Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Тавба

Абӯтуроби Наҳшабӣ Раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: рӯзе дар кӯчае мегузаштам. Ногоҳ овози ғулғула ба гӯшам расиду дидам, ки гурӯҳе мардон ҷамъ омадаанду бо пиразане ҷанҷол доранд. Ба худ гуфтам: он ҷо биравам, шояд мазлуме бошад ӯро ёрӣ расонам.

Чун рафтам, заифае наздам омаду гуфт: - эй шайх, писаре дорам фосиқ ва умри худ дар бераҳагӣ гузаронидааст. Дирӯз мехост маҷлис орояду арақхӯранд.

Дар аввали шаб Ҳак таьоло ӯро беморӣ фиристоду акнун бар бистари беморӣ афтодааст.

Хонаи мо дар ҳамсоягии масҷид аст. Ҷамоати масҷид овоз шунида омадаанд, ки ӯро аз маҳалла берун кунанд. Ман ба онҳо фаҳмонда истодаам, ки ин замон ӯ бемор аст, амонаш гузоранд. Шояд аз беморӣ бимираду ҳама аз вай халос шавем ва ё тавба кунаду ба салоҳ ояд. Агар намирад ё тавба накунад, он гоҳ ӯро аз шаҳр берун кунанд.

Шайх мегӯяд: дар мобайн даромадаму аз онҳо хохиш кардам, то аз он ҷанҷол бозистоданд. Он гоҳ ба хотирам расид, ки ҷавонро бояд бинаму ба тавба фармоям, шояд тавба кунад. Чун қадам дар хона ниҳодам, ҷавон маро бидид фарёду зорӣ аз ӯ баромад.

Гуфт: шукри Худованди Карим, ки дуои мани гунаҳгорро чунин зуд қабул кард.

Гуфтам: - эй ҷавон, чӣ дуо кардаӣ?

Гуфт: - эй шайх, ин саҳар ду дуо кардам. Яке он ки гуфтам: - Илоҳо, бомдод маро ба дидори Абӯтуроб рӯзӣ гардон.

Дуюм, он ки гуфтам: - Илоҳо, маро тавбаи насуҳ каромат фармоӣ.

Як дуоям қабул шуд. Умед дорам, ки они дигар низ қабул гардад. Эй шайх, гуноҳи бисёр дорам, маро тавба бошад?

Гуфтам: - эй ҷавон, навмед мабош, ки дарёҳои раҳмати Ҳақ таъоло мавҷ мезананд. Ҳақ таъоло қабулкунандаи тавба ва омӯрзандаи гуноҳи бандагон аст.

Тавба аз ҳама гуноҳон мақбул аст.

Ҷавон дар назди ман тавба ва гиряи бисёр кард. Чун шайх бозгашт, ҷавон модари худро гуфт: - эй модар, ба ту як васият дорам ба ҷой ор.

Гуфт: - ҷони модар, чи васият дорӣ?

Гуфт: - он ки маро аз рӯи бистари нарм бар хок ба хори андозӣ, то дар назди Абӯтуроб тавба кардам, ин замон бо Худои таъоло тавба кунам, ки бемориям сахт шудааст. Ҳис мекунам, ки бемориям бемории марг аст.

Модар васияти ӯро ба ҷой оварду ӯро аз рӯи бистари хоб ба рӯи хок андохт.

Ҷавон рӯй дар хок мемолиду аз ҷони пурдард менолиду мегуфт: - бор, Худоё, аз кардаҳои худ пушаймон шудаму тавба кардам. Ба ҷуз даргоҳи ту дари дигар надорам, дастгири дардмандон ва паноҳи ниёзмандон туй. Бар мани хоксори гунаҳгор раҳмат фармой.

Ҳамчунон тазаррӯъ ва зорӣ мекард, ки ӯро аз рӯи хок ба рӯи бистар бурданд. Чун шаб даромад, ҷавон вафот кард.

Абӯтуроб мегӯяд: он шаб Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, ки меомад ду пир ҳамроҳи ӯ буданд ва халоиқи бисёр баробари онҳо меомаданд.
Яке маро гуфт: - он ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва он пире, ки бар дасти роста ӯст, Иброҳими Халилуллоҳ аст. Ва оне, ки бар дасти чапи ӯст, Мусо алайҳи-с-салом аст ва он халоиқи бисёр ҳама пайғамбарон салавотуллоҳи алайҳим аҷмаинанд.

Ман пеш давидаму салом кардам. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоби саломи ман дод. Ман гуфтам: - ё Расулаллоҳ, Шумо ба шаҳри Нахшаб омадед?

Гуфтанд: - эй Абӯтуроб, он ҷавоне, ки вай рӯз бар дасти ту тавба карда буд, имшаб вафот ёфт. Ҳақ таъоло ӯро ба дараҷаи дӯстони худ расониду ӯро мақоми авлиё каромат кард. Ман ва ҷамъи пайғамбаронро ба зиёрати вай фиристод. Эй Абӯтуроб, ҷавонро ба чашми иззат нигаред ва бар ҷанозаи вай ҳозир шавед.

Шайх мегӯяд: - бедор шудам, аз он ҳол маро тааҷҷуб омад, ки аҷаб парвардигори меҳрубоне? Фосиқе, ки аз бадии фисқаш ӯро аз маҳалла берун мекарданд, ба як нолаву зорӣ ва як тавбаву пушаймонӣ ӯро бо ин қурбат расонид. Аз лутфи ӯ ҳеҷ банда навмед нашавад.

Абӯтуроб мегӯяд: - дар ин завқу ҳолат будам, ки аз хонаи дигар овози духтараки хурдсоли худро шунидам, ки мегирист.

Гуфтам: - эй фарзанд, барон чи гиря мекунӣ?

Гуфт: - эй падар, маро дар хоб намуданд, ки дар фалон маҳалла ҷавон тавбакоре вафот кардааст, ҳар киро назар бар ҷанозаи вай афтад, ҳар ҳоҷате, ки аз Ҳақ таъоло бихоҳад, раво гардонад. Эй падар, ҳаргиз иҷозати берун рафтан нахоста будам, акнун мехоҳам иҷозат диҳӣ, то биравам ва ҷанозаи ҷавонро бубинаму аз Худованд омурзиши гуноҳи худ ва бандагони ӯро бихоҳам.

Ӯро иҷозат додам ва яқини ман зиёдат шуд. Аз хона берун омадам, то мардумонро аз ҷавон хабар диҳам. Заифаи солиҳае буд, ки муддати ҳафтод сол ба ибодати Ҳақ машғул буд. Дидам, ки меомад. Чун назари вай бар ман афтод, гуфт:

- Эй Абӯтуроб, дидӣ, ки раҳмати Ҳақ таъоло чӣ корҳо кард? Ҷавони фосиқе, ки ӯро аз маҳалла берун мекарданд, имшаб вафот ёфт. Ва ӯро дар қатори авлиёҳо даровардаанду маро дар хоб намуданд, ки ҳар кас ба ҷанозаи вай ҳозир шавад, гуноҳони ӯ омурзида мегарданд.

Яке аз муттақиёни дигарро низ мисли ин дар хоб намуданду ӯ маро хабардор кард. Мардумонро аз он ҳол огоҳ кардам. Аҳли шаҳр ба якборагӣ берун омаданд ва бар ҷанозаи ҷавон намоз хондем. Ӯро бо эъзозу икроми тамом дафн кардем, то бидонӣ, ки ба як нолаи саҳару ба як оҳи пушаймонӣ Худованд гуноҳи ҳамаи умрро омурзад.

Бар ин даргоҳ касеро ҷои навмедӣ нест. Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар дардеро давоест. Давои дарди гуноҳ тавба кардан аст. Ҳар ки рӯзе ду мартаба тавба накунад, пас ба таҳқиқ бар нафси худ зулм кардааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.