ОҚИБАТИ БЕСАВОДӢ
Марде дар айёми камолоти умраш аз нодонию бесаводӣ пушаймон шуда, ба омӯзиши асосҳои дин рӯ овард. Ӯ аз деҳа ба шаҳр омада, аз донишманде хоҳиш намуд, ки ба ӯ сабақ омӯзад.
Ҳанӯз дар рӯзи аввали ба шаҳр омадан аҳволи мискинонааш аз назари миршаб дур намонд ва аз ҷониби ӯ мавриди бозпурсӣ қарор дода шуд. Марди ғариб ҳангоми пурсуҷӯ аз ғояти тарс гап зада ҳам натавонист. Миршаб аз ӯ пурсид:
– Ту мусулмонӣ?! Марди бечора гуфт:
– Ҳа, мусулмонам.
Миршаб ӯро сарзаниш карда, фармуд:
– Танҳо «мусулмонам» гуфтан дуруст нест, бояд бигӯӣ, ки «Алҳамдулиллоҳ, мусулмонам!». Чаро барои мусулмон буданат Худоро шукр намегӯӣ?!
Вақте миршаб дид, ки марди ғариб одитарин масъаларо ҳам намедонад, шубҳааш зиёдтар шуд ва пурсид:
– Хуб, модоме ки мусулмон ҳастӣ, канӣ бигӯ шарти ислом чанд аст?
Аз як тараф тарси ҷон, аз тарафи дигар таъсири афсонаҳои шунидааш мардро водор намуд, ки посухи фаврӣ диҳад. Ӯ гуфт:
– Шарти ислом чил аст!
Миршаб аз посухи мард дар ғазаб шуда, фармуд:
– Ин мард моро фиреб медиҳад. Даъвои мусулмонӣ дорад, аммо шартҳои исломро ҳам намедонад. Дарҳол ҷазо дода шавад!
Ҳар ду пойи мардро баста, ба кафи пойҳояш чанд дарра заданд, то ҳадде ки дигар мадори роҳ гаштан накард. Ӯ гирёну нолон ба назди донишманд омад. Аҳволи парешони ӯро дида, пурсиданд:
– Ба ту чӣ шуд?
Мард саргузашташро нақл карда, гуфт, ки шарти исломро
пурсиданд. Дар миёни сухан донишманд дарҳол пурсид: – Баъд нагуфтӣ, ки панҷ аст.
Мард гуфт:
– Оҳо, муаллим, агар панҷ мегуфтам, намедонам чӣ мешуд. Бо чил гуфтан ин қадар дарра хӯрдам, агар панҷ мегуфтам, маро мекуштанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё