Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Роҳу равиши таблиғи Султони Анбиё (с)

Дар зиндагии Сарвари ҳар ду олам (с) таблиғ асоси ҳастиву фитрати Ӯро ташкил менамуд. Ҳар вақте каси беғаразе пайдо намекард, ки таблиғ кунад, дилаш ба танг меомад ва нотоб мешуд, монанди ҳолати инсоне, ки дар пайи норасоии ҳаво ва ё истеъмол накардани ғизо авзояш беҷо мешавад. Дар ҳамин ҳол Ӯ нисбат ба хӯрдану нӯшидан ҳам бепарво буд ва гоҳе чанд рӯз пайдарҳам рӯза медошт. Баъзан бо қути лоямут рӯз мегузаронид ва гӯё дарду сӯзи таблиғ иштиҳояшро рабуда буд. Он гуна ки фариштагон бо зикру тасбеҳ зиндагӣ мекунанд, Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳам бо таблиғ зиндагӣ мекард. Ҳар боре ки садру синаи поке барои расонидани паёмаш пайдо менамуд, зиндадилу пурнишот мешуд.

Абӯтолиб касе буд, ки Расули Акрамро (с) беш аз чиҳил сол ҳимоят намуд. Вақте Паёмбари гиромӣ (с) нубувваташро эълом кард, мушрикони Макка хостанд ба ӯ зиён расонанд, аммо Абӯтолибро дар роҳи худ ҳамчун садди душворгузаре дарёфтанд. Онҳо наметавонистанд, ки Абӯтолибро поймол нокарда, ба Расули Худо (с) даст биёбанд.

Абӯтолиб ба хотири Расули Худо (с) дар муқобили тамоми мушкилот сина сипар карда, тоб оварда буд ва бар замми пириву нодорӣ маҷбур шуд бо таҳрими иқтисодии сесолае, ки мушрикон эълон карда буданд, дасту панҷа нарм кунад. Акнун ӯ дар бистари марг қарор дошт ва то поёни умраш нафасҳои башуморе монда буд. Расули Худо (с) сари ҳар фурсате, ки ба наздаш меомад, аз ӯ хоҳиш менамуд, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» бигӯяд, то фурсати шафоати Паёмбари Худоро (с) пайдо кунад. Аммо инсонҳои бадсириште, ки дар он асно ба даври Абӯтолиб гирд омада буданд, монеи ҳидояташ шуданд.

Ӯ дар охирин нафасаш гуфт: «Бар дини Абӯтолиб (мемирам)». Аҷаб нест, ки ӯ фурсатро куллан аз даст дода буд. Паёмбари Худо (с) беихтиёр мегирист ва дар ин ҳол гуфт: «Бароят пайваста талаби истиғфор хоҳам кард, магар ин ки манъ карда шавам». Саранҷом нузули яке аз оятҳои Қуръон ба ин дарду ранҷи ҷигарсӯзаш хотима бахшид20. Ӯ дигар наметавонист барои Абӯтолиб ҳатто истиғфор талаб намояд, зеро ин оят чунин дастур медод:

«Пайғамбар ва муъминонро раво набувад, ки барои мушрикон, агарчи хешӣ дошта бошанд – баъд аз он, ки ба онҳо ошкор шуд, ки он гурӯҳ бошандагони дӯзаханд – талаби омурзиш кунанд».

Майлу хоҳиши Паёмбари Худоро (с) ба ҳидояти Абӯтолиб аз ҳама беҳтар Абӯбакри Сиддиқ медонист. Ӯ пас аз фатҳи Макка падари пиру солхӯрдааш Абӯкуҳофаро ба назди Расули Худо (с) овард, то ки мусулмон шуданашро эълон намояд ва дасти мубораки Расули Худоро (с) гирифта, мусофаҳа кунад.

Вақте ин пири нобино имон оварда мусулмон шуд, Ҳазрати Абӯбакр ба гӯшае нишасту гиря кард. Паёмбари Худо (с) сабаби гиряашро пурсид ва он дӯсти қаринаш посух дод: «Эй Расули Худо (с)! Бисёр мехостам, ки падарам ҳидоят биёбад ва акнун Худованд ӯро ҳидоят намуд. Вале ман ҳидояти Абӯтолибро бештар аз ҳидояти падарам мехостам, зеро медидам, ки ту ҳам инро зиёд орзу мекардӣ. Аммо ба ӯ ҳидоят насиб нашуд. Ҳамин вазъият ба ёдам расиду маро ба гиря водор намуд»

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.