НАБИНЕМ, БОВАР НАМЕКУНЕМ?!
Дар дарси оянда ният доштем, ки имкони тасодуфан ба миён омадан ва ё наомадани ашёву ҳодисотро баррасӣ намоем. Вале ман ба хонандаҳо супориш дода будам, ки мавзӯи дарси гузаштаро таҳқиқ намоянд. Акнун ба хотири такрори мавзӯи дарси гузашта далелҳои овардаашонро бояд мешунидам.
Хонандае, ки аввал шуда даст боло кард, мехост дар мавриди сабабҳои ба чашм ноаён будани Худованд сухан гӯяд:
– Дар замоне, ки мо зиндагӣ дорем, дигар суханҳое монанди «ман чизеро, ки набинам, бовар намекунам» эътибор надоранд, зеро чунин иддао хилофи илми муосир аст. Кайҳо исбот шудаааст, ки дар дунё мавҷудоти зиёде ҳастанд, ки онҳоро бо чашми сар дида намешавад. Масалан, ҳаво. Ҳавое, ки зиндагии инсонро бе он тасаввур кардан номумкин аст, дар ҳама ҷо ҳаст, аммо дида намешавад.
Ман пурсидам:
– Ҳоло дар назди ҳама ҳаво вуҷуд дорад?
Гуфтанд:
– Албатта, ҳаво моро иҳота кардааст.
Гуфтам:
– Чӣ гуна мефаҳмем, ки он ҳаст?
Гуфтанд:
– Ҳангоми нафас кашидан ё вақте ки шамоли салқин ба рӯямон мевазад. Гуфтам:
– Маълум мешавад, ки барои будани чизеро эътироф кардан шарт нест, ки онро бо чашм бубинем. Мумкин аст, ки бо ҳиссиёти дигар бифаҳмем. Чунон ки Худоро дида наметавонем, вале офаридаҳои Ӯро дидаву эҳсос намуда, қабул дорем.
Хонандаи дигар ин ҳикояро нақл кард:
– Мункире бо мақсади гумроҳ кардани мардум ба деҳот рафт.
Вақте мардум диданд, ки ба деҳи онҳо меҳмон омадааст, ҳама дар атрофаш ҷамъ шуданд.
Пас аз пешвозу шиносоӣ мард фурсат ёфта, мавзӯи имону эътиқодро дар миён гузошт. Ӯ ба кӯҳе ишора карда гуфт:
– Кӯҳро дидед? Мардум гуфтанд:
– Бале, дидем. Мард гуфт:
– Албатта, дидед, чунки он кӯҳ вуҷуд дорад. Сипас, ба чашма ишора карда гуфт:
– Ана он чашмаро чӣ? Мардум ҷавоб доданд:
– Албатта, мебинем. Гуфт:
– Он дарахтонро чӣ, мебинед?
Мардум мақсади пурсишҳои ӯро нафаҳмида, ба саволҳояш ҷавоб додан гирифтанд: – Албатта, мебинем.
Сипас, ӯ гуфт:
– Мебинед, чунки онҳо ҳастанд. Акнун гӯед оё Худоро мебинед? Гуфтанд:
– Не, Худоро намебинем.
Он гоҳ, ӯ мақсадашро баён кард:
– Албатта намебинед, чунки Худо нест.
Мардуми деҳот якбора дар ҳайрат афтода, ба ҳамдигар менигаристанд ва баъд ба меҳмон гуфтанд:
– Тавба кун, наход ҳастии Худоро инкор намоӣ!
Дар ҳамин асно донишманде дар миёни онҳо буд ва ӯ пештар баромада, гуфт:
– Эй мардум, акнун ба чанд саволи ман ҷавоб гӯед. Оё мардеро, ки ба меҳмонии мо омадааст, мебинед?
Гуфтанд:
– Бале, мебинем.
Донишманд гуфт:
– Албатта, мебинед, чунки ӯ вуҷуд дорад! Кӯлоҳи ӯро мебинед?
Мардум гуфтанд:
– Бале, мебинем. Донишманд гуфт:
– Албатта, мебинед, чунки кӯлоҳаш ҳаст. Акнун, бигӯед, ки ақли ӯро мебинед?
Мардум гуфтанд: – Не, намебинем.
Донишманд гуфт:
– Албатта, намебинед, чунки ин мард ақл надорад!
Дар пайи ин, мардум он мардро аз деҳа бароварда, пеш карданд. Сипас, онҳо ба донишманд гуфтанд:
–Худо туро ҳифз кунад, илматро зиёда гардонад! Наздик буд, ки ин мард моро гумроҳ кунад.
Қиссаи хонанда ба аҳли синф хуш омада буд. Вақте хонанда нақлашро ба поён расонд, ба ӯ гуфтам:
– Офарин, писарам! Пас, ҳар касе гӯяд, ки ман Худоро намебинам, аз ин рӯ ба ҳастияш бовар надорам, дар асл ақли худро инкор мекунад. Ва гӯш додан ба суханони чунин касе
ҳам кори боақлона нест.
***
Сипас, аз аҳли синф пурсидам:
– Боз кадом чизҳо ҳастанд, ки мо онҳоро дида наметавонем?
Зуҳал гуфт:
– Қувваи барқро дида наметавонем. Мо мавҷудияти онро аз равшании фурӯзонак, аз гармии дарзмол ва аз ҳаракати троллейбус мефаҳмем. Моҳият ва чигунагии қувваи барқро бо чашм набинем ҳам, вақте он ҷисми инсонро ба ларза медарорад, нерӯяшро хуб эҳсос мекунем.
– Офарин, бачаҳо! – иштироки фаъоли онҳоро қадр кардам ман. – Маълум шуд, ки мисолҳо зиёд буда метавонанд. Акнун, биёед, таҳлил кунем, ки оё дар дунё тасодуф ҷой дорад ё не?!
Барои касоне, ки бинобар ноаён будани Худо ба ҳастияш бовар надоранд, ҳаракати киштӣ дар рӯйи об мисоли хубе буда метавонад. Ҳангоми шино кардан киштӣ аз ҷониби киштирон идора карда мешавад, дар ҳоле ки худи ӯ ба чашм намоён нест. Ҳаракати мавзуни киштӣ худ гувоҳ аст, ки онро киштирони моҳире идора мекунад. Касоне, ки ҳастии Худоро инкор мекунанд, рӯйи ин мисол бояд хуб андеша кунанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё