Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ТАБИАТ САНЪАТ АСТ, СОНЕЪ БУДА НАМЕТАВОНАД

– Дар синф аз ҳама лоғар кист? – пурсидам ман. – Ба назарам Ориф аст, ҳамин тавр не?!

– Бале муаллим, – посух дод Маҳмуд ва илова намуд: – Вале имонаш қавӣ аст!

– Маҳмуд, файласуфиро мону гӯш кун! – гуфтам ман ва идома додам:

– Тасаввур кунед, ки Ориф ба болои деви бадҳайбате нишаста, сайру гашт дорад. Ҳангоми сайру гашт, ӯ ба бинии дев нӯхта андохта, мӯйи сарашро қайчӣ мезанад, чашмонашро мекобад ва ба болои шикамаш пой мегузорад. Вале дев бо вуҷуди бадҳайбат буданаш, садое намебарорад ва эътироз намекунад. Ориф чӣ гуна ки хоҳад, муносибат мекунад.

Агар шоҳиди чунин ҳолат шавед, гуфта метавонед, ки дев зиндаву солим аст?

– Не, муаллим! – гуфт яке. – Дар ин ҳол дев сиҳату саломат буда наметавонад. Агар ӯ зиндаву солим бошад, оё мегузорад, ки Ориф чунин рафтор кунад?!

– Бале, дуруст қайд кардед, – гуфтам ман. – Акнун, табиат ҳам ба ҳамин ҷонвар монанд аст ва мо монанди Орифем. Дар болои он гашту гузор мекунем, ҳар коре хоҳем, анҷом медиҳем. Заминро мешикофем, роҳ месозем, обу нафт мебарорем ва ғайра. Инсон ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳад ва бо вуҷуди чунин муносибат баъзеҳо табиатро офаридгор меҳисобанд.

Агар табиат ақл медошт ва ба ин суханҳо сарфаҳм мерафт, эҳтимол, бисёр дар ғазаб мешуд. Охир, ин коре нест, ки асабӣ нашавӣ. Агар табиат воқеан коре анҷом дода метавонист, шояд инсонро барои офаридгор хонданаш ҷазо медод.

Воқеан, ҷойи андеша аст, ки оё шумо чизи надоштаатонро метавонед ба касе диҳед? Ҳар он чизе, ки набошад, онро чӣ гуна ба каси дигар додан мумкин аст?! Ҳар кӣ чунин даъво дорад, ба вай ақли солим намерасад. Бинед, ки табиат ҳам ақлу ҷон, фикру андеша надорад, пас, инҳоро ба касе дода метавонад?

– Не, наметавонад! – посух доданд бачаҳо.

– Агар натавонад, пас, ҷисму ҷон ва ақлу ҳушро низ ӯ наофаридааст, – мақсади асосиро баён намуда, гуфтам ман. – Агар табиат қудрати офаридан медошт, аввал худро аз зери пойи инсонҳо мебардошт ва худ ҳастии олитарин мебуд. Мавҷуде, ки худ дар зери пойҳост, метавонад ҳастиро биофарад? Зиёда аз ин, оё метавонад мавҷуде офарад, ки аз худаш авлотар бошад? Мумкин аст, ки як афзалиятро худ надошта, ба дигарон бидиҳад? Албатта, не! Пас, ибораи «табиат офарид» асос дошта наметавонад. Чунки табиат худ санъат аст ва ҳар санъатро сонеъ ба миён меорад. Табиат худ мусаввара аст, мусаввир буда наметавонад.

Дар ниҳоят, агар оламу одам ва мавҷудоти рӯйи заминро сабабҳо наофарида бошанд, онҳо тасодуфан ба миён наомада бошанд, табиат ҳам наофарида бошад, пас, онҳоро кӣ офаридааст?

– Аллоҳ Таъоло! – гуфтанд аҳли синф.

– Бале, ягона посухи дуруст ҳамин аст! Инсоне, ки ақли солим дорад ва андеша мекунад, ҳатман ба Худованд имон меорад.

Ақл мутлақо роҳи имон ба Худоро тарҷеҳ мекунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.