БА МОНАНДИ ДИДАНИ МОҲ
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Боре Расули Худо (с) моҳи пурраро дид ва фармуд:
— Офаридаҳои Худоро тафаккур кунед, аммо дар мавриди Зоти Ӯ андеша накунед, зеро шумо чунин тавоне надоред. Аммо дар биҳишт ҷамоли Худоро ба монанди дидани ин моҳ хоҳед дид ва аз тамошои ҷамолаш ба танг намеоед. Аз аҳли биҳишт касоне, ки дар назди Худо аз ҳама бештар соҳиби иззатанд, субҳу шом ба ҷамоли Парвардигор мушарраф мегарданд.
Сипас Паёмбари Худо (с) ин оятро хонд:
«Дар он рӯз як пора рӯйҳо тоза мебошанд, ки ба сӯйи Парвардигори худ назаркунандаанд» (Сураи Қиёмат, 75/22—23).
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё