Осори илмии Абдураҳмони Ҷомӣ.
Ба дандон рахна дар пӯлод кардан, Ба нохун роҳ дар хоро буридан, Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор, Ба пилки дида оташпора чидан, Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор, Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан, Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд, Ки бори миннати дунон кашидан.
Аз унвони фасл бармеояд, ки Ҷомӣ на танҳо шоир, нависанда ва адиби забардасти ҷаҳонист, балки ӯ дар ҳамин поя олиму мутафаккирест, ки ҷумла ҷаҳон эътироф кардааст. Дар ин қисмати осори Ҷомӣ мо сатҳи тафаккури илмӣ, қиёсу тарҷеҳ, ҳақу ботил, қабулу инкор, дурусту нодуруст барин мафҳумҳои асосии илмиро дар муҳокимаҳои илмию мантиқӣ дучор мешавем. Аз ҷумлаи осори ба ин қисмат дохилшуда асарҳои «Рисолаи арӯз», «Рисолаи қофия», 4-рисолаи муаммо, «Фавоид-уз-зиёия» («Шарҳи мулло»), «Рисолаи мусиқӣ», «Сарфи форсии манзум ва мансур», «Нафаҳот-ул-унс» ва ғ. мебошад. Яъне асарҳои илмии Ҷомӣ гуногунмавзӯъ, серсоҳа ва серпаҳлӯ буда, онҳоро муҳаққиқон чунин табақабандӣ кардаанд: 1). Асарҳои бахшида ба улуми арӯз, қофия, мусиқӣ. 2). Асарҳое, ки дар таърихи улум аҳамияти калон доранд: рисолаҳои оид ба муаммо, китобҳои доир ба сарфу наҳв, «Нафаҳот-ул-унс» ва ғ. 3). Асарҳое, ки доир ба фалсафа, ирфон, тасаввуф бахшида шудаанд. 4). Асарҳое, ки аркони исломиро дар бар мегиранд: «Рисолаи шароити зикр», «Маносики ҳаҷ» (ба ҷо овардани маросимҳои ҳаҷ), ва ғ. Ҳоло мо танҳо номгӯи осори илмии ӯро бидуни шарҳу тавзеҳот зикр хоҳем кард: 1. «Рисолаи арӯз»; 2. «Рисолаи қофия»; 3. «Рисолаи мусиқӣ»; 4. «Рисолаи кабир дар муаммо»; 5. «Рисолаи мутавассит дар муаммо»; 6. «Рисолаи сағир дар муаммо»; 7. «Рисолаи асғари манзума дар муаммо»; 8. «Фавоид-уз-зиёия»; 9. «Сарфи форсии манзум ва мансур»; 10. «Нафаҳот-ул-унс»; 11. «Нақд-ан-нусус фи шарҳи Нақш-ал-фусус»; 12. «Лавоеҳ»; 13. «Лавомеъ» (нур, партав); 14. «Шарҳи қасидаи тоия»; 15. «Шарҳи рубоиёт»; 16. «Аш-шиъат-ул-ламаот»; 17. «Шарҳи байтайни «Маснавӣ»; 18. «Шарҳи байти Хусрави Деҳлавӣ»; 19. «Суханони Хоҷаи Порсо»; 20. «Рисолаи шароити зикр»; 21. «Шарҳи ҳадис»; 22. «Таҳқиқ-ул-мазоҳиб»; 23. «Рисола фи-л-вуҷуд»; 24. «Шарҳи Мифтоҳ-ул-ғайб»; 25. «Рисолаи ҷавоби саволу ҷавоби Ҳиндустон»; 26. «Шарҳи Фусус1-ул-ҳикам»; 27. «Рисолаи маносики ҳаҷ ва умра»; 28. «Рисолаи кабири маносики ҳаҷ»; 29. «Тафсир»; 30. «Шавоҳид-ан-нубувват»; 31. «Китоб роҷеъ ба ҳайат ё нуҷум» Ин аст номгӯи осори дастрасгардидаи ҳазрати Ҷомӣ, ки дар бахшҳои гуногун ва масоили мухталифи улум таълиф намудааст. Миқдори осори Ҷомиро умуман то 96 асар низ ба қайд овардаанд. __________________________ 1. Фусус – ҷамъи фас - санги гаронарзиш; «Фусус-ул-ҳикам»- асари Муҳиуддини Арабӣ (машҳур ба Ибни Арабӣ), олим ва орифи бузурги қарни XIV.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё