӯъ ҳоло моҳияту мушаххасоти таблиғро ҳамчун яке аз сифатҳои паёмбарон мавриди баррасӣ қарор дода, роҳу равиш ва услуберо, ки даъватгарони ҳар давру замон бояд риоят кунанд, арзёбӣ менамоем. Ҳамаи хоҳишу орзуямон аз он иборат аст, ки Парвардигори Мутаъол моро дар иҷрои вазифаи таблиғ ба сурате, ки мавриди ризои Ӯст, тавфиқ диҳад. Танҳо Худованд метавонад дар дили бандагонаш шавқу завқи таблиғро гузорад ва дар натиҷа онҳоро муваффақ гардонад. Ба Ӯ эътимод дорем ва бар Ӯ паноҳ мебарем.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Сифати дигари паёмбарон «таблиғ» аст

Агар шумо бихоҳед, метавонед онро таълими ҳақоиқи исломӣ ва ё «амри маъруф ва наҳйи мункар» биномед. Дар ин ҳол натиҷа тағйир намеёбад ва шумо ин сифати волои паёмбаронро номбар мекунед. Таблиғ ғояи ҳастии ҳар як паёмбар аст. Агар таблиғ намебуд, фиристода шудани паёмбарон маънӣ намедошт. Худованд бо фиристодани паёмбарон лутфу карами Худро нисбат ба инсоният зоҳиртар намуда, ба василаи онҳо раҳмонияту раҳимияташро таҷаллӣ сохтааст. Ва инъикоси ин лутфу таҷаллӣ ба инсонҳои дигар танҳо бо роҳи таблиғ сурат мегирад. Мисоли он ки Худованд бо гузоштани хуршеди оламтоб бар осмони башарият ҳамарӯза ҷилвае аз раҳмонияти Худро ба инсонҳо нишон медиҳад. Ин ҳамон офтобест, ки барои гармихоҳон гармӣ медиҳад, барои пухтаниҳо оташдон мешавад ва дар тавлиди зебоиҳои рангоранги табиат нақши мӯқалами рангмолиро иҷро мекунад. Ҳамин тавр паёмбарони изом низ монанди офтоб раҳмоният ва раҳимияти Парвардигорро нишон медиҳанд. Онҳо ва бахусус Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), ки ҳамчун ََّْ«раҳмате бар оламиён» фиристода шудааст, дар миёни инсонҳо тамсилгари раҳмонияту раҳимияти Парвардигоранд. Ин маънои онро дорад, ки агар Ӯ намеомад ва даъвои паёмбарони пешинро таҷдид намекард, раҳмати илоҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ бар инсонҳо мутаҷаллӣ намегашт ва инсон тани танҳо, ҳайрону саргардон дар биёбони пурдаҳшати куфру ҷаҳолат ва залолат мемонд. Замоне ки инсоният дар тангнои ҷаҳлу ваҳшат ба худ мепечид, нафасҳои ҳаётбахши Паёмбари Акрамро (с) эҳсос намуд ва дар партави Ӯ аз саргузашти паёмбарони дигар огоҳ шуд. Ба василаи анбиё инсон худро дар боғи сарсабзу хурраме эҳсос намуд, ки дар он ҳазорҳо анвои гул мерӯянд. Вагарна инсоният аз ваҳшату бекасӣ аз ақл бегона гардида, талаф мешуд. Бале, мо кистем? Аз куҷо омадаем ва ба куҷо меравем? Ин пурсишҳои ҳайратангез зеҳни моро пайваста машғул медоштанд ва дарди сари мо мешуданд. Инсон ба ин пурсишҳо посухе наёфта, маҷбур мешуд, ин дардро як умр таҳаммул кунад. Ҳамчунин манзараҳое монанди устухонҳои пӯсида дар қабр ба ёди инсон мерасиду танашро ларза ва дилашро тирагӣ фаро мегирифт. Гузашта аз ҳама, нестӣ ва андешаи нобуд шудан ва биму ҳароси ҳар лаҳза наздик шудан ба нобудӣ зиндагиро ба коми инсон талху заҳролуд месохт. Паёмбарон ба мо ғояи ҳаёт ва ҳақиқати маргро фаҳмонданд. Дар партави таълимоти онҳо дарёфтем, ки ба дунё омадани инсон ҳадафе дошта, аз дунё гузаштанаш ҳам ба ҳикмате вобаста будааст. Марг ҳам нестиву нобудӣ не, балки тағйири макон ва мураххасӣ аз вазифа аст. Қабр бошад дарест, ки ба олами охират кушода мешавад. Вақте инсон ин ҳақиқатро аз паёмбарон мешунавад, ҷаҳлу ваҳшаташ аз миён меравад ва дарду андӯҳаш ба роҳату осоиш табдил меёбад. Ҳаросу нигаронӣ аз қалбу зеҳни инсон зудуда мешавад ва ҷойи онро нишоту оромиш мегирад. Инак, паёмбарон ба мо ҳамин гуна паёмҳо овардаанд ва расонидани ин паёмҳо ба инсоният ғояи ҳастии онҳо мебошад. Мо вазифаи таблиғро як амри воҷиб ҳисобида, ба ҷо меоварем. Паёмбарон бошанд онро ҳамчун ҳикмату маънии зиндагӣ қабул дошта, бо чунин дарку шуурнокӣ масъулияти худро ба анҷом мерасонанд. Онҳо мегӯянд: «Ба дунё омадани мо ҳадафу ғояи дигаре надорад. Худованд моро ба сӯйи инсонҳо ба он хотир фиристодааст, ки торикиҳои росту чап, пеши рӯй, пушти сар ва поёну болои онҳоро пурнур бисозем, то онҳо битавонанд дар сироти мустақим бидуни кӯчактарин инҳирофе ҳаракат кунанд. Ба сурате ки шайтон натавонад аз ҳеҷ як ҷониб ба қалбу рӯҳи онҳо роҳ биёбад ва онҳо дар ин сафари тӯлонӣ дар роҳ дарнамонанд». Бале, такроран мегӯям: Мо таблиғро ба сифати як уҳдадорӣ анҷом медиҳем, аммо паёмбарон онро ба унвони ғояи офариниши худ медонанд.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ТАБИАТ САНЪАТ АСТ, СОНЕЪ БУДА НАМЕТАВОНАД

– Дар синф аз ҳама лоғар кист? – пурсидам ман. – Ба назарам Ориф аст, ҳамин тавр не?! – Бале муаллим, – посух дод Маҳмуд ва илова намуд: – Вале имонаш қавӣ аст! – Маҳмуд, файласуфиро мону гӯш кун! – гуфтам ман ва идома додам: – Тасаввур кунед, ки Ориф ба болои деви бадҳайбате нишаста, сайру гашт дорад. Ҳангоми сайру гашт, ӯ ба бинии дев нӯхта андохта, мӯйи сарашро қайчӣ мезанад, чашмонашро мекобад ва ба болои шикамаш пой мегузорад. Вале дев бо вуҷуди бадҳайбат буданаш, садое намебарорад ва эътироз намекунад. Ориф чӣ гуна ки хоҳад, муносибат мекунад. Агар шоҳиди чунин ҳолат шавед, гуфта метавонед, ки дев зиндаву солим аст? – Не, муаллим! – гуфт яке. – Дар ин ҳол дев сиҳату саломат буда наметавонад. Агар ӯ зиндаву солим бошад, оё мегузорад, ки Ориф чунин рафтор кунад?! – Бале, дуруст қайд кардед, – гуфтам ман. – Акнун, табиат ҳам ба ҳамин ҷонвар монанд аст ва мо монанди Орифем. Дар болои он гашту гузор мекунем, ҳар коре хоҳем, анҷом медиҳем. Заминро мешикофем, роҳ месозем, обу нафт мебарорем ва ғайра. Инсон ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳад ва бо вуҷуди чунин муносибат баъзеҳо табиатро офаридгор меҳисобанд. Агар табиат ақл медошт ва ба ин суханҳо сарфаҳм мерафт, эҳтимол, бисёр дар ғазаб мешуд. Охир, ин коре нест, ки асабӣ нашавӣ. Агар табиат воқеан коре анҷом дода метавонист, шояд инсонро барои офаридгор хонданаш ҷазо медод. Воқеан, ҷойи андеша аст, ки оё шумо чизи надоштаатонро метавонед ба касе диҳед? Ҳар он чизе, ки набошад, онро чӣ гуна ба каси дигар додан мумкин аст?! Ҳар кӣ чунин даъво дорад, ба вай ақли солим намерасад. Бинед, ки табиат ҳам ақлу ҷон, фикру андеша надорад, пас, инҳоро ба касе дода метавонад? – Не, наметавонад! – посух доданд бачаҳо. – Агар натавонад, пас, ҷисму ҷон ва ақлу ҳушро низ ӯ наофаридааст, – мақсади асосиро баён намуда, гуфтам ман. – Агар табиат қудрати офаридан медошт, аввал худро аз зери пойи инсонҳо мебардошт ва худ ҳастии олитарин мебуд. Мавҷуде, ки худ дар зери пойҳост, метавонад ҳастиро биофарад? Зиёда аз ин, оё метавонад мавҷуде офарад, ки аз худаш авлотар бошад? Мумкин аст, ки як афзалиятро худ надошта, ба дигарон бидиҳад? Албатта, не! Пас, ибораи «табиат офарид» асос дошта наметавонад. Чунки табиат худ санъат аст ва ҳар санъатро сонеъ ба миён меорад. Табиат худ мусаввара аст, мусаввир буда наметавонад. Дар ниҳоят, агар оламу одам ва мавҷудоти рӯйи заминро сабабҳо наофарида бошанд, онҳо тасодуфан ба миён наомада бошанд, табиат ҳам наофарида бошад, пас, онҳоро кӣ офаридааст? – Аллоҳ Таъоло! – гуфтанд аҳли синф. – Бале, ягона посухи дуруст ҳамин аст! Инсоне, ки ақли солим дорад ва андеша мекунад, ҳатман ба Худованд имон меорад. Ақл мутлақо роҳи имон ба Худоро тарҷеҳ мекунад.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ТАБИАТПАРАСТӢ

Бачаҳо, аслан, табиатпарастӣ ақидаи нав нест. Тарафдорони ин ақида дар аҳдҳои қадим пайдо шудаанд. Онҳо офтоб, моҳ ва ситораҳоро мепарастиданд. Дар гузаштаи начандон дур касоне ҳам буданд, ки дарахтро парастиш мекарданд. Оҳиста-оҳиста одамоне низ пайдо шуданд, ки ҳайвонҳоро муқаддас мешумориданд. Масалан, дар Ҳиндустон. Баъзе ҳиндуҳо говро муқаддас медонанд ва ҳатто онҳоро парастиш мекунанд. Чун гове дар байни роҳ хоб равад ва роҳи мошинҳоро банд кунад, касе онро нороҳат намекунад. Агар мабодо ронандаҳо мунтазир нашуда, говро бо садои мошин нороҳат кунанд, ҷазои шадид мебинанд. «Танҳо як китоб вуҷуд дорад, ки он ба рӯйи ҳама боз аст: китоби табиат. Ҳангоми хондани ин китоб ба Офаридгори бузург, ки онро ба вуҷуд овардааст, бовар мекунам. Барои нахондани он ҳеҷ гуна маъзарат вуҷуд надорад. Чунки ин китоб ба ҳама инсонҳо хитоб мекунад ва забонаш барои ҳама фаҳмост». Ж.Ж. Руссо Акнун бубинем, ки ҳамчун Худо парастиш кардани ҷузъе аз табиат дар замонҳои қадим чӣ гуна пайдо шудааст? Аслан, табиатпарастӣ падидаи кӯҳан буда, ба сабаби фаромӯш шудани дини ҳақ пайдо шудааст. Инсонҳо дар пайи мунҳариф шудан аз роҳи ҳақ, ки Худованд ба воситаи паёмбаронаш таълим додааст, дар натиҷаи ҷаҳолат ба парастиши табиат рӯй оварданд. Аммо табиатпарастие, ки дар аҳди қадим вуҷуд дошт, аз ин табиатпарастии замони мо фарқ дошт. Онҳо ҷузъҳои муайяни табиатро офаридгор меҳисобиданд. Баъзе ҷамъиятҳо аз нодонӣ ва ё аз тарс раъду барқро мепарастиданд, ё офтобро ба хотири равшану зебо буданаш парастиш мекарданд. Ё дарёро бинобар фоидаовар буданаш муқаддас мешумориданд. Баъзеҳо ба ситорагон саҷда мекарданд. Баъзеи дигар оташро мепарастиданд, ки он манбаи гармист. Хулоса, дар сурати фаромӯш шудани динҳои ҳақ инсонҳо аз тарс ва ё аз дӯстдории зиёд ҷузъе аз табиатро ҳамчун Худо пазируфта, парастиш кардаанд. Аммо табиатпарастони имрӯза намегӯянд, ки кадом ҷузъи табиат офаридгор аст, балки онро дар умум «офаридгор» мегӯянд. Ин сухан аз мантиқ дур аст, зеро худи табиат вуҷуди якпорча нест. Дар ин сурат бояд гуфта шавад, ки кадом ҷузъи он офаридгор аст?! – Муаллим, шояд онҳо гуфтан мехоҳанд, ки ҳама ҷузъи табиат офаридгор аст, – луқма партофт хонандае. – Агар манзурашон ҳамин бошад, биёед, чунин андешаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем, – пешниҳод кардам ман. Маҳмуд гуфт: – Муаллим, ба фикри ман, инҳо андешаҳо кирои таҳлил ҳам нестанд. – Дуруст мегӯӣ, Маҳмуд, – гуфтам ман. – Вале ба ҷойи хати бутлон кашидан ба сари ин андешаҳо, онҳоро аз ҷиҳати илмӣ таҳлилу баррасӣ кардан муфидтар аст. Бояд инсон аз лиҳози ақлу мантиқ қонеъ гардад. Бад-ин васила, имонаш ҳам тақвият меёбад. Аввал худи табиатро бигирем. Табиат як асар аст ва ҳар асар оғозе дорад. Аз нигоҳи илм замоне буд, ки табиат вуҷуд надошт. Он баъдан офарида шуд. Ҳар он мавҷуде, ки оғоз дорад, аз ҷониби офаридгоре офарида шудааст. Пас, он офаридгор кист? Магар мо метавонем дар посухи ин савол гӯем, ки офаридгор табиат аст? Агар чунин гӯем, бояд худ аз худ пайдо шудани табиатро қабул кунем, ки имконнопазир будани инро дар дарсҳои пешин гуфта будем. Шояд табиат худро офаридааст? Ё шояд баъзе сабабҳо ба ҳам омада, онро ба миён овардаанд? Чунин буда наметавонад, зеро мо исбот карда будем, ки сабабҳо хосияти офарандагӣ надоранд. Пас, офаридгори табиат кист? – Аллоҳ Таъоло! – гуфтанд бачаҳо. – Албатта, Аллоҳ Таъолост! Ҳамаи ин зебоиҳо ва ин тартибу низомро касе офарида метавонад, ки илму қудрати беинтиҳо дошта бошад. Оё касе ба ҷуз Ҳақ Таъоло метавонад чунин корро анҷом диҳад? Акнун бинед, бачаҳои азиз, ки агар табиатро офаранда бигӯем, чӣ қадар бемантиқ мешавад, зеро табиат худ асари офариниш аст. Агар табиат ақл медошт, аз ин суханони бемантиқе, ки дар ҳаққи ӯ гуфта мешаванд, ба ғазаб меомад. Биёед, бо як мисол ба ин мавзӯъ равшанӣ андозам.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ОЁ ТАБИАТ ОФАРАНДА БУДА МЕТАВОНАД?

Мавзӯи дарси минбаъда табиат буд. Гуфтам: – Барои фаҳмидани он ки табиат қудрати офаридан надорад, аввал бояд чӣ будани онро бидонем. Пас, табиат чист? Бачаҳо гуфтанд: – Дарёву баҳрҳо, дашту биёбон, ҷангалу бешазор, ҳайвоноту наботот, моҳу ситорагон ва осмону замин ҳама дар якҷоягӣ табиатанд. Вақте ки табиат мегӯем, пеш аз ҳама чунин мафҳумҳо пеши назар меоянд. Аҳли синф дуруст номбар карданд. – Хуб, акнун бигӯед, оё мавҷудоти зикршуда, ки дар маҷмӯъ табиатро ташкил мекунанд, офаридгор буда метавонанд? Як касе, ки аз ҳама бештар мехост назарашро баён кунад, гуфт: – Муаллим, албатта, табиат офаридгор аст. Чунки дар китобҳову дарсҳо ва ҳатто дар радиову телевизион ибораи «модар – табиат» ва «табиат офарид» бисёр истифода мешавад. Агар чунин намебуд, ин тавр намегуфтанд. Маҳмуди файласуф ҳам аз посухи ҳамсинфаш ва ҳам ба хотири аввал сухан нагуфтан асабӣ шуд. – Марҳамат, Маҳмуд, – ба вай навбат дода, сӯяш ишорат кардам ман. – Вале хоҳиш мекунам, ки бе асабоният фикратро баён намоӣ. Ӯ гуфт: – Муаллим, табиат офаридгор буда наметавонад. Ин андеша асоси илмӣ надорад ва гузашта аз ин хилофи ақлу мантиқ аст. Дар дарсҳои қаблӣ гуфтем, ки сабабҳо ва тасодуф ақлу шуур, илму дониш надоранд. Табиат ҳам мисли онҳост ва хосияти офарандагӣ надорад. – Офарин, Маҳмуд, бисёр дуруст қайд кардӣ, – тасдиқ намудам ман. – Вале суханони ҳамсинфат ҳам аз он ҷиҳат дуруст буд, ки дар баъзе китобҳо ва барномаҳои телевизионӣ табиатро офаридгор мегӯянд. Аммо худи табиат, ки офарида шудааст, ҳаргиз наметавонад офаридгор бошад.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ВИТАМИНҲО СУРОҒАРО АЗ КУҶО МЕДОНАНД?

Барои фаҳмидани он ки корҳо ҳеҷ гоҳ тасодуфан ба низом намедароянд, фаъолияти муназзами узвҳои инсон мисоли хуб буда метавонанд. Оё мумкин аст, ки ҷо ба ҷогузории аъзои бадан тасодуфан сурат гирифта бошад? Масалан, дар қисми сар ҷойгир будан ва дар ҳамоҳангии комил қарор доштани чашму гӯш ва даҳону бинӣ натиҷаи тасодуф буда метавонад? Магар чашмони инсон тасодуфан андозаи якранг гирифтаанд? Оё бинӣ тасодуфан дар байни рӯй ҷой гирифтааст? Дар ду тарафи сар ҷой гирифтани гӯшҳо, ки як шаклу андоза доранд, тасодуф аст? Тартиби ҷойгиршавии дандонҳо дар даҳон метавонад, ки тасодуф бошад? Ин гуна саволҳоро зиёд пурсидан мумкин. Вале ман фақат як ҳолатро пурсидан мехоҳам: Рагҳои хунгарди инсон витамину элементҳоро ба суроғаи лозимӣ чӣ гуна мерасонанд. Ин рагҳои нозуку борик дар сурате болои витамину элементҳо ҳеҷ суроғае навишта нашудааст, бе кӯчактарин иштибоҳ тақсимоти витаминҳоро анҷом медиҳанд. Маълум аст, ки агар ҳангоми тақсимоти витаминҳо як хатое сар занад, мумкин аст натиҷаҳои ғайричашмдоште ба миён ояд. Масалан, бо сабаби аз меъёр зиёд будани витамин яке аз дандонҳо метавонад ниҳоят калон шавад. Тасаввур кунед, ки дандони аз ҳад калон инсонро чӣ қадар нороҳат мекунад. Дар ҳамин вақт Алӣ гуфт: – Муаллим, чунин дандонро канда гирифтан даркор! – Дуруст, – гуфтам ман. – Вале агар гӯшамон чунин шавад, чӣ? Тасаввур кунед, ки гӯшҳо баробари сар калон шаванд. Бачаҳо табассум карданд. Онҳо гоҳ гӯшҳояшонро, гоҳ биниашонро медоштанд, гӯё то ҳол ба онҳо диққат надода бошанд. Дар ин бахши сухан бо нияти ҷамъбаст кардани мавзӯи дарс гуфтам: – Акнун бигӯед, ки тасодуфан мавҷуде ва ё кори ботартибу низоме ҳосил мешавад? Гуфтанд: – Не, ҳаргиз. Гуфтам: – Яъне аз сабаби он ки тасодуф худ кӯру кар ва бешуур аст, ҳар он чизе, ки тасодуфан ба майдон ояд, бемазмун ва бетартиб мешавад. Оё дидаед, ки ягон ҷузъи одаму олам бемаънӣ, бемантиқ ва бетартибу низом бошад? Аҳли синф бо як овоз гуфтанд: – Не! Вале аз байни онҳо яке эътироз карда, гуфт: – Муаллим, ба андешаи ман, дар баъзе ҳодисоти олам бетартибиву бенизомӣ дида мешавад. – Шояд дар назар чунин намояд, – гуфтам ман ва пурсидам: – Канӣ, бигӯ, то бубинем, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Кадом ҳодисаву зуҳурот аз нигоҳи ту бемаврид аст. – Масалан, борон, муаллим, – гуфт ӯ. – Баъзан бамавриду бемаврид меборад, заминҳо лой мешаванд ва сел меояд. Илова бар ин, инсонҳо бемор мешаванд. – Бачаҳо, ба мисоли овардаи рафиқатон шумо чӣ андеша доред? – пурсидам ман. – Хуб, марҳамат сардор! – Муаллим, борон фоидаҳои бешумор дорад, гуфт ӯ. – Масалан, агар борон наборад, мумкин аст, ки инсонҳо аз беобӣ ранҷ кашанд. Ҳайвоноту наботот ҳам зиён мебинанд. Борон он қадар муфид аст, ки гузаштагони мо онро «Раҳмат» номидаанд. Агар каме дер борад, ё наборад, деҳқонон дарҳол ба дуои борон баромада, аз Худо боридани боронро талаб мекунанд. – Оё борон зараре ҳам дошта метавонад? – пурсидам ман. – Бале, баъзан зарар ҳам мерасонад, аммо дар ин ҳолатҳо борон гуноҳе надорад. Аслан, худи инсон гунаҳкор аст, ки барои пешгирӣ кардани зарарҳои эҳтимолӣ тадбирҳои пешгирикунанда намеандешад ва эҳтиёт намекунанд. Дар вақти боридани борон инсон бояд либоси гарм пӯшад, чатр гирад, ё ин ки кори зарур надошта бошад, берун набарояд, то бемор нашавад. – Офарин, сардор, – гуфтам ман, – фикр мекунам, ки мавзӯъ фаҳмо шуд. Вазифаи хонагии Алӣ ҳамин, ки сухани пурҳикмати файласуфи машҳури Юнон Демокритро навишта, ба лавҳи синфхона овезад: «Дар олам тасодуф ҷой надорад!» Агар касе даъво кунад, ки ҳавопаймо худ аз худ пайдо шудааст, ӯро девона мегӯянд. Пас, вақте мегӯянд, ки ин олам тасодуфан пайдо шудааст, чӣ бояд гуфт?

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ДАР ОЛАМ ТАСОДУФ ҶО НАДОРАД!

– Бачаҳо! Оё кореро ёд доред, ки тасодуфан иҷро шуда бошад? Фарз кардем, ки иҷро шуд, оё дурусту ботартиб мешавад? Боз фарз кунем, ки кори шумо як бор тасодуфан дуруст иҷро шуд. Магар он такрор ба такрор дуруст иҷро мешавад?! Агар посухи ҳамаи ин саволҳо мусбат бошад, пас, гуфта метавонем, ки дунё тасодуфан ба вуҷуд омадааст. Як мисол меорам. Масалан, ман бӯри дар дастам бударо ҳаво медиҳам ва он ба бинии хонандаи мизи охирин мерасад. Албатта, ин кор чандон осон нест, аммо фарз кардем, ки ҳамин тавр шуд. Бӯрро дубора ҳаво медиҳам, боз ба ҳамон ҷое мерасад, ки пештар расида буд. Ин корро чанд боре анҷом медиҳам, натиҷа як аст. Ҳар дафъа бӯр ба як ҷо рафта мерасад. Савол ин аст, ки оё ҳамин ҳодиса тасодуфӣ буда метавонад? Сардори синф ба саволи мо дуруст ҷавоб дод: – Муаллим, – гуфт ӯ. – Чунин ҳодиса ногаҳонӣ ё тасодуф буда наметавонад. Он танҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки шумо нишонраси моҳир ва дар ин кор беназир бошед. Амалу ҳодисаро ҳамон вақте тасодуфӣ мегӯянд, ки як ё ду маротиба ногоҳ ё нохост руй дода бошад. Тасодуф мисоли сабабҳо як падидаи беҳиссу бешуур аст. Аз ин рӯ, як амале, ки бо донишу маҳорати олӣ анҷом дода мешавад, ҳамчун тасодуф чандин маротиба рух дода наметавонад. Агар амале берун аз донишу фаҳмиши мо такрор ба такрор иҷро гардад, онро ҳодисаи ногаҳонӣ ва ё тасодуф гуфта наметавонем. Балки бояд хулоса кунем, ки иҷрокунандаи он амал бошуур ва тавоност. – Офарин, сардор! – гуфтам ман. – Хулосаи дуруст баровардӣ. Акнун, ман ҳам мехоҳам, ки дар робита ба мавзӯъ латифаеро қисса кунам. – Албатта, муаллим! – гуфтанд бачаҳо. – Нобиное дар роҳ талбандагӣ мекард. Марде бошитоб омада, ба ӯ бархӯрд ва суханҳои парешон гуфт: – Кӯрӣ магар? Ман-ку намебинам, ту чӣ? Пешатро нигоҳ кунӣ, чӣ мешавад? Талбандаи нобино ҳайрон шуда гуфт: – Магар ту ҳам нобиноӣ?! – Ҳа, ман ҳам нобино ҳастам, – гуфт мард. – Пас, ман ба нобинои дигаре бархӯрдам, ҳамин тавр?! Хайр, бубахш маро! Агар ту маро нафаҳмӣ, дигар кӣ мефаҳмад?! Ҳамин тавр ду нобино бо ҳамдигар дарди дил карданд. Талбандаи нобино аз ҳамқисматаш пурсид, ки чӣ қадар пул дорад. Мард пули доштаашро бароварда нишон доданӣ шуд. Нобино пулҳоро аз дасти ӯ гирифту гурехт. Вай гумон карда буд, ки соҳиби пулҳо нобиност ва аз пайи ӯ омада наметавонад. Вале кор ранги дигар гирифт. Ҳамин ки чанд қадам бартар гузошт, дар тахтапушташ зарби сангро эҳсос кард. Нобино ба зарби хӯрдааш тоқат карда, дубора роҳи гурезро пеш гирифт. Аммо ба пушташ санги дигаре бархӯрд. Сипас, боз яктои дигар. Ниҳоят, санг болои санг пушташро нишон мегирифт. Ӯ ночор дар ҷояш истод. Фаҳмид, ки соҳиби пулҳо нобино нест. Пас, гуфт: – Бародар, ин чӣ гап?! Охир, сангҳое, ки ту ба сӯи ман ҳаво додӣ, ба партофти нобиноён монанд нест. Маълум аст, ки ҳар як санги ҳавододаи нобино тасодуфан ба ҳадаф расида наметавонад. Агар ҳодиса чунин сурат гирад, пас, ӯ нобино нест, балки дақиқ мебинад. Вақте дар мавриди низому интизоми олам андеша мекунем, мебинем, ки ба таври ногаҳонӣ ва тасодуфан ба вуҷуд омадани чунин зебоии назаррабо номумкин аст. Дар робита ба мавзӯъ танҳо чанд мисолро ёдовар шудан кофист: 1. Агар қабати болоии кураи Замин аз ҳолати мавҷудааш ба андозаи якчанд қадам ғафстар мешуд, гази ангиддриди карбон оксигенро фурӯ мебурд ва дар натиҷа ҳаёти мавҷудоти зинда дар рӯйи замин номумкин мебуд. 2. Агар табақаи атмосфера аз будаш каме тунуктар мешуд, астероидҳо ба замин афтода, ҳамаи мавҷудоти рӯйи заминро месӯзонданд. 3. Агар нури офтоб ба замин ним баробар кам мерасид, ҳама ҷо ях мебаст. Агар як маротиба зиёдтар мебуд, мавҷудот сӯхта хокистар мешуд. 4. Агар моҳтоб 30.000 км наздиктар қарор мегирифт, дар натиҷаи обхезӣ тамоми рӯйи замин зери об мемонд. 5. Агар оксигени таркиби ҳаво 21% не, балки 50% мебуд, тамоми ашёи оташангез аз як раъду барқ сӯхта, хокистар мешуд. 6. Агар борон намеборид, рӯйи замин ба як биёбони хушку холӣ табдил меёфт. Обу шамол намебуданд, дар замин мавҷуди зинда намемонд. Агар об ҳангоми бухоршавӣ аз намак ҷудо намешуд, ҳаёт вуҷуд намедошт. 7. Агар оби баҳрҳо ширин мебуданд, бӯи бад пайдо мекарданд ва аз сабаби он бӯй зиндагӣ кардан номумкин мешуд. Намак обро аз вайроншавӣ ва бадбӯӣ нигоҳ медорад. Агар хлор бо натрий омезиш намеёфт, намак ҳосил намешуд. Намак намебуд, ҳаёт ҳам намебуд. 8. Агар меҳвари замин ба ҷойи 23 дараҷа каҷ будан росту беҳаракат мебуд, борон аз ҳисоби оби бухоршудаи уқёнусҳо фақат дар шимолу ҷануби кураи замин меборид. Дар он сурат пиряхҳои калон ба вуҷуд омада, фаслҳои тобистону зимистон доимӣ мешуданд. Дар натиҷа тамоми мавҷудот нобуд мегардид. 9. Агар қувваи ҷозиба намебуд, атом ва қисмҳои атом ҳосил намешуданд. 10. Агар электронҳо бо протонҳо ба ҳамдигар часпон мебуданд, ҳаҷми кураи замин мисли тухм кӯчак мешуд. Миқдори ин мисолҳоро метавон ба садҳо расонд. Аз ин бармеояд, ки сабабҳои беҳисоб ба ҳам оварда шудаанд, то ки дунё шарту шароити кунунияшро гирад. Оё ба ҳам омадани ҳамаи ин шарту сабабҳо тасодуф буда метавонад?! Инсон, ки худ аз худ пайдо шудани як расм, ё ин ки як ашёи одиро қабул надорад, чӣ гуна метавонад қонуну ҳодисаҳои табиатро тасодуф ҳисобад?

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

НАБИНЕМ, БОВАР НАМЕКУНЕМ?!

Дар дарси оянда ният доштем, ки имкони тасодуфан ба миён омадан ва ё наомадани ашёву ҳодисотро баррасӣ намоем. Вале ман ба хонандаҳо супориш дода будам, ки мавзӯи дарси гузаштаро таҳқиқ намоянд. Акнун ба хотири такрори мавзӯи дарси гузашта далелҳои овардаашонро бояд мешунидам. Хонандае, ки аввал шуда даст боло кард, мехост дар мавриди сабабҳои ба чашм ноаён будани Худованд сухан гӯяд: – Дар замоне, ки мо зиндагӣ дорем, дигар суханҳое монанди «ман чизеро, ки набинам, бовар намекунам» эътибор надоранд, зеро чунин иддао хилофи илми муосир аст. Кайҳо исбот шудаааст, ки дар дунё мавҷудоти зиёде ҳастанд, ки онҳоро бо чашми сар дида намешавад. Масалан, ҳаво. Ҳавое, ки зиндагии инсонро бе он тасаввур кардан номумкин аст, дар ҳама ҷо ҳаст, аммо дида намешавад. Ман пурсидам: – Ҳоло дар назди ҳама ҳаво вуҷуд дорад? Гуфтанд: – Албатта, ҳаво моро иҳота кардааст. Гуфтам: – Чӣ гуна мефаҳмем, ки он ҳаст? Гуфтанд: – Ҳангоми нафас кашидан ё вақте ки шамоли салқин ба рӯямон мевазад. Гуфтам: – Маълум мешавад, ки барои будани чизеро эътироф кардан шарт нест, ки онро бо чашм бубинем. Мумкин аст, ки бо ҳиссиёти дигар бифаҳмем. Чунон ки Худоро дида наметавонем, вале офаридаҳои Ӯро дидаву эҳсос намуда, қабул дорем. Хонандаи дигар ин ҳикояро нақл кард: – Мункире бо мақсади гумроҳ кардани мардум ба деҳот рафт. Вақте мардум диданд, ки ба деҳи онҳо меҳмон омадааст, ҳама дар атрофаш ҷамъ шуданд. Пас аз пешвозу шиносоӣ мард фурсат ёфта, мавзӯи имону эътиқодро дар миён гузошт. Ӯ ба кӯҳе ишора карда гуфт: – Кӯҳро дидед? Мардум гуфтанд: – Бале, дидем. Мард гуфт: – Албатта, дидед, чунки он кӯҳ вуҷуд дорад. Сипас, ба чашма ишора карда гуфт: – Ана он чашмаро чӣ? Мардум ҷавоб доданд: – Албатта, мебинем. Гуфт: – Он дарахтонро чӣ, мебинед? Мардум мақсади пурсишҳои ӯро нафаҳмида, ба саволҳояш ҷавоб додан гирифтанд: – Албатта, мебинем. Сипас, ӯ гуфт: – Мебинед, чунки онҳо ҳастанд. Акнун гӯед оё Худоро мебинед? Гуфтанд: – Не, Худоро намебинем. Он гоҳ, ӯ мақсадашро баён кард: – Албатта намебинед, чунки Худо нест. Мардуми деҳот якбора дар ҳайрат афтода, ба ҳамдигар менигаристанд ва баъд ба меҳмон гуфтанд: – Тавба кун, наход ҳастии Худоро инкор намоӣ! Дар ҳамин асно донишманде дар миёни онҳо буд ва ӯ пештар баромада, гуфт: – Эй мардум, акнун ба чанд саволи ман ҷавоб гӯед. Оё мардеро, ки ба меҳмонии мо омадааст, мебинед? Гуфтанд: – Бале, мебинем. Донишманд гуфт: – Албатта, мебинед, чунки ӯ вуҷуд дорад! Кӯлоҳи ӯро мебинед? Мардум гуфтанд: – Бале, мебинем. Донишманд гуфт: – Албатта, мебинед, чунки кӯлоҳаш ҳаст. Акнун, бигӯед, ки ақли ӯро мебинед? Мардум гуфтанд: – Не, намебинем. Донишманд гуфт: – Албатта, намебинед, чунки ин мард ақл надорад! Дар пайи ин, мардум он мардро аз деҳа бароварда, пеш карданд. Сипас, онҳо ба донишманд гуфтанд: –Худо туро ҳифз кунад, илматро зиёда гардонад! Наздик буд, ки ин мард моро гумроҳ кунад. Қиссаи хонанда ба аҳли синф хуш омада буд. Вақте хонанда нақлашро ба поён расонд, ба ӯ гуфтам: – Офарин, писарам! Пас, ҳар касе гӯяд, ки ман Худоро намебинам, аз ин рӯ ба ҳастияш бовар надорам, дар асл ақли худро инкор мекунад. Ва гӯш додан ба суханони чунин касе ҳам кори боақлона нест. \* Сипас, аз аҳли синф пурсидам: – Боз кадом чизҳо ҳастанд, ки мо онҳоро дида наметавонем? Зуҳал гуфт: – Қувваи барқро дида наметавонем. Мо мавҷудияти онро аз равшании фурӯзонак, аз гармии дарзмол ва аз ҳаракати троллейбус мефаҳмем. Моҳият ва чигунагии қувваи барқро бо чашм набинем ҳам, вақте он ҷисми инсонро ба ларза медарорад, нерӯяшро хуб эҳсос мекунем. – Офарин, бачаҳо! – иштироки фаъоли онҳоро қадр кардам ман. – Маълум шуд, ки мисолҳо зиёд буда метавонанд. Акнун, биёед, таҳлил кунем, ки оё дар дунё тасодуф ҷой дорад ё не?! Барои касоне, ки бинобар ноаён будани Худо ба ҳастияш бовар надоранд, ҳаракати киштӣ дар рӯйи об мисоли хубе буда метавонад. Ҳангоми шино кардан киштӣ аз ҷониби киштирон идора карда мешавад, дар ҳоле ки худи ӯ ба чашм намоён нест. Ҳаракати мавзуни киштӣ худ гувоҳ аст, ки онро киштирони моҳире идора мекунад. Касоне, ки ҳастии Худоро инкор мекунанд, рӯйи ин мисол бояд хуб андеша кунанд.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ЧАРО ХУДОРО НАМЕБИНЕМ?

Вале суолҳои мункир ба анҷом нарасида буд: – Боз як савол дорам, – гуфт ӯ. – Барои пурра имон оварданам ба ин савол ҷавоб деҳ! Имоми Аъзам оромона гуфт: – Бифармо! Мункир, ки аллакай табъаш хира шуда буд, чунин пурсид: – Агар Худо бошад, чаро мо ӯро намебинем? Имоми Аъзам гуфт: – Ба суоли шумо посух мегӯям, аммо бигзор аввал шир оваранд, то ки суҳбатамон гарм шавад. Мункир гуфт: – Бале, дар ин ҳол шир нӯшида, суҳбат мекунем! Шир оварда шуд. Онҳо барои ширин карданаш ба шир асал илова карданд. Вақте мункир хост ширро бинӯшад, Имоми Аъзам ба ӯ боз як қошуқ асал дароз карда, гуфт: – Марҳамат, ширатонро ширин карда нӯшед! Марди мункир посух дод: – Ташаккур, ман ба шир асалро омехта кардам, шир аллакай ширин аст. Акнун шумо ба суоли ман посух диҳед! Имоми Аъзам гуфт: – Не, аввал шумо гӯед, ки ҳамин асал дар куҷост. Бовари ман намеояд, ки шири шумо ширин бошад, зеро ман дар он асалро намебинам. Мункир гуфт: – Магар асали дар шир ҳалшударо дидан мумкин аст? Онро бо чашм дида намешавад, балки ҳар гоҳе нӯшед, ширин буданашро ҳамон вақт мефаҳмед. Ман намефаҳмам, ки ширу асал ба мавзӯи мо чӣ дахле дорад. Шумо ба саволи ман посух гӯед. Имоми Аъзам гуфт: – Шумо нагузоштед, ки ман ба саволатон посух гӯям, балки худатон посухашро додед. – Чӣ тавр? – пурсид мункир. – Ҳамин тавр! – гуфт Абӯҳанифа, – Ба чашм намоён набудани асали шир далели набудани он нест. Аллоҳ Таъолоро ҳам бо чашми сар дида намешавад. Дар ин дунё аксарияти ҳастӣ ба чашми инсон намоён нест, вале мавҷудияти онҳо аз рӯйи таъсиру осоре, ки ба миён меоранд, пай бурда мешавад. Баъзан ҳастии онҳоро на бо чашм, балки бо ҳиссиёти дигар пай мебарем. Шумо дар ҳоле ки асали ширро намебинед, даъво доред, ки мехоҳам Худоро бубинам. Ҳол он ки ҳисси биноӣ маҳдуд аст. Аз ин рӯ, инсон Худои худро бо чашми сар набинад ҳам, осору офаридаҳои Ӯро мебинад ва аз ҳастии Ӯ огоҳӣ меёбад. Мард дубора бетоб шуд ва аҳволаш бад гардид. Чӣ кор карданашро намедонист. Ба фикр фурӯ рафт. Сипас, гуфт: – Майлаш, охирин савол. Агар ба ин ҳам посух бидиҳӣ, ман имон меорам ва мусулмон мешавам. Имоми Аъзам хушҳол шуд ва гуфт: – Марҳамат! Мард гуфт: – Хуб, қабул кардам, ки Худо ҳаст ва фаҳмидам, ки чаро Ӯро намебинем. Акнун ба ман бигӯй, ки Худованд айни ҳол чӣ кор карда истодааст? Имоми Аъзам гуфт: – Саволатон бисёр осон аст. Вале барои посух додан мехоҳам шумо аз минбар поён оед. Марди ҳайратзада аз ҷо бархост ва аз минбари баланд ба поён фаромад. Сипас, Имоми Аъзам ба он минбар баромада, ба ӯ нигарист ва гуфт: – Айни ҳол Худованд як мункирро аз ин минбар поён фаровард ва мани хурдсолро ба минбар боло бурд. Марди мункир дар ниҳоят имон оварда, мусулмон шуд.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ОЁ КУПРУК ХУД АЗ ХУД ПАЙДО МЕШАВАД?

– Акнун, биёед, ҳодисаеро баррасӣ намоем, ки ба мавзӯи мо равшанӣ меандозад. Шумо Абӯҳанифа Имоми Аъзамро мешиносед ва олиму фақеҳи бемисл будани ӯро медонед. Аз он ки мо дар мазҳаби ҳамин олими бузург ҳастем, моро ҳанафӣ мегӯянд. Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар овони бачагӣ ҳам бисёр доно ва закӣ буд. Дар aйёми хурдсолии ӯ мункире ба Бағдод омад ва аз мардум талаб намуд, ки мавҷудияти Худоро ба ӯ исбот кунанд. Онҳо Абӯҳанифаро нишон дода, гуфтанд: – Ҳамин донишманди хурдсоли мо ҳастии Худоро ба ту шарҳ медиҳад. Мункир ба Абӯҳанифа бо чашми таҳқир назар карда, гуфт: – Канӣ бинем, чӣ медонӣ?! Мардум ҷамъ омада, он мардро болои минбаре шинонданд. Ӯ аз минбар ҳавобаландона ва такаббуромез ба поён нигарист. Он гоҳ Абӯҳанифа гуфт: –Китобҳоям дар хонаанд. Аввал бояд китобҳоямро биёрам. Ба ӯ иҷоза доданд ва ӯ рафта, ба зӯдӣ наомад. Косаи сабри мардум лабрез шуд. Аз интихобашон дар андеша афтода, байни худ гуфтанд, ки кош каси дигаре пешниҳод карда мешуд. Дар ин муддат мункир мардумро ба ҷон овард. Вай мегуфт, ки куҷост донишманди шумо?! Аммо мардум пай бурданд, ки ба Имоми Аъзам ҳодисаи ғайри чашмдошт рух додааст, зеро ӯ бисёр ростқавл буд. Агар ваъда медод, ҳатман дар ваъдааш меистод. Агар ӯ нияти омадан намедошт, ҳатман мегуфт ё хабар мерасонд. Ҳамин тавр, бо гузашти вақти зиёде донишманди хурдсол баргашт. Мардум аз омадани ӯ шод шуданд. Мункир бошад худбоварона ба Имоми Аъзам гуфт: –Чаро дер кардӣ? Ё тарсидӣ, ки ҳастии Худоро исбот карда наметавонӣ?! Имоми Аъзам оромона посух дод: –Не, ман наметарсам. Чунки ҳастии Худоро исбот кардан мушкиле надорад. Фақат дер омаданам бесабаб набуд. Хонаи ман дар он тарафи дарё аст. Вақте ки ба он тараф гузаштам, сел омада, купрукро шуста бурд. Дигар на купруке монд, на қаиқе, ки ман бозгардам. Он гоҳ, мункир гуфт: –Пас, чӣ гуна баргаштӣ? Имоми Аъзам гуфт: –Вақте ба соҳил омадам, дидам, ки сангҳои калон ғелон-ғелон омада, болои ҳам истоданд ва сутунҳои мустаҳкамро ташкил намуданд. Сипас, аз ҳаво тахтаҳо парвозкунон омада, дар болои сутунҳо ҷой гирифтанд. Он гоҳ, мехҳо монанди тири аз камон парида ба рӯйи тахтаҳо рехтанд ва онҳоро ба пояҳо маҳкам куфтанд. Баъд хоки соҳил худ аз худ ба болои тахтаҳо фурӯ рехт. Ҳамин тавр як купруки муҳташам ба монанди роҳи калон ба вуҷуд омад ва ман аз болои он ба тарафи дигари соҳил гузаштам. Мардум аз суханони Имоми Аъзам ҳайрон шуданд. Мункир бошад, бовараш ба худ зиёдтар шуд ва мағрурона гуфт: –Эй мардум, ман вақти масхарабозӣ надорам. Шумо донишманд гуфта, чӣ касеро овардед?! Имоми Аъзам гуфт: –Кадом сухани ман ҷойи шубҳа дорад? Мункир гуфт: –Аз аввал то охир! Худ аз худ ба вуҷуд омадани купруки калонеро қисса кардӣ. Магар ягон чӣ худ аз худ пайдо мешавад? Чашмони Имоми Аъзам аз хушҳолӣ дурахшиданд. Ӯ гуфт: –Хуб, сохтани купрук мураккаб аст ё сохтани дунё? Мункир гуфт: –Албатта, сохтани дунё. –Ин тавр бошад, чаро мегӯӣ, ки дунё худ аз худ пайдо шудааст? Агар як купрук худ аз худ ба вуҷуд омада натавонад, ин дунё чӣ хел худ аз худ ба вуҷуд меояд? Дуруст мегӯӣ, ки купрук бе усто намешавад. Пас, як дунёи бузург чӣ хел бе Офаридгор пайдо мешавад? Ба назари ман, аҳволи касе, ки Худоро инкор мекунад, ба ҳолати пашшае монанд аст, ки ҳангоми парвоз ба шишае бархӯрда, беист пар мезанад. Ин пашша аз тазоди ҳисси биноӣ ва ҳисси ломиса огоҳӣ надорад, натиҷаи мантиқӣ бароварда наметавонад ва соатҳо пар зада, якравӣ мекунад. Пашша ба ҳастии садде, ки дар назараш ноаён аст, бовар накарда, мехоҳад аз миёнаш ба он сӯи тиреза гузарад. Дар як лаҳза ҳолати мункир якбора тағйир ёфт. Ӯ аз ғояти қаҳру ғазаб сурх шуд. Хандидан мехост, аммо наметавонист. Парешонҳолӣ ва ноилоҷӣ ӯро фаро гирифта буд. Гуфт: – Майлаш қабул дорам, ки ин дунё ҳам худ аз худ пайдо нашудааст. Онро Офаридгоре ҳаст. Пас, Имом гуфт: – Он Офаридгор Аллоҳ Таъолост!

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ТАСОДУФ Ё ХУД АЗ ХУД БА ВУҶУД ОМАДАН

Ақидаи гурӯҳи дигар, ки ҳастии Худоро инкор мекунанд, аз он иборат аст, ки пайдоиши ҳамаи мавҷудотро ба тасодуфҳо нисбат медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳама чӣ худ аз худ, яъне тасодуфан пайдо шудааст. Ҳоло биёед бубинем, ки оё ашё ва мавҷудот худ аз худ ба вуҷуд меоянд? Ягон чизе ҳаст, ки тасодуфан пайдо шуда бошад? Масалан, ҳамин бинои мактаб, ки мо дар дохили он ҳастем, агар гӯем, ки худ аз худ пайдо шудааст, кӣ бовар мекунад? Агар ман бигӯям, ки сел омада, хиштҳоро тела дода овард ва болои ҳам гузошта, девор сохт. Аз пайи ин, бомпӯшҳо рӯ-рӯи осмон парида омаданд ва дар болои бом нишастанд. Мисоли овардаам ниҳоят сода буд. Бачаҳо шухӣ гумон карда, аллакай механдиданд ва ҳазлу шӯхӣ мекарданд. – Хуб, Матин, мебинам, ки бисёр механдӣ. Канӣ гӯ, ҳамин мактаб чӣ гуна сохта шудааст?! – Муаллим, ҳар як бино нақшаву лоиҳа дорад, – гуфт Матин. – Худ аз худ ва ё тасодуфан пайдо шудани бино номумкин аст. Чунки дарозиву паҳноии синфхонаҳо меъёр дошта, роҳраву долон ҳам бо тартиби муайян сохта шудааст. Албатта, ҳеҷ чиз худ аз худ ба вуҷуд намеояд, аз ҷумла бинои мактаб. Агар тасодуфан пайдо мешуд, ин гуна ботартиб ва бонизом буда наметавонист. Аз дару тирезаҳо сар карда, то нардбону болохонаҳо бо ҳисобу китоб сохта шудаанд. Магар чунин иншооти бонизом метавонад тасодуфан пайдо шавад? – Офарин, Матин! Албатта чунин иншоот, ки бо мақсади хос сохта шудааст, наметавонад тасодуфан ба вуҷуд ояд. Сохтмони бузург як тараф, ҳамин тахтаи синфро гирем, оё худ аз худ шуда метавонад? – Не, муаллим, – гуфт Маҳмуд, – худ аз худ шуданаш номумкин аст. Сад дар сад онро устое сохтааст. – Аз куҷо медонӣ, ки усто сохтааст? Магар ту устои тахтасозро мешиносӣ? – Ман устои ин тахтаро надидаам ва намешиносам. Вале агар мантиқан фикр кунем, маълум аст, ки ин тахта асари кадом як усто аст. – Бале! – тасдиқ намудам ман. – Акнун мисоли Гулбаргро мешунавем, марҳамат. Гулбарг ба расми манзараи зебои табиат, ки дар девори синф овезон буд, ишора карда, гуфт: – Ба ин расм нигаред! Агар касе гӯяд, ки ин расмро рассом накашидааст, оё бовар мекунед? – Не! – гуфтанд ҳамсинфон. Он гоҳ ман пурсидам: – Чаро бовар намекунед? Агар шарҳи худро обуранг бахшида, гӯем, ки қоғазу рангҳо ба мувофиқа расиданд, ё ин ки рангҳо тасодуфан рӯйи қоғаз рехтанд ва бо таъсири шамол ба ҳамдигар омезиш ёфта, расми зеборо ба вуҷуд оварданд. Ҳоло ҳам бовар намекунед? – Не, муаллим! – гуфт Ниёз, – дар дунё расми бе муаллиф нест. Расми манзараҳо ҳатман аз ҷониби мусаввир ё рассоме тасвир карда мешавад. Аз ин сабаб, ин расм ҳам истисно нест. – Дуруст мегӯӣ, Ниёз, – гуфтам ман. – Лекин ту ҳам мисле ки рассомро мешинохта бошӣ? – Не, муаллим, намешиносам, вале бо дидани ин расми зебо ҳама мефаҳмад, ки онро рассоме тасвир кардааст. Ҳар куҷое мусаввара бошад, он асари ягон рассом аст. – Ба ту ҳам офарин, Ниёз! Вақте ки аҳсану офарин зиёд садо дод, сухангӯён ҳам зиёд шуданд. Ҳама мехост оид ба мавзӯъ мисол орад. Вале вақт маҳдуд буд. – Хуб, маълум, ки мавзӯъро фаҳмидед, акнун биёед, ҷамъбаст кунем, – гӯён саволи ниҳоиро дар миён гузоштам: – Боре шудааст, ки вазифаи хонагии иҷро накардаи шумо худ аз худ ба дафтаратон қайд шавад ё тасодуфан иҷро гардад? Онҳо гуфтанд: – Ҳеҷ гоҳ нашудааст. Вале бачаҳои тамбалнамо гуфтанд: – Оҳ, кош вазифаи хонагӣ худ аз худ иҷро мешуд. Чӣ хел нағз мебуд. – Намефаҳмам, ки худ аз худ иҷро шудани вазифа чӣ нағзӣ дорад? – гуфт Зуҳал. – Хуб, Зуҳал, ту бигӯ, – мақсади ӯро пурра фаҳмиданӣ шуда, савол додам ман. – Аз ин мисолҳо чӣ хулоса баровардан мумкин? Зуҳал гуфт: – Муаллим, ин мисолҳо аз он далолат мекунанд, ки дар дунё ҳеҷ чиз худ аз худ пайдо намешавад. Ҳар ҷо асаре бошад, он ҳатман як муаллиф ё усто ва ё офарандае дорад. – Бале, духтарам. Ҳама мавҷудоти рӯйи дунё офарида шудааст. Ҳеҷ асаре худ аз худ пайдо намешавад. Агар як тахтаи одӣ, як расми хурдакак ва як сатри навишта худ аз худ пайдо нагардад, ин олами бузург, низоми офтобӣ, маҳтобу ситорагон ва Роҳи Каҳкашон худ аз худ пайдо мешаванд? Мегӯянд, ки як расми одӣ ҳам асари рассом аст, пас, худи инсон асари кист? Магар ӯ худ аз худ пайдо шудааст?! Магар як олами бузург аз се-чор сатри вазифаи хонагии шумо одитару содатар аст? Аслан, ин дунё як китоби бузург аст. Умри инсон ба хондан ва кашф кардани асрори он намерасад. Магар касоне, ки пайдоиши ин олами бузургро ба тасодуфҳо нисбат медиҳанд, олим буда метавонанд? Канӣ, бигӯ, сардор, дар ҳаққи чунин касон чӣ метавон гуфт? Сардори синф мақсади маро пай бурда, ҳазли бачагона кард: – Муаллим, чунин касонро ба беморхонаи ноқисулақлон бурдан лозим. Бачаҳо бо ханда суханони ӯро ҷонибдорӣ карданд. \* Дар як кунҷи мизи омӯзгор қалам меистод. Онро бо ангуштам тела дода, ба замин афтондам. Аҳли синф инро медиданд ва оромона тамошо мекарданд. Ман қаламро аз замин бардошта, ба болои миз гузоштам ва боз онро тела дода афтондам. Акнун дар нигоҳи бачаҳо нишони ҳайрат дида мешуд. Аз онҳо пурсидам: – Бачаҳо, бинед, ки ҳеҷ чиз худ аз худ намешавад. Қалам дар рӯйи миз аст ва бе таъсири қуввае ба замин намеафтад, аммо вақте ки ман онро каме тела медиҳам, меафтад. Акнун бигӯед, ки агар ин корро ман анҷом надиҳам ва таъсири дигаре ба қалам нарасад, он ба замин меафтад? – Не, намеафтад, – гуфтанд бачаҳо. – Медонед, ин мисоли одиро барои чӣ овардам? – пурсидам ман. – Ёд доред, ки Ниёз ҳам сабаби заминларзаро пурсида буд. Ӯ мехост бифаҳмад, ки оё Худованд заминларзаро барои ибрат гирифтани инсонҳо ба миён меорад? Акнун фурсат дорем, ки ба он савол ҳам посух диҳем. Тавре таъкид гардид, ба вуҷуд омадани ҳар ҳодиса ҳатман бо таъсири қуввае сурат мегирад. Албатта, олимон сабабҳои ба вуқуъ омадани заминларзаро таҳқиқ ва маълум кардаанд. Вале саволи мавриди назар ин аст, ки оё заминларзаро сабабҳо ба миён меоранд? Аз миёни аҳли синф чанд касе даст боло карданд. Ман хушҳол шудам. Маълум аст, ки онҳо ба омӯзиши дарс таваҷҷӯҳ доранд. – Марҳамат, Зуҳал, – гуфтам ман. – Муаллим, заминларза сабаб дорад ва онро олимони сейсмолог, яъне зилзилашиносон муайян кардаанд, – шарҳ дод Зуҳал. – Вале ин сабабҳо хосияти маслиҳат кардан, ба мувофиқа расидан ва бошуурона ба як қарор расиданро надоранд. Аслан, сабабҳо офаранда нестанд, балки худ офарида шудаанд. Офаридгори ҳақиқӣ ҳар корро ба ягон сабаб ва ё қонуни табиӣ вобаста намудааст. Худованд ҳам офарандаи сабабҳо ва ҳам танзимдиҳандаи раванди ҳодисот аст. Олимон танҳо қонунияти бавуҷудоии ҳодисаҳоро кашф карда, шарҳ додаанд. Вале онҳо намегӯянд, ки қонунҳои кашфшуда аз ҷониби Худованд гузошта шудааст. Аз ин рӯ, фикрҳо парешон мешаванд. Магар намешуд, ки онҳо пас аз шарҳи сабаби воқеаҳо, гӯянд, ки Офаридгори ин сабабҳо Ҳақ Таъолост?! – Албатта, мешуд, – гуфтам ман. – Ҳатто дурусттар мебуд. Аммо барои касоне, ки андеша мекунанд ва ҳодисаҳоро таҳлил менамоянд, нагӯӣ ҳам мешавад. Масалан, худи ту, чӣ хуб фикр кардаӣ. Ҳамчунин, фикру ақидаи мазкурро олимон дар амал ҳам татбиқ кардаанд. Барои мисол, амрикоиҳо дар китобҳои дарсиашон «Назарияи Лавуазе»-ро дар ҳамин асос шарҳ додаанд. Канӣ, кӣ мегӯяд, ки ин қонуни физикӣ кадом аст? Марҳамат писарам! Писарбачае, ки дар мизи охир нишаста, посух додан мехост, гуфт: – «Ҳеҷ чиз аз нестӣ ба вуҷуд намеояд ва он чӣ, ки ҳаст, ҳеҷ гоҳ нест намешавад!» – Бале, – гуфтам ман. – Аммо дар ин ҷо як ҷумлаи дигарро илова кардаанд: «Ба истиснои хостаи Офаридгор». Агар Худованд бихоҳад, мавҷудро нобуд мекунад ва нобудро ба вуҷуд меорад. Қонунҳои табиат аз нигоҳи инсон қонунанд. Офаридгори ин қонунҳо Худованд аст. Агар Ӯ бихоҳад, метавонад қонунро тағйир диҳад ва ё барои як лаҳза онро беэътибор кунад.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ДОРУ ЧӢ ГУНА ТАЙЁР КАРДА МЕШАВАД?

– Пеш аз ҷамъбасти мавзӯъ, мехоҳам як мисоли дигар биёрам. Он гоҳ бори дигар мебинем, ки ҳеҷ як сабабу унсур қудрати офариданро надорад. Агар шумо ҳам вобаста ба мавзӯи дарс мисолҳо пайдо намудед, ба дафтарҳо қайд кунед, то ки фаромӯш нашаванд. Фурсат ёфта, онҳоро ҳам мешунавем. Тавре қаблан ёдовар шудем, масъалаи имон барои мусулмон масъалаи муҳимтарин ба шумор меравад, зеро саодати абадии ӯ ба имон вобаста аст. Мисоли мавриди назар аз он иборат аст, ки дар як корхонаи дорусозӣ лабараторияи бузурге ҳаст. Дар болои мизи он шишаҳо ва зарфҳои гуногун гузошта шудаанд. Ҳар яки он доруҳо аз моддаҳои гуногун таркиб ёфтаанд. Барои омода кардани ҳар дору миқдори муайяни ин моддаҳо истифода бурда мешаванд. Тасаввур кунед, ки дар вақти омода намудани як навъи дору барои бемории сардард, шумо дар он ҷо қарор доред ва мехоҳед, ки маълумоти бештар бигиред. Аз ин рӯ, аз корманди масъул мепурсед: – Доруро чӣ гуна тайёр мекунед? Дорусоз мегӯяд: – Доруро мо тайёр намекунем. Ин корхона ба воситаи шамол фаъолият мекунад ва дар натиҷаи шамол аз ҳар як зарф миқдори лозимии маҳлулҳо дар зарфи алоҳида ҷамъ омада, омехта мешаванд ва дору барои сардард омода мегардад. Амалиёти мазкурро пурра сабабҳо анҷом медиҳанд. Акнун, бигӯед, ки шумо ба ин бовар мекунед?! – Не, албатта! – гуфтанд онҳо. –Чаро бовар намекунед? – савол додам ман. Ба ин савол аксарият ҷавоб додан мехостанд. Ин ҳолат боиси хушҳолӣ аст, чунки даст бардоштани онҳо маънии сарфаҳм рафтан ба мавзӯи дарсро дошт. Иҷозати суханро ба яке аз хонандагони камгап додам. Ӯ гуфт: – Муаллим, дар қуттии ҳар як дору таркиби он ва миқдори моддаҳо навишта шудаанд. Онҳоро бо миллиграмм чен мекунанд. Кӯчактарин хато метавонад доруро ба заҳр табдил диҳад. Аз ин рӯ, доруе, ки бе ҳисобу китоби дақиқ омода мешавад, дору буда наметавонад. Чунки дар ин миён на зарф аз натиҷаи кор хабар дорад, на моддаҳо ва на шамоле, ки онҳоро омехта мекунад. Инҳо фақат аз сабаб иборатанд ва тавре шумо ҳам гуфтед, сабаби беҳиссу бешууранд. Аз ин лиҳоз, онҳо наметавонанд кори боақлона ва бошууронае анҷом диҳанд. – Офарин! Кӯтоҳу пурмуҳтаво гуфтӣ! – суханони ӯро қадр карда, таъкид доштам ман. – Боз касе гуфтание дорад? – Бале, муаллим! – гуфт сардори синф. – Аз ин мисол бармеояд, ки сабабҳо ҳатто доруеро, ки на ҷон дораду на рӯҳ, омода карда наметавонанд. Аз ин рӯ, офаридани мавҷуди ҷондор ва махсусан, офариниши инсон барои сабабҳо аз доираи имкон берун аст. Дар тақвияти гуфтаҳои сардор нуктаи дигареро илова намудам: – Дуруст аст, ки мавҷуди беҷон як ҳастии ҷондорро офарида наметавонад. Аммо як омили дигаре ҳам ҳаст, ки оҷиз будани сабабҳоро пурра нишон медиҳад. Фарз кардем, сабабҳо ашёву ҳодисоти моддӣ, яъне ҳар он чизеро, ки бо чашм дида ва бо даст ламс карда мешавад, офариданд. Пас, мавҷудоти маънавӣ, масалан ақл, андеша, меҳру муҳаббат ва ғайраҳо чӣ мешаванд? Сабабҳои моддӣ ба олами рӯҳ ва мавҷудоти дигаре, ки вуҷуди моддӣ надоранд, роҳ намеёбанд. Дар ин маврид онҳо чӣ коре анҷом дода метавонанд? Хулоса, аз ҳар ҷиҳате назар кунем, сабабҳо ҳаргиз чизе офарида наметавонанд.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

СЕБРО САБАБҲО МЕОФАРАНД?

Маҳмуди файласуф фурсат ёфта, ҳарфи дилашро баён намуд: – Муаллим, Худованд офарандаи борон ки ҳаст, ҳангоми хушксолӣ деҳқонон ба дуои борон мебароянд. – Бале, Маҳмуд, ин ба эътиқод вобаста аст. Онҳо, ки Офаридгори ҳақиқиро медонанд, боронро аз Ӯ талаб мекунанд. Тасаввур кунед, ки агар боронро аз сабабҳо талаб намоянд, чӣ қадар хандовар мешавад, ҳамин тавр не? Агарчӣ аз онҳо талаб кунед ҳам, аз дасташон коре намеояд. Гулбарги камгапи нуктасанҷ иҷозати сухан пурсид. Гуфтам: – Марҳамат, духтарам. Гуфт: – Муаллим, касоне, ки ба сабабҳо эътиқод доранд ва мегӯянд, ки боронро сабабҳо ба вуҷуд овардаанд, оё дар вақти хушксолӣ боришро аз сабабҳо талаб мекарда бошанд? Барои ба вуҷуд омадани як себ замин, об ва офтоб лозим аст. Пас, Офарандаи себ ва низоми офтобӣ як аст. Тамоми олами мавҷудот асари як қудратанд Маҳмуди файласуф фавран гуфт. – Муаллим, минбаъд файласуфи синф Гулбарг аст, чунки ӯ бисёр саволи ҷолиб пурсид. Бачаҳо табассум карданд. – Хуб, дар ин маврид як мисоли дигаре ҳаст, ки офаранда набудани сабабҳоро беҳтар мефаҳмонад, – гуфтам ман ва аз ҷузвдонам як дона себ баровардам. – Ба ин себ нигаред! Аз нисф зиёди бачаҳо аз ҷо бархостанд. Дар қафо нишастагиҳо аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки дар ҷояшон шинанд ва ба дидани себ монеа нашаванд. Ман себро ба кафи даст гирифта, дар байни онҳо гаштам. Бачаҳо чунон бо завқ нигоҳ мекарданд, ки гӯё себро бори аввал медида бошанд. – Ин зебоиро бубинед ва бигӯед, ки оё сабабҳо метавонанд офарандаи ҳамин себ бошанд? Аҳли синф ба Гулбарг нигаристанд. Нигоҳи онҳо маънии онро дошт, ки ба ин савол файласуфи синф посух диҳад. Гуфтам: – На, ҳама бояд андеша кунанд. Аввал сабабҳои ба миён омадани себро фикр кунед. Себ аз чӣ мерӯяд? – Аз дарахт. – Офарин! Албатта аз дарахт мерӯяд. Пас, дарахт ба чӣ эҳтиёҷ дорад? Ба хок ва минералҳое, ки дар таркиби хок мавҷуданд. Ҳамчунин, дар ин маврид ба офтоб ва хусусан, ба об эҳтиёҷ ҳаст. Ҳамаи ин сабабҳо бояд ба ҳам оянд, то ки себ дар навдаи дарахт нашъунамо ёбад. Акнун оё ҳамин сабабҳо себро меофаранд? Аввал саволро аз Маҳмуд пурсидам. Гуфт: – Не, муаллим. Сабабҳо офаридгор буда наметавонанд, зеро онҳо донишу шуур надоранд. Вақте сабабҳо ба ҳам оварда мешаванд, онҳо аз кори худ ва ҳосили он огоҳ нестанд. Маҳмуд пас аз таваққуфи андаке илова намуд: – Аслан, хуб аст, ки сабабҳо аз натиҷаи кори худ огоҳӣ надоранд. Вагарна, нархи себ дар бозорҳо бисёр гарон мешуд. Аз он ки дарахт қимати себро намедонад, ба инсонҳо чунин як неъмати бебаҳоро бе миннат тақдим мекунад. Маҳмуд мехост дар ин бобат бештар сухан гӯяд, вале ҳамсинфони дигар монеи суханпардозии ӯ шуда, навбати сухан мепурсиданд. Яке аз онҳо иҷозат хоста, гуфт: – Муаллим, дарахти себ ва ё унсурҳое, ки ҷиҳати парвариш ёфтани он хидмат мекунанд, барои офаридгор шудан бояд ниҳоят доно мешуданд. Охир, барои интихоб карда гирифтани минералҳои лозимӣ аз таркиби хок дониши мукаммал лозим аст. Ин корест, ки ҳатто инсон аз уҳдааш баромада наметавонад. – Хуб, биёед мавзӯъро ҷамбаст намоем, – гуфтам ман. – Дарахт бешуур, хок бешуур ва ҳар ду аз себ бехабар. Унсурҳои дигаре, ки дар нашъунамои себ нақш доранд, ҳама бешуур ва бехабар. Унсурҳои дигаре, ки дар нашъунамои себ нақш доранд, ҳама бешуур ва бехабаранд. Ҳамаи ин сабабҳои бехабару бешуур чӣ гуна метавонанд ба ҳам омада, ба маслиҳат бирасанд ва себи зебое офаранд? Магар ин мумкин аст?! Ман ин саволро аз панҷ-даҳ каси онҳо алоҳида-алоҳида пурсидам. Гуфтанд: – Не, офарида наметавонанд. Барои офаридан ҳадди ақал шуур доштанашон лозим аст. – Пас, офаридгор кист? – Ҳақ Таъоло! Дар синф фазои амну итминон ва осоиш ҳукмрон гардид. Ман себро боз ба ҷузвдон гузошта, гуфтам: – Бачаҳо, агар ин себ сухан гуфта метавонист, ба шумо изҳори сипос менамуд, зеро Офаридгори ӯ, ҳамзамон, Офаридгори кулли мавҷудотро дарёфтед. Акнун, аз нигоҳи санъати офариниш як себ авлотар аст ва ё як ҳайвон? Ҳайвон авлотар аст ё ин ки инсон? Албатта, ҳайвонот аз наботот ва инсоният аз ҳайвонот авлотар аст. Ҳоло, ҳамин сабабҳои беҳису карахт ва бешуур, ки ҳатто дар офаридани борон ва ё себ оҷизанд, оё метавонанд ҳайвонот ва аз он ҳам авлотар – инсониятро офаранд? – Офарида наметавонанд! – гуфтанд аксарият. – Чаро?! – пурсидам ман. – Чунки як мавҷуди беҳиссу беҷон мавҷудоти бошуурро офарида наметавонад, мақсади асосиро шарҳ дод Зуҳал. – Офарин, Зуҳал! Магар ӯ дуруст намегӯяд, бачаҳо? Он сифате, ки дар офаридгор нест, чӣ гуна метавонад дар офаридаҳояш бошад? Яке аз хонандагони камгап, вале ҳушманд хоҳиши сухан гуфтан кард. Бенавбат иҷозат додам ва ӯ гуфт: – Муаллим, ба назари ман, агар сабабҳо ҳайвоноту инсониятро офарида метавонистанд, пеш аз ҳама худашонро болотар аз онҳо қарор медоданд. Чӣ хел мешавад, ки худи онҳо беҳиссу бешуур бошанду офаридаҳояшон дорои хусусиятҳои олитарин?!

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

САБАБҲО ОФАРИДГОР БУДА МЕТАВОНАНД?

Аввал ақидаи касонеро баррасӣ намоем, ки пайдоиши ашёву ҳодисотро ба сабабҳо нисбат медиҳанд. Онҳо мегӯянд: «Ҳама чизро сабабҳо ба вуҷуд меоранд, яъне меофаранд». Масалан, борон. Боронро кӣ меофарад? Мувофиқи андешаи онҳо зуҳуроти мазкур чунин сурат мегирад: «Оби баҳрҳо, кӯлҳо ва дарёҳо бо таъсири гармии ҳаво бухор шуда, ба осмон мебарояд ва дар боло ба ҳавои сард расида, ба абр мубаддал мегардад ва сипас, дар сурати борон ба замин меборад. Агар боронро сабабҳо ба вуҷуд меоварда бошанд, дар ин ҳол, пурсида мешавад, ки сабабҳо кадоманд? Аввал гармӣ, баъд сардӣ. Дар натиҷаи ҳамин ду сабаб борон меборад». Аммо боридани боронро ба ин сабабҳо нисбат додан хатост, – илова намудам ман. Ҷумлаи охир сабаби ҳаёҳуи хонандагон гардид. Яке аз онҳо гуфт: – Магар шарҳи илмии боридани борон ҳамин гуна нест? Оё ҳақиқати ҳол аз шарҳи илмӣ фарқ дорад? Гуфтам: – Бале, дуруст аст, ки борон ба ҳамин сурат офарида мешавад, аммо ин шарҳ ба саволи «Кӣ боронро офарид?» ҷавоб намедиҳад. Дар ин ҷо танҳо чӣ гуна ба вуҷуд омадани борон фаҳмонида мешавад. Бо шунидани эзоҳи мазкур хонандагон ғавғоро канор гузошта, ба дарс гӯш доданд, аммо аз нигоҳи онҳо фаҳмида мешуд, ки мавзӯъро хуб нафаҳмидаанд. Маълум буд, ки мавзӯъ ба шарҳи бештаре ниёз дорад. Гуфтам, ки дар дарси физика вақте озмоиш мегузаронед, нахуст шарту шароитро муҳайё мекунед. Фарз кардем, агар мавзӯи озмоиш боридани борон бошад, пеш аз ҳама диққат медиҳем, ки дар озмоишгоҳ воситаҳо мавҷуд бошанд. Агар дар он ҷо барои бухор кардани об шароити муносиб набошад ва ё оби бухоршуда ба сатҳи хунукӣ расонида нашавад, озмоиш имконнопазир мегардад. Дарҳамин ҳол, ҳамаи шароити лозимӣ, аз ҷумла об, гармӣ ва сардии ҳаворо кӣ муҳайё месозад? Оё ин шартҳо худ аз худ омода шуда, боронро ба вуҷуд меоранд, ё ин ки аз ҷониби касе қаблан омода карда мешаванд? Ба ин савол хонандае посух дод: – Албатта, ҳамаи онро қаблан омода мекунанд. Пас, гуфтам: – Маълум мешавад, ки танҳо бо сабабу воситаҳо кор ба анҷом намерасад. Бояд касе бошад, ки онҳоро омода созад ва ба танзим дарорад, ҳамин тавр не? Дуруст аст, ки ҳодисаҳо, ашё ва мавҷудот дар натиҷаи сабабҳо ба вуҷуд меоянд, аммо раванди мазкурро сабабҳо дониста ва бошуурона анҷом намедиҳанд. Онҳо аз ҷониби қувва ё иродае бо аломатҳои хос омода гардида, ба танзим дароварда мешаванд. Масалан, агар гармӣ набошад, боридани борон мумкин аст? Ё фарз кардем, гармӣ ҳаст, вале об қобилияти бухоршавӣ надорад. Дар ин ҳолат ҳам борон намешавад. Агар дар осмон табақаи сардии ҳаво намешуд-чӣ? Ҳама ба як овоз гуфтанд: –Борон намеборид! – Пас, ин сабабҳо чӣ гуна бо ҳамдигар маслиҳат карда, ба як тартиби муайян даромадаанд? Шояд онҳо аҳамият ва зарурати боронро эҳсос карда, бо ҳам маслиҳат карда бошанд?! Албатта, касе ҳаст, ки обро бухор кунонда, хосияти табдилшавӣ ба барфу борон ва жоларо ба он медиҳад. Касе, ки ин хусусиятро ба об додааст, ҳавои гарму сардро низ ӯ ба танзим медарорад. Хуб, акнун бигӯед, ки чӣ касе метавонад, ба обу сардию гармӣ ҳукм намояд? – Аллоҳ Таъоло! – гуфтанд аҳли синф. Посухи онҳоро шунида, мутмаин гардидам, ки мавзӯъро дуруст фаҳмидаанд. Акнун мебоист мавзӯъро бо мисолҳои нав тақвият диҳем.

0