Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ТАБИАТПАРАСТӢ

Бачаҳо, аслан, табиатпарастӣ ақидаи нав нест. Тарафдорони ин ақида дар аҳдҳои қадим пайдо шудаанд. Онҳо офтоб, моҳ ва ситораҳоро мепарастиданд. Дар гузаштаи начандон дур касоне ҳам буданд, ки дарахтро парастиш мекарданд. Оҳиста-оҳиста одамоне низ пайдо шуданд, ки ҳайвонҳоро муқаддас мешумориданд. Масалан, дар Ҳиндустон. Баъзе ҳиндуҳо говро муқаддас медонанд ва ҳатто онҳоро парастиш мекунанд. Чун гове дар байни роҳ хоб равад ва роҳи мошинҳоро банд кунад, касе онро нороҳат намекунад. Агар мабодо ронандаҳо мунтазир нашуда, говро бо садои мошин нороҳат кунанд, ҷазои шадид мебинанд.

«Танҳо як китоб вуҷуд дорад, ки он ба рӯйи ҳама боз аст: китоби табиат.

Ҳангоми хондани ин китоб ба Офаридгори бузург, ки онро ба вуҷуд овардааст, бовар мекунам. Барои нахондани он ҳеҷ гуна маъзарат вуҷуд надорад. Чунки ин китоб ба ҳама инсонҳо хитоб мекунад ва забонаш барои ҳама фаҳмост». Ж.Ж. Руссо

Акнун бубинем, ки ҳамчун Худо парастиш кардани ҷузъе аз табиат дар замонҳои қадим чӣ гуна пайдо шудааст? Аслан, табиатпарастӣ падидаи кӯҳан буда, ба сабаби фаромӯш шудани дини ҳақ пайдо шудааст. Инсонҳо дар пайи мунҳариф шудан аз роҳи ҳақ, ки Худованд ба воситаи паёмбаронаш таълим додааст, дар натиҷаи ҷаҳолат ба парастиши табиат рӯй оварданд. Аммо табиатпарастие, ки дар аҳди қадим вуҷуд дошт, аз ин табиатпарастии замони мо фарқ дошт. Онҳо ҷузъҳои муайяни табиатро офаридгор меҳисобиданд. Баъзе ҷамъиятҳо аз нодонӣ ва ё аз тарс раъду барқро мепарастиданд, ё офтобро ба хотири равшану зебо буданаш парастиш мекарданд. Ё дарёро бинобар фоидаовар буданаш муқаддас мешумориданд. Баъзеҳо ба ситорагон саҷда мекарданд. Баъзеи дигар оташро мепарастиданд, ки он манбаи гармист. Хулоса, дар сурати фаромӯш шудани динҳои ҳақ инсонҳо аз тарс ва ё аз дӯстдории зиёд ҷузъе аз табиатро ҳамчун Худо пазируфта, парастиш кардаанд.

Аммо табиатпарастони имрӯза намегӯянд, ки кадом ҷузъи табиат офаридгор аст, балки онро дар умум «офаридгор» мегӯянд. Ин сухан аз мантиқ дур аст, зеро худи табиат вуҷуди якпорча нест. Дар ин сурат бояд гуфта шавад, ки кадом ҷузъи он офаридгор аст?!

– Муаллим, шояд онҳо гуфтан мехоҳанд, ки ҳама ҷузъи табиат офаридгор аст, – луқма партофт хонандае.

– Агар манзурашон ҳамин бошад, биёед, чунин андешаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем, – пешниҳод кардам ман.

Маҳмуд гуфт:
– Муаллим, ба фикри ман, инҳо андешаҳо кирои таҳлил ҳам нестанд.
– Дуруст мегӯӣ, Маҳмуд, – гуфтам ман. – Вале ба ҷойи хати бутлон кашидан ба сари ин андешаҳо, онҳоро аз ҷиҳати илмӣ таҳлилу баррасӣ кардан муфидтар аст. Бояд инсон аз лиҳози ақлу мантиқ қонеъ гардад. Бад-ин васила, имонаш ҳам тақвият меёбад.

Аввал худи табиатро бигирем. Табиат як асар аст ва ҳар асар оғозе дорад. Аз нигоҳи илм замоне буд, ки табиат вуҷуд надошт. Он баъдан офарида шуд. Ҳар он мавҷуде, ки оғоз дорад, аз ҷониби офаридгоре офарида шудааст. Пас, он офаридгор кист?

Магар мо метавонем дар посухи ин савол гӯем, ки офаридгор табиат аст?

Агар чунин гӯем, бояд худ аз худ пайдо шудани табиатро қабул кунем, ки имконнопазир будани инро дар дарсҳои пешин гуфта будем. Шояд табиат худро офаридааст? Ё шояд баъзе сабабҳо ба ҳам омада, онро ба миён овардаанд? Чунин буда наметавонад, зеро мо исбот карда будем, ки сабабҳо хосияти офарандагӣ надоранд. Пас, офаридгори табиат кист?

– Аллоҳ Таъоло! – гуфтанд бачаҳо.

– Албатта, Аллоҳ Таъолост! Ҳамаи ин зебоиҳо ва ин тартибу низомро касе офарида метавонад, ки илму қудрати беинтиҳо дошта бошад. Оё касе ба ҷуз Ҳақ Таъоло метавонад чунин корро анҷом диҳад?

Акнун бинед, бачаҳои азиз, ки агар табиатро офаранда бигӯем, чӣ қадар бемантиқ мешавад, зеро табиат худ асари офариниш аст.

Агар табиат ақл медошт, аз ин суханони бемантиқе, ки дар ҳаққи ӯ гуфта мешаванд, ба ғазаб меомад. Биёед, бо як мисол ба ин мавзӯъ равшанӣ андозам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.