Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

РОҲҲОИ ДАЪВАТ

– Вақте мусулмон касеро ба ислом даъват карданӣ мешавад, нахуст бояд ҳолати худро пеши назар оварад. То куҷо худи ӯ талаботи динашро медонад ва то куҷо онҳоро ба ҷой меорад. Дар акси ҳол, нодонӣ ва ҷоҳилӣ инсонро ба натиҷаҳои нохуш мерасонад.

Барои мисол, ба шумо саргузашти як сарбози мусулмонро нақл мекунам, ки аз китобҳои таърих ба ёдам мондааст. Дар замонҳои пеш дар қаламрави давлатҳои мусулмонӣ намояндагони динҳои дигар ҳам озодона зинадагӣ мекарданд. Дар он рӯзгор як яҳудӣ дар ҳамсоягии сарбози мусулмоне умр ба сар мебурд. Сарбоз аз ин ҳолат ҳамеша ба ғазаб меомад ва худ ба худ мегуфт: «Ин яҳудиён дар шароити беҳтар аз мо зиндагӣ доранд ва аз имкониятҳои давлати мо зиёдтар истифода мекунанд. Дар давлати мусулмонон зиндагӣ карда, заррае ҳам нияти мусулмон шуданро надоранд. Ношукрӣ ҳам ҳадду ҳудуде дорад. Агар фурсат ба ман даст диҳад, медонам, ки ҳисоби ин кӯрнамакиро чӣ тавр пурсам».

Вақте сарбоз дид, ки чунин фурсат ҳеҷ пайдо намешавад, қарор дод, ки аз пеши худ даст ба кор шавад. Рӯзе ӯ яҳудиро дар як гӯшаи танҳо бо айби кӯчаке дастгир намуда, ба замин афтонд ва ба гулӯяш шамшер гузошта гуфт: «Эй, яҳудии кӯрнамак! Медонӣ, ки аз дасти ту ба дод омадаам!»
Яҳудии бечора, ки ҳанӯз аз дунё умеди зиёд дошт, дар талоши ҷон афтода, гуфт: «Амон бидеҳ! Ҳар чӣ хоҳӣ, анҷом медиҳам, фақат маро раҳо бикун».

Сарбоз, ки фурсат ёфта буд, омирона гуфт: «Мусулмон шав!»

Яҳудӣ ҳеҷ нияти имон овардан надошт, аммо дар фикри раҳоӣ шуда, гуфт: «Бифармо, ҳатман мекунам. Барои мусулмон шудан чӣ гӯям?»

Сарбоз дар андеша афтода, ҷавоб дод: «Росташро гӯям, инашро худам ҳам намедонам!»
Сукути синфхонаро қаҳқаҳаи талабагон халалдор кард. Онҳо ба ҳоли сарбоз механдиданд, аммо аз нодонии ӯ дар ҳайрат афтода буданд. Хусусан Маҳмуди файласуф он қадар афсӯс мехӯрд, ки гуфт:

– Сарбози нодон ин фурсатро чӣ гуна аз даст дод?! Агар ман мебудам...

Ман сухани Маҳмудро бурида, гуфтам:
– Магар аз нигоҳи дин зӯран мусулмон кардан дуруст аст?

Ягона роҳи мусулмон кардани инсонҳо шиносонидани зебоиҳои ислом ва қонеъ намудани ақлу дили онҳост. Дар дин маҷбурият нест. Касеро бо роҳи зӯрӣ мусулмон карда намешавад, чунки маҷбур кардан метавонад натиҷаи баръакс диҳад.

Маҷбурият метавонад инсонро ба ҳолати бадтар гирифтор кунад. Инсонеро тасаввур кунед, ки имон надошта бошад. Яъне аз ҳама эҳтимоли бад, кофир бошад. Ҳар касе Худову Паёмбарро қабул надорад, мункир ё кофир аст, зеро ӯ динро инкор мекунад. Вақте чунин касеро маҷбуран ва зӯран мусулмон карданӣ мешавед, ӯ дар ҳолате қарор мегирад, ки аз ҳолати қаблиаш хатарноктар аст. Мумкин аст, ки мунофиқ шавад. Мунофиқ бошад дурӯя аст. Зоҳиран мусулмон менамояд, аммо дар асл беимон аст. Аз рӯйи ақидаи мо мунофиқ аз кофир ҳам бадтар мебошад. Барои он ки имонаш ҳақиқӣ нест ва худи ӯ ҳам дурӯя ва фиребгар аст.

Андак пештар ба шумо гуфта будам, ки танҳо нияти нек доштан кифоят намекунад. Бо дилу нияти пок ҳам, касеро маҷбур мусулмон кардан ғалат аст. Ин амал монанди он аст, ки инсон нияти нек дорад, аммо бадӣ мекунад. Чунки бо ин тарзи рафтор беимон мусулмон не, эҳтимол мунофиқ шавад.

Акнун бигӯед, ки чаро инсон барои қабул кунондани фикру андеша ва эътиқоди худ ба дигарон фишор меорад ва онҳоро ба қабули арзишҳои худ водор менамояд?

Дар ин маврид посухҳои гуногун садо доданд:
– Барои он ки бо фаҳмонидан ӯро қабул надоранд. – Чунки дониши дуруст надорад.

– Барои он ки хостаҳои худро дуруст ифода карда наметавонад.

Посухҳои пайдарпай шунида шуданд. Ман гуфтам:
– Офарин! Бисёр андешаҳои хуб. Ин тавр бошад, оё як мусулмони донишманд, босавод ва бошуур метавонад барои қабул кунондани дину эътиқодаш ба касе фишор оварад? Магар мумкин аст, ки динашро бо зӯри бозӯ қабул кунонад ва силоҳу аслиҳа истифода кунад? Албатта не! Пас, ҳар гуна муомилаи дурушт аз комил набудани имон ва саводи казоӣ надоштан оид ба дину эътиқоди худ сарчашма мегирад. Ҳар касе оид ба ислом маълумоти дурусту комил дорад, ба чунин хатоҳо роҳ надода, арзишҳои диниро ба таври лозимӣ ба дигарон таълим медиҳад. Аз ин рӯ, мо ҳам баъзе масъалаҳои марбут ба имонро батафсил мавриди муҳокима қарор медиҳем.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.