Зеҳн
Ҳикмат·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

Фарзанд азиз

Падару модар будан, аз як тараф, ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти бузург аст. Зеро имрўз, ки ҷомеаҳо хавфи аз даст додани фарҳангу оинҳои хуби гузаштаашонро доранд, бегумон, ин дар хислату рафтори кўдакону наврасон бетаъсир нахоҳад монд. Дар мардуми мо мақоли хубе ҳаст, ки мегўянд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар». Оре, ҳамин гуна аст, хулқу атвори писандида фарзанди моро метавонад дар чашми ҳама азиз гардонад ва дар сурати баръакс «фарзанди баддоғи падар» мегардад.

Ривоят мекунанд, ки шахсе фарзандашро назди обиде мебарад ва мегўяд: «Фарзанди мо беморие дорад ва хўрдани асал ба бемориаш меафзояд, мо ҳар қадар ба ў мегўем, ба ҳарфи мо гўш намедиҳад.

Шумо ба ў насиҳате кунед ё роҳе бар мо нишон диҳед». Обид мегўяд: «Фарзанди худро бибар ва чиҳил рўз баъд биё». Он шахс баъд аз чил рўз боз ҳам назди обид меояд. Обид писарбачаро ба назди худ мехонад ва мегўяд: «Писарам асал ба саломатии ту зарар дорад, дигар асал нахўр». Писарбача мегўяд: «Ман қавл медиҳам, ки дигар асал намехўрам». Падари писарбача каме хашин шуда мегўяд: «Ҳамин ҳарфҳоро чиҳил рўз пеш мегуфтед, мо ин қадар роҳро бо машаққати зиёд тай намекардем, ин ҳама ранҷ намедидем». Обид мегўяд:

«Ҳамон рўз, ки ту фарзандатро овардӣ, ман худ асал хўрда будам ва ба саломатии ман низ зарар дошт, ман пас аз он рўз чиҳил рўз асал нахўрдам, то асари асал аз ман биравад, агар он рўз ба фарзанди ту талқин мекардам, ў ба ҳарфи ман гўш намедод, чӣ гуна метавон кореро, ки худ мекунӣ, ба дигаре манъ намоӣ?

Ин гуна ривоятҳо баёнгари онанд, ки фарзандони мо рафторҳояшонро аз мо нусхабардорӣ мекунанд. Дар ин робита, равоншиносон мегўянд, ки кўдак мисли коғази сафед аст, ҳар чизеро, ки бинависӣ, ҳамонро ба худ мегирад.

Чуноне ки дар боло зикр кардем, падару модар будан масъулият аст.

Аз ин рў, падару модарро мебояд, дар таълиму тарбияи фарзанд бештар саҳим бошанд. Фарзанди худро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.