Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

АМАКИ ҲАСАН ВА ҲАМСОЯИ НАСРОНИИ Ӯ

Воқеан ҳар як мусулмон мехоҳад ва ҳатто орзу мекунад, ки каси дигаре калимаи шаҳодат гуфта мусулмон шавад. Дар замонҳои пеш як мусулмоне мезист, ки ӯро амаки Ҳасан ном мебурданд. Амаки Ҳасан бисёр инсони ҳалиму меҳрубон буд ва аз ин рӯ, аҳли деҳа ӯро дӯст дошта, иззату эҳтиром мекарданд. Ӯро ҳатто насрониҳое, ки дар он деҳа мезистанд, дӯст медоштанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.

Амаки Ҳасан ба яке аз ҳамдеҳагони насронияш, ки дар ҳамсоягии ӯ мезист, эҳтироми хоса дошт ва ба ӯ ҳамеша мегуфт:

– Эй дӯстам, ягон ҳамсоя аз ту шикоят надорад ва ҳамагон нисбат ба ту эҳтиром доранд. То ҳол аз ту бадие надидаанд. Агар мусулмон шавӣ, рост ба биҳишт меравӣ. Биё, калимаи шаҳодат арза кун ва саодати ду дунёро ба даст ор!

Ӯ, ки ҳамеша ба суханони амаки Ҳасан гӯш меандохт, дар ин сурат табассумкунон мегуфт:

– Ҳоло истед, амаки Ҳасан, саросемагӣ чӣ лозим? Таълимоти ислом ба ман ҳам писанд аст. Худо хоҳад, рӯзе мусулмон мешавам.

Амаки Ҳасан бошад, мегуфт:
– Худо хоҳад? Албатта, Худо мехоҳад, чунки Ӯ исломро дини ҳақ ва дини охирин хондааст. Беҳуда баҳонаҷӯӣ макун!
Рӯзҳо ва солҳо гузаштанд. Амаки Ҳасан ва ҳамсояи насронияш ба камоли пирӣ расиданд. Рӯзе ногаҳон ба амаки Ҳасан хабар расид, ки ҳамсояи насронияш сахт бемор шуда, дар ҳоли ҷон додан аст ва мехоҳад, ки ӯро бубинад.
Амаки Ҳасан зуд ба хонаи ҳамсояи насронияш ҳозир шуда, дид, ки ӯ ҳақиқатан дар бистари марг аст. Ҳамсоя бо ишора аз амаки Ҳасан хост, ки ба ӯ наздик шавад. Вақте ки амаки Ҳасан ба ҳамсояи насронӣ наздик шуд, ӯ бо овози хаставу гирифта гуфт:
– Амаки Ҳасан, ман мехоҳам он чизеро, ки солҳо аз ман хоҳиш мекардед, ба ҷой оварам. Ман қарор додам, ки мусулмон шавам.

Вақте ки ҳамсоя мехост калимаи шаҳодат бигӯяд, ҳолати аҷибе рух дод. Амаки Ҳасан ба мисли сайёде, ки ба сайд ҳамла мекунад, бо даст даҳони ҳамсояи насронияшро пахш карда, гуфт:

– Ҳоло ист! Солҳо хоҳиш мекардам, ки калимаи шаҳодат арза намуда, мусулмон шавӣ, вале розӣ намешудӣ. Акнун, ки марг ба остонаи дарат омадааст, мехоҳӣ мусулмон шавӣ ва ибодат накарда, вориди биҳишт шавӣ?! Ҳаргиз! Ман намегузорам, ки ту калимаи шаҳодат гӯӣ!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.