ТАСОДУФ Ё ХУД АЗ ХУД БА ВУҶУД ОМАДАН
Ақидаи гурӯҳи дигар, ки ҳастии Худоро инкор мекунанд, аз он иборат аст, ки пайдоиши ҳамаи мавҷудотро ба тасодуфҳо нисбат медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳама чӣ худ аз худ, яъне тасодуфан пайдо шудааст. Ҳоло биёед бубинем, ки оё ашё ва мавҷудот худ аз худ ба вуҷуд меоянд? Ягон чизе ҳаст, ки тасодуфан пайдо шуда бошад?
Масалан, ҳамин бинои мактаб, ки мо дар дохили он ҳастем, агар гӯем, ки худ аз худ пайдо шудааст, кӣ бовар мекунад? Агар ман бигӯям, ки сел омада, хиштҳоро тела дода овард ва болои ҳам гузошта, девор сохт. Аз пайи ин, бомпӯшҳо рӯ-рӯи осмон парида омаданд ва дар болои бом нишастанд.
Мисоли овардаам ниҳоят сода буд. Бачаҳо шухӣ гумон карда, аллакай механдиданд ва ҳазлу шӯхӣ мекарданд.
– Хуб, Матин, мебинам, ки бисёр механдӣ. Канӣ гӯ, ҳамин мактаб чӣ гуна сохта шудааст?!
– Муаллим, ҳар як бино нақшаву лоиҳа дорад, – гуфт Матин. – Худ аз худ ва ё тасодуфан пайдо шудани бино номумкин аст. Чунки дарозиву паҳноии синфхонаҳо меъёр дошта, роҳраву долон ҳам бо тартиби муайян сохта шудааст. Албатта, ҳеҷ чиз худ аз худ ба вуҷуд намеояд, аз ҷумла бинои мактаб. Агар тасодуфан пайдо мешуд, ин гуна ботартиб ва бонизом буда наметавонист. Аз дару тирезаҳо сар карда, то нардбону болохонаҳо бо ҳисобу китоб сохта шудаанд. Магар чунин иншооти бонизом метавонад тасодуфан пайдо шавад?
– Офарин, Матин! Албатта чунин иншоот, ки бо мақсади хос сохта шудааст, наметавонад тасодуфан ба вуҷуд ояд.
Сохтмони бузург як тараф, ҳамин тахтаи синфро гирем, оё худ аз худ шуда метавонад?
– Не, муаллим, – гуфт Маҳмуд, – худ аз худ шуданаш номумкин аст. Сад дар сад онро устое сохтааст.
– Аз куҷо медонӣ, ки усто сохтааст? Магар ту устои тахтасозро мешиносӣ?
– Ман устои ин тахтаро надидаам ва намешиносам. Вале агар мантиқан фикр кунем, маълум аст, ки ин тахта асари кадом як усто аст.
– Бале! – тасдиқ намудам ман. – Акнун мисоли Гулбаргро мешунавем, марҳамат.
Гулбарг ба расми манзараи зебои табиат, ки дар девори синф овезон буд, ишора карда, гуфт:
– Ба ин расм нигаред! Агар касе гӯяд, ки ин расмро рассом накашидааст, оё бовар мекунед?
– Не! – гуфтанд ҳамсинфон. Он гоҳ ман пурсидам:
– Чаро бовар намекунед? Агар шарҳи худро обуранг бахшида, гӯем, ки қоғазу рангҳо ба мувофиқа расиданд, ё ин ки рангҳо тасодуфан рӯйи қоғаз рехтанд ва бо таъсири шамол ба ҳамдигар омезиш ёфта, расми зеборо ба вуҷуд оварданд. Ҳоло ҳам бовар намекунед?
– Не, муаллим! – гуфт Ниёз, – дар дунё расми бе муаллиф нест. Расми манзараҳо ҳатман аз ҷониби мусаввир ё рассоме тасвир карда мешавад. Аз ин сабаб, ин расм ҳам истисно нест.
– Дуруст мегӯӣ, Ниёз, – гуфтам ман. – Лекин ту ҳам мисле ки рассомро мешинохта бошӣ?
– Не, муаллим, намешиносам, вале бо дидани ин расми зебо ҳама мефаҳмад, ки онро рассоме тасвир кардааст. Ҳар куҷое мусаввара бошад, он асари ягон рассом аст.
– Ба ту ҳам офарин, Ниёз!
Вақте ки аҳсану офарин зиёд садо дод, сухангӯён ҳам зиёд шуданд. Ҳама мехост оид ба мавзӯъ мисол орад. Вале вақт маҳдуд буд.
– Хуб, маълум, ки мавзӯъро фаҳмидед, акнун биёед, ҷамъбаст кунем, – гӯён саволи ниҳоиро дар миён гузоштам:
– Боре шудааст, ки вазифаи хонагии иҷро накардаи шумо худ аз худ ба дафтаратон қайд шавад ё тасодуфан иҷро гардад?
Онҳо гуфтанд:
– Ҳеҷ гоҳ нашудааст.
Вале бачаҳои тамбалнамо гуфтанд:
– Оҳ, кош вазифаи хонагӣ худ аз худ иҷро мешуд. Чӣ хел нағз мебуд.
– Намефаҳмам, ки худ аз худ иҷро шудани вазифа чӣ нағзӣ дорад? – гуфт Зуҳал.
– Хуб, Зуҳал, ту бигӯ, – мақсади ӯро пурра фаҳмиданӣ шуда, савол додам ман. – Аз ин мисолҳо чӣ хулоса баровардан мумкин?
Зуҳал гуфт:
– Муаллим, ин мисолҳо аз он далолат мекунанд, ки дар дунё ҳеҷ чиз худ аз худ пайдо намешавад. Ҳар ҷо асаре бошад, он ҳатман як муаллиф ё усто ва ё офарандае дорад.
– Бале, духтарам. Ҳама мавҷудоти рӯйи дунё офарида шудааст. Ҳеҷ асаре худ аз худ пайдо намешавад. Агар як тахтаи одӣ, як расми хурдакак ва як сатри навишта худ аз худ пайдо нагардад, ин олами бузург, низоми офтобӣ, маҳтобу ситорагон ва Роҳи Каҳкашон худ аз худ пайдо мешаванд? Мегӯянд, ки як расми одӣ ҳам асари рассом аст, пас, худи инсон асари кист? Магар ӯ худ аз худ пайдо шудааст?!
Магар як олами бузург аз се-чор сатри вазифаи хонагии шумо одитару содатар аст? Аслан, ин дунё як китоби бузург аст. Умри инсон ба хондан ва кашф кардани асрори он намерасад. Магар касоне, ки пайдоиши ин олами бузургро ба тасодуфҳо нисбат медиҳанд, олим буда метавонанд?
Канӣ, бигӯ, сардор, дар ҳаққи чунин касон чӣ метавон гуфт? Сардори синф мақсади маро пай бурда, ҳазли бачагона кард:
– Муаллим, чунин касонро ба беморхонаи ноқисулақлон бурдан лозим.
Бачаҳо бо ханда суханони ӯро ҷонибдорӣ карданд.
***
Дар як кунҷи мизи омӯзгор қалам меистод. Онро бо ангуштам тела дода, ба замин афтондам. Аҳли синф инро медиданд ва оромона тамошо мекарданд. Ман қаламро аз замин бардошта, ба болои миз гузоштам ва боз онро тела дода афтондам. Акнун дар нигоҳи бачаҳо нишони ҳайрат дида мешуд. Аз онҳо пурсидам:
– Бачаҳо, бинед, ки ҳеҷ чиз худ аз худ намешавад. Қалам дар рӯйи миз аст ва бе таъсири қуввае ба замин намеафтад, аммо вақте ки ман онро каме тела медиҳам, меафтад. Акнун бигӯед, ки агар ин корро ман анҷом надиҳам ва таъсири дигаре ба қалам нарасад, он ба замин меафтад?
– Не, намеафтад, – гуфтанд бачаҳо.
– Медонед, ин мисоли одиро барои чӣ овардам? – пурсидам ман. – Ёд доред, ки Ниёз ҳам сабаби заминларзаро пурсида буд. Ӯ мехост бифаҳмад, ки оё Худованд заминларзаро барои ибрат гирифтани инсонҳо ба миён меорад? Акнун фурсат дорем, ки ба он савол ҳам посух диҳем. Тавре таъкид гардид, ба вуҷуд омадани ҳар ҳодиса ҳатман бо таъсири қуввае сурат мегирад. Албатта, олимон сабабҳои ба вуқуъ омадани заминларзаро таҳқиқ ва маълум кардаанд. Вале саволи мавриди назар ин аст, ки оё заминларзаро сабабҳо ба миён меоранд?
Аз миёни аҳли синф чанд касе даст боло карданд. Ман хушҳол шудам. Маълум аст, ки онҳо ба омӯзиши дарс таваҷҷӯҳ доранд.
– Марҳамат, Зуҳал, – гуфтам ман.
– Муаллим, заминларза сабаб дорад ва онро олимони сейсмолог, яъне зилзилашиносон муайян кардаанд, – шарҳ дод Зуҳал. – Вале ин сабабҳо хосияти маслиҳат кардан, ба мувофиқа расидан ва бошуурона ба як қарор расиданро надоранд. Аслан, сабабҳо офаранда нестанд, балки худ офарида шудаанд. Офаридгори ҳақиқӣ ҳар корро ба ягон сабаб ва ё қонуни табиӣ вобаста намудааст. Худованд ҳам офарандаи сабабҳо ва ҳам танзимдиҳандаи раванди ҳодисот аст. Олимон танҳо қонунияти бавуҷудоии ҳодисаҳоро кашф карда, шарҳ додаанд. Вале онҳо намегӯянд, ки қонунҳои кашфшуда аз ҷониби Худованд гузошта шудааст. Аз ин рӯ, фикрҳо парешон мешаванд. Магар намешуд, ки онҳо пас аз шарҳи сабаби воқеаҳо, гӯянд, ки Офаридгори ин сабабҳо Ҳақ Таъолост?!
– Албатта, мешуд, – гуфтам ман. – Ҳатто дурусттар мебуд. Аммо барои касоне, ки андеша мекунанд ва ҳодисаҳоро таҳлил менамоянд, нагӯӣ ҳам мешавад. Масалан, худи ту, чӣ хуб фикр кардаӣ. Ҳамчунин, фикру ақидаи мазкурро олимон дар амал ҳам татбиқ кардаанд. Барои мисол, амрикоиҳо дар китобҳои дарсиашон «Назарияи Лавуазе»-ро дар ҳамин асос шарҳ додаанд. Канӣ, кӣ мегӯяд, ки ин қонуни физикӣ кадом аст? Марҳамат писарам!
Писарбачае, ки дар мизи охир нишаста, посух додан мехост, гуфт:
– «Ҳеҷ чиз аз нестӣ ба вуҷуд намеояд ва он чӣ, ки ҳаст, ҳеҷ гоҳ нест намешавад!»
– Бале, – гуфтам ман. – Аммо дар ин ҷо як ҷумлаи дигарро илова кардаанд: «Ба истиснои хостаи Офаридгор». Агар Худованд бихоҳад, мавҷудро нобуд мекунад ва нобудро ба вуҷуд меорад.
Қонунҳои табиат аз нигоҳи инсон қонунанд. Офаридгори ин қонунҳо Худованд аст. Агар Ӯ бихоҳад, метавонад қонунро тағйир диҳад ва ё барои як лаҳза онро беэътибор кунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё