Зеҳн

Одоби сухангӯӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Бо сухан мардум омадааст падид,
Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон.

Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳӯш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.

Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад. Пайдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифоқро барпо созад ё метавонад иттифоқи бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб таҷассумгари сад роз аст ва гӯяндаи он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи оқилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблаҳеро аз кори носазое дур гардонад. На ҳар сухангӯй метавонад дили хуфтаро бедор ва ақли хастаро ҳушёр созад. Бузурге гуфта: «Ай инсон! Сухане гӯй, ки маъшуқаҳо Лайлӣ шаванду ошиқон Маҷнун, ақлҳои хуфта бедор шаванду дилҳои мурда ҷондор. Сухане гӯй, ки таҷассумгари некӣ бошад. Одамонро якҷо кунад, на ҷудо, ба зиндагӣ фаро хонад, на ба марг. Сухане гӯй, ки болу пари Симурғ дошта бошаду макону замонҳоро тай кунад. Сухане гӯй, ки қудрати Илоҳӣ дошта бошаду хирадро дил ва дилро хирад созад. Ҷоно, агар ин ҳамаро натавонӣ, хомӯш бош ва ҳарфе мазан».

Нашавад тӯтӣ сухангӯй, чу суханпардоз аст,
Пур бувад нукта басе, з-он ба яке пур роз аст.

Ҳама кӯшанд ба ибрози яке маъние,
Маънӣ овар ба сухан, в-арна ҳама барбод аст.

Каломи инсоният беҳтарин ва қимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дилу ҷонро рӯйгардон созад. Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем, ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар қатори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидааст, зеро забон оғози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дурӯғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегӯяд, фасод меандозад, ҳилаву фиреб ба кор меборад. Чӣ гуна забонро хуб метавон гуфт. Ин гуфтаҳоро метавонем бо мисраҳои Румии бузургвор тақвият бидиҳем:

Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одам бунёд ва оламу даҳр вайрону валангор ва барбод метавон кард. Аз ин рӯ, ҳар як инсони комилро вазифаи муқаддас ин аст, забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона андеша ронад, то сазовори ҳамаи хубиҳои олам бигардонду соҳибобрӯ. Хулоса, сухан оғозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомӯш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халқ: «Як сухан 366 паҳлӯ дорад», ҳар як суханро дар тарозӯи ақл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кӯшид, ки суханвари асил буд. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд суханвар гардад кас, ки сухан гӯяд, на алфози аз нотавониҳо танида. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад. Бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зӯру тавон бахшад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2