ШАРТИ АЗ ҲАМА АВВАЛ
Имон ба ҳадде масъалаи муҳим аст, ки байни панҷ шарти ислом дар мадди аввал меистад. Ҳамзамон имон дар алоҳидагӣ боз шартҳои дигар дорад, ки имон ба Худо ва имон ба Паёмбар аз ҷумлаи онҳост. Гузашта аз ин, рукнҳои мазкур аз ҷумлаи панҷ шарти ислом аст.
– Канӣ, бачаҳо, –пурсидам ман. –Панҷ шарти исломро кӣ номбар мекунад?
– Якум, калимаи шаҳодат, - гуфт касе аз миёни синф. – Хуб, ин чӣ маънӣ дорад?
Талабае, ки ҷавоб дода буд, шарҳ дод:
– Имон овардан ба он ки ба ғайр аз Аллоҳ Таъоло худое нест ва ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва паёмбари Ӯст.
– Бубинед, ин аввалин шарти ислом, ҳамзамон яке аз шартҳои имон аст. Ин шарти аввал ончунон муҳим аст, ки кас то онро ба забон оварда, бо дил тасдиқ накунад, мусулмон намешавад. Ҳамчунин, то қабули шарти аввал на намоз қабул мешавад, на рӯза ва на закоту ҳаҷ. Ба ибораи дигар, барои иҷрои шартҳои дигари ислом, иҷрои шарти аввал ҳатмист.
Дар ин қисмати сухан аз аҳли синф пурсидам:
– Хуб, кӣ мегӯяд, ки шарти аз ҳама аввали мусулмон шудан чӣ аст?
Ҳама ҷавоби ин саволро медонистанд. Агарчи чанде аз онҳо «суннат» гуфтанд, вале баъд посухи дурустро дарёфтанд. Барои мусулмон шудан калимаи шаҳодат шарти аввалин аст. Шарти аввали ислом низ ҳамин аст. Ҳар касе калимаи шаҳодатро ба забон оварда, мусулмон мешавад, мисле ки аз нав тавлид ёфта, аз гуноҳ пок мегардад.
Агар мусулмониро ба мактабхонӣ монанд кунем, мусулмон шудан мисли ба мактабе ҳуҷҷат супорида, ҳамчун хонандаи он ҷо қайд шудан аст. Вақте хонанда дар мактаб аз қайд мегузарад, минбаъд бояд уҳдадориҳои муайянеро ба дӯш гирад. Ин уҳдадориҳо пеш аз ҳама иштирок дар дарсҳо, иҷрои вазифаҳои синфию хонагӣ ва қоидаҳои дигари мактабӣ мебошанд. Мусулмон ҳам вақте имон овард, бояд ибодатҳои муайянро ба ҷо оварад. Дар ҳамин сурат, оё хонандае, ки аз қайди мактаб нагузаштааст, метавонад номаи камол гирад? Ӯ на танҳо номаи камол намегирад, балки ба дарс ҳам роҳ дода намешавад. Чунин касе ҳарчанд пешқадаму аълохон бошад, то аз қайди мактаб нагузарад, номаи камол намегирад ва ҳатто аз синф ба синф гузаронида намешавад.
Ҳамин тавр як касе, ки шарти аввали ислом, яъне калимаи шаҳодатро ба забон наорад ва маънии онро дар дил тасдиқ накунад, мусулмон намешавад, ҳарчанд тамоми ибодатҳо ва шартҳои дигари исломро ба ҷой оварад. Ибодатҳои чунин касе қабул намегарданд, зеро ӯ ҳанӯз имон наовардааст. Пас, аз ҳама аввалтар имон!
Инсон бояд бе зӯрию зӯроварӣ бовар кунад. Ҳар гоҳе инсон бо роҳи таҳдиду зӯрӣ ва маҷбур намудан калима гардонад, имон намеорад. Имон овардан ба хости худ, аз сидқи дил ва бо ирода сурат мегирад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё