ОЁ КУПРУК ХУД АЗ ХУД ПАЙДО МЕШАВАД?
– Акнун, биёед, ҳодисаеро баррасӣ намоем, ки ба мавзӯи мо равшанӣ меандозад. Шумо Абӯҳанифа Имоми Аъзамро мешиносед ва олиму фақеҳи бемисл будани ӯро медонед. Аз он ки мо дар мазҳаби ҳамин олими бузург ҳастем, моро ҳанафӣ мегӯянд.
Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар овони бачагӣ ҳам бисёр доно ва закӣ буд. Дар aйёми хурдсолии ӯ мункире ба Бағдод омад ва аз мардум талаб намуд, ки мавҷудияти Худоро ба ӯ исбот кунанд. Онҳо Абӯҳанифаро нишон дода, гуфтанд:
– Ҳамин донишманди хурдсоли мо ҳастии Худоро ба ту шарҳ медиҳад.
Мункир ба Абӯҳанифа бо чашми таҳқир назар карда, гуфт:
– Канӣ бинем, чӣ медонӣ?!
Мардум ҷамъ омада, он мардро болои минбаре шинонданд. Ӯ аз минбар ҳавобаландона ва такаббуромез ба поён нигарист. Он гоҳ Абӯҳанифа гуфт:
–Китобҳоям дар хонаанд. Аввал бояд китобҳоямро биёрам. Ба ӯ иҷоза доданд ва ӯ рафта, ба зӯдӣ наомад. Косаи сабри мардум лабрез шуд. Аз интихобашон дар андеша афтода, байни худ гуфтанд, ки кош каси дигаре пешниҳод карда мешуд. Дар ин муддат мункир мардумро ба ҷон овард. Вай мегуфт, ки куҷост донишманди шумо?! Аммо мардум пай бурданд, ки ба Имоми Аъзам ҳодисаи ғайри чашмдошт рух додааст, зеро ӯ бисёр ростқавл буд. Агар ваъда медод, ҳатман дар ваъдааш меистод. Агар ӯ нияти омадан намедошт, ҳатман мегуфт ё хабар мерасонд.
Ҳамин тавр, бо гузашти вақти зиёде донишманди хурдсол
баргашт. Мардум аз омадани ӯ шод шуданд. Мункир бошад худбоварона ба Имоми Аъзам гуфт:
–Чаро дер кардӣ? Ё тарсидӣ, ки ҳастии Худоро исбот карда наметавонӣ?!
Имоми Аъзам оромона посух дод:
–Не, ман наметарсам. Чунки ҳастии Худоро исбот кардан
мушкиле надорад. Фақат дер омаданам бесабаб набуд. Хонаи ман дар он тарафи дарё аст. Вақте ки ба он тараф гузаштам, сел омада, купрукро шуста бурд. Дигар на купруке монд, на қаиқе, ки ман бозгардам.
Он гоҳ, мункир гуфт: –Пас, чӣ гуна баргаштӣ?
Имоми Аъзам гуфт:
–Вақте ба соҳил омадам, дидам, ки сангҳои калон ғелон-ғелон омада, болои ҳам истоданд ва сутунҳои мустаҳкамро ташкил намуданд. Сипас, аз ҳаво тахтаҳо парвозкунон омада, дар болои сутунҳо ҷой гирифтанд. Он гоҳ, мехҳо монанди тири аз камон парида ба рӯйи тахтаҳо рехтанд ва онҳоро ба пояҳо маҳкам куфтанд. Баъд хоки соҳил худ аз худ ба болои тахтаҳо фурӯ рехт. Ҳамин тавр як купруки муҳташам ба монанди роҳи калон ба вуҷуд омад ва ман аз болои он ба тарафи дигари соҳил гузаштам.
Мардум аз суханони Имоми Аъзам ҳайрон шуданд. Мункир бошад, бовараш ба худ зиёдтар шуд ва мағрурона гуфт:
–Эй мардум, ман вақти масхарабозӣ надорам. Шумо донишманд гуфта, чӣ касеро овардед?!
Имоми Аъзам гуфт:
–Кадом сухани ман ҷойи шубҳа дорад?
Мункир гуфт:
–Аз аввал то охир! Худ аз худ ба вуҷуд омадани купруки
калонеро қисса кардӣ. Магар ягон чӣ худ аз худ пайдо мешавад?
Чашмони Имоми Аъзам аз хушҳолӣ дурахшиданд. Ӯ гуфт: –Хуб, сохтани купрук мураккаб аст ё сохтани дунё?
Мункир гуфт: –Албатта, сохтани дунё.
–Ин тавр бошад, чаро мегӯӣ, ки дунё худ аз худ пайдо шудааст? Агар як купрук худ аз худ ба вуҷуд омада натавонад, ин дунё чӣ хел худ аз худ ба вуҷуд меояд? Дуруст мегӯӣ, ки купрук бе усто намешавад. Пас, як дунёи бузург чӣ хел бе Офаридгор пайдо мешавад?
Ба назари ман, аҳволи касе, ки Худоро инкор мекунад, ба ҳолати пашшае монанд аст, ки ҳангоми парвоз ба шишае бархӯрда, беист пар мезанад. Ин пашша аз тазоди ҳисси биноӣ ва ҳисси ломиса огоҳӣ надорад, натиҷаи мантиқӣ бароварда наметавонад ва соатҳо пар зада, якравӣ мекунад. Пашша ба ҳастии садде, ки дар назараш ноаён аст, бовар накарда, мехоҳад аз миёнаш ба он сӯи тиреза гузарад.
Дар як лаҳза ҳолати мункир якбора тағйир ёфт. Ӯ аз ғояти қаҳру ғазаб сурх шуд. Хандидан мехост, аммо наметавонист. Парешонҳолӣ ва ноилоҷӣ ӯро фаро гирифта буд. Гуфт:
– Майлаш қабул дорам, ки ин дунё ҳам худ аз худ пайдо нашудааст. Онро Офаридгоре ҳаст. Пас, Имом гуфт:
– Он Офаридгор Аллоҳ Таъолост!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё