
Ҳикмат
Суоле, ки бо нияти нек ва дар шакли зебо пурсида мешавад, барои посухдиҳанда сарчашмаи илҳом ба шумор меравад. Пурсида тавонистан маҳорат, ҷавоби қонеъкунанда додан мазият (афзалият) аст.
Фарзанд азиз
Падару модар будан, аз як тараф, ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти бузург аст. Зеро имрўз, ки ҷомеаҳо хавфи аз даст додани фарҳангу оинҳои хуби гузаштаашонро доранд, бегумон, ин дар хислату рафтори кўдакону наврасон бетаъсир нахоҳад монд. Дар мардуми мо мақоли хубе ҳаст, ки мегўянд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар». Оре, ҳамин гуна аст, хулқу атвори писандида фарзанди моро метавонад дар чашми ҳама азиз гардонад ва дар сурати баръакс «фарзанди баддоғи падар» мегардад. Ривоят мекунанд, ки шахсе фарзандашро назди обиде мебарад ва мегўяд: «Фарзанди мо беморие дорад ва хўрдани асал ба бемориаш меафзояд, мо ҳар қадар ба ў мегўем, ба ҳарфи мо гўш намедиҳад. Шумо ба ў насиҳате кунед ё роҳе бар мо нишон диҳед». Обид мегўяд: «Фарзанди худро бибар ва чиҳил рўз баъд биё». Он шахс баъд аз чил рўз боз ҳам назди обид меояд. Обид писарбачаро ба назди худ мехонад ва мегўяд: «Писарам асал ба саломатии ту зарар дорад, дигар асал нахўр». Писарбача мегўяд: «Ман қавл медиҳам, ки дигар асал намехўрам». Падари писарбача каме хашин шуда мегўяд: «Ҳамин ҳарфҳоро чиҳил рўз пеш мегуфтед, мо ин қадар роҳро бо машаққати зиёд тай намекардем, ин ҳама ранҷ намедидем». Обид мегўяд: «Ҳамон рўз, ки ту фарзандатро овардӣ, ман худ асал хўрда будам ва ба саломатии ман низ зарар дошт, ман пас аз он рўз чиҳил рўз асал нахўрдам, то асари асал аз ман биравад, агар он рўз ба фарзанди ту талқин мекардам, ў ба ҳарфи ман гўш намедод, чӣ гуна метавон кореро, ки худ мекунӣ, ба дигаре манъ намоӣ? Ин гуна ривоятҳо баёнгари онанд, ки фарзандони мо рафторҳояшонро аз мо нусхабардорӣ мекунанд. Дар ин робита, равоншиносон мегўянд, ки кўдак мисли коғази сафед аст, ҳар чизеро, ки бинависӣ, ҳамонро ба худ мегирад. Чуноне ки дар боло зикр кардем, падару модар будан масъулият аст. Аз ин рў, падару модарро мебояд, дар таълиму тарбияи фарзанд бештар саҳим бошанд. Фарзанди худро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.
Ҳар дарси хуб ҳидоятгар аст
Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгў ба талаботи муосир аз муассисаи таълимӣ тақозо менамояд, ки роҳу усулҳои гуногуни ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидаткунандаро роҳандозӣ намоянд. «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020 - 2040) дар назди омўзгорон вазифа мегузорад, ки ба таълими ин фанҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, сифати таълимро ҳам дар раванди таълим ва ҳам дар машғу лиятҳои беруназсинфӣ баланд бардоранд. Тамоми омўзгорон бояд бикўшанд, ки шогирдонашон, пеш аз ҳама, ба моҳияту аҳамияти ин ё он фан дуруст сарфаҳм раванд, эътимоди комил пайдо намоянд, ки омўзиши ин фан зарур ва омили пешрафти ҳаёт мебошад. Ҳар дарси шавқовару пурмазмун хоҳиши хонандаро ба омўзиши ҳар чи бештари фанни дахлдор тақвият мебахшад. Душворомўз будан ё осонфаҳмии ҳар фанне ба маҳорату истеъдоди омўзгорон ва таҷрибаи онҳо алоқамандии қавӣ дорад. Инро дар мисоли таълими фанни математика хеле амиқ дарк кардан мумкин аст. Пўшида нест, ки аксар хонандагон дар омўзиши ин фан душворӣ мекашанд, ба он рағбат надоранд ва шавқашон коста аст. Вале шавқу завқи шогирдонро ба омўзиши фанни математика пайдо кардан мумкин аст. Ин ҳадафро, пеш аз ҳама, бо амалҳову омилҳои зерин метавон татбиқ кард: 1. Бикўшем, ки дарсро бо забони содаю фаҳмо баргузор намуда, ҳар як ибораву ифода ва истилоҳи илмии навро тавзеҳ бахшем, ғалатҳои хонандагонро дар гуфторашон саривақт ислоҳ намоем. 2. Ба ҳар як дарс хеле ҷиддӣ омодагӣ гирифта, китобҳои дахлдорро варақ бизанем, рўзномаву маҷаллаҳоро таҷдиди назар бикунем, ба адабиёти методӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. 3. Ҳамчун омўзгори математика ман як навъ бойгонии худро таҳия намудаам. Он буридаи мақолаҳову формулаҳои асосии математикӣ, акси олимони математика, иқтибос аз гуфтаҳои пурҳикмати донишмандон ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар машғулиятҳо бо донишҷўён аз ин бойгонии худ истифода мебарам. 4. Аёният ва воситаҳои тех никии таълимии муосир ва истифодаи онҳо аз омилҳои самаровари таълими фанни математика ба ҳисоб мераванд. 5. Бояд бо ҳамкорону ҳам ихтисосҳоямон иртиботи доимӣ дошта, бо ҳам табодули таҷриба намоем, дар мавзуъҳои алоҳида баҳс намоем. Дар сурати риояву корбасти ин омилҳо бовар дорам, ки донишҷўён бо шавқу рағбат ба дарси математика ҳозир мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё