Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Даъвати Ваҳшӣ

Он гуна ки Расули Худо (с) ба ҳидояти амакаш Абӯтолиб иштиёқманд буд ва дар ин замина истодагарӣ мекард, ҳамон андоза ба ҳидояти Ваҳшӣ, ки қотили амаки дӯстдоштааш «Асадуллоҳ» – Ҳазрати Ҳамза буд, майлу рағбат зоҳир менамуд ва барои ҳидояташ исрор меварзид. Инак, асли он ҳодисае, ки осори таърихӣ ҳикоят мекунанд:

Паёмбари Худо (с) қотили амакаш Ваҳширо ба роҳи рост даъват намуда, бад-ин мазмун ба ӯ номае фиристод ва ӯро барои қабули дини ҳақ ба назди худ фаро хонд. Аммо Ваҳшӣ дар ҷавоби ин нома ба дасти қосиди Паёмбари Худо (с) номаи дигаре фиристод, ки дар он ояти каримае навишта шуда буд:

«Ва ононанд, ки бо Худо маъбуди дигарро намепарастанд ва ҳеҷ нафсеро, ки Худо ҳаром кардааст, намекушанд – магар ба ҳақ; ва зино намекунанд; ва ҳар ки ин корро анҷом диҳад, ба уқубати душвор бармехӯрад: рӯзи қиёмат азоб барои ӯ дучанд карда шавад; ва он ҷо хор шуда, ҷовид монад».

Ваҳшӣ ба зери ин оят чунин навишта буд: «Ту маро ба мусулмон шудан даъват мекунӣ, аммо ман тамоми гуноҳҳои дар ин оят зикршударо муртакиб шудаам. Куфр варзидам, зино кардам ва амаки дӯстдоштаатро ба қатл расонидам. Магар инсоне чун ман сазовори омурзиш аст? Магар чунин касе ҳам метавонад мусулмон шавад?»

Расули Худо (с) мактуби дигаре фиристода, дар он ояти зайлро навишта буд:

«Ба дурустӣ, Худо онро, ки барои Ӯ шарик муқаррар карда шавад, намеомурзад; ва ғайри он ҳар киро хоҳад меомурзад. Ва ҳар ки барои Худо шарик муқаррар кунад, ҳамоно гуноҳи бузургро дурӯғ барбастааст».

Ваҳшӣ ин дафъа низ ба Паёмбари Худо (с) нома навишта, баён кард, ки авфу омурзиши мавриди назар қатъӣ нест, балки ба машияти илоҳӣ вогузор шудааст. Дар пайи ин Паёмбари шафқат (с) номаи севумашро фиристод, ки фарогири ин оят буд:

«Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ, ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст».

Ваҳшӣ пас аз дарёфти номаи севум ниҳоят ба ҳузури Расули Худо (с) омад ва байъат намуд. Ӯ низ минбаъд аз ҷумлаи саҳобагон ба шумор мерафт ва дар пайи зикри номаш «разиаллоҳу анҳ» (Худо аз ӯ розӣ бод!) гуфта мешуд. Вале ӯ қотили Ҳазрати Ҳамза (р) буд. Ҳеҷ касе ва ҳатто худи ӯ наметавонист инро фаромӯш кунад. Ҳарчанд ӯ дар охират бинобар иртикоби ин гуноҳаш ба ҷавобгарӣ кашида намешуд, зеро ҳангоми содир кардани ин ҷиноят мусулмон набуд ва дар баробари қабули ислом тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешуд. Аз ин ҷиҳат толеаш баландӣ мекард, аммо шахсияти ба қатл расондааш ҳам Ҳазрати Ҳамза буд!

Он Ҳамзае, ки аз ҳайбаташ шерони биёбон дилкаф мешуданд, ба ҳузури Расули Худо (с) омада, таслимияти худро изҳор ва исломро қабул намуда буд. Ҳамзае, ки ҳамроҳи Расули Худо (с) аз як доя шир хӯрда, ба манзалати бародари ширхӯраи Паёмбар (с) мушарраф гардида буд. То замони ислом овардани ӯ мусулмонон биму ҳарос доштанд. Вақте Ҳамза (р) мусулмон шуд, ғурриши онҳо Нимҷазираи арабро ба валвала андохта буд. Инак, Ваҳшие, ки замоне дар ваҳшоният қарор дошт, Ҳазрати Ҳамзаро ба шаҳодат расонида буд. Ӯ дар Уҳуд найзаи шумашро ба синаи Ҳазрати Ҳамза дарҳам зад. Ҳамзае, ки пас аз мусулмон шудан ба ҷуз Худои хеш ба ҳама чӣ (на!) мегуфт, ба ҳангоми афтодан рӯйи найзае, ки ба ҷисмаш фурӯ рафта буд, бори дигар ба сурати даромад ва дар шакли ба замин афтод.

Пас аз чанде Расули Худо (с) пайкари ба қисматҳо ҷудо гардидаи ӯро медид ва бар болои сараш истода, зор-зор мегирист. Шаҳидонро намешустанд, аммо Расули Худо (с) мисле ки ҷасади Ҳазрати Ҳамзаро шуст ва дар ин шустушӯ ба ҷойи об ашки дидагонашро ба кор бурд, ки аз оби кавсар ҳам арзиши бештар доранд. Бале, Расули Худо (с) бар сари ҷасади ӯ ба ин ҳад ашк рехта буд. Ва ҳоло Ваҳшӣ, сабабгори ин ҷиноят дасти хунолудашро ба Расули Худо (с) дароз карда, байъат менамуд. Таблиғ дар фаҳми Расули Худо (с) он қадар маъниву мазмуни амиқ дошт, ки Ӯ ҳамин дасти хунолуди Ваҳширо мефишурд ва бо ислом мушарраф гардиданашро табрик менамуд. Аслан худи Ӯ бо исрор Ваҳширо ба қабули ислом даъват карда буд.

Пас аз имон овардани Ваҳшӣ Расули Худо (с) ба гӯши ӯ оҳиста гуфт: «Ба қадри имкон худро ба ман намудор макун! Чун ҳар боре туро мебинам, Ҳамза ба ёдам мерасад ва мумкин аст шафқати лозимиро ба ту зоҳир насозам. Дар ин ҳол ҳам ту зиён мебинӣ ва ҳам ман вазифаи худро ба тарзи шоиста анҷом нахоҳам дод».

Ваҳшӣ ҳамчун саҳоба ҳаргиз ба ин дархосту дастури Расули Акрам (с) мухолифат накард. Ӯ ҳамеша аз Паёмбари гиромӣ (с) канора мегирифт ва талош мекард рӯ ба рӯяш набарояд31. Аммо ҳар дақиқа ва ҳар сонияи ҳаёташ дар интизори даъвати дувуми Паёмбари Худо (с) гузашта буд. Ӯ аз пушти сутуне ба Расули Худо (с) менигарист ва саъй мекард, ки як нигоҳи илтифотомези Ӯро дарёфт кунад ва пайваста дар ин андеша буд, ки «Оё фурсате мерасида бошад, ки Расули Худо (с) ба ман бигӯяд: «Акнун метавонӣ худро ба ман зоҳир намоӣ!»

Ваҳшӣ, ки дар интизори фаро расидани он рӯзи хуҷаста зиндагӣ мекард, рӯзе бо шунидани хабари талху нохуше такон хӯрд. Паёмбари Худо (с) дунёи фониро тарк карда буд. Ин хабар ҳамчун соиқае ба сараш фуруд омад, зеро дигар умеди фаро хонда шудан намонда буд.

Минбаъд Ваҳшӣ ҳаёти худро дар пайи ҷустуҷӯи кафорате барои гуноҳаш сипарӣ мекард. Дар ин миён ҷанги Ямома сар зад ва ӯ фавран ба лашкари Холид ибни Валид пайваста, ба Ямома раҳсипор шуд. Ин фурсате буд, ки Ваҳшӣ бояд аз даст намедод. Ӯ яке аз бузургтарин баҳодурони исломро ба шаҳодат расонда, муртакиби гуноҳ шуда буд. Агарчанде ин гуноҳ авф шуда бошад, виҷдони Ваҳшӣ бар асари он мисли оташи дӯзах аланга мезад. Акнун фурсате фаро расида буд, ки мебоист сарсахттарин душмани ислом – Мусайламаро сарнагун созад.

Ваҳшӣ найзаи зангзадаашро, ки замоне аз пайкари Ҳамза (р) берун кашида, нигоҳ медошт, бо худ гирифт ва ба ҷанги Ямома ҳозир шуд. Ин муҳориба чандин рӯз тӯл кашид. Мусайлама ва лашкараш сахту бераҳмона меҷангиданд. Чун нишонаҳои шикасташон зоҳир шуд, Мусайлама як лаҳза хост аз қалъа берун ояду қасди фирор кунад. Дар ин асно саҳобаи посбон ӯро дида, Ваҳширо садо кард: «Бубин, душмани Худо дар ҳоли фирор аст!» Ваҳшӣ бо шунидани ин сухан найзаи зангзадаашро бардошт ва он гуна ки солҳо қабл садру синаи Ҳазрати Ҳамзаро нишон гирифта буд, ин дафъа онро ба синаи Мусайламаи каззоб зад32. Вақте аз болои асп сарозер шудани Мусайламаро дид, сар ба саҷда бурд ва бо дидагони пурашк гӯё ба руҳонияти Расули Акрам (с) хитоб намуда, мегуфт: «Эй Паёмбари Худо (с)! Акнун метавонам биёям?»

Барои мо маълум нест, ки Расули Худо (с) ба ӯ чӣ посухе дода буд. Вале эҳтимолан рӯҳонияти Паёмбари Акрам (с) дар Ямома ҳузур дошт ва ин ниёиши мутавозеонаи Ваҳшӣ Ӯро ба риққат оварда буд ва Ӯ ба хотири табрик намудани ин ҷавонмардию диловарӣ Ваҳширо ба канор гирифта, гуфта буд: «Акнун метавонӣ худро намоён созӣ». Мо инро намедонем, зеро ин гуна қазияҳо дар абъоди дигаре сурат мегиранд ва пушидаанд. Аммо ҳадафи мо аз ёдоварии он шарҳи моҳият ва чигунагии таблиғи Расули Худо (с) буд.

Воқеан тавре мебинем, Расули Худо (с) барои қотили баҳодури бузурге ҳамчун Ҳамза (р) низ, ки ӯро на кам аз падари хеш дӯст медошт ва барояш мисли бародари аслие гиромӣ буд, раҳмату марҳамат зоҳир менамуд. Паёмбари Худо (с) ба хотири ислом овардани Ваҳшӣ даҳҳо роҳу воситаҳоро озмуда, аз ӯ саҳобае ба миён оварда буд. Агар таблиғ дар сиришту моҳияти Расули Худо (с) ҷой намедошт ва ба ҷузъе аз табиати Ӯ табдил намеёфт, магар имкон дошт, ки Паёмбари Акрам (с) инсонеро ҳамчун Ваҳшӣ бо исрор ба ислом даъват кунад? Албатта, не! Балки дар ин саъю талоши Ӯ ин ҳақиқат нуҳуфтааст, ки таблиғ яке аз сифатҳои аслии паёмбарон аст. Бинобар ин Ӯ наметавонист ба шеваи дигаре рафтор кунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.