Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ИМОН ИНСОНРО ИНСОНИ ҲАҚИҚӢ МЕКУНАД

– Акнун биёед шарти аввали имонро аз лиҳози мазмун баррасӣ намоем, – пешниҳод кардам ман, вале дидам, ки яке аз талабагони ғайрифаъол савол доданист. Ба ӯ имкон додам:

– Марҳамат, писарам. Гуфт:

– Муаллим, акнун хуб фаҳмидам, ки ҳар касе калимаи шаҳодат арза кунад ва маънои онро фаҳмида, сидқан қабул намояд, мусулмон мешавад. Шумо гуфтед, инро ҳар касе хоҳад анҷом дода метавонад. Барои имон овардан монеае нест. Вале ман шунида будам, ки лӯлиҳо барои мусулмон шудан аввал бояд насронӣ шаванд, баъд мусулмон. Магар ин ҳақиқат дошта метавонад?

– Не, писарам, ин ғалат аст. Инро барои паст задани лӯлиҳо гуфтаанд ва чунин сухан бо ислом ягон муносибат надорад. Инсон аз ҳар қавму миллате бошад, ҳар гоҳе бихоҳад, калимаи шаҳодат гуфта, мусалмон мешавад. Ин қоида вобаста ба халқияту миллат иваз намешавад. Чунки ҳамаи мо инсонем. Касеро ҷудо кардан қавмгароӣ ва миллатчигӣ аст. Агар мусулмон шудан ба касе осон ва ба каси дигаре мушкил мебуд, миёни намояндагони қавму миллатҳо ҷудоӣ сар мезад ва онҳо ба синфҳо тақсим мешуданд. Ислом чунин тафриқаро маҳкум мекунад, зеро интихоби қавму миллат ба иродаи инсон вобаста нест ва касе аз рӯйи мансубияти қавмӣ гунаҳгор дониста намешавад.

Инсонҳо ҳангоми офариниш аз лиҳози эътиқод баробаранд. Мувофиқи ҳадиси набавӣ, ҳамаи кӯдакон бо фитрати исломӣ таваллуд мешаванд, вале падару модарон онҳоро ба динҳои гуногун раҳнамун месозанд.

Аз суҳбати мо яке аз талабагон мувофиқи фаҳмиши худ хулоса бароварда, пурсид:

– Муаллим, магар дилкашу дӯстрӯ будани тифлакон, бахусус, навзодҳо аз ҳамин хотир аст? Охир, онҳоро ҳама дӯст медоранд?!

– Бале, онҳо дар баробари мусулмон таваллуд шудан маъсуму бегуноҳ низ ҳастанд. Албатта, тифли маъсум дар назари ҳар инсони ҳақиқӣ дӯстрӯ менамояд.
– Муаллим, инсоне, ки ҳақиқӣ набошад, чӣ гуна аст?

– Баъзе инсонҳое ҳам ҳастанд, ки хусусияти инсонӣ дар онҳо дида намешавад, мисле ки аз олами инсоният берун тарбият ёфтаанд. Амалу рафтори онҳо ба муносибати инсонҳо монанд нест. Масалан, модаре, ки фарзанди парпечашро ба кӯча гузошта, ғайб мезанад. Чунин рафтор хоси модарон нест, аз ин рӯ, ҳар касе аз тифли худ рӯй мегардонад, хислати инсонияшро гум кардааст.

Ё баръакси ин ҳолат, баъзан як фарзанд барои сарвату манфиати дунё падару модари хешро ба қатл мерасонад. Магар чунин касеро инсон гуфтан мумкин аст? Ин гуна амали зиштро ҳатто ҳайвонҳо анҷом намедиҳанд.

Аз ин рӯ, инсони ҳақиқӣ будан ба имон вобастагӣ дорад. Оё инсоне, ки ба Худои ягона, ба охират, ба дӯзаху биҳишт имон дошта бошад, чунин рафтор мекунад? Амалҳои зишти номбаршударо фақат касе анҷом медиҳад, ки мушкили имонӣ дошта бошад.

Аксаран касе, ки имон надорад, моддагаро мешавад. Ҳама корро ба пулу мол вобаста медонад ва ба хотири кайфу сафо анҷом медиҳад. Худписанд ва маишатпараст мешавад. Барои манфиати худ ба ҳама гуна ноҳақӣ даст мезанад. Ҳар касе садди роҳаш шавад, ҳатто агар падару модараш бошанд ҳам, мумкин аст, ки пешпо занад. Ягона монеа дар пеши роҳи беимон қувваи қонун ва тарси дастгир шудан аст. Ягона тарсаш аз он аст, ки мабодо ба даст афтода, маҳбас шавад. Дар ин сурат ба сари ҳар беимоне бояд як полис гузошта шавад. Магар ин мумкин аст?

Маҳмуди файласуф фурсати сухан ёфта, гуфт:
– Муаллим, ин кор имконнопазир аст!
– Чаро? – пурсидам ман.
– Чунки сафи ҷинояткорон метавонад зиёд бошад, - шарҳ дод ӯ.

- Агар давлату ҳукумат ба сари ҳар яки онҳо як полис таъин кунад, буҷети давлатӣ ба маоши онҳо намерасад. Ҳол он ки худи маъмурони полис ҳам инсон ҳастанд ва барои пешгирӣ намудани бадкории онҳо низ ба сарашон маъмурони дигар таъин кардан зарур аст. Ҳамин тавр кор тӯл мекашад.

– Маҳмуд дуруст мегӯяд. Яъне бо ин роҳ ҳама полис шаванд ҳам, садди роҳи ҷинояткорӣ гирифта намешавад. Ҳамин тавр не?

– Бале, муаллим! – гуфтанд онҳо.

– Пас, чора чист? Чӣ бояд кард? – пурсидам ман.
Дар натиҷаи мубоҳиса аҳли синф ба хулосае расиданд, ки бояд нозирону маъмурон дар дили инсонҳо ҷо карда шаванд. Он эҳсосоте, ки инсонро аз роҳи зишт бозмедорад ва садди роҳи ҳар гуна бадкориҳо мешавад, бояд як ҷузъи инсон бошад. Ин ҳам танҳо ба василаи имон доштан ба Ҳақ Таъоло муяссар мегардад. Чунки инсоне, ки аз Худо наметарсад, метавонад аз ҷонвари даранда ҳам хатарноктар бошад. Аз ин рӯ, фармудаанд: «Битарс аз касе, ки аз Худо наметарсад!» Воқеан, инсон танҳо ба василаи имон метавонад инсони ҳақиқӣ бошад, ба пояҳои баланди маънавӣ расад ва ҳатто аз фариштагон бартар равад. Аслан қалби инсон бе имон буда наметавонад, зеро он мехоҳад ҳатман ба чизе бовар дошта бошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон инсонҳо ба ин ё он қуввае бовар доштаанд. Ҳатто ҷамъияте набуда, ки бе эътиқод зиста бошанд. Вале ба чӣ бояд бовар кард? Имон овардани мо, ки ногузир аст, бояд ба ҳастии лоиқу сазовор имон биёрем. Он ҳам ба ҷуз Худои ягона касе нест!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.