Зеҳн
Дунё·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

БО ТАВАККУЛ ЗОНУИ ШУТУР БУБАНД

Рӯзе шутури савории ҳазрати расули Худо (с.в.с.) гум шуд. Пас аз заҳмати бисёр онро ёфтанд ва оварданд. Ҳазрат ба ғулом фармуд:

– Магар дар вақти хобонидани шутур зонуҳои ӯро набастӣ?

Арз кард:

–  Набастам ва таваккул ба Худо кардам.

Ҳазрат фармуд:

–  “Иъқал ва таваккул”, яъне аввал зонуи шутурро бубанд ва баъд таваккал кун.

Гуфт пайғамбар ба овози баланд:

Бо таваккул зонуи уштур бубанд!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.