ОЁ ТАБИАТ ОФАРАНДА БУДА МЕТАВОНАД?
Мавзӯи дарси минбаъда табиат буд.
Гуфтам:
– Барои фаҳмидани он ки табиат қудрати офаридан надорад, аввал бояд чӣ будани онро бидонем. Пас, табиат чист? Бачаҳо гуфтанд:
– Дарёву баҳрҳо, дашту биёбон, ҷангалу бешазор, ҳайвоноту наботот, моҳу ситорагон ва осмону замин ҳама дар якҷоягӣ табиатанд.
Вақте ки табиат мегӯем, пеш аз ҳама чунин мафҳумҳо пеши назар меоянд. Аҳли синф дуруст номбар карданд.
– Хуб, акнун бигӯед, оё мавҷудоти зикршуда, ки дар маҷмӯъ табиатро ташкил мекунанд, офаридгор буда метавонанд?
Як касе, ки аз ҳама бештар мехост назарашро баён кунад, гуфт:
– Муаллим, албатта, табиат офаридгор аст. Чунки дар китобҳову дарсҳо ва ҳатто дар радиову телевизион ибораи «модар – табиат» ва «табиат офарид» бисёр истифода мешавад. Агар чунин намебуд, ин тавр намегуфтанд.
Маҳмуди файласуф ҳам аз посухи ҳамсинфаш ва ҳам ба хотири аввал сухан нагуфтан асабӣ шуд.
– Марҳамат, Маҳмуд, – ба вай навбат дода, сӯяш ишорат кардам ман. – Вале хоҳиш мекунам, ки бе асабоният фикратро баён намоӣ.
Ӯ гуфт:
– Муаллим, табиат офаридгор буда наметавонад. Ин андеша асоси илмӣ надорад ва гузашта аз ин хилофи ақлу мантиқ аст. Дар дарсҳои қаблӣ гуфтем, ки сабабҳо ва тасодуф ақлу шуур, илму дониш надоранд. Табиат ҳам мисли онҳост ва хосияти офарандагӣ надорад.
– Офарин, Маҳмуд, бисёр дуруст қайд кардӣ, – тасдиқ намудам ман. – Вале суханони ҳамсинфат ҳам аз он ҷиҳат дуруст буд, ки дар баъзе китобҳо ва барномаҳои телевизионӣ табиатро офаридгор мегӯянд. Аммо худи табиат, ки офарида шудааст, ҳаргиз наметавонад офаридгор бошад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё