Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·20 соат пешНашрия

ЯГОНА МАЪБУДИ БАРҲАҚ

Дар Маккаи Мукаррама Ҳасин ибни Имрон ном бутпарасте умр ба сар мебурд. Боре дар суҳбати Расули Худо (с) ширкат намуд ва Ҳабиби Худо (с) аз ӯ пурсид:

— Эй Ҳасин! Ту чанд Худоро мепарастӣ? Ӯ гуфт:
— Даҳ Худоро мепарастам.
Расули Худо (с) пурсид:

— Онҳо дар куҷоанд?
Гуфт:
— Яке дар осмон ва нуҳтои дигар дар замин. Расулуллоҳ (с) боз пурсид:
— Агар эҳтиёҷе пеш ояд, аз кадоме мадад металабӣ? Гуфт:
— Аз Ҳамоне, ки дар осмон аст!
Пас Расулуллоҳ (с) фармуд:
— Эй Ҳасин, он нуҳ маъбуди дигарро тарк намо ва Худованди Ягонаеро ибодат бикун, ки тамоми эҳтиёҷоти туро рафъ ва балоҳои ба сарат меомадаро дафъ месозад. Беҳтар ин аст, ки танҳо Ӯро парастиш намоӣ.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.