Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ВИТАМИНҲО СУРОҒАРО АЗ КУҶО МЕДОНАНД?

Барои фаҳмидани он ки корҳо ҳеҷ гоҳ тасодуфан ба низом намедароянд, фаъолияти муназзами узвҳои инсон мисоли хуб буда метавонанд. Оё мумкин аст, ки ҷо ба ҷогузории аъзои бадан тасодуфан сурат гирифта бошад? Масалан, дар қисми сар ҷойгир будан ва дар ҳамоҳангии комил қарор доштани чашму гӯш ва даҳону бинӣ натиҷаи тасодуф буда метавонад?

Магар чашмони инсон тасодуфан андозаи якранг гирифтаанд? Оё бинӣ тасодуфан дар байни рӯй ҷой гирифтааст? Дар ду тарафи сар ҷой гирифтани гӯшҳо, ки як шаклу андоза доранд, тасодуф аст? Тартиби ҷойгиршавии дандонҳо дар даҳон метавонад, ки тасодуф бошад?

Ин гуна саволҳоро зиёд пурсидан мумкин. Вале ман фақат як ҳолатро пурсидан мехоҳам: Рагҳои хунгарди инсон витамину элементҳоро ба суроғаи лозимӣ чӣ гуна мерасонанд. Ин рагҳои нозуку борик дар сурате болои витамину элементҳо ҳеҷ суроғае навишта нашудааст, бе кӯчактарин иштибоҳ тақсимоти витаминҳоро анҷом медиҳанд.

Маълум аст, ки агар ҳангоми тақсимоти витаминҳо як хатое сар занад, мумкин аст натиҷаҳои ғайричашмдоште ба миён ояд. Масалан, бо сабаби аз меъёр зиёд будани витамин яке аз дандонҳо метавонад ниҳоят калон шавад. Тасаввур кунед, ки дандони аз ҳад калон инсонро чӣ қадар нороҳат мекунад.

Дар ҳамин вақт Алӣ гуфт:
– Муаллим, чунин дандонро канда гирифтан даркор!
– Дуруст, – гуфтам ман. – Вале агар гӯшамон чунин шавад, чӣ?

Тасаввур кунед, ки гӯшҳо баробари сар калон шаванд.
Бачаҳо табассум карданд. Онҳо гоҳ гӯшҳояшонро, гоҳ биниашонро медоштанд, гӯё то ҳол ба онҳо диққат надода бошанд. Дар ин бахши сухан бо нияти ҷамъбаст кардани мавзӯи дарс гуфтам:
– Акнун бигӯед, ки тасодуфан мавҷуде ва ё кори ботартибу низоме ҳосил мешавад? Гуфтанд:

– Не, ҳаргиз. Гуфтам:

– Яъне аз сабаби он ки тасодуф худ кӯру кар ва бешуур аст, ҳар он чизе, ки тасодуфан ба майдон ояд, бемазмун ва бетартиб мешавад. Оё дидаед, ки ягон ҷузъи одаму олам бемаънӣ, бемантиқ ва бетартибу низом бошад? Аҳли синф бо як овоз гуфтанд:

– Не!
Вале аз байни онҳо яке эътироз карда, гуфт:

– Муаллим, ба андешаи ман, дар баъзе ҳодисоти олам бетартибиву бенизомӣ дида мешавад.

– Шояд дар назар чунин намояд, – гуфтам ман ва пурсидам: – Канӣ, бигӯ, то бубинем, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Кадом ҳодисаву зуҳурот аз нигоҳи ту бемаврид аст.

– Масалан, борон, муаллим, – гуфт ӯ. – Баъзан бамавриду бемаврид меборад, заминҳо лой мешаванд ва сел меояд. Илова бар ин, инсонҳо бемор мешаванд.

– Бачаҳо, ба мисоли овардаи рафиқатон шумо чӣ андеша доред? – пурсидам ман. – Хуб, марҳамат сардор!

– Муаллим, борон фоидаҳои бешумор дорад, гуфт ӯ. – Масалан, агар борон наборад, мумкин аст, ки инсонҳо аз беобӣ ранҷ кашанд. Ҳайвоноту наботот ҳам зиён мебинанд. Борон он қадар муфид аст, ки гузаштагони мо онро «Раҳмат» номидаанд. Агар каме дер борад, ё наборад, деҳқонон дарҳол ба дуои борон баромада, аз Худо боридани боронро талаб мекунанд.

– Оё борон зараре ҳам дошта метавонад? – пурсидам ман.
– Бале, баъзан зарар ҳам мерасонад, аммо дар ин ҳолатҳо борон гуноҳе надорад. Аслан, худи инсон гунаҳкор аст, ки барои пешгирӣ кардани зарарҳои эҳтимолӣ тадбирҳои пешгирикунанда намеандешад ва эҳтиёт намекунанд. Дар вақти боридани борон инсон бояд либоси гарм пӯшад, чатр гирад, ё ин ки кори зарур надошта бошад, берун набарояд, то бемор нашавад.
– Офарин, сардор, – гуфтам ман, – фикр мекунам, ки мавзӯъ фаҳмо шуд. Вазифаи хонагии Алӣ ҳамин, ки сухани пурҳикмати файласуфи машҳури Юнон Демокритро навишта, ба лавҳи синфхона овезад: «Дар олам тасодуф ҷой надорад!»

Агар касе даъво кунад, ки ҳавопаймо худ аз худ пайдо шудааст, ӯро девона мегӯянд. Пас, вақте мегӯянд, ки ин олам тасодуфан пайдо шудааст, чӣ бояд гуфт?

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.