
Ҳикмат
Суоле, ки бо нияти нек ва дар шакли зебо пурсида мешавад, барои посухдиҳанда сарчашмаи илҳом ба шумор меравад. Пурсида тавонистан маҳорат, ҷавоби қонеъкунанда додан мазият (афзалият) аст.
СЕ ИДДАОИ МУНКИРОН
Хонандагони синфҳои болоӣ бештар аз ҳама ба мавзӯҳои марбут ба офариниши замин ва ҳастии Худо таваҷҷӯҳ доранд. Онҳо на танҳо дар дарси маърифати ислом, балки тақрибан дар ҳама дарсҳо ин масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Ман бо мақсади ба фаҳми инсон наздик кардани мавзӯи ҳастии Офаридгор мисолҳо овардам. – Ҳастии Худованд барои инсони бошуур возеҳу равшан аст. Баръакси инро иддао карда, набудани Худоро исбот намудан то имрӯз ба касе муяссар нашудааст. Воқеан ҳам аз пайдоиши дунё то замони мо ҳеҷ касе набудани Худоро исбот карда натавонистааст. Аммо дар мавриди ҳастии Ӯ садҳо ҳазор далелу исбот мавҷуд аст. Касоне, ки ҳастии Худоро инкор мекунанд, набудани Худоро пеш аз ҳама исбот мекарданд, аммо аз он ки Худо ҳаст ва набудани Ӯро исбот карда намешавад, касе ба инкори он муваффақ нашудааст. Маълум мешавад, ки инкорро исбот карда намешавад. Баръакс дар натиҷаи рушди илм барои исбот далелҳои нав пайдо мешаванд. Дар ин ҳол, касоне, ки имон надоштанд, имон меоранд ва касоне, ки имон доштанд, василаҳои комилтар кардани имонро кашф мекунанд. Ҳақиқати дигар аз он иборат аст, ки имон ба Худо аз аввали офариниш то имрӯз дар дили инсонҳо ҷо доштааст. Имон чӣ ҳиссиёти қавиест, ки дар ҳеҷ як давру замон инсоният бе он набудааст? Имон дар дили тамоми башарият чӣ гуна ҷойгир шуд ва торафт инкишоф ёфт? Чаро касоне, ки имон надоранд, дар тӯли таърих ҳамеша ақаллиятро ташкил додаанд? Баъзе мункирон ақида доранд, ки инсонҳо дар ҷамъияти ибтидоӣ бо сабаби надонистани қонунҳои табиат аз ҳодисоти табиӣ тарс доштанд ва аз рӯйи тарсу ноилоҷӣ эътиқод ба Худоро ба вуҷуд оварданд. Албатта, ин ақида нодуруст аст, зеро сабабҳои ҳодисаҳои табиат, аз қабили борон, барф, заминларза, раъду барқ ва ҳодисоти дигар муайян шудаанд. Аммо инсонҳо аз ҳодисоти табиат дигар натарсанд ҳам, натарсидани онҳо беимониро натиҷа надод. Баръакс, имони онҳо қавитар гардид. Аз ин бармеояд, ки имон ба Худоро тарсидан ва оҷиз мондан дар назди ҳодисаҳои табиат ба вуҷуд наовардааст. Инсон бо ҳисси имон ба дунё меояд. Имон як ҷузъи фитрат буда, дар дили ӯ ҷой дорад ва он зуҳуроте нест, ки баъдан пайдо гардад. Тавре таъкид гардид, дар як ҳадиси набавӣ ҳам зикр шудааст, ки ҳар тифл бо фитрати исломӣ таваллуд мешавад. Дар ҳамин вақт сардори синф, ки дар даст маҷаллае дошт, барои сухан гуфтан иҷозат пурсид ва гуфт: – Муаллим, Худованд, ки дили инсонҳо, аз ҷумла дили мункиронро медонад, дар дили ҳама нишонаашро гузоштааст. Бубинед, ки ин маҷаллаи илмӣ ҳамин мавзӯъро чӣ хел зебо шарҳ додааст. Ба расмҳои маҷалла назар кардам. Воқеан ҳам ҳайратовар. Дар дили инсон бо ҳуруфи қуръонӣ «Аллоҳ» навишта шудааст. Ин нишонаи илоҳиест, ки мушриконро шармсор мекунад. Дар муҳимтарини узви ҷисми инсон нишонаи боризи Офаридгор мавҷуд буда, монанди як муҳр аз ҳастии Худо дарак медиҳад. Бале, дар ҳақиқат номи Худованд дар дили инсонҳо ҳаккокӣ шудааст, вале инсонҳое ҳам ёфт мешаванд, ки бо вуҷуди нишонаҳои равшан инкор мекунанд. Чунин касон зиёд набошанд ҳам, ҳастанд. Ҳоло, биёед бубинем, ки онҳо чӣ иддао доранд. Онҳо бо кадом андеша ё беандешагӣ ба Худо имон наовардаанд. Ҳамаи ақидаҳои онҳоро дар се гурӯҳ ҷамъ овардан мумкин аст: *1) Ашё ва мавҷудотро сабабҳо меофаранд. Ашё ва мавҷудот тасодуфан, яъне худ аз худ ба вуҷуд меоянд.* 3) Ашё ва мавҷудотро табиат меофарад. Агар мо асос надоштани ин се иддаоро исбот намоем, имон боқӣ мемонад. Ҳар гоҳе муайян гардад, ки мавҷудотро сабабҳо ва табиат наофаридаанд ва онҳо худ аз худ пайдо намешаванд, пас, маълум мешавад, ки Худованди ягона онҳоро ба вуҷуд овардааст.
ИМОН ИНСОНРО ИНСОНИ ҲАҚИҚӢ МЕКУНАД
– Акнун биёед шарти аввали имонро аз лиҳози мазмун баррасӣ намоем, – пешниҳод кардам ман, вале дидам, ки яке аз талабагони ғайрифаъол савол доданист. Ба ӯ имкон додам: – Марҳамат, писарам. Гуфт: – Муаллим, акнун хуб фаҳмидам, ки ҳар касе калимаи шаҳодат арза кунад ва маънои онро фаҳмида, сидқан қабул намояд, мусулмон мешавад. Шумо гуфтед, инро ҳар касе хоҳад анҷом дода метавонад. Барои имон овардан монеае нест. Вале ман шунида будам, ки лӯлиҳо барои мусулмон шудан аввал бояд насронӣ шаванд, баъд мусулмон. Магар ин ҳақиқат дошта метавонад? – Не, писарам, ин ғалат аст. Инро барои паст задани лӯлиҳо гуфтаанд ва чунин сухан бо ислом ягон муносибат надорад. Инсон аз ҳар қавму миллате бошад, ҳар гоҳе бихоҳад, калимаи шаҳодат гуфта, мусалмон мешавад. Ин қоида вобаста ба халқияту миллат иваз намешавад. Чунки ҳамаи мо инсонем. Касеро ҷудо кардан қавмгароӣ ва миллатчигӣ аст. Агар мусулмон шудан ба касе осон ва ба каси дигаре мушкил мебуд, миёни намояндагони қавму миллатҳо ҷудоӣ сар мезад ва онҳо ба синфҳо тақсим мешуданд. Ислом чунин тафриқаро маҳкум мекунад, зеро интихоби қавму миллат ба иродаи инсон вобаста нест ва касе аз рӯйи мансубияти қавмӣ гунаҳгор дониста намешавад. Инсонҳо ҳангоми офариниш аз лиҳози эътиқод баробаранд. Мувофиқи ҳадиси набавӣ, ҳамаи кӯдакон бо фитрати исломӣ таваллуд мешаванд, вале падару модарон онҳоро ба динҳои гуногун раҳнамун месозанд. Аз суҳбати мо яке аз талабагон мувофиқи фаҳмиши худ хулоса бароварда, пурсид: – Муаллим, магар дилкашу дӯстрӯ будани тифлакон, бахусус, навзодҳо аз ҳамин хотир аст? Охир, онҳоро ҳама дӯст медоранд?! – Бале, онҳо дар баробари мусулмон таваллуд шудан маъсуму бегуноҳ низ ҳастанд. Албатта, тифли маъсум дар назари ҳар инсони ҳақиқӣ дӯстрӯ менамояд. – Муаллим, инсоне, ки ҳақиқӣ набошад, чӣ гуна аст? – Баъзе инсонҳое ҳам ҳастанд, ки хусусияти инсонӣ дар онҳо дида намешавад, мисле ки аз олами инсоният берун тарбият ёфтаанд. Амалу рафтори онҳо ба муносибати инсонҳо монанд нест. Масалан, модаре, ки фарзанди парпечашро ба кӯча гузошта, ғайб мезанад. Чунин рафтор хоси модарон нест, аз ин рӯ, ҳар касе аз тифли худ рӯй мегардонад, хислати инсонияшро гум кардааст. Ё баръакси ин ҳолат, баъзан як фарзанд барои сарвату манфиати дунё падару модари хешро ба қатл мерасонад. Магар чунин касеро инсон гуфтан мумкин аст? Ин гуна амали зиштро ҳатто ҳайвонҳо анҷом намедиҳанд. Аз ин рӯ, инсони ҳақиқӣ будан ба имон вобастагӣ дорад. Оё инсоне, ки ба Худои ягона, ба охират, ба дӯзаху биҳишт имон дошта бошад, чунин рафтор мекунад? Амалҳои зишти номбаршударо фақат касе анҷом медиҳад, ки мушкили имонӣ дошта бошад. Аксаран касе, ки имон надорад, моддагаро мешавад. Ҳама корро ба пулу мол вобаста медонад ва ба хотири кайфу сафо анҷом медиҳад. Худписанд ва маишатпараст мешавад. Барои манфиати худ ба ҳама гуна ноҳақӣ даст мезанад. Ҳар касе садди роҳаш шавад, ҳатто агар падару модараш бошанд ҳам, мумкин аст, ки пешпо занад. Ягона монеа дар пеши роҳи беимон қувваи қонун ва тарси дастгир шудан аст. Ягона тарсаш аз он аст, ки мабодо ба даст афтода, маҳбас шавад. Дар ин сурат ба сари ҳар беимоне бояд як полис гузошта шавад. Магар ин мумкин аст? Маҳмуди файласуф фурсати сухан ёфта, гуфт: – Муаллим, ин кор имконнопазир аст! – Чаро? – пурсидам ман. – Чунки сафи ҷинояткорон метавонад зиёд бошад, - шарҳ дод ӯ. - Агар давлату ҳукумат ба сари ҳар яки онҳо як полис таъин кунад, буҷети давлатӣ ба маоши онҳо намерасад. Ҳол он ки худи маъмурони полис ҳам инсон ҳастанд ва барои пешгирӣ намудани бадкории онҳо низ ба сарашон маъмурони дигар таъин кардан зарур аст. Ҳамин тавр кор тӯл мекашад. – Маҳмуд дуруст мегӯяд. Яъне бо ин роҳ ҳама полис шаванд ҳам, садди роҳи ҷинояткорӣ гирифта намешавад. Ҳамин тавр не? – Бале, муаллим! – гуфтанд онҳо. – Пас, чора чист? Чӣ бояд кард? – пурсидам ман. Дар натиҷаи мубоҳиса аҳли синф ба хулосае расиданд, ки бояд нозирону маъмурон дар дили инсонҳо ҷо карда шаванд. Он эҳсосоте, ки инсонро аз роҳи зишт бозмедорад ва садди роҳи ҳар гуна бадкориҳо мешавад, бояд як ҷузъи инсон бошад. Ин ҳам танҳо ба василаи имон доштан ба Ҳақ Таъоло муяссар мегардад. Чунки инсоне, ки аз Худо наметарсад, метавонад аз ҷонвари даранда ҳам хатарноктар бошад. Аз ин рӯ, фармудаанд: «Битарс аз касе, ки аз Худо наметарсад!» Воқеан, инсон танҳо ба василаи имон метавонад инсони ҳақиқӣ бошад, ба пояҳои баланди маънавӣ расад ва ҳатто аз фариштагон бартар равад. Аслан қалби инсон бе имон буда наметавонад, зеро он мехоҳад ҳатман ба чизе бовар дошта бошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон инсонҳо ба ин ё он қуввае бовар доштаанд. Ҳатто ҷамъияте набуда, ки бе эътиқод зиста бошанд. Вале ба чӣ бояд бовар кард? Имон овардани мо, ки ногузир аст, бояд ба ҳастии лоиқу сазовор имон биёрем. Он ҳам ба ҷуз Худои ягона касе нест!
РОҲХАТИ БИҲИШТ
Дар ҳафтаҳои минбаъда Маҳмуд ва Зуҳал гуфтанд, ки аз таърихи ислом дар атрофи ҳамин мавзӯъ чанд мисоле пайдо кардаанд. Аввал «файласуф» воқеаи хондаашро нақл карданӣ шуда, гуфт: – Муаллим, имон дар ҳақиқат муҳим аст, зеро он роҳхати биҳишт маҳсуб мешавад. Бе имон ягон кас наметавонад ба биҳишт роҳ ёбад. Аммо дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд ман аз ҳадисҳои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омӯхтам, ки ҳарчанд нодир бошад ҳам, бе ибодат ба биҳишт роҳ ёфтан мумкин будааст. – Бале, Маҳмуд, дар таърихи ислом чунин воқеаҳои нодир ҳастанд. Канӣ, бигӯ, саргузашти хондаат кадом аст? Ҳамроҳ мебинем, ки чӣ касе бе намозу рӯза ва бе ҳеҷ ибодате вориди биҳишт шудааст. Маҳмуди файласуф овозашро бо як-ду сулфа дуруст карда, ба ҳамсабақон рӯ овард ва бо қиёфаи ҷиддӣ нақл кард: – Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ёронашон дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ қалъаи Хайбарро фатҳ намуданд. Ин қалъа мавзеи муҳими яҳудиён буд. Албатта, фатҳи он кори саҳл набуд. Яҳудиён, ки дар дохил обу ғизоро хуб захира карда буданд, ба осонӣ таслим нашуданд. Дар ин миён чӯпоне, ки берун аз қалъа гӯсфанд мечаронд, ба дидани Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад. Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ба ҳузур пазируфт. Чунки Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар масъалаи қабули инсонҳо ниҳоят мутавозеъ буд. Чӯпон ба дидори Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мушарраф шуда, шефтаи Ӯ гардид ва дар мавриди таълимоти ислом чанд саволе пурсид. Вақте ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифт, қарор дод, ки мусулмон шавад. Пас, гуфт: – Эй Расули Худо, ман ба ҳастиву ягонагии Худо ва Паёмбари барҳақ будани Ту сидқан бовар дорам ва мехоҳам дар наздат бимонам. Вале гӯсфандоне, ки ман онҳоро нигоҳубин мекунам, моли яҳудиёни Хайбар аст. Ин бори амонатро чӣ гуна аз дӯши худ раҳо кунам? Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳисси масъулияти он чӯпон, ки акнун мусулмон шуда буд, хушҳол шуд ва фармуд: – Гӯсфандонро ба сӯйи қалъа бирон ва ба Худо амонат кун. Онҳо ба Хайбар рафта, соҳибонашонро меёбанд. Чӯпон дастури Расули Худоро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷо оварда, ба назди Ӯ баргашт ва барои худ шамшер дархост намуд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: – Шамшер ба ту чӣ лозим? Ӯ гуфт: – Мехоҳам дар роҳи ислом биҷангам, то аз ин ҷо (ба гулӯяш ишорат кард) тир хӯрда, шаҳид шавам. Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: – Худованд бихоҳад, он ҳам мешавад. Чӯпон, ки ҳамагӣ як соат пеш мусулмон шуда, ба сафи ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шомил гардида буд, ба ҷанги зидди душман шитофт. Ӯ қасд дошт, ки то зафар ёфтан ва ё ба шаҳодат расидан бо душман биҷангад. Бо гузашти чанде ҷасади ӯро аз наздикии қалъа пайдо намуда, ба ҳузури Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварданд. Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) диданд, ки чӯпон воқеан ҳам аз гулӯяш тир хӯрда, ба шаҳодат расидааст. Аз ин рӯ, табассум карданд ва ба касоне, ки сабаби табассуми Ӯро пурсиданд, фармуданд: – Худованд дуои ӯро қабул кард. Ҷасадаш дар ин ҷост, вале рӯҳаш ба биҳишт парвоз намуд. Ҳоло ӯ дар биҳишт меҳмони Худованд ва бо аҳли биҳишт ҳамнишин аст. Сабаби табассум карданам ҳамин аст. – Офарин Маҳмуд, бисёр хуб дарёфтӣ. Воқеан ҳам, тавре шунидем, он саҳоба дар рӯзи имон оварданаш ба шаҳодат расид ва бе ибодат биҳиштро ба даст овард. Бале, ӯ бе ибодат биҳиштӣ шуд, дақиқтараш ба иҷрои ибодатҳо фурсат наёфта, ба биҳишт рафт. Аммо он саҳоба дар ҳақиқат имон оварда буд ва имонашро бо баҳои ҷон ҳифз намуд. \* Акнун навбати Зуҳал. Канӣ, бинем, ки ӯ кадом ҳодисаро хонда омадааст? Зуҳал каме дар хиҷолат менамуд. Шояд ӯ гумон мекард, ки ба мисли Маҳмуд суханронӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, гуфт: – Муаллим, нақли ман кӯтоҳ аст ва онро аз падарам шунидам. Аз китобҳо нахондаам ва шояд хуб фаҳмонда ҳам натавонам. – Бошад, ту оғоз кун, бовар дорам, ки аз уҳдааш мебароӣ. Агар ягон норасоӣ шуд, мо ислоҳ мекунем, - гуфтам ман, Зуҳалро ба ҷасорат оварда. Ӯ гуфт: – Саргузашти шунидаам аҳамияти имон ва дахлнопазир будани онро нишон медиҳад. Воқеа чунин аст: Дар яке аз ғазваҳо Усома ном саҳоба, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро бисёр дӯст медошт, бо душмане рӯ ба рӯ омада, ба ҳам дарафтоданд. Душман бисёр қавӣ буд ва қасди куштани саҳобаро дошт. Ҳазрати Усома, ки ҷавони далеру ҷасур буд, бо як мушкилӣ пушти душманро ба замин зад. Ӯ синаи душманро зер карда, шамшерро ба даст гирифт, то ба сари душман фарорад. Дар ҳамин ҳолат душман калимаи шаҳодатро ба забон овард. Ҳазрати Усома андаке дудила шуд ва сипас, бо зарби шамшер ӯро ба қатл расонд. Ба гумони ҳазрати Усома, ҳарифаш калимаи шаҳодатро аз тарси ҷон гуфта буд, вагарна мусулмон шудан намехост. Вақте ки воқеаро ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, Ӯ бисёр нороҳат шуд, дар ғазаб омад ва гуфт: – Эй Усома! Чаро чунин кардӣ?! Ҳазрати Усома сабаби ба қатл расониданашро фаҳмонданӣ шуда, гуфт: – Ӯ аз рӯйи тарс калимаи шаҳодат арза намуд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) такрор ба такрор фармуд: – Магар дили ӯро кушода дидӣ?! Ҳарчанд Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳазрати Усомаро дӯст медошт, аз суханони ӯ озурда шуд. Ҳол он ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз касе ба осонӣ намеранҷид. Ин ҳодиса далели он аст, ки ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба имон овардани каси дигар монеъ шавад. Пас аз нақли Зуҳал, ки ҳама ӯро бо диққат гӯш мекарданд, гуфтам: – Офарин, Зуҳал. Воқеаи нақл кардаат то кадом дараҷа муҳим будани имон ва дар ин бобат чӣ қадар ҳассос будани Расули Худоро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шарҳ медиҳад. Акнун шумо бигӯед, ки ин воқеа кадом ҳикояро ба ёд меорад? Қариб ҳамаи синф саргузашти амаки Ҳасанро ёдрас шуданд. Пас, гуфтам: – Бачаҳо, ба гумонам, агар амаки Ҳасан аз зиндагонии Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ёрони Ӯ дуруст бохабар мебуд, ба имон овардани ҳамсояи насронияш монеъ намешуд. Ҳамин тавр, не?!
ДОНИСТАН КОФӢ НЕСТ, АМАЛ БОЯД КАРД
– Бале, хандаи кас меояд, аммо дар асл бояд ба ҳоли касоне, ки ин мавзӯъҳоро дар вақташ наомӯхтаанд, раҳм кунем. Дар ин бобат шумо хушбахтед, ки фурсати омӯзиш доред. Ҳеҷ набошад, масъалаҳои асосиро аз худ мекунед. Албатта, танҳо донистан кифоят намекунад, зеро амал кардан, ба ҷо овардан ва дар ҳаёт татбиқ намудани асосҳои дин зарур аст. Мутаассифона, касоне ҳам ҳастанд, ки ин масъалаҳоро хуб медонанд, вале амал кардан он тараф истад, баръакси донистаҳояшонро анҷом медиҳанд. Ин гуна касон, ки нисбат ба фармудаҳои дин бепарво ҳастанд, худро ринд меҳисобанд. Онҳо бисёр медонанд, аммо аз рӯйи донистаашон амал намекунанд. Боре як сарватманд аз чунин ринду айёш мепурсад: – Ҷаноб, шарти ислом чанд аст? Мегӯяд: – Як аст. Сарватманд ҳайрон шуда, дубора мепурсад: – Чӣ хел як? Магар ислом панҷ шарт надорад? Ринди сармаст сир бой надода, ба сарватманд мегӯяд: – Бубин, ки намозу рӯзаро мо бардоштем. Закоту ҳаҷро бошад, шумо бардоштед. Дигар инҳоро касе ба ҷо намеорад. Пас, чӣ боқӣ монд? Танҳо калимаи шаҳодат! Акнун биёед андеша кунем. Ин сухани риндона ҳақиқат надорад магар? Дар рӯзгори мо касоне ҳам ҳастанд, ки ҳатто калимаи шаҳодатро намедонанд ва ё онро дар моҳу солҳо боре ҳам ба забон намеоранд. Магар чунин касон нестанд? – Бисёранд, - тасдиқ намуданд бачаҳо. – Агар ин шартҳои дин дар амал татбиқ нашаванд, чӣ тавр метавонем мавҷудияти онҳоро тасдиқ намоем?! Барои маълум будани ин шартҳо онҳоро бояд иҷро намуд, то ки вуҷуд доштанашон эҳсос шавад ва дар қалбу рӯҳи одамон ҷой гирад.
ОҚИБАТИ БЕСАВОДӢ
Марде дар айёми камолоти умраш аз нодонию бесаводӣ пушаймон шуда, ба омӯзиши асосҳои дин рӯ овард. Ӯ аз деҳа ба шаҳр омада, аз донишманде хоҳиш намуд, ки ба ӯ сабақ омӯзад. Ҳанӯз дар рӯзи аввали ба шаҳр омадан аҳволи мискинонааш аз назари миршаб дур намонд ва аз ҷониби ӯ мавриди бозпурсӣ қарор дода шуд. Марди ғариб ҳангоми пурсуҷӯ аз ғояти тарс гап зада ҳам натавонист. Миршаб аз ӯ пурсид: – Ту мусулмонӣ?! Марди бечора гуфт: – Ҳа, мусулмонам. Миршаб ӯро сарзаниш карда, фармуд: – Танҳо «мусулмонам» гуфтан дуруст нест, бояд бигӯӣ, ки «Алҳамдулиллоҳ, мусулмонам!». Чаро барои мусулмон буданат Худоро шукр намегӯӣ?! Вақте миршаб дид, ки марди ғариб одитарин масъаларо ҳам намедонад, шубҳааш зиёдтар шуд ва пурсид: – Хуб, модоме ки мусулмон ҳастӣ, канӣ бигӯ шарти ислом чанд аст? Аз як тараф тарси ҷон, аз тарафи дигар таъсири афсонаҳои шунидааш мардро водор намуд, ки посухи фаврӣ диҳад. Ӯ гуфт: – Шарти ислом чил аст! Миршаб аз посухи мард дар ғазаб шуда, фармуд: – Ин мард моро фиреб медиҳад. Даъвои мусулмонӣ дорад, аммо шартҳои исломро ҳам намедонад. Дарҳол ҷазо дода шавад! Ҳар ду пойи мардро баста, ба кафи пойҳояш чанд дарра заданд, то ҳадде ки дигар мадори роҳ гаштан накард. Ӯ гирёну нолон ба назди донишманд омад. Аҳволи парешони ӯро дида, пурсиданд: – Ба ту чӣ шуд? Мард саргузашташро нақл карда, гуфт, ки шарти исломро пурсиданд. Дар миёни сухан донишманд дарҳол пурсид: – Баъд нагуфтӣ, ки панҷ аст. Мард гуфт: – Оҳо, муаллим, агар панҷ мегуфтам, намедонам чӣ мешуд. Бо чил гуфтан ин қадар дарра хӯрдам, агар панҷ мегуфтам, маро мекуштанд.
Иброҳим ибни Адҳам ва аҳли Басра
Овардаанд, ки Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) ба шаҳри Басра рафта буд. Аҳли он шаҳр назди ӯ ҷамъ шуданд ва гуфтанд: — Эй шайх, Худованд дар Каломи Маҷиди худ фармудааст, ки Ӯро дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунад. Муддати чандин сол аст, ки мо дуо мекунем, аммо нишонаи қабули дуоҳои худро намебинем. Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфт: — Дилҳои шумо ба сабаби даҳ чиз мурдаанд. Пас чӣ гуна дуоҳои шумо мустаҷоб гардад? Аввал, Аллоҳ таъолоро мешиносед, аммо фармудаҳои Ӯро ба ҷо намеоред. Дуюм, Қуръон мехонед, вале ба он амал намекунед. Сеюм, даъвои муҳаббати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунед, аммо суннатҳои ӯро тарк кардаед. Чаҳорум, шайтонро душман медонед, вале шабу рӯз фармони ӯро ба ҷо меоред. Панҷум, дохил шудан ба биҳиштро мехоҳед, вале барои дохил шудан ба он тӯша ва омодагӣ намекунед. Шашум, аз дӯзах наҷот ёфтанро мехоҳед, вале худро ба корҳои дӯзахӣ меандозед. Ҳафтум, маргро ҳақ медонед, вале барои он омодагӣ намебинед. Ҳаштум, айби худро намебинед, вале шабу рӯз айби бародари мусулмони худро меҷӯед. Нуҳум, неъматҳои Аллоҳ таъолоро мехӯред, вале шукри онҳоро ба ҷо намеоред. Даҳум, ҳар рӯз марги ҳамсоя ва хешовандони худро мебинед, аммо аз марги худ ғофилед.
Мансури Амор ва ғуломи сиёҳ
Овардаанд, ки Мансури Амор (раҳматуллоҳи алайҳ) рӯзе бар минбар нишаста, ваъз мегуфт. Дар ҳамин ҳангом соиле омад ва гуфт: — Эй шайх, чаҳор дирҳам ба ман бидеҳ, ки муҳтоҷ ҳастам. Мансури Амор гуфт: — Ҳар касе, ки ба ин талбанда чаҳор дирҳам диҳад, ман дар ҳаққи ӯ чаҳор дуо мекунам. Дар он маҷлис ғуломи сиёҳе ҳозир буд. Ӯ аз ҷой бархоста гуфт: — Эй шайх, ман ғулом ҳастам ва хоҷаи ман яҳудӣ аст. Ман дар бисоти худ чаҳор дирҳам дорам. Агар ин чаҳор дирҳамро ба ин талбанда диҳам, шумо ба ваъдаи худ вафо карда, дар ҳаққи ман чаҳор дуо мекунед? Шайх гуфт: — Чаҳор дирҳами худро ба ин талбанда бидеҳ. Ман низ ба ваъдаи худ вафо мекунам ва барои ҳар чӣ хоҳиш кунӣ, дуо менамоям. Ғулом чаҳор дирҳами худро ба талбанда дод ва сипас гуфт: — Эй шайх, аввалин дуои ман ин аст, ки аз ғуломӣ озод шавам. Дуюм, хоҷаи ман яҳудӣ аст; дуо кунед, ки ӯ мусулмон шавад. Сеюм, дуо кунед, ки Худованд маро сарватманд гардонад. Чаҳорум, дуо кунед, ки Худованд гуноҳони маро биёмурзад. Мансури Амор дар ҳаққи ӯ чаҳор дуо кард. Ғулом ба хона баргашт ва тамоми воқеаро ба хоҷаи худ нақл кард. Хоҷааш, ки яҳудӣ буд, ғуломро озод кард ва калимаи шаҳодатро ба забон оварда, мусулмон шуд. Сипас гуфт: — Ман туро дар тамоми молу дороии худ шарик мегардонам. Се дуои шайх дар ҳаққи ту ба ихтиёри ман ва дар назди чашми ман амалӣ шуданд, аммо дуои чаҳорум — мағфирати гуноҳон — дар дасти ман нест. Дар ҳамин ҳангом аз гӯшаи хона овозе ба гӯш расид: — Аллоҳ таъоло шуморо ва Мансури Аморро аз оташи дӯзах наҷот дод ва гуноҳони ҳамаи шуморо мағфират кард. Сипас гуфтаанд: Монеъҳои қабули дуо панҷ чизанд: Хӯрдани моли ҳаром. Зулм кардан ба мардум. Риёкорӣ дар ибодат. Дуо кардан бе таваккал ба Худованд. Бепарвоӣ нисбат ба ҳаққи дигарон.
Иброҳим (а) ва марди маҷусӣ
Гуфта шудааст, ки рӯзе марди маҷусие назди Иброҳим Халилуллоҳ (алайҳиссалом) омад ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро меҳмон кунад. Иброҳим (алайҳиссалом) ба ӯ гуфт: — Агар мусулмон шавӣ, туро меҳмон мекунам. Марди маҷусӣ аз назди ӯ гузашт ва ба роҳи худ рафт. Пас Худованд ба Иброҳим (алайҳиссалом) ваҳй фиристод: — Эй Иброҳим! Чаро ӯро танҳо ба шарти тағйир додани динаш ғизо додан хостӣ? Мо ҳафтод сол аст, ки ӯро бо вуҷуди куфраш ризқ медиҳем. Агар ту ӯро танҳо як шаб меҳмон мекардӣ, чӣ зараре ба ту мерасид? Иброҳим (алайҳиссалом) ин суханро шунида, ба дунболи он мард шитофт ва ӯро бозгардонд. Сипас ӯро меҳмон кард. Марди маҷусӣ пурсид: — Чӣ шуд, ки назарат тағйир ёфт? Иброҳим (алайҳиссалом) он чиро, ки Худованд ба ӯ ваҳй карда буд, баён кард. Марди маҷусӣ гуфт: — Оё Парвардигор бо ман чунин муносибат мекунад? Сипас гуфт: — Исломро ба ман биомӯз. Иброҳим (алайҳиссалом) Исломро ба ӯ пешниҳод кард ва он мард мусулмон шуд. Панди ҳикоя: Ин ҳикоя инсонро ба меҳрубонӣ, саховат ва некӣ кардан ба дигарон, новобаста аз дину мазҳаби онҳо, даъват мекунад. Ҳамчунин нишон медиҳад, ки раҳмати Худованд нисбат ба бандагонаш васеъ аст.
Тавба
Абӯтуроби Наҳшабӣ Раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: рӯзе дар кӯчае мегузаштам. Ногоҳ овози ғулғула ба гӯшам расиду дидам, ки гурӯҳе мардон ҷамъ омадаанду бо пиразане ҷанҷол доранд. Ба худ гуфтам: он ҷо биравам, шояд мазлуме бошад ӯро ёрӣ расонам. Чун рафтам, заифае наздам омаду гуфт: - эй шайх, писаре дорам фосиқ ва умри худ дар бераҳагӣ гузаронидааст. Дирӯз мехост маҷлис орояду арақхӯранд. Дар аввали шаб Ҳак таьоло ӯро беморӣ фиристоду акнун бар бистари беморӣ афтодааст. Хонаи мо дар ҳамсоягии масҷид аст. Ҷамоати масҷид овоз шунида омадаанд, ки ӯро аз маҳалла берун кунанд. Ман ба онҳо фаҳмонда истодаам, ки ин замон ӯ бемор аст, амонаш гузоранд. Шояд аз беморӣ бимираду ҳама аз вай халос шавем ва ё тавба кунаду ба салоҳ ояд. Агар намирад ё тавба накунад, он гоҳ ӯро аз шаҳр берун кунанд. Шайх мегӯяд: дар мобайн даромадаму аз онҳо хохиш кардам, то аз он ҷанҷол бозистоданд. Он гоҳ ба хотирам расид, ки ҷавонро бояд бинаму ба тавба фармоям, шояд тавба кунад. Чун қадам дар хона ниҳодам, ҷавон маро бидид фарёду зорӣ аз ӯ баромад. Гуфт: шукри Худованди Карим, ки дуои мани гунаҳгорро чунин зуд қабул кард. Гуфтам: - эй ҷавон, чӣ дуо кардаӣ? Гуфт: - эй шайх, ин саҳар ду дуо кардам. Яке он ки гуфтам: - Илоҳо, бомдод маро ба дидори Абӯтуроб рӯзӣ гардон. Дуюм, он ки гуфтам: - Илоҳо, маро тавбаи насуҳ каромат фармоӣ. Як дуоям қабул шуд. Умед дорам, ки они дигар низ қабул гардад. Эй шайх, гуноҳи бисёр дорам, маро тавба бошад? Гуфтам: - эй ҷавон, навмед мабош, ки дарёҳои раҳмати Ҳақ таъоло мавҷ мезананд. Ҳақ таъоло қабулкунандаи тавба ва омӯрзандаи гуноҳи бандагон аст. Тавба аз ҳама гуноҳон мақбул аст. Ҷавон дар назди ман тавба ва гиряи бисёр кард. Чун шайх бозгашт, ҷавон модари худро гуфт: - эй модар, ба ту як васият дорам ба ҷой ор. Гуфт: - ҷони модар, чи васият дорӣ? Гуфт: - он ки маро аз рӯи бистари нарм бар хок ба хори андозӣ, то дар назди Абӯтуроб тавба кардам, ин замон бо Худои таъоло тавба кунам, ки бемориям сахт шудааст. Ҳис мекунам, ки бемориям бемории марг аст. Модар васияти ӯро ба ҷой оварду ӯро аз рӯи бистари хоб ба рӯи хок андохт. Ҷавон рӯй дар хок мемолиду аз ҷони пурдард менолиду мегуфт: - бор, Худоё, аз кардаҳои худ пушаймон шудаму тавба кардам. Ба ҷуз даргоҳи ту дари дигар надорам, дастгири дардмандон ва паноҳи ниёзмандон туй. Бар мани хоксори гунаҳгор раҳмат фармой. Ҳамчунон тазаррӯъ ва зорӣ мекард, ки ӯро аз рӯи хок ба рӯи бистар бурданд. Чун шаб даромад, ҷавон вафот кард. Абӯтуроб мегӯяд: он шаб Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, ки меомад ду пир ҳамроҳи ӯ буданд ва халоиқи бисёр баробари онҳо меомаданд. Яке маро гуфт: - он ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва он пире, ки бар дасти роста ӯст, Иброҳими Халилуллоҳ аст. Ва оне, ки бар дасти чапи ӯст, Мусо алайҳи-с-салом аст ва он халоиқи бисёр ҳама пайғамбарон салавотуллоҳи алайҳим аҷмаинанд. Ман пеш давидаму салом кардам. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоби саломи ман дод. Ман гуфтам: - ё Расулаллоҳ, Шумо ба шаҳри Нахшаб омадед? Гуфтанд: - эй Абӯтуроб, он ҷавоне, ки вай рӯз бар дасти ту тавба карда буд, имшаб вафот ёфт. Ҳақ таъоло ӯро ба дараҷаи дӯстони худ расониду ӯро мақоми авлиё каромат кард. Ман ва ҷамъи пайғамбаронро ба зиёрати вай фиристод. Эй Абӯтуроб, ҷавонро ба чашми иззат нигаред ва бар ҷанозаи вай ҳозир шавед. Шайх мегӯяд: - бедор шудам, аз он ҳол маро тааҷҷуб омад, ки аҷаб парвардигори меҳрубоне? Фосиқе, ки аз бадии фисқаш ӯро аз маҳалла берун мекарданд, ба як нолаву зорӣ ва як тавбаву пушаймонӣ ӯро бо ин қурбат расонид. Аз лутфи ӯ ҳеҷ банда навмед нашавад. Абӯтуроб мегӯяд: - дар ин завқу ҳолат будам, ки аз хонаи дигар овози духтараки хурдсоли худро шунидам, ки мегирист. Гуфтам: - эй фарзанд, барон чи гиря мекунӣ? Гуфт: - эй падар, маро дар хоб намуданд, ки дар фалон маҳалла ҷавон тавбакоре вафот кардааст, ҳар киро назар бар ҷанозаи вай афтад, ҳар ҳоҷате, ки аз Ҳақ таъоло бихоҳад, раво гардонад. Эй падар, ҳаргиз иҷозати берун рафтан нахоста будам, акнун мехоҳам иҷозат диҳӣ, то биравам ва ҷанозаи ҷавонро бубинаму аз Худованд омурзиши гуноҳи худ ва бандагони ӯро бихоҳам. Ӯро иҷозат додам ва яқини ман зиёдат шуд. Аз хона берун омадам, то мардумонро аз ҷавон хабар диҳам. Заифаи солиҳае буд, ки муддати ҳафтод сол ба ибодати Ҳақ машғул буд. Дидам, ки меомад. Чун назари вай бар ман афтод, гуфт: - Эй Абӯтуроб, дидӣ, ки раҳмати Ҳақ таъоло чӣ корҳо кард? Ҷавони фосиқе, ки ӯро аз маҳалла берун мекарданд, имшаб вафот ёфт. Ва ӯро дар қатори авлиёҳо даровардаанду маро дар хоб намуданд, ки ҳар кас ба ҷанозаи вай ҳозир шавад, гуноҳони ӯ омурзида мегарданд. Яке аз муттақиёни дигарро низ мисли ин дар хоб намуданду ӯ маро хабардор кард. Мардумонро аз он ҳол огоҳ кардам. Аҳли шаҳр ба якборагӣ берун омаданд ва бар ҷанозаи ҷавон намоз хондем. Ӯро бо эъзозу икроми тамом дафн кардем, то бидонӣ, ки ба як нолаи саҳару ба як оҳи пушаймонӣ Худованд гуноҳи ҳамаи умрро омурзад. Бар ин даргоҳ касеро ҷои навмедӣ нест. Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар дардеро давоест. Давои дарди гуноҳ тавба кардан аст. Ҳар ки рӯзе ду мартаба тавба накунад, пас ба таҳқиқ бар нафси худ зулм кардааст.
Суханчинӣ
Бидон, ки суханчинӣ он аст, ки касе сухане аз ҷое шунавад ва ба ҷои дигар ҳикоят кунад, ки он мусулмононро зиён дорад. Яъне сухани касеро ба каси дигар бурдан, ки сабаби хусумати онҳо мегардад. Дар ҳадис омадааст, ки суханчинро дар қисмат Худованд ба сурати маймун гардонад. Имом Ҳасани басрӣ раҳматуллоҳро шахсе гуфт; -Фалонӣ туро бад гуфт. Ҳасан гуфт: - Ту ӯро дар куҷо дидӣ? Гуфт: - Дар хонаи вай. Гуфт: - Он ҷо барои чӣ рафтӣ? Гуфт: - Он ҷо меҳмон будам. Гуфт:, - Дар меҳмонӣ чӣ хӯрдӣ? Гуфт: - Фалон чиз ва фалон чиз. Гуфт: Эй ноҷавонмард, чандин таъом дар шиками ту ғунҷид ва ин як сухан нағунҷид? Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ду гур бигзашт, пас гуфг: - Соҳибони ин гурҳо ба азоб гирифторанд. Якеаш либосҳояшро аз пешоб пок намедошт, дигараш суханчин буд. Сухан дар миёни ду кас ҳамчу оташ аст, Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Ғайбаткунанда дӯсти шайтон аст
Холид бинни Рабиъ мегӯяд: вақте бо ёрони худ дар масҷиди ҷомеъ будем, мусулмонеро дидам ғайбат карданд ва ман манъ накардам. Он шаб дар хоб дидам, ки марди сиёҳи бо ҳайбат даромад ва пораи гӯшти гандаи хукро бар табақе ниҳода биёварду дар пеши ман ниҳода бонг бар ман зад, ки бихӯр. Гуфтам: - Ман мусулмонам ва мусулмон гӯшти хук намехӯрад. Гуфт: - Гӯшти мусулмонро метавонӣ хурда, ки он ҳазор бор аз ин ҳаромтар аст, - ва аз он гӯшт бибуриду дар даҳони ман ниҳод. Бедор шудам он гӯшт дар даҳони ман буд ва бӯи гандаи он то чиҳил рӯз аз даҳони ман меомад. Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас қуҷо пардозӣ охир.
РОҲҲОИ ДАЪВАТ
– Вақте мусулмон касеро ба ислом даъват карданӣ мешавад, нахуст бояд ҳолати худро пеши назар оварад. То куҷо худи ӯ талаботи динашро медонад ва то куҷо онҳоро ба ҷой меорад. Дар акси ҳол, нодонӣ ва ҷоҳилӣ инсонро ба натиҷаҳои нохуш мерасонад. Барои мисол, ба шумо саргузашти як сарбози мусулмонро нақл мекунам, ки аз китобҳои таърих ба ёдам мондааст. Дар замонҳои пеш дар қаламрави давлатҳои мусулмонӣ намояндагони динҳои дигар ҳам озодона зинадагӣ мекарданд. Дар он рӯзгор як яҳудӣ дар ҳамсоягии сарбози мусулмоне умр ба сар мебурд. Сарбоз аз ин ҳолат ҳамеша ба ғазаб меомад ва худ ба худ мегуфт: «Ин яҳудиён дар шароити беҳтар аз мо зиндагӣ доранд ва аз имкониятҳои давлати мо зиёдтар истифода мекунанд. Дар давлати мусулмонон зиндагӣ карда, заррае ҳам нияти мусулмон шуданро надоранд. Ношукрӣ ҳам ҳадду ҳудуде дорад. Агар фурсат ба ман даст диҳад, медонам, ки ҳисоби ин кӯрнамакиро чӣ тавр пурсам». Вақте сарбоз дид, ки чунин фурсат ҳеҷ пайдо намешавад, қарор дод, ки аз пеши худ даст ба кор шавад. Рӯзе ӯ яҳудиро дар як гӯшаи танҳо бо айби кӯчаке дастгир намуда, ба замин афтонд ва ба гулӯяш шамшер гузошта гуфт: «Эй, яҳудии кӯрнамак! Медонӣ, ки аз дасти ту ба дод омадаам!» Яҳудии бечора, ки ҳанӯз аз дунё умеди зиёд дошт, дар талоши ҷон афтода, гуфт: «Амон бидеҳ! Ҳар чӣ хоҳӣ, анҷом медиҳам, фақат маро раҳо бикун». Сарбоз, ки фурсат ёфта буд, омирона гуфт: «Мусулмон шав!» Яҳудӣ ҳеҷ нияти имон овардан надошт, аммо дар фикри раҳоӣ шуда, гуфт: «Бифармо, ҳатман мекунам. Барои мусулмон шудан чӣ гӯям?» Сарбоз дар андеша афтода, ҷавоб дод: «Росташро гӯям, инашро худам ҳам намедонам!» Сукути синфхонаро қаҳқаҳаи талабагон халалдор кард. Онҳо ба ҳоли сарбоз механдиданд, аммо аз нодонии ӯ дар ҳайрат афтода буданд. Хусусан Маҳмуди файласуф он қадар афсӯс мехӯрд, ки гуфт: – Сарбози нодон ин фурсатро чӣ гуна аз даст дод?! Агар ман мебудам... Ман сухани Маҳмудро бурида, гуфтам: – Магар аз нигоҳи дин зӯран мусулмон кардан дуруст аст? Ягона роҳи мусулмон кардани инсонҳо шиносонидани зебоиҳои ислом ва қонеъ намудани ақлу дили онҳост. Дар дин маҷбурият нест. Касеро бо роҳи зӯрӣ мусулмон карда намешавад, чунки маҷбур кардан метавонад натиҷаи баръакс диҳад. Маҷбурият метавонад инсонро ба ҳолати бадтар гирифтор кунад. Инсонеро тасаввур кунед, ки имон надошта бошад. Яъне аз ҳама эҳтимоли бад, кофир бошад. Ҳар касе Худову Паёмбарро қабул надорад, мункир ё кофир аст, зеро ӯ динро инкор мекунад. Вақте чунин касеро маҷбуран ва зӯран мусулмон карданӣ мешавед, ӯ дар ҳолате қарор мегирад, ки аз ҳолати қаблиаш хатарноктар аст. Мумкин аст, ки мунофиқ шавад. Мунофиқ бошад дурӯя аст. Зоҳиран мусулмон менамояд, аммо дар асл беимон аст. Аз рӯйи ақидаи мо мунофиқ аз кофир ҳам бадтар мебошад. Барои он ки имонаш ҳақиқӣ нест ва худи ӯ ҳам дурӯя ва фиребгар аст. Андак пештар ба шумо гуфта будам, ки танҳо нияти нек доштан кифоят намекунад. Бо дилу нияти пок ҳам, касеро маҷбур мусулмон кардан ғалат аст. Ин амал монанди он аст, ки инсон нияти нек дорад, аммо бадӣ мекунад. Чунки бо ин тарзи рафтор беимон мусулмон не, эҳтимол мунофиқ шавад. Акнун бигӯед, ки чаро инсон барои қабул кунондани фикру андеша ва эътиқоди худ ба дигарон фишор меорад ва онҳоро ба қабули арзишҳои худ водор менамояд? Дар ин маврид посухҳои гуногун садо доданд: – Барои он ки бо фаҳмонидан ӯро қабул надоранд. – Чунки дониши дуруст надорад. – Барои он ки хостаҳои худро дуруст ифода карда наметавонад. Посухҳои пайдарпай шунида шуданд. Ман гуфтам: – Офарин! Бисёр андешаҳои хуб. Ин тавр бошад, оё як мусулмони донишманд, босавод ва бошуур метавонад барои қабул кунондани дину эътиқодаш ба касе фишор оварад? Магар мумкин аст, ки динашро бо зӯри бозӯ қабул кунонад ва силоҳу аслиҳа истифода кунад? Албатта не! Пас, ҳар гуна муомилаи дурушт аз комил набудани имон ва саводи казоӣ надоштан оид ба дину эътиқоди худ сарчашма мегирад. Ҳар касе оид ба ислом маълумоти дурусту комил дорад, ба чунин хатоҳо роҳ надода, арзишҳои диниро ба таври лозимӣ ба дигарон таълим медиҳад. Аз ин рӯ, мо ҳам баъзе масъалаҳои марбут ба имонро батафсил мавриди муҳокима қарор медиҳем.
АМАКИ ҲАСАН ВА ҲАМСОЯИ НАСРОНИИ Ӯ
Воқеан ҳар як мусулмон мехоҳад ва ҳатто орзу мекунад, ки каси дигаре калимаи шаҳодат гуфта мусулмон шавад. Дар замонҳои пеш як мусулмоне мезист, ки ӯро амаки Ҳасан ном мебурданд. Амаки Ҳасан бисёр инсони ҳалиму меҳрубон буд ва аз ин рӯ, аҳли деҳа ӯро дӯст дошта, иззату эҳтиром мекарданд. Ӯро ҳатто насрониҳое, ки дар он деҳа мезистанд, дӯст медоштанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Амаки Ҳасан ба яке аз ҳамдеҳагони насронияш, ки дар ҳамсоягии ӯ мезист, эҳтироми хоса дошт ва ба ӯ ҳамеша мегуфт: – Эй дӯстам, ягон ҳамсоя аз ту шикоят надорад ва ҳамагон нисбат ба ту эҳтиром доранд. То ҳол аз ту бадие надидаанд. Агар мусулмон шавӣ, рост ба биҳишт меравӣ. Биё, калимаи шаҳодат арза кун ва саодати ду дунёро ба даст ор! Ӯ, ки ҳамеша ба суханони амаки Ҳасан гӯш меандохт, дар ин сурат табассумкунон мегуфт: – Ҳоло истед, амаки Ҳасан, саросемагӣ чӣ лозим? Таълимоти ислом ба ман ҳам писанд аст. Худо хоҳад, рӯзе мусулмон мешавам. Амаки Ҳасан бошад, мегуфт: – Худо хоҳад? Албатта, Худо мехоҳад, чунки Ӯ исломро дини ҳақ ва дини охирин хондааст. Беҳуда баҳонаҷӯӣ макун! Рӯзҳо ва солҳо гузаштанд. Амаки Ҳасан ва ҳамсояи насронияш ба камоли пирӣ расиданд. Рӯзе ногаҳон ба амаки Ҳасан хабар расид, ки ҳамсояи насронияш сахт бемор шуда, дар ҳоли ҷон додан аст ва мехоҳад, ки ӯро бубинад. Амаки Ҳасан зуд ба хонаи ҳамсояи насронияш ҳозир шуда, дид, ки ӯ ҳақиқатан дар бистари марг аст. Ҳамсоя бо ишора аз амаки Ҳасан хост, ки ба ӯ наздик шавад. Вақте ки амаки Ҳасан ба ҳамсояи насронӣ наздик шуд, ӯ бо овози хаставу гирифта гуфт: – Амаки Ҳасан, ман мехоҳам он чизеро, ки солҳо аз ман хоҳиш мекардед, ба ҷой оварам. Ман қарор додам, ки мусулмон шавам. Вақте ки ҳамсоя мехост калимаи шаҳодат бигӯяд, ҳолати аҷибе рух дод. Амаки Ҳасан ба мисли сайёде, ки ба сайд ҳамла мекунад, бо даст даҳони ҳамсояи насронияшро пахш карда, гуфт: – Ҳоло ист! Солҳо хоҳиш мекардам, ки калимаи шаҳодат арза намуда, мусулмон шавӣ, вале розӣ намешудӣ. Акнун, ки марг ба остонаи дарат омадааст, мехоҳӣ мусулмон шавӣ ва ибодат накарда, вориди биҳишт шавӣ?! Ҳаргиз! Ман намегузорам, ки ту калимаи шаҳодат гӯӣ!
Фарзанд азиз
Падару модар будан, аз як тараф, ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти бузург аст. Зеро имрўз, ки ҷомеаҳо хавфи аз даст додани фарҳангу оинҳои хуби гузаштаашонро доранд, бегумон, ин дар хислату рафтори кўдакону наврасон бетаъсир нахоҳад монд. Дар мардуми мо мақоли хубе ҳаст, ки мегўянд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар». Оре, ҳамин гуна аст, хулқу атвори писандида фарзанди моро метавонад дар чашми ҳама азиз гардонад ва дар сурати баръакс «фарзанди баддоғи падар» мегардад. Ривоят мекунанд, ки шахсе фарзандашро назди обиде мебарад ва мегўяд: «Фарзанди мо беморие дорад ва хўрдани асал ба бемориаш меафзояд, мо ҳар қадар ба ў мегўем, ба ҳарфи мо гўш намедиҳад. Шумо ба ў насиҳате кунед ё роҳе бар мо нишон диҳед». Обид мегўяд: «Фарзанди худро бибар ва чиҳил рўз баъд биё». Он шахс баъд аз чил рўз боз ҳам назди обид меояд. Обид писарбачаро ба назди худ мехонад ва мегўяд: «Писарам асал ба саломатии ту зарар дорад, дигар асал нахўр». Писарбача мегўяд: «Ман қавл медиҳам, ки дигар асал намехўрам». Падари писарбача каме хашин шуда мегўяд: «Ҳамин ҳарфҳоро чиҳил рўз пеш мегуфтед, мо ин қадар роҳро бо машаққати зиёд тай намекардем, ин ҳама ранҷ намедидем». Обид мегўяд: «Ҳамон рўз, ки ту фарзандатро овардӣ, ман худ асал хўрда будам ва ба саломатии ман низ зарар дошт, ман пас аз он рўз чиҳил рўз асал нахўрдам, то асари асал аз ман биравад, агар он рўз ба фарзанди ту талқин мекардам, ў ба ҳарфи ман гўш намедод, чӣ гуна метавон кореро, ки худ мекунӣ, ба дигаре манъ намоӣ? Ин гуна ривоятҳо баёнгари онанд, ки фарзандони мо рафторҳояшонро аз мо нусхабардорӣ мекунанд. Дар ин робита, равоншиносон мегўянд, ки кўдак мисли коғази сафед аст, ҳар чизеро, ки бинависӣ, ҳамонро ба худ мегирад. Чуноне ки дар боло зикр кардем, падару модар будан масъулият аст. Аз ин рў, падару модарро мебояд, дар таълиму тарбияи фарзанд бештар саҳим бошанд. Фарзанди худро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.
Ҳар дарси хуб ҳидоятгар аст
Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгў ба талаботи муосир аз муассисаи таълимӣ тақозо менамояд, ки роҳу усулҳои гуногуни ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидаткунандаро роҳандозӣ намоянд. «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020 - 2040) дар назди омўзгорон вазифа мегузорад, ки ба таълими ин фанҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, сифати таълимро ҳам дар раванди таълим ва ҳам дар машғу лиятҳои беруназсинфӣ баланд бардоранд. Тамоми омўзгорон бояд бикўшанд, ки шогирдонашон, пеш аз ҳама, ба моҳияту аҳамияти ин ё он фан дуруст сарфаҳм раванд, эътимоди комил пайдо намоянд, ки омўзиши ин фан зарур ва омили пешрафти ҳаёт мебошад. Ҳар дарси шавқовару пурмазмун хоҳиши хонандаро ба омўзиши ҳар чи бештари фанни дахлдор тақвият мебахшад. Душворомўз будан ё осонфаҳмии ҳар фанне ба маҳорату истеъдоди омўзгорон ва таҷрибаи онҳо алоқамандии қавӣ дорад. Инро дар мисоли таълими фанни математика хеле амиқ дарк кардан мумкин аст. Пўшида нест, ки аксар хонандагон дар омўзиши ин фан душворӣ мекашанд, ба он рағбат надоранд ва шавқашон коста аст. Вале шавқу завқи шогирдонро ба омўзиши фанни математика пайдо кардан мумкин аст. Ин ҳадафро, пеш аз ҳама, бо амалҳову омилҳои зерин метавон татбиқ кард: 1. Бикўшем, ки дарсро бо забони содаю фаҳмо баргузор намуда, ҳар як ибораву ифода ва истилоҳи илмии навро тавзеҳ бахшем, ғалатҳои хонандагонро дар гуфторашон саривақт ислоҳ намоем. 2. Ба ҳар як дарс хеле ҷиддӣ омодагӣ гирифта, китобҳои дахлдорро варақ бизанем, рўзномаву маҷаллаҳоро таҷдиди назар бикунем, ба адабиёти методӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. 3. Ҳамчун омўзгори математика ман як навъ бойгонии худро таҳия намудаам. Он буридаи мақолаҳову формулаҳои асосии математикӣ, акси олимони математика, иқтибос аз гуфтаҳои пурҳикмати донишмандон ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар машғулиятҳо бо донишҷўён аз ин бойгонии худ истифода мебарам. 4. Аёният ва воситаҳои тех никии таълимии муосир ва истифодаи онҳо аз омилҳои самаровари таълими фанни математика ба ҳисоб мераванд. 5. Бояд бо ҳамкорону ҳам ихтисосҳоямон иртиботи доимӣ дошта, бо ҳам табодули таҷриба намоем, дар мавзуъҳои алоҳида баҳс намоем. Дар сурати риояву корбасти ин омилҳо бовар дорам, ки донишҷўён бо шавқу рағбат ба дарси математика ҳозир мешаванд.
ШАРТИ АЗ ҲАМА АВВАЛ
Имон ба ҳадде масъалаи муҳим аст, ки байни панҷ шарти ислом дар мадди аввал меистад. Ҳамзамон имон дар алоҳидагӣ боз шартҳои дигар дорад, ки имон ба Худо ва имон ба Паёмбар аз ҷумлаи онҳост. Гузашта аз ин, рукнҳои мазкур аз ҷумлаи панҷ шарти ислом аст. – Канӣ, бачаҳо, –пурсидам ман. –Панҷ шарти исломро кӣ номбар мекунад? – Якум, калимаи шаҳодат, - гуфт касе аз миёни синф. – Хуб, ин чӣ маънӣ дорад? Талабае, ки ҷавоб дода буд, шарҳ дод: – Имон овардан ба он ки ба ғайр аз Аллоҳ Таъоло худое нест ва ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва паёмбари Ӯст. – Бубинед, ин аввалин шарти ислом, ҳамзамон яке аз шартҳои имон аст. Ин шарти аввал ончунон муҳим аст, ки кас то онро ба забон оварда, бо дил тасдиқ накунад, мусулмон намешавад. Ҳамчунин, то қабули шарти аввал на намоз қабул мешавад, на рӯза ва на закоту ҳаҷ. Ба ибораи дигар, барои иҷрои шартҳои дигари ислом, иҷрои шарти аввал ҳатмист. Дар ин қисмати сухан аз аҳли синф пурсидам: – Хуб, кӣ мегӯяд, ки шарти аз ҳама аввали мусулмон шудан чӣ аст? Ҳама ҷавоби ин саволро медонистанд. Агарчи чанде аз онҳо «суннат» гуфтанд, вале баъд посухи дурустро дарёфтанд. Барои мусулмон шудан калимаи шаҳодат шарти аввалин аст. Шарти аввали ислом низ ҳамин аст. Ҳар касе калимаи шаҳодатро ба забон оварда, мусулмон мешавад, мисле ки аз нав тавлид ёфта, аз гуноҳ пок мегардад. Агар мусулмониро ба мактабхонӣ монанд кунем, мусулмон шудан мисли ба мактабе ҳуҷҷат супорида, ҳамчун хонандаи он ҷо қайд шудан аст. Вақте хонанда дар мактаб аз қайд мегузарад, минбаъд бояд уҳдадориҳои муайянеро ба дӯш гирад. Ин уҳдадориҳо пеш аз ҳама иштирок дар дарсҳо, иҷрои вазифаҳои синфию хонагӣ ва қоидаҳои дигари мактабӣ мебошанд. Мусулмон ҳам вақте имон овард, бояд ибодатҳои муайянро ба ҷо оварад. Дар ҳамин сурат, оё хонандае, ки аз қайди мактаб нагузаштааст, метавонад номаи камол гирад? Ӯ на танҳо номаи камол намегирад, балки ба дарс ҳам роҳ дода намешавад. Чунин касе ҳарчанд пешқадаму аълохон бошад, то аз қайди мактаб нагузарад, номаи камол намегирад ва ҳатто аз синф ба синф гузаронида намешавад. Ҳамин тавр як касе, ки шарти аввали ислом, яъне калимаи шаҳодатро ба забон наорад ва маънии онро дар дил тасдиқ накунад, мусулмон намешавад, ҳарчанд тамоми ибодатҳо ва шартҳои дигари исломро ба ҷой оварад. Ибодатҳои чунин касе қабул намегарданд, зеро ӯ ҳанӯз имон наовардааст. Пас, аз ҳама аввалтар имон! Инсон бояд бе зӯрию зӯроварӣ бовар кунад. Ҳар гоҳе инсон бо роҳи таҳдиду зӯрӣ ва маҷбур намудан калима гардонад, имон намеорад. Имон овардан ба хости худ, аз сидқи дил ва бо ирода сурат мегирад.
ИМОН – ҒИЗОИ РӮҲ
Сардори синф барои савол пурсидан иҷозат хост. – Муаллим, агар ҳамин хел рафтан гирад, дар ин дарс ҳам ба мавзӯи аслӣ баргашта наметавонем. Фикр мекунам бачаҳо аллакай тасаввурот пайдо карданд. Акнун ба таҳқиқи мавзӯъҳои имонӣ оғоз кунем, чӣ мешавад? – Хуб, ин тавр бошад, ба мавзӯи аслӣ бармегардем. Аввал шумо мавзӯъро бо саволу ҷавобҳоятон оғоз кунед. Ман бошам ба шумо кӯмак мекунам. Биёед, пеш аз ҳама ба мазмуни ибораи рамзии «аввал – имон» таваҷҷуҳ намоем. Чаро имон аз ҳама аввал? Аз саволу ҷавоби хонандагон чунин натиҷагирӣ шуд: Инсон танҳо аз гӯшту устухон иборат нест. Дар баробари ҷисм инсон рӯҳ дорад. Чӣ тавре ки ҷисм ба обу нон ниёз дорад, рӯҳ низ ба ғизои маънавӣ ниёз дорад. Ғизои маънавӣ барои рӯҳ пеш аз ҳама имон аст. Рӯҳу маънавияти инсон агар бо имон парвариш наёбад, инкишоф намеёбад ва мукаммал намегардад. Агар ҷисм ба камол расаду рӯҳ инкишоф наёбад, чӣ мешавад? Мошини боркаши калонеро тасаввур кунед, ки дар он муҳаррики мототсикл насб карда шавад. Мошин ҳаҷман калон, вале муҳаррик хурду камиқтидор. Рӯҳе, ки бо имон парвариш наёбад, дар ҷисми парварда боиси беэътидолӣ мешавад. Дар лабораторияи биология пеш аз оғози дарс муаллим талабагонро огоҳ намуда, гуфт: «Бачаҳо, ин олоти дарсиро устои ҳунарманд бо санъати баланд сохтааст. Боэҳтиёт бошед, то ба онҳо зараре нарасад». Яке аз талабагон пурсид: «Муаллим, агар ин скелетро устои моҳир сохта бошад, пас скелети моро кӣ сохтааст?» Барои ҷамъият чӣ? Барои дар якҷоягӣ зистани мардум имон лозим нест магар? Албатта дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳам имон зарур аст. Махсусан, имон ба Худо. Дар ҷамъияте, ки имону эътиқод набошад, мардум чӣ гуна метавонанд амнияту осоиш дошта бошанд? Касоне, ки ба Худо имон надоранд, чӣ тавр метавонанд ба ҳамдигар дӯст бошанд? Агар садди роҳи бадкорию бадахлоқиро тарс аз Худо нагирад, пас чӣ метавонад пеши роҳи ин падидаҳои номатлубро бигирад?
ИМОН – АВВАЛТАР АЗ ҲАМА
Тахминам дуруст баромад. Баъди дарсе, ки хулосааш «имон – аввалтар аз ҳама» буд, талабагон доир ба имон саволҳо омода карданд. Онҳо саволҳоро пеш аз пурсидан миёни ҳамдигар музокираву муҳокима мекарданд ва то куҷо бамаврид будани онро аз якдигар мепурсиданд. Вақте дарс оғоз шуд, нахустин шуда «файласуф» ба сухан даромад: – Муаллим, шумо гуфта будед, ки мо метавонем ҳама гуна савол оид ба мавзӯи имонро пурсем, аммо дар ин мавзӯъ натавонистам хуб омодагӣ бинам. Чунки вақте ман ин мавзӯъро дар хона хостам фаҳмонам, модаркалонам сухани маро бурида гуфтанд: «Писарам, зинҳор дар мавзӯи имон ин гуна саволҳои шубҳаангез напурс ва ҳатто фикр ҳам накун. Эҳтиёт бош, писарам, агар инсон доир ба ин саволҳо бисёр андеша кунад, аз дин мебарояд». Ман сахт тарсидам ва ба худ гуфтам, ки ба умеди хубу ҳаққонӣ бовар кардан, боз аз дин набароям. Аз ин сабаб он қадар савол омода накардам. Аслан кӯшиш кардам, ки тамоман фикр накунам, вале нашуд. Нохост якчанд савол ба сарам омад. Се-чор каси дигар ҳам ҳолати ҳамсонро қисса карданд. Ба онҳо низ дар хонаашон чунин гуфтаанд. Ҳатто яке аз волидайн хостааст дар ин бобат бо ман суҳбат кунад. Ӯ гуфтааст, ки чӣ гуна муаллими фанни маърифати ислом метавонад доир ба ягонагӣ ва ҳастии Худо савол гузорад. Ман аллакай қарор дода будам, ки мавзӯъро аз куҷо оғоз кунам. – Хуб, бачаҳо! Аввал биёед як-ду масъаларо бо ҳам дар миён гузорем. Мехоҳед, ки ман шуморо аз андешидан ва савол пурсидан манъ кунам? Шуморо водор намоям, ки ҳарчи мегӯям, гӯш диҳед ва танҳо ҳамонро қабул кунед? Агар бигӯям, ки андешаи шумо маъние надорад ва шумо ҳаққи савол карданро надоред, ҳамаи ин қабул аст? Албатта, ин таклиф аз ҷониби аксарият рад шуд. «Мо фаҳмидан мехоҳем!», – мегуфтанд онҳо. – Ин тавр бошад, саволу ҷавоб мекунем, баҳс меороем ва андешаи худро дар миён мегузорем. Имону эътиқодамонро аз лиҳози илм баррасӣ мекунем ва онро комил мегардонем. То ҳар касе ба мо оид ба эътиқодамон савол дод, посух дода тавонем. Хоҳ ин саволро касе пурсад, хоҳ дар рӯзнома ё китобе нашр шавад ва ё ки дар фанни таълимие ба миён ояд. Мо дар ин хусус бояд омода бошем. Дар ин асно яке аз хонандагон даст бардошт ва иҷозат пурсид. – Марҳамат, писарам! – рухсат додам ман. Вай гуфт: – Чаро калонсолони мо дар бораи он чӣ ки шумо мегӯед, андеша намекунанд? Масалан, модарам. Ба мавзӯъҳои динӣ сару кор гирифтанро хуш надорад. Ба ҳама маълум аст, ки онҳо бо нияти бад намегӯянд ва нисбат ба дин эҳтиром доранд. Пас, чаро чунин муносибат мекунанд? – Албатта, баъзе омилҳое ҳастанд, ки сабаби чунин тарзи муносибат мегарданд, – шарҳ додам ман. Биёед, ҳоло аз мавзӯъ берун нарафта, ба онҳо ишорат кунем: Аввал ин, ки дар гузашта инсонҳо доир ба масъалаҳои имонию эътиқодӣ хело кам шубҳа доштанд. Тақрибан ҳама дар эътиқоди худ устувор буданд. Касе, ки ба ҳастии Худо имон надошта бошад, қариб набуд. Ҳатто агар чунин касе ёфт шавад, дар миёни ҷамъият худро намоён намекард. Хулоса, дар чунин ҷомеа ба исботи далелҳои имонӣ эҳтиёҷ намонда буд. Вале имрӯз вазъият дигар аст. Дар ҳама ҷо, дар кӯчаву бозор, дар шаҳру деҳот ҳама гуна одамонро вохӯрдан мумкин аст. Онҳо метавонанд ба ҳастии Худо имон дошта бошанд ё метавонанд умуман бедин бошанд. Аз ин рӯ, имрӯз аҳли имон ба ҳифзи имону эътиқод ва мустаҳкам доштани он эҳтиёҷ дорад. Дар ҳамин ҷо «файласуф» гуфт: – Дуруст аст, муаллим! Ҳатто дар синфи мо касоне ҳастанд, ки ҳастии Худоро қабул надоранд. – Не, «файласуф»! – гуфтам ман. – Дар синфи мо шояд касоне бошанд, ки мехоҳанд бифаҳманд ва ба чӣ бовар доштани худро муайян кунанд. Беимон будан дигар асту кӯшиш кардан ба омӯзиши асли имон дигар. Мутаассифона, имрӯз касоне, ки ба омӯзиши асли имон мекӯшанд ва аз беимонӣ дурӣ меҷӯянд, дар назар беимон менамоянд. Онҳо касонеанд, ки аз аҳволи худ тамоман розӣ нестанд. Мехоҳанд бовар кунанду имон оваранд. Сардори синф андаке боғазаб ба Маҳмуди «файласуф» нигарист ва гуфт: – Муаллим, шумо сабаби онро ки чаро калонсолон аз чунин саволҳо нороҳат мешаванд, фаҳмонда истода будед, аммо Маҳмуд дар байн даромад. – Хуб, ҳозир мегӯям, – идома додам ман. – Дар гузашта, азбаски ба далелҳои исботкунандаи асосҳои имон эҳтиёҷ набуд, чунин далелҳо ба мардум таълим дода намешуд. Аммо ин далелҳо ҳамчун илм дар китобҳо дарҷ гардида буданд. Дар замони наврасии насли калонсоли мо бошад, таълимоти динӣ умуман вуҷуд надошт. Баръакс, ба онҳо бединию беимонӣ таълим дода мешуд. Маҳз ба хотири гумроҳ кардани мардум мавзӯъҳои эътиқодӣ ғалат маънидод карда мешуданд. Калонсолони мо, ки дар ҳамин гуна шарту шароит зиста буданд, саволҳои марбут ба имонро шунидан намехоҳанд. Онҳо маълумоти кофӣ надоранд, то ба ин саволҳои шубҳаангез, ки аслан аз ҷониби душманони дин паҳн карда мешаванд, ҷавоб гӯянд. Вале онҳо ба қадри он чӣ ки аз падару бобоҳои худ шунидаанд, бе исбот ва бе далел бовар мекунанд. Аммо аз пурсида шудани саволе, ки ба миён ояду ҷавобашро надонанд, дар ҳаросанд. Ҳол он ки чунин тарзи муносибат ба имони онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Маълум мешавад, ки онҳо савол надодан ва дар ин бора андеша накардани шуморо ба хотири беэътиқод кардани шумо не, баръакс, ба он хотир мехоҳанд, ки агар чизе надонед ва нафаҳмед ҳам, имон дошта бошед. Вале дар рӯзгори мо ин аз имкон берун аст. Чунки мо дар асри илму техника зиндагӣ дорем. Ҳатто кӯдакон мехоҳанд, ки ба он чӣ бовар мекунанд, дар борааш маълумоти кофӣ дошта бошанд. Насли имрӯз дар баробари ин, зери таъсири ҳар гуна таълимоти дигар низ қарор дорад. Намояндагони динҳои дигар ба воситаи маҷаллаву рӯзномаҳо, радиову телевизион ва китобу воситаҳои электронӣ дину диёнати худро таблиғ мекунанд. Ба ин маънӣ, гуфтан мумкин аст, ки дунё кӯчак шудааст ва ҳар кас аз ҳама чиз бохабар аст. Дар ин сурат, агар имони мо бо донишу маълумот тақвият наёбад, ба ин қадар омилҳои таъсиррасон тоб намеорад. Зарур аст, ки мо имону эътиқоди худро ба воситаи илм тақвият бахшем ва ҳақиқати онро бо ақл тасдиқ намоем. Эътимоду боварие, ки дар гузашта нисбат ба олимон вуҷуд дошт, ҳоло аз байн рафтааст. Дар он вақтҳо агар олим ва шахси муътабар сухане мегуфт, бе чуну чаро пазируфта мешуд. Чунки ба шахсияти ӯ эътимод доштанд ва эҳтиромаш мекарданд. Вале имрӯз касе ба касе ба ин ҳад боварӣ надорад. Аз ин рӯ, ҳар чизеро, ки дар мавзӯи имон мегӯем, бояд исбот намоем. Дар акси ҳол, агар гӯед, ки дар Қуръон чунин омадааст ва ё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин фармудааст, барои қабули мардум кифоят намекунанд. Онҳо мехоҳанд, ҳама чиро бо ақл дарёбанд, ба ибораи дигар, мехоҳанд ҳама чӣ илмӣ бошад. Гап сари ҳамин меравад. Ниҳоят ба сухане расидем, ки дар аввал гуфтем: имон – аз ҳама аввал. Аммо имони кӯркӯрона не, имоне, ки бо илму дониш тақвият ёфта бошад.
КОМИЛ ГАРДИДАНИ ИМОН
Ин мавзӯъ таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намуда, ба андеша кардан водор намуд. Хонандаи дигаре гуфт: – Муаллим, пас, чаро мо аз ҳаёти мукаммали Паёмбарамон ибрат намегирему дигаронро намунаи ибрат қарор медиҳем? Ба ин савол ҳамсинфаш посух дод: – Чунки мо мусулмони воқеӣ нестем. Ман гуфтам: – Бале, офарин! Зеро ки мусулмони воқеӣ нестем. Посухи хуб ва бомаврид. Дар ин ҳангом Аслия аз ҷо бархоста, савол дод: – Муаллим, медонем, ки мусулмонӣ хуб аст, пас чаро мусулмони ҳақиқӣ шуда наметавонем? – Маълум мешавад, ки танҳо донистан кофӣ нест. Дониши сатҳӣ ба дарди мо даво намешавад. Аввал хуб донистан, баъдан хуб эътиқод доштан лозим аст. Имон бояд айналяқин бошад. Он чӣ ки ақл онро тасдиқ мекунад, дил ҳам бояд тасдиқ намояд. Имон набояд тақлидӣ бошад, яъне рӯякӣ ва кӯркӯрона будани имон ҳосили дилхоҳ намедиҳад. Имон бояд таҳқиқӣ бошад, яъне мо бояд асосҳои имонро бидонем, хуб фаҳмем ва эътиқод дошта бошем. Акнун биёед аз рӯйи виҷдон гап занем, оё мо метавонем имонамонро илман исбот намоем? Асосҳои онро батафсил фаҳмонем? – Муаллим, ба мо биомӯзед! – гуфтанд талабаҳо, мисле ки онро бо хор талаффуз мекарданд. – Майлаш! - гуфтам ман. - Дар дарсҳои минбаъда асосҳои имону эътиқодро аз лиҳози илм баррасӣ мекунем. Он гуна ки шумо мавзӯъҳои математикиро бо мисолҳо шарҳ медиҳед, ҳамон тавр ҳам бояд имону эътиқодро бо таҳқиқ устувор гардонем. Он вақт имони мо «таҳқиқӣ» мешавад. Ҳар гоҳе бо ин равиш имон комил мегардад, ҳеҷ омиле наметавонад ба он зарар расонад. Имони комил инсонро мусулмони ҳақиқӣ мекунад. Маълум мешавад, ки имон аз ҳама аввалтар аст. Биёед ин дарсро бо ҳамин ибораи рамзӣ хотима диҳем. Вазифаи хонагиро ҳам нависед. Ҳар кас барои дарси оянда вобаста ба имон саволҳо омода кунад. Ман хайрухуш карда, аз синф баромадам ва дар бораи душвор будани ин мавзӯъ фикр мекардам. Дар зарфи як соат чӣ гуна метавон ин мавзӯи душворро баррасӣ намуд?! Медонистам, ки ҳар як талаба ҳадди ақал як савол пешниҳод мекунад. «Илм бо пурсишу таҳқиқ ва амал кардан зинда аст. Агар инҳо набошанд, илм мемирад»
КАСЕ, КИ БА КИШТӢ ДЕР МОНДААСТ
Барои он ки талабагон мавзӯи дарсро ба осонӣ бифаҳманд, ҳар амру дастури исломро ба яке аз дарсҳо ташбеҳ медиҳам. Ин услуб ба он мусоидат мекунад, ки суолҳои хонандагонро мувофиқи фаҳмиши онҳо ҷавоб гардонам. Дар ин ҳолат дафтари аъмоле, ки инсон аз фариштагони Кироман котибин мегирад, ба рӯзнома монанд карда мешавад. Аз синф гузаштанро ба биҳишт ва дар синф монданро ба дӯзах ташбеҳ медиҳем. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки ин услуб рӯзе корамро ниҳоят осон карда буд. Дар он рӯз дӯсте ҳам пайдо кардам, ки то ҳол бо ӯ робитаи дӯстӣ дорам. Ба хонанадагони синфи 7 мавзӯи намозро мегузаштам. Вақте ки фоидаҳои намозро фаҳмонда, мавзӯъро ҷамъбаст мекардам, дидам, ки дар чашмони Зуҳал ашк ҳалқа мезанад. Ин ҳолат диққати маро ҷалб намуд, зеро ӯ мисли ҳарвақта ҳушёру пурдиққат набуд. Тахминам дуруст баромад. Ҳангоми танаффус Зуҳал аз пуштам омада, дар рӯ ба рӯям қарор гирифт ва чашмони ашколудашро пок карда, бо овози паст гуфт: – Муаллим, шумо гуфтед, ки намоз аз шартҳои асосии ислом аст. Ҳамин тавр не? – Бале, Зуҳал! Магар чанд дарси охир танҳо дар ҳамин мавзӯъ суҳбат намекардем? Канӣ бигӯ, ки чӣ шуд?! – Муаллим, намоз, ки амри Худо ва шарти асосии дин аст, бояд иҷро шавад. Вале аксарияти инсонҳое, ки ман мешиносам, ин амрро ба ҷо намеоранд. Аҳволи онҳо чӣ мешавад? – Касоне, ки ин амрро иҷро намекунанд, аз дарси намоз мононда мешаванд. Агар минбаъд ҳам қазои онро ба ҷо наоранд ва сазовори авфи Парвардигор нашаванд, ҷазо мебинанд. – Дар куҷо ҷазо мебинанд? – Дар охират ҷойи ҷазо дӯзах аст. Пас аз шунидани ин ҷавоб Зуҳал хомӯш монд ва ташаккур гуфту рафт. Ман ба асли саволҳои ӯ сарфаҳм нарафта будам ва дар ҳайрат мондам, ки шояд мехост чизи дигаре ҳам пурсад. Чунки ӯ хонандаи фаъолу зирак буд. Аз миён чанд рӯзе гузашта буд, ки рӯзе ӯ ҳангоми танаффус ба назди ман омад. Вақтам ниҳоят танг буд. Ӯ саволе пурсид, ки мазмунаш тақрибан чунин буд: «Агар як шахс ниҳоят боадабу нексиришт бошад, вале намоз нагузорад, ба дӯзах меравад?!» Ӯ мехост бифаҳмад, ки инсони хубу дилсоф, некмуомила, хушгуфтор, адолатпеша, ҳалолхӯр, сахиву фидокор ва ҳатто рӯзагир ҳам метавонад дӯзахӣ бошад. Ман сухани ӯро бурида гуфтам: – Зуҳал, дар давоми ин панҷ дақиқа ман бояд якчанд корро ба анҷом расонам. Чӣ хеле ки қаблан гуфта будам, ин гуна одам ба хонандае монанд аст, ки аз дарсҳои зиёд гузаштааст, вале масалан, аз дарси математика мондааст. Бо амалҳои дигар ин масъулият аз ӯ бардошта намешавад. Вале аз чӣ бошад, ӯ ҳоло ҳам дар бораи ҷазои намоз нахондан андеша мекард. Боз ҳамон суолро пурсид: – Яъне гуфтаниед, ки оқибати чунин инсон ҳам дӯзах аст? Ман лозим надонистам, ки ин саволи ӯро шарҳу эзоҳи бештар диҳам. Чунки дар он ҳолат чунин имкон надоштам. Ба саволаш ҷавоби кӯтоҳ додам: – Бале, чунин одам ҷазо мебинад. Чашмони Зуҳал якбора пуроб шуданд. Тааҷҷубам афзуд ва илова кардам: – Вале дар ниҳоят ба сабаби боимону боахлоқ буданаш ба биҳишт меравад. – Охир, муаллим, ин одам ҳамеша корҳои неку шоиста анҷом медиҳад. Дар асл бисёр инсони хуб аст. Намозгузоронро дӯст медорад, вале худ намоз намегузорад. – Хуб, агар ин бандаи Худо воқеан мусулмони хуб ва хушмуомила бошад, чаро намозҳояшро ҳам намегузорад, то амалҳои некаш комил шаванд? Агар чунин накунад, ҳолати ӯ ба ҳамон марде монанд аст, ки ба бандар дер омадааст. – Ҳолати он мард чӣ гуна аст, муаллим? – Тасаввур кун, ки мусофире аз як ноҳияи дурдаст ба шаҳр меояд. Ӯ коре дорад, ки дар вақту соати муайян бояд иҷро гардад. Фарз кардем, ӯ расо соати даҳ мурофиаи судӣ дорад ва бояд дар вақти таъиншуда ба додгоҳ бирасад. Мусофир ҳамаи корҳояшро хуб ба роҳ мондааст. Ӯ аз ноҳияи дурдаст ба воситаи нақлиёти баландсуръат то соҳили баҳр меояд. Вақтро аз назар мегузаронад ва мебинад, ки соат ҳашт шудааст. Дилаш пур аст, ки ҳоло ду соати дигар вақт дорад ва дар тӯли ним соат бо киштӣ ба он соҳили баҳр мегузарад ва қариб якуним соат барвақттар ба додгоҳ расида, боварӣ ҳосил мекунад, ки корашро бемалол анҷом медиҳад. Аммо ҳангоми нишастан дар толори интизорӣ ӯ қарор медиҳад, ки бо нияти баровардани куфти роҳ дар болои нармкурсӣ каме хоб кунад. Пас аз чанд муддат вақте чашмонашро мекушояд, дарҳол ба соат менигарад ва мебинад, ки соат аллакай ёздаҳ шудааст. Дар ин ҳол вақти мурофиа кайҳо гузашта, ҳамаи меҳнату заҳматҳои ӯ барбод рафтааст. Ҳолати он касе, ки корҳои хубу нек анҷом медиҳад, аз гуноҳҳо дурӣ меҷӯяд, ҳатто рӯза медорад, аммо намоз намегузорад, ба ҳолати ҳамин марди мусофир монанд аст. Ӯ дар аснои сафар ҳамаи корҳои заруриро иҷро кард, вале кори аз ҳама муҳимро анҷом надод. Пас метавонем бигӯем, ки ҳар инсони хубу нексириште, ки намоз намегузорад, дар чунин вазъияте қарор дорад. Гузашта аз ин мумкин аст, ки бо сабаби ширкат накардан дар мурофиа ҷазо ҳам бинад. Зуҳал бо овози паст чизе гуфт ва ин ҷумларо такрор карду рафт. Ӯ зери лаб мегуфт: «Касе, ки ба киштӣ дер мондааст». Ман инро шунида, гумон кардам, ки дар бораи худаш чизе мегӯяд. Пас аз чанд рӯз назди ман меҳмоне ба мактаб омад. Дар ин хусус навбатдор маро хабардор намуд. Гуфтам, ки марҳамат карда биёяд. Навбатдор гуфт, ки меҳмон мехоҳад бо шумо дар танҳоӣ суҳбат кунад. «Бахайр бошад!» - андешидам ба худ ва ба назди қабулгоҳ ҳозир шудам. Гумон доштам, ки шояд волидайни хонандае омадааст ва хато накардам. Дар рӯ ба рӯям марди миёнсолу тануманд ва хушсимое қарор дошт, аммо ҳарчанд хотираамро ба кор даровардам, кӣ буданаш ба ёдам нарасид. Ӯ маро бо табассуми самимона пешвоз гирифт. Пас аз салому алайк гуфтам: – Бубахшед, шуморо нашинохтам. Ӯ бо лабханд посух дод: – Ин аввалин бор аст, ки маро мебинед, вале мо ғоибона шинос ҳастем. Боз кӣ буданашро тахмин карданӣ шудам, аммо ӯ худашро «муаррифӣ» кард: – Ман ҳамон касе ҳастам, ки ба киштӣ дер мондааст. Хайрият ки ҳамон соат дарс надоштам. Бо меҳмон то дер вақт ҳамсуҳбат шудем. Маълум шуд, ки Зуҳал падарашро маҷбур кардааст, ки намоз хонад, то азоби дӯзахро набинад. Ӯ бо модараш кайҳо боз намоз мехондаанд ва орзу доштааст, ки дар биҳишт ҳам якҷоя бошанд. Зуҳал қонеъ нашудани падарашро дида, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки бо ман ҳамсуҳбат шавад. Дар поёни дидору гуфтугӯи самимона падари Зуҳал изҳори хушнудӣ кард ва бо ҳисси масъулият таъкид дошт, ки минбаъд омодагии сафарро пурратар мекунад, то саривақт ба манзили мақсуд бирасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё