Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Иброҳим ибни Адҳам ва аҳли Басра

Овардаанд, ки Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) ба шаҳри Басра рафта буд. Аҳли он шаҳр назди ӯ ҷамъ шуданд ва гуфтанд:

— Эй шайх, Худованд дар Каломи Маҷиди худ фармудааст, ки Ӯро дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунад. Муддати чандин сол аст, ки мо дуо мекунем, аммо нишонаи қабули дуоҳои худро намебинем.

Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфт:

— Дилҳои шумо ба сабаби даҳ чиз мурдаанд. Пас чӣ гуна дуоҳои шумо мустаҷоб гардад?

Аввал, Аллоҳ таъолоро мешиносед, аммо фармудаҳои Ӯро ба ҷо намеоред.

Дуюм, Қуръон мехонед, вале ба он амал намекунед.

Сеюм, даъвои муҳаббати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунед, аммо суннатҳои ӯро тарк кардаед.

Чаҳорум, шайтонро душман медонед, вале шабу рӯз фармони ӯро ба ҷо меоред.

Панҷум, дохил шудан ба биҳиштро мехоҳед, вале барои дохил шудан ба он тӯша ва омодагӣ намекунед.

Шашум, аз дӯзах наҷот ёфтанро мехоҳед, вале худро ба корҳои дӯзахӣ меандозед.

Ҳафтум, маргро ҳақ медонед, вале барои он омодагӣ намебинед.

Ҳаштум, айби худро намебинед, вале шабу рӯз айби бародари мусулмони худро меҷӯед.

Нуҳум, неъматҳои Аллоҳ таъолоро мехӯред, вале шукри онҳоро ба ҷо намеоред.

Даҳум, ҳар рӯз марги ҳамсоя ва хешовандони худро мебинед, аммо аз марги худ ғофилед.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.