СЕ ИДДАОИ МУНКИРОН
Хонандагони синфҳои болоӣ бештар аз ҳама ба мавзӯҳои марбут ба офариниши замин ва ҳастии Худо таваҷҷӯҳ доранд. Онҳо на танҳо дар дарси маърифати ислом, балки тақрибан дар ҳама дарсҳо ин масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Ман бо мақсади ба фаҳми инсон наздик кардани мавзӯи ҳастии Офаридгор мисолҳо овардам.
– Ҳастии Худованд барои инсони бошуур возеҳу равшан аст. Баръакси инро иддао карда, набудани Худоро исбот намудан то имрӯз ба касе муяссар нашудааст. Воқеан ҳам аз пайдоиши дунё то замони мо ҳеҷ касе набудани Худоро исбот карда натавонистааст. Аммо дар мавриди ҳастии Ӯ садҳо ҳазор далелу исбот мавҷуд аст.
Касоне, ки ҳастии Худоро инкор мекунанд, набудани Худоро пеш аз ҳама исбот мекарданд, аммо аз он ки Худо ҳаст ва набудани Ӯро исбот карда намешавад, касе ба инкори он муваффақ нашудааст. Маълум мешавад, ки инкорро исбот карда намешавад. Баръакс дар натиҷаи рушди илм барои исбот далелҳои нав пайдо мешаванд. Дар ин ҳол, касоне, ки имон надоштанд, имон меоранд ва касоне, ки имон доштанд, василаҳои комилтар кардани имонро кашф мекунанд.
Ҳақиқати дигар аз он иборат аст, ки имон ба Худо аз аввали офариниш то имрӯз дар дили инсонҳо ҷо доштааст. Имон чӣ ҳиссиёти қавиест, ки дар ҳеҷ як давру замон инсоният бе он набудааст? Имон дар дили тамоми башарият чӣ гуна ҷойгир шуд ва торафт инкишоф ёфт? Чаро касоне, ки имон надоранд, дар тӯли таърих ҳамеша ақаллиятро ташкил додаанд?
Баъзе мункирон ақида доранд, ки инсонҳо дар ҷамъияти ибтидоӣ бо сабаби надонистани қонунҳои табиат аз ҳодисоти табиӣ тарс доштанд ва аз рӯйи тарсу ноилоҷӣ эътиқод ба Худоро ба вуҷуд оварданд. Албатта, ин ақида нодуруст аст, зеро сабабҳои ҳодисаҳои табиат, аз қабили борон, барф, заминларза, раъду барқ ва ҳодисоти дигар муайян шудаанд. Аммо инсонҳо аз ҳодисоти табиат дигар натарсанд ҳам, натарсидани онҳо беимониро натиҷа надод. Баръакс, имони онҳо қавитар гардид. Аз ин бармеояд, ки имон ба Худоро тарсидан ва оҷиз мондан дар назди ҳодисаҳои табиат ба вуҷуд наовардааст.
Инсон бо ҳисси имон ба дунё меояд. Имон як ҷузъи фитрат буда, дар дили ӯ ҷой дорад ва он зуҳуроте нест, ки баъдан пайдо гардад. Тавре таъкид гардид, дар як ҳадиси набавӣ ҳам зикр шудааст, ки ҳар тифл бо фитрати исломӣ таваллуд мешавад.
Дар ҳамин вақт сардори синф, ки дар даст маҷаллае дошт, барои сухан гуфтан иҷозат пурсид ва гуфт:
– Муаллим, Худованд, ки дили инсонҳо, аз ҷумла дили мункиронро медонад, дар дили ҳама нишонаашро гузоштааст. Бубинед, ки ин маҷаллаи илмӣ ҳамин мавзӯъро чӣ хел зебо шарҳ додааст.
Ба расмҳои маҷалла назар кардам. Воқеан ҳам ҳайратовар. Дар дили инсон бо ҳуруфи қуръонӣ «Аллоҳ» навишта шудааст. Ин нишонаи илоҳиест, ки мушриконро шармсор мекунад. Дар муҳимтарини узви ҷисми инсон нишонаи боризи Офаридгор мавҷуд буда, монанди як муҳр аз ҳастии Худо дарак медиҳад.
Бале, дар ҳақиқат номи Худованд дар дили инсонҳо ҳаккокӣ шудааст, вале инсонҳое ҳам ёфт мешаванд, ки бо вуҷуди нишонаҳои равшан инкор мекунанд. Чунин касон зиёд набошанд ҳам, ҳастанд. Ҳоло, биёед бубинем, ки онҳо чӣ иддао доранд. Онҳо бо кадом андеша ё беандешагӣ ба Худо имон наовардаанд. Ҳамаи ақидаҳои онҳоро дар се гурӯҳ ҷамъ овардан мумкин аст:
1) Ашё ва мавҷудотро сабабҳо меофаранд.
2) Ашё ва мавҷудот тасодуфан, яъне худ аз худ ба вуҷуд меоянд.
3) Ашё ва мавҷудотро табиат меофарад.
Агар мо асос надоштани ин се иддаоро исбот намоем, имон боқӣ мемонад. Ҳар гоҳе муайян гардад, ки мавҷудотро сабабҳо ва табиат наофаридаанд ва онҳо худ аз худ пайдо намешаванд, пас, маълум мешавад, ки Худованди ягона онҳоро ба вуҷуд овардааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё